Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Албатта, мақсаду маром ва стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат, пеш аз ҳама, ин таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсию иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули иқтисоди кишвар ташкил медиҳад. Тавре маълум аст, Тоҷикистон кишвари соҳиби мавқеи муҳими стратегӣ ва геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва чигуна мақомро дар минтақа ва ҷаҳон касб намудани он ба он вобастааст, ки то кадом дараҷа сиёсати дурусти хориҷӣ амалӣ мешавад.
Таҳлили равандҳои сиёсии ибтидоии соҳибистиқлолии кишвар нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун дигар кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт. Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар ибтидои ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, танҳо дар соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 48 кишвари хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ бошад, ба Протоколи Созишномаи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил «Дар бораи шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳод» (декабри 1991, Маскав) имзо гузошта, ба созмони байналмилалии Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (СБСЕ) (26 феврали 1992), Созмони Милали Муттаҳид (2 марти 1992), Созмони байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) (апрели 1992) ва Ассотсиатсияи байналмилалии байторӣ (МАВ) (октябри 1992) аъзо шуд.
Дар ин раванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки падидаи муҳими ваҳдати сиёсӣ маҳсуб мешавад, муносибатҳои дипломатии давлат боз ҳам рушд ёфт. Баргардонидани гурезагон аз хориҷ яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон мебошад, ки тавассути дипломатияи баланди давлатдорӣ ва гуфтушинидҳо ба амал омад. Ин аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад.
Тавре маълум аст, дар таҳким ва устувории сиёсати хориҷии Тоҷикистон қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор гузоштанд. Аз ҷумлаи аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ҳимояи онҳо, самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар, вазифа ва салоҳияти мақомоти давлатӣ дар ин самт ба таври возеҳ муайян карда шудаанд. Дар баробари ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015, №332 «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав тасдиқ гардид. Консепсияи мазкур санади сиёсиест, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд. Зарурати таҳия ва қабули консепсияи мазкур аз мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқти содиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа бармеояд.
Бино ба тавсеаи равандҳои муҳими геополитикӣ ва глобализатсионии ҷаҳони муосир, Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли ҳар як давлат, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз иқтидор, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо, ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин меъёрҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ дар амал мешиносад.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз зиёда аз 150 давлати ҷаҳон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр ба расмият шинохтааст ва кишвари мо бо 126 давлат муносибати дипломатӣ барқарор намудааст. Давлати мо дар доираи сиёсати «дарҳои кушода» дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносиботи ҳасана бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, равобит бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст.
Албатта, муваффақият ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон уфуқҳои навро боз намудааст. Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои созандаи хориҷӣ бо кишварҳои гуногуни олам дар ин давра зиёда аз 1200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расондааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ - техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд. Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд (Шарифзода А., Шамсуддинзода С.Сиёсати муваффақи сиёсатмадори тавоно//Ҷумҳурият. №: 187.- 03.10.2019.-С-2.).
Воқеан ҳам маҳз ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохт. Ваҳдат падидаи созандаест, ки ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Албатта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст, ки маҳз тавассути пойдории ваҳдати миллӣ метавон онро густариш дод.
Лутфулло Саймаҳмадов - ходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ