Перейти к основному содержанию

“Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои ақлонӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Ҳар қадар ин оина покизаву беғубор бошад, ба ҳамон андоза симои маънавии миллату давлати мо рӯшантару барҷастатар ба ҷаҳониён ҷилвагар мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа мебошанд, ки баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозанд. Истиқлоли давлатӣ шароити мусоидро фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, ба ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин бештару беҳтар муаррифӣ гардид. Боиси тазаккур аст,ки дар рушди зарфияти зеҳнии миллати тоҷик устод Садриддин Айнӣ саҳми босазо гузоштанд

Бо машварати роҳбарони давр, ба хусус фарзанди фарзонаи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров донишманди фозилу доно, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, адабиётшинос Садриддин Айнӣ (1878-1954) аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.

Садриддин Айниро дар Осиё, Аврупо, Африқо, ба хусус Ҳиндустон, Покистон, Эрону Африқо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ки заминаи хубест дар муаррифии забону адабу фарҳанги мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон.

Ба қавли профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ аз ҷониби доктор Мустафо Бобохонӣ чоп шудаст, ки андешаҳои ӯ дар зер ба таври зайл оварда мешавад :

Устод Айнӣ донишманди камназири забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон буданд. Ҳар қадар бо диққат асарҳои устодро мутолиа намоем, дар пеши назар чизҳои нодире намоён мегарданд, ки барои донистани рӯзгори мардум бисёр муҳим аст. Бавижа «Ёддоштҳо»-и устод, ки дар асоси воқеаҳо ва ҳодисаҳои дида, шунида ва мушоҳида кардаи муаллиф таълиф шуда, дар донистани фарҳанги мардуми асри 19 ва аввали асар 20 беҳамто мебошад. Ҳар лаҳзаеро, ки устод Айнӣ тасвир намудааст, дар асоси он метавон роҷеъ ба воқеаҳои гуногуни он замон ба андеша рафт.

«Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ донишномае аст, ки дар он расму оин, адабиёт, таърих, саргузашти одамони гуногун, рӯзгори шахсиятҳои маъруф, муҳити адабӣ, таълим дар мадрасаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, шароити зиндагии деҳоту шаҳр, афсонагӯӣ, латифагӯӣ, оинҳо ва ҷашнҳои мардумӣ ва ғайраву ва ҳоказо хеле сода, самимӣ ва барои хонанда хотирмон тасвир шудаанд. Муҳим он аст, ки ҳамаи навиштаҳои устод дар «Ёддоштҳо» сарчашмаи воқеӣ дошта, метавон онҳоро ҳамчун санади муҳими мардумнигорӣ, фолклорӣ, ҷомеашиносӣ ва амсоли ин мавриди истифод қарор дод.

Тавре маълум аст, баробари нашри қисми якум ва дуюми «Ёддоштҳо» (1947-1948) таваҷҷуҳи хонандагон ва равшафикрони тоҷик зуд ба ин асар ҷалб гардид. Устод бо вуҷуди беморӣ қисми сеюм ва чоруми онро таълиф намуданд, ки солҳои 1950 ва 1954 ба нашр расиданд. Сипас, он аввал ба забони русӣ ва баъд ба чандин забонҳои дигари собиқ Иттиҳои Шуравӣ тарҷума шуд.

«Ёддоштҳо» асаре аст, ки пурра дар асоси воқеияти дидаҳо ва шунидаҳои устод Айнӣ навишта шудааст. Ин асар на фақат сарчашмаи муҳими фолклорӣ, этнографӣ ба шумор меравад, балки аз он метавон ҳамчун манбаи нодири забонӣ, адабӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва ҳатто этнопедагогӣ, этнолигвистӣ ва этнопсихологӣ истифода намуд.

Дар асл бунёди асоси осори ҳар адиби насрнавис саргузашти худи ӯ, дар айни замон дидаҳо, шунидаҳо, хотираҳо, ёддоштҳо ва мушоҳидаҳояш аз зиндагии мардум мебошад, ки дар ин бора худи устод Айнӣ низ дар аввали «Ёддоштҳо» зери унвони «Як-ду сухан ба ҷои сарсухан» навиштааст: «Азбаски ёддоштҳоям барои бештарини роман, повест, очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷойҳои фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун, ба фикри ман, ёддоштнависӣ аз роман ва ҳикоянависӣ душвортар менамуд, ман ин корро барои бисёртар таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам».

Арзиши ин равиши кори устод имрӯз барои пажуҳиши корҳои мардумшиносӣ беназир аст. Тасвирҳои мардумнигорӣ аз аввал то охири «Ёддоштҳо» зиёданд. Онро дар ҳар нақлу ҳикояти муаллиф метавон дид. Устод дар ҳар маврид дидаҳо ва шунидаҳои худро ба қалам меорад.

Дар Эрон бори аввал «Ёддоштҳо» соли 1362 (1983) аз ҷониби Алӣ Акбар Саиди Сирҷонӣ ба нашр расида, зуд таваҷҷуҳи хонандагон ва пажуҳандагонро ҷалб намуда буд. Баъди мутолиаи он байни аҳли фарҳанг нисбат ба тасвирҳои устод Айнӣ саволҳое пайдо мешаванд, ки онҳо ба тавзеҳ ниёз доштанд, бояд касе онро ба таври муфассал, бо ҷузъёт ва шарҳи луғатҳо анҷом медод.

Ин буд, ки ҳамин ниёзҳоро ба назар гирифта, доктор Мустафо Бобохонӣ барои баргардони дубораи «Ёддоштҳо» камари ҳиммат мебандад.

Мавриди зикр аст, ки донишманди тоҷикдӯсти эронӣ аз даврони навҷавонӣ забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон ҷалб намуда, дар натиҷа он шефтаи тоҷикон шуда, соли 2007 ҳамроҳи падари бузургвораш бори аввал ба шаҳри Душанбе меояду дилбохтаи гӯишҳои гуногуни тоҷикӣ ва фарҳанг гашта, ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2008 дар натиҷаи пурсишҳо ба назди ин ҷониб меояд.

Муҳаббати ӯ ба ин фарҳанг буд, ки алифбои кириллии тоҷикиро дар сатҳи аъло омӯхта, ба мутолиаи осори илмӣ ва бедеии тоҷикон машғул мешавад. Ин меҳр буд, ки давоми 14 сол бо заҳмати доктор Мустафо Бобохонӣ бо тасҳеҳ, таълиқ, шарҳи луғот китобҳои зерин аз алифбои кириллии тоҷикӣ ба хатти форсӣ баргардон мешавад:

1.Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам /Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1395.

2.Шакурии Бухороӣ Муҳаммадҷон. Садриддин Айнӣ /Бо кӯшши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1395.

3.Амирзода С. Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1396.

4.Айнӣ С. Ғуломон. Роман /Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1397.

5.Айнӣ С. Ҷаллодони Бухоро /Тасҳеҳ ва таълиқ ва муқаддима М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1397.

6.Мунтахаби осори адабиётшиносӣ ва нақди адабии Садриддин Айнӣ / Гирдоварии пажуҳиш ва тасҳеҳ ва вироиши М.Бобохонӣ ва А.Набавӣ. Теҳрон: Орван, 1397.

7.Маликзод А. Шаҳидии Балхӣ шоири бузурги замони Сомониён /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1398.

8.Саъдиев С.Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1398.

9.Шакурӣ М.Б. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон /Бо кӯшиши М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1399.

Баъди ин корҳои шоиста Мустафо Бобохонӣ ба таври ҷиддӣ ба баргардони «Ёддоштҳо» машғул мешавад. Барои ин кор ӯ, пеш аз ҳама, тамоми нусхаҳои дар Тоҷикистон нашршудаи асарро ба даст меорад. Баъд бо машварати пажуҳандагони тоҷик ба кор шуруъ менамояд.

Инак, чи нек аст, ки дар арафаи Наврӯзи хушоин муждае расид: «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ пешкаши хонандагон ва пажуҳандагони ҳамзабонони эронии мо шуд, ки ин як навъ пайванди бештар ва хубтар барои забону адабиёту фарҳанги муштараки ин ду ҷумҳурии ҳамзабон аст. Яъне «Ёддотшҳо»-и устод Айнӣ аз ҷониби интишороти «Орван» дар чор қисм ба нашр мерасад:

1.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 1. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.

2.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 2. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404

3.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 3. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.

4.Айнӣ С. Ёддоштҳо. Ҷилди 4. / Тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи М.Бобохонӣ. Теҳрон: Орван, 1404.

Бар илова Мустафо Бобохонӣ барои дарки бештари ин асар китоби дигареро дар 285 саҳифа зери унвони «Пайвастҳои «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Муқаддима, мақолаҳо, намояҳо) (Теҳрон: Орван, 1404) пешкаши хонандагон менамояд. Ин китоб мустақил аст, вале метавон онро ҷилди панҷум гуфт. Он на танҳо «Ёддоштҳо», балки хонандагон ва пажуҳандагони мамлакати ҳамзабонро бо таҳқиқоти муҳаққиқони тоҷик низ ошно месозад. Дар китоб баъди пешгуфтори «Чанд дастури калидӣ» мақолаҳои пажуҳандагони тоҷик Ш.Исрофилниё, Н.Зоҳидӣ, А.Раҳмонзода, Р.Раҳмонӣ, М.Имомзода, А.Маҳмадаминов ва Л.Шарифзода, М.Хоҷаева, А.Кӯчарзода ва Ш.Ҷамшед оварда шудаанд. Дар идомаи мақолаҳо «Феҳристи мисраъҳои аввал ва дуввуми байтҳо», «Феҳристи зарбулмасалу мақолҳо», «Феҳристи номи касон», «Феҳристи номи ҷойҳо», «Феҳристи китобҳо ва нашрияҳо», «Феҳристи қавмҳо, тоифаҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳо», «китобнома» низ омадааст, ки барои беҳтар омӯхтани «Ёддоштҳо» хеле муҳим аст.

Доктор Мусафо Бобохонӣ ҳамчун замимаи «Ёддоштҳо» китоби дигареро дар 473 саҳифа бо номи «Вожаномаи «Ёддоштҳо»-и Айнӣ» (Теҳрон: Орван, 1404) таҳия намудааст, ки онро метавон китоби шашум гуфт. Дар ин вожанома тамоми калимаҳое, ки барои хонандагони эронӣ андаке нофаҳмо ё маънои дигар доранд, шарҳ ёфта, он ҳамчун асари мустақил на фақат барои хонандагон, балки барои пажуҳандагони забоншиносон низ муҳим мебошад. Як ҷиҳати ин вожанома аз он иборат аст, ки ӯ ҳар калимаеро, ки дар «Ёддоштҳо» чанд бор омадааст, саҳифа ба саҳифа ҳамчун луғати басомад нишон дода, кори хонанда ва пажуҳандаро осон месозад.

Мавриди зикр аст, ки Садриддин Айнӣ чун аввалин Президенти АМИТ бо осорашон дар партави рушди илму маърифат нақши калидӣ бозида, баҳри ҳифзи меросу ниёгону фарҳанг саҳми назаррас гузоштанд.

Дар ин зимн, 14 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсият ва гиромидошти 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ осорхонаи ин адиб ифтитоҳ карда шуд.

Таҷлили Рӯзи Илм ва нақши олимони тоҷик , аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои ҳамаи донишмандону донишомӯзон ва ҳамватанон табрик гуфта, ҳама якҷо дар партави илму маърифат барои ободии Ватан ва тарбияи насли навраси он хидмат намуда, зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” содиқона ба суи фардои нек қадами устувор хоҳем гузошт.

Мирсаид Раҳмонов, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда:

1.Дастовардҳои Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе- 2001. -380.

2.Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Душанбе-2021.-295 с.

3.Академияи илмҳои Тоҷикистон Душанбе. Дониш, 2021. -696 с.