Меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, обу хок, ҳар гулу гиёҳи он, дифо аз марзу буми аҷдодӣ дар ашъори адибони гузаштаву имрӯзаи мо он қадар васф шудааст, ки беҳадду беҳамтост. Банда низ аз ашъори дилписанди шоирони ватандӯст илҳом гирифта, чунин сатрҳои навқаламонаи худро рӯйи авроқ орам:
Тоҷикистон, кишвари зебои ман,
Хонаи уммеди ман, дунёи ман.
Маскани осоишу маъвои дил,
Беҳтарин ҳастӣ ту дар дунёи ман.
Ишқи ту моро намуда шердил,
Ҳусни ту бошад ҳамеша беназир.
Он қадар ту дилписанд ҳастӣ ба дил,
Ҳар чаманзори ту бошад дилпазир.
Сулҳу ваҳдат дар заминат пойдор,
Сарзаминат хурраму хуршедвор.
Мардумонат мардуми бонангу ор
Дар пайи ҳифзи ту доим устувор.
Тавре пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш таъкид карданд, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромию осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Дар ҳақиқат ин фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст Нерӯҳои мусаллаҳи давлати навбунёду соҳибистиқлоламон имрӯз ба ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ ва шоҳсутуни Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.
Ҳамасола 23-юми феврал дар сар то сари Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз санаҳои муҳим, пурифтихор ва фараҳбахш дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Имсол мардуми шарафманду ватандӯст ва заҳматқарини тоҷик 32-юмин солгарди ин санаи бошукӯҳро бо ифтихору муҳаббати ватандӯстӣ ва дар як рӯҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ, шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд.
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистони тозабунёд лозим омад, қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд ва барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
Шукри худо, ки сулҳу амонист дар ин фазо,
Аз ранҷу заҳмату амали хайри Пешво.
Бояд фаромӯш насохт, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон калон аст. Бо ибтикору заҳмату ҷаҳду талошҳои пай дар пайи ин фарзанди фарзона ва ҷонфидои миллат, имрӯз Артиши ҷавони Тоҷикистон ба як нерӯи мукаммал табдил ёфтааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан мебошад, ҳамеша бо эҳтиром аз онҳо ёд намуда, гиромӣ медоранд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки дар зарфи 32- сол Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.
Дар баробари Артиши миллӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ вазифадоранд, ки аз истиқлоли давлатӣ, марзу бум, ҳимояи манфиатҳои давлат пуштибон бошанд. Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем. Муҳаббат ва садоқати бепоён ба Меҳан, ифтихорманд аз Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз, аз миллати соҳибфарҳанги тоҷик, аз забони ширини модарӣ, аз таърихи ғановатманди ниёгонамон бошем. Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, амнияту ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои мову шумо бошад.
Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. Ба кор, манзил, таҳсил, истироҳат ва ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин имтиёзҳо ҳифзи Ватан, ҳифзи табиат ва комёбиҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Қодирзода Субҳон Докторант (PHD)-и институти кимиёи ба номи В.И Никитини АМИТ