(дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Пас аз баргузор гаштани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо новобаста ба душвориҳои солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ва авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳаи илм дар баробари маориф дар Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятдошта эътироф гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии бештар ёфт ва маблағгузорӣ ба ин соҳа сол ба сол афзуд. Чуноне дар мулоқоти мавриди назар Пешвои миллат зикр намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст... Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст». Бо пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қатъи назар аз мушкилоти ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо саъю талошҳои Пешвои миллат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ҳифз ва тараққӣ дода шавад.
Дар Тоҷикистон пас аз соҳибихтиёрӣ аз соли 1991 то соли 2000 бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва вобаста ба он кам будани Шурои дифоъ аз рӯйи ихтисосҳо, ночиз будани стипендияи аспирантону докторантҳо, фарсудашавии заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳои донишгоҳҳо, адабиёти нав аз рӯйи ихтисос, надоштани китобхонаҳои электронӣ ва ба шабакаи интернет пайваст набудани китобхонаҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ, нарасидани маблағ барои сафарҳои хизматӣ ва ғайра омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба таълифи рисолаҳои илмӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Тавре дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, рушду нумуи илм дар ҷумҳурӣ чун дигар соҳаҳо асосан баъд аз соли 2000-ум беҳтар гардид. Ба пешрафти соҳа, пеш аз ҳама, таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Низомнома дар бораи тартиби додани унвонҳои илмӣ ба кормандони муассисаҳои илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони илмию педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (соли 2004), «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» (соли 2006), «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (соли 2010), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (18.03.2015, №1197) ва ғайра мусоидат кард. Ҳукумати кишвар ба маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии фармоишӣ дар ин солҳо бештар аҳамият дод. Масалан, агар дар соли 2001 - 32829 ҳазор сомонӣ ва соли 2005 – 241 298 ҳазор сомонӣ барои корҳои фармоишии илмӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2010 бо ин мақсад 1 611 203 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Сафи унвондорон дар соли таҳсили 2010-2011 нисбат ба соли 1991-1992 зиёд гардид (номзади илм аз 1835 ба 2073 нафар расид, ки 88 % зиёдтар аст ва доктори илм аз 226 то 493 нафар афзуд, ки 46 % зиёд буд). Тавассути ин неруи илмии муассисаҳои соҳаи маориф рӯй ба беҳбудӣ овард.
Дар асоси натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001 то 2010 монография, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, рисола ва мақолаҳои зиёде ба чоп расонида шуданд. Масалан, агар дар соли 2005 устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ 64 монография, 640 мақолаи илмӣ, 200 дастури таълимии методӣ, 48 китоби дарсӣ, 60 барномаи таълимӣ таҳия ва чоп намуда бошанд, пас дар соли 2010 теъдоди рисола ва китобҳои дарсӣ ба 1107, дастурҳои методӣ ба 1122 ва монографияҳо ба 118 адад расид.
Умуман, агар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 нафар доктори илм кор мекарданд, дар мулоқот Пешвои миллат дарҷ намуданд, ки ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ бошад, дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – маркази асосии илми мамлакат қариб даҳ ҳазор корҳои илмӣ, аз ҷумла қариб 1200 китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои илмӣ ва монанди ин ба табъ расонида шуд. Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриётҳои бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин натиҷаи илмро дастгирӣ намудани Ҳукумат ва шаҳодати эътирофи олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Тайи солҳои охир аз тарафи муассисаҳои илмии Академияи миллӣ барои ихтироот беш аз 200 патент ба даст оварда шуд. Танҳо дар панҷ соли охир қариб 650 корманди Академияи миллии илмҳо барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва хамчунин гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба давлатҳои хориҷӣ сафарҳои хизматӣ доштанд. Аз 1982 корманде, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият доранд, 35 нафарашон аъзои пайваста (академикҳо), 34 нафар аъзои вобаста, 204 нафар доктори илм ва 373 нафар номзади илм мебошанд. Илова бар ин, дар ҳайати Академияи илмҳо 20 аъзои хориҷӣ ҳастанд.
Дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо ибтикори Пешвои миллат чуноне дар мулоқот ироа гашт, аз соли 2001 то соли 2019 бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд. Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Бо дарназардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия, махсусан ба робитаи илм бо истеҳсолот, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Ба хотири густариш бахшидани ин раванд, солҳои охир аз ҷониби Роҳбари давлат як қатор тадбирҳои иловагӣ амалӣ шуданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд. Илова ба Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис гардид. Инчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015»-ро қабул намуда буд. Дар асоси ин санад, дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд.
Яке аз дастоварди муҳими соҳаи илм таъсиси "Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шумор меравад, ки он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, №255 ба имзо расидааст. Дар даврае, ки Тоҷикистон дар фазои истиқлолияти комил қадамҳои устувор мегузошт, аттестатсияи кормандони илмӣ, илмӣ-техникии тахассуси олӣ ягона самте буд, ки ҳанӯз ҳам аз дигар кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия, вобаста буд. Хушбахтона, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона мустақилияти кишварро дар ин ҷода низ таъмин намуд. Аксари ҷавононе, ки роҳи ноҳамвори илмро интихоб кардаанд, аз ин иқдоми наҷибонаю хирадмандонаи Президенти мамлакат гарм истиқбол карда, арзи сипос менамоянд. Акнун онҳо имкон доранд, ки дар кишварҳои хориҷӣ сарсону саргардон нагашта, дар Ватани худ диссертатсия ҳимоя карда, соҳиби дараҷа ва унвонҳои илмӣ гарданд. Баъд аз ба фаъолият шуруъ кардани шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи омори соли 2022-юм 1531 парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия ворид гардидааст, ки аз онҳо 112 парвандаи аттестатсионию диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм, 1339 парванда номзади илм ва 80-тои дигар ҷиҳати гирифтани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. То соли 2022-юм 1175 диссертатсия тасдиқ шуда, 172 диссертатсия рад шудааст, ки 11 дарсади диссертатсияҳои ҳимояшударо ташкил менамояд. Пешвои миллат дар мулоқот аз он боиси таассуф ва нигаронӣ карданд, ки дар байни ин диссертатсияҳо сохтакориҳои дағал, асардуздӣ, корҳои пурғалату дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ҳатто диссертатсияҳое, ки довталабон аз мазмуну муҳтавои онҳо огоҳӣ надоранд, мавҷуданд. Бинобар ин, агар пеши роҳи чунин амалҳои номатлубро нагирем, он рӯз дур нест, ки илми ватанӣ ба буҳрон дучор гашта, дар кишварамон мутахассисони дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир пайдо карда натавонем.
Тавре аз суханронии Сарвари давлат дар ин мулоқот бармеояд, дастовардҳои соҳаи илму маориф ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мушкилоти ҳалношуда зиёданд. Аз ҷумла Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад. Ҳамчунин афзуданд, ки дар академия аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ тайи солҳои 2021 – 2023 ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Бинобар ин, Пешвои миллат Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбутаро вазифадор карданд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Ҳамчунин вобаста ба камбудии ҷиддии дигар, ки норасоии кадрӣ ва номувофиқии тахассусии кормандони илмӣ ба вазифаи ишғолкардаашон аст, Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карданд. Аз камбудиҳои зикргардида чунин хулоса карда шуд, ки ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ қонеъкунанда нест ва ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта намешавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дастур доданд, ки Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ишғоли вазифаҳои илмӣ озмуни ғайринавбатӣ эълон намоянд ва қабули довталабонро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монанд.
Аммо сохторҳои мазкур бояд тарафи дигари масъаларо низ (сарбории вазнини таълимии омӯзгорон, ба андозаи зарурӣ пардохт нашудани таҳқиқоти илмӣ), ки дар ин мулоқот Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, зимни санҷишу омӯзиш ба эътибор бигиранд. Воқеан, фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнию асабӣ алоқаманд ва вазнину сангин буда, бинобар мушкилоти иқтисодиву молиявии кишвар ба таври бояду шояд пардохт карда намешавад ва аз ин рӯ на ҳар кас дар ҷомеа ин масъулиятро мехоҳад ба зимма гирад. Маҳз олиму муҳаққиқ ва муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки олиму омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо кормандони соҳаро рӯҳбаланд намуда водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи илм ва таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таҳқиқу таълимро беҳтар кунем ва барои омӯзишу пажӯҳиши босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Илму маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ буда, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза танҳо бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишвар таъмин гардад. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ, дониши муҳаққиқон, омӯзиши адабиёти илмии муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ саъю кӯшиш намоем.
Буризода Эмомалӣ Бозор д.и.ҳ., профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ Расулов
Фотеҳ Мирқозиевич н.и.ҳ., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ