Перейти к основному содержанию
Ҳамасола 23 – феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса љашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва боэътимодии ҳар як давлати соҳибистиқлол, Ќувваҳои Мусалаҳаш мебошад.

Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд. Сулолаи Сомониён низ дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон дода буданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд.

Шояд мафҳуми форсии “гурд” баъдан дар Аврупо дар забони итолиёӣ ба пайдо шудани вожаи “гвардия” асосу сабаб гардида бошад. Дар ибтидо мафҳуми “гвардия” муҳофизону посбонони шахсии сарвари давлат ва роҳбарияти олирутбаи ҳарбии онро ифода менамуд. Баъдан қисму воҳидҳои беҳтарину яккачин ва дорои имтиёзҳои хоссабударо “гвардия” номгузорӣ мекарданд.

Мафҳуми гвардия дар италия аз асри XII пайдо гардид. Дар Руссия асосгузори аввалин гвардия Пётри I буд. Аввалин гвардияи миллӣ дар оғози инқилоби бузурги Фаронса аз ҳисоби ихтиёрони мусаллаҳи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Дар баъзе мамлакатҳо нерӯҳои низомии имтиёздори полисро низ гвардия меноманд. Баъдан дар Руссия болшевикон дар нахустин рӯзҳои инқилоби февралии бурджуазӣ-демократӣ аз ҳисоби отрядҳои мусаллаҳи коргарон Гвардияи Сурх таъсис дода буданд, ки он ба ташкиёбии Армияи сурхи давлати ҷавони шӯроҳо асос гузошт. Мафҳуми гвардия дар собиқ Артиши шӯравӣ унвони фахрие гардид, ки қисму воҳидҳо ва киштиҳои ҳарбии дар муҳорибаҳо қаҳрамонӣ нишондода ба он мушарраф мегаштанд.

Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон низ зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд.

Артиши ҷавони Точиқистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандї якҷо бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатї, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорї ва хомўш кардани ошўбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштаанд.

Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Бинобар ин ҳаряк афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷронамудааст, ифтихори бузург аст.

Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми Тоҷикистон хуб дарёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳ аст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Назарова З.К. - лаборанти калони ШҶБ