Перейти к основному содержанию

06 августи соли равон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи Институти ботаника физиалогия ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи биотехнологӣ муҷҷаҳаз бо асбобу таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар озмоишгоҳ беш аз 28 дастгоҳу лавозимоти гуногуни муосири озмоишӣ барои гузаронидани корҳои биотехнологӣ насб карда шуданд ва зиёда 25 реактиву моддаҳои химиявии зарурӣ таъмин карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт олимону кормандон иштиро намуданд.

Таъсиси озмоишгоҳи нав бо дар назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин аз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушд ва инкишофи устувори кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чунин озмоишгоҳҳои наву замонавӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳои тулонӣ харидорӣ нашуда буданд. Ва ин ҳама таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир аз натиҷаи заҳмату талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушавахт шаҳодат медиҳад.

Умуман, ҷиҳозонидани Озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, ҳамкориро бо муассисаҳои илмии кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ҷумҳурӣ мустаҳкам намуда, дурнамои тадқиқоти илмии озмоишгоҳ оид ба рушди илмҳои биотехнологияи муосир, ҳал намудани масъалаҳои таъхирнопазир барои рушди ҷанбаҳои бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, ки ба вуҷуд овардани навъу намунаҳо ва генотипҳои устувору сермаҳсули зироатҳои кишоварзиро дар шароити тағйирёбии иқлим суръат мебахшанд, инчунин татбиқи натиҷаҳоро дар истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ равон карда шаванд.