Skip to main content

11-уми сентябри соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид. Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика Каримов Умед Хилолович бо мавзуи илмиашон баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

28 июли соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.

Дар семинар номзади илмҳои физика ва математика Чориев Умедулло бо мавзуи илмиашон баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ иштирок варзиданд.

20 августи соли 2024 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар баргузор гардид. Дар семинар доктори илмҳои биология академик Якубова М.М. оид ба дастовардҳои Марказ дар даврони истиқлол бадастоварда баромад намуданд, ки дар он ходимони илмӣ иштирок варзиданд.

Имрӯз дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши метеорҳо бо усули радиолакатсионӣ дар даврони Истиқлолият” баргузор гардид.

Семинарро директори Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Бӯризода А.М. оғоз бахшида, кормандонро бо фарорасии 33 – юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманно намуд, ки саломатии кавӣ, саодатмандӣ дар фаъолияти меҳнатиатии ҳаррузаи пурсамарашон файзи зиёде ораду баҳри гулгулшукуфии кишвари маҳбубамон боз ҳам зебоиву пурнурӣ насиб гардонад.

Сипас ходими калони илмии Институт, номзади илмҳои физикаю математика Нарзиев М. дар мавзӯи “Дастовардҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши метеорҳо бо усули радиолакатсионӣ дар даврони Истиқлолият” баромад намуда, қайд намуд, ки дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мушоҳида ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ аз қабили метеорҳо ва селҳои метеорӣ нақши калидӣ дорад.

Дар ин давра як зумра таҳқиқотҳои сатҳи ҷаҳонӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудааст. Яке аз дастоварди муҳими даврони Истиқлолият дар соҳаи таҳқиқоти метеорҳо ва селҳои метеорӣ ин “Зиҷи радиантҳо, суръатҳо, мадорҳо ва параметрҳои физикавии радиометеорҳои Тоҷикистон” мебошад, ки дар Иттиҳоди байналмиллалии астрономҳои маркази маълумотии метеорҳо ҷойгир карда шудааст. Ин зиҷ тақрибан 9000 радиометеорҳоро дар бар мегирад ва аввалин зиҷи радиометеорҳо дар Иттиҳоди байналмиллалии астрономҳои маркази маълумотии метеорҳо ба ҳисоб меравад.

Пас аз анҷоми маъруза байни кормандони илмӣ баҳсу муҳокимаҳо сурат гирифт.

Санаи 15 августи соли ҷорӣ дар Маркази илмии Хатлони АМИТ тибқи протоколи 29 банди 11 аз 12 августи соли 2024, ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.

Дар семинар кормандони Марказ ва омӯзгорони ДДК ба номи А.Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Директори Марказ Бобоев М.Т. ва ходими калони илмӣ Ёқубов С.Б. Саҳми арзандаи пешвои миллатро барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ иброз намуданд.

Имрӯз 14.08.2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ семинар дар мавзӯъи “Дастовардҳои Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият” баргузор гардид.

Семинарро директори Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода А.О. ҳусни оғоз бахшида, ҳаммаи кормандон ва ходимони илмиро бо фарорасии 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саломатӣ ва муваффақият дар корҳояшон таммано намуданд.

Инчунин, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Каримов О.Х баромад намуда, дар бораи дастовардҳои

Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият суханронӣ намуданд.

12 августи соли равон дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илми дар мавзуи “Истиқлолият ва илми Тоҷикистон” баргузор гардид. Сараввал, директори Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Эшов Бахтиёр Бадалович ба кори семинар оғоз бахшида аз ҷумла қайд намуданд, ки Истиқлолият ва озодӣ барои мо рамзи ҳақиқии ифтихор аз шукуфоии Ватан ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо ҳамтои худро надоранд.

Дар чорабинии илм бахшида ба "33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон " олимон аз ҷумла н.и.т Наҷибуллои Р., н.и.тиб Сагдиева Ш.С., ходими калони илмӣ Шокирова Ш. ва н.и.т Якубов У.Ш. қайд намуданд, ки ҳар як олиму омӯзгор ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пешвои муаззами миллат дуруст моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва равнақ ёфтани илмҳои табиатшиносӣ Солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст, ки вобаста ба ин олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоқикистон як қатор корҳоро барои рушд намудани ин фанҳо ба анҷом расониданд ва дар баланд бардоштани илми тоҷик кушишҳо ба харҷ дода истодаанд.

Имрӯз (08.08.2024) бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи илмҳои биологӣ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзъуҳои мубраму саривақтӣ “Истиқлолият чароғи илм аст”, Эълон гардидани Соли 2024 “Соли Маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Ташаббусҳои пай дар пайи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои рушди илм ба хусус дар самти илмҳои табиӣ аз қабили ташкил намудани 3 озмоишгоҳҳои наву замонавӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ дар 6 моҳи аввали соли 2024 метавонад ба кори олимону татқиқотчиёни самти илмҳои физика, зоология ва ботаника имконияти хуб фароҳам оварда, ба натиҷаҳои назаррас кормандони илмро ноил гардонад.

Ба кори семинар ноиби президенти АМИТ Мирзораҳимзода А. ҳусни оғоз бахшида, олимону иштирокдоронро хайрумақдам гуфта, дар арафаи иди бузурги миллиамон Истиқлолияти давлатӣ қарор доштанамонро ба ҳозирин муборакбод гуфта, оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Дар идома як зумра олимон ва кормандони равияи биологӣ бо маърузаҳои хеш дар ин конфронс баромад намуданд.

7 августи соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кормандони институт баргузор гардид.

Дар ҷаласа якчанд масаълаҳои зарурӣ дида баромада шуданд. Сараввал, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Раҳимзода Алишер Орзу баромад намуданд, оиди чанд масълаҳои зарурӣ дастуру супоришҳо доданд. Дар ҷаласа чунин масъалаҳо ба монандӣ:

• Оиди дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

• оиди навиштани мақолаҳо дар мавзӯъҳои дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ

• интизоми меҳнат ва дар сатҳи зарури гузаронидани шанбегиҳо.

ва якчанд масаълаҳои дигар дида баромада шуданд.

31 июли соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид. Дар семинар номзади илмҳои математика ва физика, дотсент Чориев Умедулла бо мавзуи "Суммирование степени чисел натурального ряда" баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ иштирок варзиданд.

Имрӯз дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Ҳуҷҷатгузорӣ дар фонди осорхонаҳо” баргузор гардид. Чорабинӣ, ки бо дастури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессори Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт гузаронида шуд, аз ҷониби ноиби президенти АМИТ оид ба масъалаҳои гуманитарӣ, муҳтарам Саломиёни М.Қ. ифтитоҳ ёфт, ки муҳимияти ҳуҷҷатгузории дурустро дар фонди осорхонаҳо барои ҳифзи мероси фарҳангии кишвар таъкид намуд. Инчунин бо дастудри бо дастури Президенти АМИТ, профессори Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, гуруҳи корӣ барои санҷиши ҳуҷҷатгузории осорхонаҳои назди сохторҳои АМИТ таъсис дода шудааст, ки ин гурӯҳ таҳлили ҳолати ҷории ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани онро ба ӯҳда хоҳад дошт.

Маърузаро н.и.т. Шарифзода А., коршиноси маъруф дар соҳаи осорхонашиносӣ, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, баргузор кард. Дар суханронии худ Шарифзода А., дар бораи усулҳо ва меъёрҳои муосири ҳуҷҷатгузории фонди осорхонаҳо муфассал нақл карда, тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи онҳо дар фаъолияти осорхонаҳоро пешниҳод намуд.

Дар семинар кормандони осорхонаҳои тобеъи Академияи илмҳо ширкат варзида, фаъолона дар муҳокимаҳо иштирок намуда, саволҳо доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои калидии ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла инвентаризатсия, нигоҳдорӣ ва истифодаи ашёи осорхона, инчунин масъалаҳои амният ва ҳифзи иттилоот баррасӣ шуданд.

Ин чорабинӣ ба баланд бардоштани малакаи касбии кормандони осорхонаҳо ва мубодилаи таҷриба байни мутахассисон қадами муҳим гардид. Семинар бо муҳокимаи гарм ба поён расид; иштирокчиён иттилоотнокӣ ва фоидаи амалии онро қайд намуданд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ кушиш хоҳад кард, ки чунин чорабиниҳоро барои дастгирӣ ва рушди соҳаи осорхонашиносӣ дар кишвар баргузор намояд.

Subscribe to Семинари илмӣ