Перейти к основному содержанию

Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути асбобу таҷҳизотҳои муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса) ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН - МАКС-G (истеҳсоли Россия) ба даст оварда шудааст, шурӯъ аз соати 09:00 16 августи соли 2024 ба фазои Душанбе «хокбориш» ворид гардид.

Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рузи 16–уми август соли 2024(соати 16:00) саршавии масири чанг аз сели ҳавое ки 7 шабонаруз дар баландии 500 м (аз Британияи Кабир), 1000 м (аз Олмон) ва 1500 м аз давлати Россия оғоз гардидааст ва ба биёбонҳои Осиёи Марказӣ (Аралқум, Қизилқум ва Қароқум ворид шуда қисман аз ғарб ва қисми зиёд аз ҷануби Тоҷикистон (Шаҳритус) ба кишвари мо ворид гардидааст.

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 6 километр ба қайд гирифта шуд

Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – марги муш (арсеник), маранес ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2022 муайяншуда дарёфт гардиданд.

Унсурҳои дигар, ба монанди мис, руҳ, хром ва ғайра (ҳамагӣ 7 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар таркиби аэрозоли хокбориш кобалт ва ванадий пайдо нашуд.Дар рўзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои кишвар қариб 4 маротиба зиёд шудааст.

Хокбориш ҳамагӣ то 19-20 август идома хоҳад ёфт. Бинобар ин, дар ин рӯзҳо ба одамоне, ки ба бемориҳое, мисли, касалиҳои дил, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар хонаҳо қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд.