Skip to main content

Имрӯз, дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани “Мониторинги радиоэкологӣ” дар баъзе минтақаҳои сайёҳӣ, семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардида, дар он унвонҷӯён, ходимони илмӣ ва кормандони Агентии амнияти ХБРЯ ва ва ходимони илмии Озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.

Чорабиниро академики АМИТ, Улмас Мирсаидов ифтитоҳ намуда, сараввал ҳамаи ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, оид ба аҳамияти ин санади олӣ суханронии пурмуҳтаво намуданд.

Сипас, дар идомаи чорабинӣ унвонҷӯёни Агентӣ, Насруллоев Асомудин вобаста ба натиҷаи таҳиқотҳои анҷомдода, дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси маъданҳои дорои уран дар кони Помири Шарқӣ” ва Раҳматшоев Самандар дар мавзӯи “Гузаронидани мониторинги радиоэкологӣ” дар маконҳои таърихӣ”, дар назди ҳозирин баромад намуда, мавзуи мазкурро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар ҷараёни семинар академик, Улмас Мирсаидов таваҷҷуҳи олимони ҷавонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҷалб намуда, пешниҳод намуданд, ки минбад чунин семинарҳои илмӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ гузаронида шаванд.

Дар интиҳои чорабинӣ вобаста ба мавзуи баррасишуда, суолу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён посухҳои мушаххас гирфтанд.

Дар семинар академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Илолов.М дар мазуъи "Обратные задачи для дробных дифференциальных уравнений" баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

Имрӯз (30.10.2024) тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯъи "Конститутсия - бахтномаи миллат" баргузор гардид. Дар кори семинар маъмурият, кормандон ва магистрантону докторантон (PhD)-и Институт иштироки фаъол намуда, дар мавзӯъҳои гуногун доир ба ин санади тақдирсоз баромад карданд.

30-уми октябри соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.
Дар семинар номзади илмҳои физика ва математика Раҳмонов Ф.З. дар мазуъи "Ведение в круговой метод" баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

16-уми октябри соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид. Дар семинар академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика профессор, Раҳмонов З.Ҳ. ва доктори илмҳои физика ва математика Қобилов М. бо мавзуҳои илмиашон баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

Имрӯз (15.10.2024) соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ бо иштироки аъзои хориҷии АМИТ, профессори ифтихории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессори Донишкадаи тиббии Донишгоҳи Париж (Фаронса) Масъуди Миршоҳӣ оид ба мавзӯи «Омӯзиши механизмҳои ҳуҷайравии эндометриоз дар ҷустуҷӯи муносибатҳои нави табобатӣ» (Исследование клеточных механизмов эндометриоза в поисках новых терапевтических подходов) барои кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеи Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабусси муовини президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор Мирзораҳимзода А.К. ва директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо, н.и.б. Бобозода Б.Б. баргузор карда шуд.

Дар семинари илмӣ директори Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ, д.и.б., дотсент Сатторов Ҷ.С, мудири Озмоишгоҳи фармасевтика ва пизишки таҷрибавӣ, доктори илҳои тиб Шарофова М.У., кормандони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловсийи АМИТ ва кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии семинари илмӣ баррасии омӯзиши масъалаҳои мубрам ҳангоми истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир дар вақти таҳқиқи шираи узвҳои гуногуни растаниҳои шифобахш дар муолиҷаи касалиҳои саратон, тағйирёбии таркиби биохимиявию фармакологии растаниҳои шифобахш вобаста аз макони ҷойгиршавӣ ва вақти ҷамъоварии онҳо, хусусиятҳои физиологӣ ва биохимиявии растаниҳои шифобахш вобаста ба таъсири омилҳои биотикӣ ва абиотикии муҳити зист ба шумор меравад ва инчунин истифодаи усулҳои санҷиши маводҳои фаъоли биологии бадастовардашуда дар калламушҳои лабораторӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Имрӯз (03.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ, семинари илмии “Системаи офтобӣ” гузаронида шуд. Семинари илмиро Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ҳусни оғоз бахшид.

Дар кори Семинар маърузаҳои зерин: «Первый свет от видеокамер для метеорных наблюдений в Таджикистане» ва «О возможном механизме распада родительской кометы астероидно – метеороидного комплекса дельта – Канкрид» дар асоси натиҷаҳои илмӣ баррасӣ гардиданд. Қайд кардан зарур аст, ки маърӯзаи аввал натиҷаҳои назарраси илмӣ, ки бевосита таҳти роҳбарии марҳум академик Бобоҷонов П.Б. дар асоси омӯзиши ҷирмҳои метеорӣ ва насби нозири метеорӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор дар солҳои 80 – уми асри гузашта гирифта шудаанд, инчунин насби видеокамераҳои насли нав барои мушоҳидаи метеорҳо, ки дар боми бинои Институт ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох дар соли 2024 насб гардидаанд, бахшида шуда буд.

Видеокамераҳои муосир бартарии худро нишон доданд, ки ин дар ду шаб ба қайд гирифтани 810 метор ва як болид нишонаи ин гуфтаҳост. Маърӯзаи дуюм дар асоси ҳисобҳои назариявӣ муайян менамояд, ки аз як ҷирми модарӣ дар 12 ҳазор сол 13 ҷирми хурди ба Замин наздикшаванда ба вуҷуд омадааст. Корҳои илмӣ аз тарафи ходимони илмии Институт хуб пазируфта шуда барои чоп тавсия дода шуд.

Имрӯз (01.10.24) дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ташаббуси Маркази синошиносӣ, бахшида ба рӯзи забон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти тарҷума ва нашри осори Абу Алӣ ибни Сино” дар рушди забон баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки Абу Алӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони сатҳи ҷаҳонии тоҷик мебошад, ки аз худ осори зиёди гаронарзише боқӣ гузоштааст. Осору афкори ӯ то имрӯз на танҳо аҳамияти илмии худро гум накардаанд, балки муҳимтар арзёбӣ мешаванд. Хоссатан осори бо забони тоҷикӣ навиштаи ӯ дар рушди забони фалсафӣ ваилмии тоҷик нақши бориз дорад. Маҳз“Донишнома”-и ӯ гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ забони илм ва фалсафа ба ҳисоб меравад.

Семинарро директори Институт д.и.ф, профессор Маҳмадизода Нозим ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки тарҷумаи “Осор”-и Абу Алӣ ибни Сино дар рушди забони илмии тоҷик нақши бесобиқа дорад. Инчунин устод дар бораи забони тоҷикӣ, бузургии онва аҳамияти рушди забони илмии тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Дар рафти семинар донишмандон ва тарҷумонони забардасти “Осор”-и Ибни Сино доир ба аҳамияти тарҷума ва вижагиҳои тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино ибрози андеша намуданд. Сарравал д.и.ф, профессор Зиёӣ Хуршед дар мавзуи “Луғатномаи истилоҳоти фалсафӣ бо забони тоҷикӣ” суханронӣ намуда, нақши “Осор”-и тоҷикии Ибни Синоро дар ба вуҷуд овардани истилоҳоти фалсафӣ муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин қайд намуд, ки омӯзиши истилоҳоти фалсафӣ дар забони тоҷикӣ аз солҳои20-уми қарни гузашта, оғоз ёфта, то имрӯз мавриди омӯзиши муҳаққиқони самти фалсафа қарор гирифтааст. Ӯ асари“Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти фалсафӣ”-и Мусо Диноршоев ва Зарина Мусоевнаро яке аз иқдомҳои наҷиб дарсамти истилоҳотсозии фалсафӣ дар замони истиқлол ва як асари муҳими илмӣ барои хонанда ҳисобид.

Баъдан д.и.ф., профессор Маҳмадҷонова Муҳиба дар мавзуи“Аҳамияти тарҷумаи “Осор”-и Абу Алӣ ибни Сино” суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар таъсиси Маркази синошиносӣ бесобиқа арзёбӣ намуд. Маҳмадҷонова М иброз дошт, ки дар тарҷума ва нашри“Осор”-и Ибни Сино ҷойгоҳи донишмандони бузург, аз қабили Мусо Диноршоев, Саидраҳмон Сулаймонов, Рамазон Назариев, Ҳоҷиев Аҳмад, Саидов Исмат, Аскардаев Кишвар, Тоҷиддин Мардонӣ ва дигарон бузург аст. Тарҷумаи“Осор”-и Ибни Сино барои тамоми соҳаҳои илм, аз ҷумла, фалсафа, тиб, ахлоқ, ситорашиносӣ ва ғайраҳо муҳим ва зарурӣ мебошад.

Ходими пешбари Маркази Синошиносӣ дар мавзуи “Муҳаққиқони варзидаи ниёгон ва забони нигориши онҳо (дар мисоли фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии н.и.ф Ҷонбобоев Сунатулло ва н.и.ф., Маҳмадуллоев Саидбек)” суханронӣ намуда, нақши Ҷонбобоев Сунатуллоро дар омӯзиши“Осор”-и Ибни Сино ва Маҳмадуллоев Саидбекро дар тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино муҳим ҳисобиданд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назариев китоби охирини тарҷуманамудаи кормандони Маркази Синошиносиро, ки ҷилди ҳаштуми “Осор”-и Ибни Сино бо забони русӣ мебошад, муаррифӣ намуда, иброз доштанд, ки тарҷумонҳо дар ин китоб бахшҳои “Самои табиӣ”, “Осмон ва ҷаҳон”, “Кавну фасод” ва “Феълу инфиъол”-ро аз китоби “Шифо”-и Ибни Сино аз забони арабӣ ба русӣтарҷума намудаанд.

Дар охир, донишмандон Сулаймонов Саидраҳмон, Муродова Тоҷиниссо, Комил Бекзода ва дигар устодон мулоҳизаҳои худро аз рафти семинар ва аҳамияти тарҷумаи “Осор”-и Ибни Сино баён намуданд.

25-уми сентябри соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид. Дар семинар академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика профессор, Раҳмонов З.Ҳ. дар мавзуи "Средние значения функций Чебишева с экспоненциальним весом степени n по всем характерам заданного модуля" баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

26-уми сентябри соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмии махсус баргузор гардид. Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика профессор, Ҷангибеков Г. дар мавзуи "О полимерн-функциях ограниченной области и их связь с сингулярными интегральными операторами" баромад намуданд, ки дар он докторон, ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.

Семинари илмӣ-амалӣ Дар мавзуи “Асосҳои физикӣ-технологӣ ва коркарди ангишти Тоҷикистон бо маводи сорбсионӣ”

Мавзӯи семинари навбатии илмӣ-амалӣ, ки бо иштироки кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур академики Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов вобаста ба масалаи кор карда баромадани сорбентҳои нав дар асоси ангишт ва минбаъд тоза кардани обҳои урандор ва дигар радионуклидҳо бо усулҳои сорбсионӣ суханронӣ намуд. Қаблан, корҳо дар заминаи ашёи хоми Тоҷикистон барои хориҷ кардани обҳои радионуклид анҷом меёфтанд.

Иброз гардид, ки пайваста бо истеҳсолот аз дарёфти сорбентҳои самарабахш аз андросидҳои Тоҷикистон ва дигар ангиштҳои қаҳваранг бо мақсади тоза кардани об аз радионуклидҳои металлҳои вазнин зарур аст.

Сипас, масалаҳои асосҳои химиявии коркарди ашёи хоми минералии Тоҷикистон бо истеҳсоли реактивҳои оҳандор муҳокима гардид, ки он барои ба даст овардани хлориди оҳан, сулфати оҳан аз магнетит, инчунин аз сеолитҳо таркибашон оҳан зиёд аст, маврди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи семинар корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Ҳамидов Фарҳод дар мавзуи «Асосҳои физикӣ-технологӣ ва коркарди ангишти Тоҷикистон барои ба даст овардани маводҳои сорбсионӣ» ва Досаев Суҳроб, корманди озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Асосҳои коркарди химиявии ашёи хоми маъдании Тоҷикистон барои ба даст овардани реагентҳои оҳандор” маъруза намуданд.

БАРНОМАИ МАЗКУР БО ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ ТАҲИЯ ГАРДИДААСТ.

Subscribe to Семинари илмӣ