Skip to main content

Имрӯз, 10 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи “Ваҳдати миллӣ “ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявии “Хонишҳои академии ҳуқуқӣ” – дар мавзуи “Илми ҳуқуқшиносӣ: таърих, масоили мубрам ва дурнамои рушд” ва фаъолияти илмии академик Фозил Тоҳиров баргузор гардид.

Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, доир ба моҳияти баргузории конфронси мазкур суханронӣ намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки ҳамаи мо имрӯз аз соҳибистиқлолии давлати худ ва Ваҳдати миллии дар он ҳукмрон шукрона мекунем. Ин пеш аз ҳама, шукрона аз шахсиятест, ки барои таъмини соҳибистиқлолию Ваҳдати миллӣ талошҳои беназир кардаанд.

Таъкид гардид, ки инҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мураккабиҳои он даврон нигоҳ накарда, омили асосии бартарафсозии ин мушкилотро муайн намуда, борҳо қайд кардаанд, ки танҳо таъмини ваҳдати миллӣ калиди асосии ҳалли онҳо мебошад: «таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ, хулоса рушди рӯзафзуни Ватани азизамон маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад».

Гуфта шуд, ки дар муҳлати начандон тулонӣ бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар шароити ниҳоят душвори сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба ҷанги таҳмилӣ хотима дода шуда, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва маҳалҳои зисташон баргаштанд ва сулҳу субот устувор гардида, масъалаҳои душвортарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳаллу фасли худро ёфтанд.

Зикр шуд, ки дар мисоли сулҳи тоҷикон, ҳалли масъалаҳои сиёсию низомӣ ва ба Ватан баргардондани гурезаҳои иҷборӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи нодирро аз бар намуд. Хушбахтона, миллати тоҷик дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин Сарвари оқилу хирадмандро, ки ҳадафи асосиаш таъмини Ваҳдати миллӣ буд, пайдо намуд. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки ба хиради азалии мардуми тоҷик ва тоҷикистониён такя намуда, дар таъмини Ваҳдати миллӣ комёб гарданд.

Ин аст, ки пайваста таъкид менамоянд, ки “майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам”.

Дар идома олимону муҳаққиқони самти ҳуқуқшиносӣ доир ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу суботи комил дар кишвар, ва доир ба фаъолияти илмии академик Тоҳир Фозилов суханронӣ намуданд.