Бешубҳа, аҳамияти ваҳдати миллӣ ва ваҳдати ҷомеа барои мардуми ҳар кишвар мақоми хоса дорад. Бе ваҳдати миллӣ бақои кишвару миллат ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ ба ҷомеъаҳои соҳибистиқлол маънӣ бахшида, яке аз шартҳоест, ки пояи ҳамбастагӣ ва динамизми як низомро ташкил медиҳад ва нишонаи доимӣ будани он аст. Бинобар ин метавон гуфт, ки ваҳдат омили муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, имкон медиҳад, ки мардум дар ҷараёни пешравӣ ба сӯи пирӯзиҳо аз монеаҳо ва душвориҳо убур намоянд, нотавононро тавонотар, душвориро осон ва имконнопазирро имконпазир месозад. Ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.
Ваҳдати миллӣ чизест, ки метавонад аз ҳама талошҳои давлатмардону мақомдорон, муборизону ҳамватанони ин кишвар ва ин неъмати бузург ба номи истиқлолият пуштибонӣ кунад. Бе ваҳдати миллӣ кишвари мо бузургтарин нерӯ ва сарчашмаи бузургии худро надорад. Ваҳдати миллӣ шиори асосӣ ва ҳаётан муҳим барои кишвару миллати мо маҳсуб мешавад, зеро амният ҳам аз ваҳдат вобаста аст. Агар ваҳдат набошад, амнияти миллӣ низ зери хатар мемонад ва ноамнӣ ба вуҷуд меояд. Маълум аст, ҷомеае ки дар он ваҳдат ва якдилӣ ҳоким бошад, камтар осебпазир аст. Зеро дар чунин ҷомеаҳо аз қувваи давлат ва дастгирии мардум душман умеди камтаре барои зарба задан дора два роҳҳоро бар рӯи худ баста мебинад. Аз ин рӯ наметавонад ҷомеаро ба осеб ва буҳрон дучор созад ва вазъиятро пуршиддат гардонад.
Ваҳдати миллӣ ба маънии ризоият ва қаноатмандии аҳли ҷомеа сарфи назар аз тафовути забон, нажод, ҳизб ва расму ойин, дар ҳама масъалаҳои асосӣ, бахусус сиёсати хориҷӣ якдил бошанд ва Ватани худро ҳифз кунанд.
Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд. Хушбахтона, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ¬Раҳмон даҳаи охири асри гузашта пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд ва 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва миллати куҳанбунёду фарҳангии тоҷик ба зиндагии шоиста баргашта, корҳои ободонию бунёдкориро пеша намуд.
Бояд қайд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат, ҳамчунин барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле бузург буда маҳз бо заҳмату талошҳои беандозаи Сарвари давлат дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омада ин раванд шароит ва имконият фароҳам овард, ки ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ қадам гузорем.
Аммо мо бояд фаромуш насозем, ки сабаби пешрафти Тоҷикистон, сабаби эҳтироми ин сарзамин, сабаби зуҳури миллати тоҷик ба унвони як миллати тамаддунофар, сабаби ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ин ҳама бидуни ҳузури мардум дар саҳнаи сиёсат, якдилӣ ва ҳамбастагии миллати тоҷик ғайри имкон буд. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд».
Мардуми шарафманди Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу тараккикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Хулоса агар душман дар мо ягонагӣ ва ваҳдатро мушохида кунад, як қувваро эҳсос кунад, чунон ки мо қувваро ҳис мекунем, азму иродаро дар мо бубинад, ақибнишинӣ мекунад. Агар душман бубинад, ки миллати тоҷик ва ҷавонони шуҷоъи Тоҷикистон худро омода дар дилхоҳ тағйиротҳо эҳсос кунанд, вазифаи худро эҳсос кунанд, ақибнишинӣ мекунанд. Аммо агар эҳсос кунанд, ки ин як заъф аст, агар эҳсос кунанд, ки тафовут вуҷуд дорад, агар эҳсос кунанд, ки дар миёни масъулини кишвар як самт ва ризоияти муштарак вуҷуд надорад ва миёни мардум ва масъулони ҳукумати Тоҷикистон фосила вуҷуд дорад. Онҳоро даъват мекунанд, ки фаъолияти худро пурқувват кунанд, бояд ба ин ҳам масъулини кишвар, мардум ва махсусан ҷавонон диққат диҳанд, мо бояд ба душман қуввати хешро нишон диҳем, на паёми заиф. Дар гуфтор, дар рафтор, дар шахсияти мо душман бояд эҳсоси тарс кунад, ки вай дар назди як гурӯҳи тавоно истодааст. Агар вай дар мо нотавониро эҳсос кунад, вай ҳаракат мекунад ва шиддати амали худро ба кадом роҳу воситае набошад зиёд мекунад.
Ҳеҷ миллат ва гурӯҳи сиёсӣ ба танҳоӣ ба мардуми Тоҷикистон пешрафту хушбахтӣ пешкаш карда наметавонанд, магар ин ки тамоми миллати тоҷик ва гурӯҳҳои сиёсии Тоҷикистон якҷоя роҳи пешрафт ва пешрафти Ватани муштараки худро пеш нагиранд.
Зиёзода Н. И - ходими илмии ИФСҲ АМИТ