Перейти к основному содержанию

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрвандон муқаррар кардааст (моддаи 43). Ин аст, ки дар таърихи миллати мо 23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим мақоми хоса дорад. 23 феврали соли 2025 аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон 32 сол пур мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли 1993 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таъсис ёфтаанд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, бо кушишу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тадриҷан рушд намуда, имруз ба яке аз артишҳои тавоно, пуртаҷриба, ҷасуру содиқ ба Ватану давлати худ мубадал гардидааст.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун унсури асосӣ ва стратегии ҳомии марзу буми Ватан, ҳимоя ва амнияти моро аз ҳамагуна таҳдидҳои истифодаи қувваи ҳарбӣ таъмин мекунанд.

Қувваҳои Мусаллаҳ асоси ташкилоти ҳарбии давлати мо буда, барои таъмини амнияти ҳарбӣ ва мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он нигаронида шудаанд.

Феълан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз нерӯҳои хушкигард, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоии зидди ҳавоӣ иборат буда, бо аслиҳаву таҷҳизоти зарурии мудофиавӣ таъмин аст.

Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии ташкилу фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташаккул ёфта, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии ин ниҳод танзими худро ёфтаанд. Сохтор, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос ёфтаанд, аз ҷумла:

1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ буда, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муқаррар намуда, дар он принсипҳои ҳимояи соҳибихтиерӣ ва ҳимоия тамомияти арзии кишвар мустаҳкам шудаанд.

2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки асосҳои ҳуқуқии ташкил, сохтор, мукаммалсозӣ ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, вазифаҳо ва ваколатҳои онро дар таъмини амнияти кишвар муаяйн намуда, масъалаҳои идоракунӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии артишро танзим мекунад.

3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", ки тартиби даъват кардани шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ, адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои марбут ба уҳдадории ҳарбиро танзим намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматчиени ҳарбӣ, инчунин масъулият барои саркашӣ аз хизмати ҳарбиро муқаррар мекунад.

4) Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат, ҳадафҳо ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳро дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ муайян намуда, принсипҳои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ, омодагӣ ба ҷанг ва омодагии сафарбаркуниро муқаррар намуда, асоси таҳияи нақшаҳои ҳарбӣ ва барномаҳои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳро пешбинӣ мекунад.

5) Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат, Фармоишҳои Вазорати мудофиа ва дигар санадҳое, ки ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро танзим мекунанд.

Бояд қайд кард, ки заминаи қонунгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мутобиқи тағйироти вазъи геополитикӣ ва мушкилоти замони муосир пайваста бозбинӣ ва такмил карда мешавад.

Таъминоти ҳайати шахсии артиши Тоҷикистон ҷанбаи муҳими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Он ҷанбаҳои гуногун, ба монанди таъминоти моддӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Хизматчиёни ҳарбӣ тибқи меъерҳои муқарраргардида бо амвол, ғизо ва дигар воситаҳои зарурии моддӣ таъмин карда мешаванд. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз маоши вазифавӣ, маош барои рутбаи ҳарбӣ, инчунин иловапулӣ ва пардохтҳои гуногун иборат аст. Андозаи таъминоти пулӣ аз рутба, вазифа, собиқаи хизмат ва дигар омилҳо вобаста аст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии хизматчиёни ҳарбӣ, Ҳукумати мамлакат давра ба давра барои зиёд кардани таъминоти пулии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо кафолатҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили хизматрасонии тиббӣ, маориф, таъмини манзил ва ғайра дода мешаванд. Аз ҷумла, хизматчиёни ҳарбӣ ба хизматрасонии ройгони тиббӣ ва инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Хизматрасонии тиббии хизматчиёни ҳарбӣ дар беморхонаҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, хизматчиени ҳарбӣ метавонанд барои табобат ба муассисаҳои тиббии шаҳрвандӣ фиристода шаванд. Ғайр аз ҷанбаҳои дар боло зикршуда, таъминоти ҳайати шахсии артиши Тоҷикистон инчунин масъалаҳои дастгирии психологӣ, истироҳатю фарҳангӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахсус сарбозони қаторӣ, афсарони ҷузву томҳои артиш имрўзҳо аз дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор буда, он дар шаклҳои гуногуни моддию маънавӣ амалӣ карда мешавад, ки маҳз ин чораҳо ҳавасмандии ҷавонони кишварро барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯз аз рӯз тақвият дода истодааст.

Дар пасманзари тағйири сохтори геополитикии ҷаҳон, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо ва дигар таҳдидҳои глобалӣ омодагии дифоии қувваҳои ҳарбӣ ногузир ва муҳимтарин рукни давлаторӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз яке аз муҳимтарин вазифаи имониву виҷдонии ҳар фарди Тоҷикистон, иҷрои рисолати таърихӣ дар назди наслҳои оянда буда, шарти асосии пояндагӣ ва бақои давлатории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Махмадуллозода Нурулло Рахматулло,

номзади илмҳои ҳуқуқ, ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АМИТ