Таъмини амнияти давлату ҷомеа, дӯст доштани Ватан, ҳимояи он ва садоқат ба халқу давлати худ қарзи ҳаётӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми кормандони Қувваҳои Мусаллаҳ, тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фард мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Мусаллам аст, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар даврони нооромиҳои бузурги таърихӣ ташаккул ёфта, дар ба эътидол овардани вазъи дохилӣ, ҳифзи марзу бум, сулҳу субот, ваҳдат, амнияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим доранд. Пӯшида нест, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият фазои сиёсии кишварро дахолати баъзе давлатҳои манфиатдор ва гурӯҳе аз шаҳрвандони гумроҳ, ки манфиатҳои худро аз манфиатҳои миллӣ болотар мегузоштанд, халалдор кард. Метавон гуфт, ки дар ин давраи басо душвор, ки сарнавишти ояндаи давлату халқи тоҷик ҳал мешуд, як гуруҳ олимону равшанфикрони ватандӯсти тоҷик вазъи имрӯзаро таҳлил ва муҳокима карданд. Бо саъю кушиши онҳо сессияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон барпо гардид. Мардуми тоҷик аз натиҷаи ниҳоии сессияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон умеди хеле зиёд доштанд. Аз ин лиҳоз ҳама ба он мусбат менигаристанд ва хостори поёни ҷангу низоъ ва ҳамбастагӣ ва ваҳдат дар кишвар буданд. Ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои муҳимтарини ҳалли масъалаҳои актуалии кишвар дохил карда шуданд. Яке аз масъалаҳое, ки боиси тағйироти ҷиддие дар ҳаёти кишвар гардид, интихоби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва ӯ тавонист мардуми кишварро дар атрофи мизи сиёсӣ муттаҳид созад ва миллату кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимои муаррифӣ намояд.
Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳо андешида шуданд, ки яке аз ин масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақшаҳои душманони миллат, ки тоҷиконро аз байн бурданӣ буданд, ба хубӣ огоҳӣ дошта, якқатор амалҳои дурандешона, аз ҷумла таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешиданд. Ҳамин тавр бо роҳбарӣ ва ташаббуси Сарвари давлат 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки асоси ташаккули Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ гардид.
Қобили тазаккур аст, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат 23-юми феврали соли 1993 нахустин гузашти низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ихтиёриёни «Фронти халқӣ»-и Тоҷикистон баргузор гардида, аз он вақт инҷониб ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ таҷлил мегардад.
Сазовори зикри хос аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз қувваҳои тавонои минтақа табдил ёфта, тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона ва бошарафона иҷро мекунанд. Дарвоқеъ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу рушди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бениҳоят бузург аст. Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Сарфармондеҳи Олии худ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро сазовор иҷро намуда, сулҳу субот дар кишварамонро таъмин менамоянд. Дар натиҷа, сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.
Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон