Перейти к основному содержанию

(Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар)

Бидуни шак, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихи ҳазор соли охири миллати тоҷик мебошад, ки чароғи маърифати қавмро равшан кардаанд. Паёми аслии суханронӣ ва мулоқоти Ҷаноби Олӣ бо аҳли зиё ин буд, ки роҳу равиши фурӯзон нигоҳ доштани ҳамин шуълаи маърифат пайдо бошад, ҳадаф ва вазифаҳо дуруст мушаххас ва муайян шаванд. Маҳз ба ҳамин манзур, Сарвари давлат хулоса намуданд, ки мо тоҷикон 6000 ҳазор сол таърих дорем, тамаддун офаридем, будем ва хоҳем буд, истиқлоли худро ба ҳеҷ чизе ва таҳти ҳеҷ шароите иваз намекунем. Ин суханон танҳо барои касоне, ки аз таърих огоҳанд ва барои ояндаи миллат қалбашон метапад, қобили дарк аст. Зимни шунидани ин суханон беихтиёр ба ёди як воқеа дар шаҳри Теҳрон афтодам. Барои ширкат дар конфронси Осебшиносии муқовимати зидди терроризм рафта будем, гузарамон ба шимоли Теҳрон афтод, аз мақари иқомати мо меҳмонхонаи Лола 42 км фосила дошт. Роҳи бозгаштро намедонистем, борон меборид, таксиҳо ҳам барои расондани мо розӣ набуданд. Иттифоқан, таксие манъ кард ва чун ронандааш фаҳмид, ки тоҷикем, хурсанд шуда, барои нишастан даъват намуд. Ӯ дар роҳ гуфт, ки моро танҳо ба хотири эҳтироми доштааш нисбат ба Сарвари давлати Тоҷикистон ба ҷои зарурӣ мебарад. Зеро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмард аст, парчами 2500-солаи Эрони бузургро боло кардааст. Ин парчам дар дасти ӯст. 

Яъне, ин баёнгари он аст, ки на танҳо мо, балки ҳамтаборонамон ҳам шинохти амиқе аз Пешвои миллат доранд ва ба ҳамин дарк расидаанд, ки ҳадафу орзуи ӯ боз гардондани шукӯҳ ва иззат ба миллати тамаддунофар аст. Чанд сол пештар Муҳаммади Ҳотамӣ, Раисҷумҳури вақти Эрон дар мулоқот бо аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гуфта буд, ки шумори миллатҳое, ки дар таърихи башар тамаддун офариданд, аз шумораи ангуштони дастҳо бештар нест. Шумо ду бор дар таърих тамаддун офаридед. 

Албатта, суханронии Пешвои миллат мисли ҳамеша фарогири нуктаҳои муҳим роҷеъ ба илму маорифи кишвар ва дастуру супоришҳои он қобили баҳс набуда, балки танҳо бояд иҷро шаванд. Баҳси Пешвои миллат агарчи роҷеъ ба вазъи имрӯзи илм ва маориф буд, аммо дар ин суҳбат як дарди амиқ ба сароҳат қобили эҳсос буд, ки он масъалаи сарнавишти қавм, яъне миллат аст (бояд гуфт, ки миллат як мафҳуми сиёсӣ дар адабиёти муосир аст, илм бошад қавм, яъне этнос-ро ҳамчун миллат мешиносад. Дар илми муосири ҷаҳонӣ мафҳум ва таърифи ягона ва пазируфташудаи миллат вуҷуд надорад). Роҷеъ ба ин масъала дар моварои сухан хоҳем пардохт. Албатта, роҷеъ ба суханони Роҳбари давлат ва дастуру супоришҳояшон нақшаю барномаҳои хос рӯйи даст гирифта хоҳад шуд ва умедворем, ки масъулон дар иҷрои он аз дониш кор хоҳанд гирифт, то бахши илм ва маориф аз буҳроне, ки мавҷуд аст, раҳоӣ пайдо кунад. Воқеан, вазъияти мавҷудаи илм ва маориф Ҷаноби Олиро нигарон кардааст, зеро сарнавишти миллат ба ояндаи илму маориф бастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки мушкилоти мавҷуда дар соҳаи илму маориф, аслан, буҳрони маорифу илм нест. Зеро мактабҳо мавҷуданд, ҳар сол даҳҳо ва садҳо мактаби нав сохта ё бозсозӣ мешавад, шумораи мактабҳои олӣ аз 13 то ҳудуди 50 адад расидааст, китобҳои дарсӣ нашр мешаванд, маблағгузории маориф ва илм афзоиш меёбад, шумораи хонандагон рӯзафзун аст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз 20 марти соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ва ғамхории хосе, ки нисбат ба мероси ниёгон доранд, дар суханронии худ зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд, ки Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, ки ба нашри Феҳристи нусхаҳои хаттӣ машғул аст, бояд номгӯй ва миқдори нусхаҳои хаттиеро, ки дар дигар китобхонаву муассисаҳо мавҷуданд, зери назорат бигирад.

Қобили зикр аст, ки Маркази мероси хаттии АМИТ дар ҳафт соли охир 4 ҷилд Феҳристи дастнависҳои шарқӣ-ро таҳия ва нашр намуд, ки дар тамоми давраи мавҷудияти Академияи илмҳо 6 ҷилд нашр шуда буд. Дар ҳамаи давраи мавҷудияти муассисаҳои марбута ба ҷамъоварии мероси хаттӣ, аз соли 1930 ҳудуди 6150 нусхаи хаттӣ вориди ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ шудааст. Аммо танҳо аз соли 2019 ба ин тараф  бештар аз 1500 нусхаи хаттӣ, санаду васиқаву ҳуҷҷати таърихӣ вориди ганҷина шудааст. Аз ҷумла, дар тамоми муддат, дар ганҷина 47 нусхаи мунҳасир ба фард ё ягона мавҷуд буд ва дар се соли охир се нусхаи дигари мунҳасир ба фард ё ягона, аз ҷумла нусхаи дастнависи Туғрали Аҳрорӣ бори аввал пайдо ва вориди ганҷина шуданд. 

Ин ҳама баёнгари  таваҷҷуҳи давлат, дастгирӣ ва фароҳам овардани шароиту имконият барои кор ва ҷамъовариву нигаҳдории мероси ҳуҷҷатӣ мебошад. Пас, вазъи мавҷударо метавон, аслан, буҳрони бекифояти [incompetency crisis ё кризис некомпетентности]-и роҳбарии илму маориф унвон намуд. Яъне, ин масъалаи лаёқат ва шоистагии масъулони бахши илм ва хусусан маорифи кишвар аст. Шояд сазовори муҳаббат ва ғамхорӣ ва посухгӯ ба талаботи Сарвари давлат кор карда натавонистем. Агар мо эътиқод ба он дошта бошем, ки суханони Президенти мамлакат дуруст ва воқеияти имрӯзӣ ҳастанд, пас бояд, пеш аз ҳама, эътироф кунем, ки мо иштибоҳ кардаем. То ин иштибоҳи худро эътироф накунем, онро наметавонем ислоҳ намоем. 

 

ТОҶИКИСТОН НАБОШАД, ТАНИ МАН МАБОД

Тамоми ин ҳама ҷаҳду талош, ислоҳи маориф ва илм, ёфтани пул ва сохтани роҳу мошину хона танҳо ба хотири як ҳадаф аст: таъмини бақои миллати тоҷик ва тадовуми давлати Тоҷикистон. Дар меҳвари суҳбатҳои Роҳбари давлат баҳси таърихи гузашта ва ояндаи миллат матраҳ буд. Зиндагии Сарвари давлат дигар ба худаш тааллуқ надорад, сарнавишти ӯ ба сарнавишти миллат рақам хӯрдааст. Бинобар ин, ғайри ихтиёр, бисёр бо назокат ва фаросати олӣ баҳси илмии назарияи қавмзоиро матраҳ намуданд, ки, албатта, на ҳама ба он пай бурд. Вале бояд гуфт, барои касоне, ки аз асли қазия огоҳанд, ин бахши суҳбатҳои Президенти кишвар такондиҳанда буд. Таърихшиносону донишмандони нисбатан огоҳи мо ҳамеша аз назарияи иштиёқ ё пассионари Лев Гумилёв шикоят ва эътироз доранд. Аммо ҳеҷ касе натавонистааст, ба ӯ посухи сазовор диҳад ва онро рад кунад ва ё ҳарфе роҷеъ ба он гуфта бошад. Сарвари давлат бо таҷрибае, ки аз таърих ва зиндагӣ андӯхтаанд, хулоса ва бардошти худро аз ин назария баён намуданд. Бо хитоб ба олимони тоҷик бо як ҷумлаи маънидори илмии таърихӣ баён доштанд: Завқи зиндагӣ дошта бошед. Дар пушти ибораи завқи зиндагӣ, шӯри зиндагӣ ё иштиёқи зиндагӣ (пассионар, pasionaria) сарнавишти ҳамаи миллатҳои ҷаҳон, аз таваллуд то фано, нуҳуфта аст.  

Мазҳ ҳамин таъкиди нозуки Ҷаноби Олӣ барои баёни ин андешаҳо моро такон дод. Ин гуна таъкид баёнгари вусъату умқи андеша ва огоҳии Роҳбари давлат аз таърих ва назарияҳои таърихии қавмзоӣ (этногенез) ва нигаронии онҳо аз сарнавишти ояндаи миллат аст. Зеро иштиёқ ё завқи миллат барои зиндагӣ зербинои тамоми аъмоле мебошад, ки як қавм, як миллат осоре дар таърих ба ҷо мегузорад. Завқи зиндагӣ ҳамчун муҳаррики асосии қавмзоӣ ва рушди миллӣ дар тамоми марҳалаҳои рушди як миллат, аз зуҳур то фано амал мекунад.      

Албатта, дар чаҳорчӯби баҳси мазкур маҷоли пардохтан ба масъалаи қавмзоӣ вуҷуд надорад, вале масъалаи эҳёи миллиро, ки ҳадафи аслии Сарвари давлат аст, ҷудо аз назария ва масъалаи қавмзоӣ наметавон баррасӣ кард. Зеро эҳё масъалаи қавмҳои бо собиқаи таърихӣ ва мутамаддин аст. Ва мо тоҷикон яке аз он қавмҳои мутамаддин ё тамаддунофар ҳастем. 

Гап сари ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба он чи қавмшиносон ва назарияҳои қавмзоӣ этногенез талқин мекунанд, кас метавонад аз ояндаи эҳёи миллатҳои бостонӣ ва мутамаддин, ки дар дарозои таърих дучори шикасту рехт шудаанд, ноумед шавад. Зеро бар асоси ин назарияҳо, умри қавмҳо, яъне миллат, дар баҳс ва таърифи имрӯзии мо, мисли як организми пӯё  ва зинда аст, марҳалаҳои зуҳур, ташаккул, авҷи қудрат, пойдорӣ ва таназзулу фаноро дар бар мегирад. Л. Гумилёв дар асари маҳшури худ Иштиёқ ва зисткураи Замин умри қавмро то 1500 сол медонад ва мегӯяд: Шумо қавмҳои ҳоким ва соҳиби тамаддуни хосро дар ҷаҳони 2000 соли пеш ба хотир биоред ва бигӯед, ки кадоме аз онҳо боқӣ мондааст?. Л. Гумилёв марҳалаҳои умри қавмро, ки ба он тули 1200 то 1500 солро медиҳад, ба сурати зайл муайян кардааст: 0 сол (оғози ҳисоб); давраи нутфагузории қавм; зуҳур ва афзоиши иштиёқ; болоравии босуръати иштиёқ барои зиндагӣ; марҳалаи тағйирёбии иштиёқ то ҳадди аксар. Афзоиши босуръати қудрати қавмӣ; шикаст ва пастшавии шадиди иштиёқ; ҷангҳои шаҳрвандӣ, тақсимшавии як воҳиди этникӣ ба чанд воҳиди этникӣ; таназзули иштиёқ ба поинтар, сатҳи муқаррарӣ ва ниҳоят дар миёни 1150-1500-солагӣ марҳалаи ёдбуд ва аз даст додани тамаддун. Азоби виҷдон фаромӯшии комили қавм дар таърих. Марги қавм.

Акнун, мо бояд дар ин нақша ё формула наҳаросида марҳалаи умри қавми худро пайдо кунем ва амалан ин назарияро бо талоши худ инкор намоем. Эҳё ба миллатҳое дахл дорад ва зарур аст, ки аксари ин марҳалаҳоро пушти сар гузоштаанд. Дақиқан, агар миллат дар марҳалаи авҷи иштиёқ барои зиндагӣ ва ҷаҳонкушоӣ қарор дошта бошад, ниёзе ба эҳё надорад. Дар назарияи Л. Гумилёв иштиёқ муҳаррики аслии зиндагии қавмӣ маҳсуб мешавад. Ӯ баҳси иштиёқ ва муштоқ (пассионар ва пассионарность)-ро дар меҳвари назарияи миллатсозӣ матраҳ мекунад ва умри қавмро ба дараҷаи давомнокии иштиёқ дар вуҷуди қавм (хонда шавад миллат) ва аъзои он марбут медонад. Дар даврони авҷи қудрати қавм масъалаи алтруизм, яъне омода будани ҳар фарди ҷомеа барои худқурбонӣ ба хотири қавм ва ҳамқавми худ, бисёр муҳим дониста мешавад (худкушии афроди бархе ҷомеаҳо барои ақида, ки шоҳид мешавем, дар ростои ҳамин назария ё қонунмандӣ қобили арзёбӣ аст). Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Л. Гумилёв қавмиятро дар назарияи пуршӯри қавмзоӣ як падидаи биосферӣ ва ғайрииҷтимоӣ медонад. Зикри ин баҳси илмӣ ба манзури шинохтани марҳалаи умри таърихии миллат ва зарурати эҳёи миллӣ муҳим аст.  

Ҳоло баҳс сари ин аст, ки акнун бо таваҷҷуҳ  ба он чи гуфта шуд, оё дар ҳақиқат эҳёи дубораи миллатҳои тамаддунофар имкон дорад? Албатта, назарияи Л. Гумилёв на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз маҳфилҳои илмӣ мавриди баҳс ва эътироз аст. Аммо дар ҳақиқат касе ҳам онро сазовор инкор накардааст.

Албатта, даврони эҳёи Аврупо ҳамчун як намунаи боризи эҳё дар таърихи башарият бо ҳамаи абъодаш ба нишон омадааст. Дар Аврупо чӣ эҳё шуд? Ба як ибора эҳёи Аврупо раҳоӣ аз чангол ва истибдоди дин ва руҷуъ ба таърих ва тамаддуни Юнону Рум буд. Маҳз руҷуъ ба таърих дар меҳвари андешаи эҳёи Аврупо қарор дошт ва дар тамаддуни қадим дар тимсоли Аврупои нав, балки даҳҳо миллат дар хокистари Юнони қадим қад барафрохт. Ин қонунмандии раванди қавмзоӣ аст. Аммо руҷуъ ба таърих ба хотири чист? Маҳз ба хотири зинда кардани завқи зиндагӣ дар вуҷуди қавм! 

Ҳамагӣ 70 сол пеш Чин дар вартаи парокандагӣ ва нобудӣ қарор дошт. Чиниҳо яке аз ҳамон панҷ миллати офарандаи тамаддуни башарӣ аст, ки тавре зикр шуд, агар ба назарияи Л. Гумилёв бовар кунем, дар охирин марҳалаи умри қавмии миёна қарор дошт. Вале имрӯз иқтисоди дувуми ҷаҳон аст. Бояд гуфт, ки ҳаракати коммунистӣ на танҳо Чинро эҳё кард, балки минтақа ва ҷаҳонро аз шарр ва пайомади фасод ва парокандаву бесарнавишт шудани миллати бо қариби 1,5 миллиард ҷамъият наҷот дод. Мао Зедун, зимни аввалин муроҷиати худ ба миллаташ ба ҳайси роҳбари Ҷумҳурии халқии Чин, гуфт, ки Чин акнун ҷумҳурӣ аст, император надорад, балки ҳар чинӣ як император аст. Ӯ бо ин кор ба ҳар як фарди ҷомеа эътимод ба нафс дод ва дар айни ҳол хост ба решаҳои таърихии миллати худ руҷуъ кунад. Чин ҳоло дар ҳоли эҳё қарор дорад, он чӣ мебинем, ҳанӯз марҳалаи рушд ва авҷи иштиёқи қавми эҳёшудаи Чин барои зиндагӣ нест, бо эҳтимоли зиёд асри оянда асри авҷи иштиёқи баланди Чин хоҳад буд. 

Ангезаи аслии эҳёи Аврупо ва Чинро руҷуъ ба таърих ва фарҳанг ташкил медод. Эҳёи Аврупо бо бастани дари калисо, ҷудо кардани дин аз давлат ва умуман, коҳиши нақши дин дар зиндагии ҷомеа ва фард анҷом шуд. Ҳоло дин камтарин нақшро дар зиндагии ҷомеаҳои аврупоӣ дорад.

Масъалаи мо фарқ мекунад. Умед ва имконоти мо барои эҳё бештар вуҷуд дорад, балки он шуруъ шудааст. Мо имкони бештар барои эҳё дорем, зеро мо танҳо миллати классикии ҷаҳон боқӣ мондаем, тавассути забон ва осори оламшумуле, ки дар ин забон мавҷуд аст. Мо танҳо миллате дар дунё ҳастем, ки забони 1200-1400 сол пеши худро бе тарҷумон мефаҳмем, балки бо ҳамон забон гуфтугӯ мекунем. Мутмаинан, агар имрӯз ба решаҳои худ руҷуъ накунем, дар пайи эҳёи миллӣ ба маънои аслии калима набошем, бо вуҷуди ҳамаи талошҳои Сарвари давлат боз ба 1400 соли пеш бар хоҳем гашт. Роҳи наҷот ва роҳи эҳё касби истиқлоли фикрӣ аз тасаллути фикрии 1400- солаи пеш аст. 

Мутобиқи назарияи маърифатшиносии Л. Гумилёв миллатҳо дар марҳалаҳои ҳассоси ташаккули худ ба таконбахши иштиёқ (пассионнарный толчок) барои худогоҳии қавмӣ ва бақои умр ниёз доранд, то худро таҷдид ва бозсозӣ ва эҳё кунанд. Ин гуна таконбахш дар сарнавишти қавму миллатҳо метавонад таҳаввулоти азими иҷтимоӣ, зуҳури динҳо ва пайғамбарон, ҳаводис ва фоҷиаҳои мудҳиши табиӣ, тағйири куллии иқлими минтақа ё зуҳури шахсиятҳои фавқулодаву мунҳасир ба фард дар сарнавишти миллатҳо маҳсуб шаванд.   

Ин ҷо, бидуни шак, бо таваҷҷуҳ ба корнамоиву зиндагии Президенти мамлакат, дар равшании назарияи матраҳнамудаи Л. Гумилёв метавон қотеона хулоса намуд, ки дар нақши таконбахши иштиёқ ё тавре худашон баён намуданд эҳёгари завқи зиндагӣ-и миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи охир Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кардаанд. Бинобар ин, бар асоси ин назарияи илмӣ Пешвои миллат хитоб намудан ва шумурданашон як амр ва қонунмандии табиӣ аст. Зеро бо қомати устувор, бо барафрӯхтани шуълаи маърифати миллат, то кунун собит намуданд, ки миллати тоҷик бо ҳамаи солхӯрдагӣ ҳамоно ҷавон ва неруманд аст.

 

Раҳматкарими ДАВЛАТ,

директори Маркази мероси хаттии АМИТ

Санаи нашр: 14.06.2024 №: 113

https://jumhuriyat.tj/bahsho/3568-takonbahshi-ishtie-va-zavi-millat-baro...

https://merosikhatti.tj/tj/dobavit-statya/takonbahshi-ishtiyok-va-zavki-millat-baroi-zindagi