Skip to main content

21 майи соли равон пас аз анҷоми чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон президенти Акадедмияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар якҷоягӣ бо олимону кормандон аз шароити боғу гармхона ва заминҳои кишти шаҳраки академӣ боздид намуданд. Зимни боздид роҳбарият аз гармхонаи парвариши лиму, ки маҳсули дасти кормандони академия маҳсуб меёбад дидан намуданд. Ин минтақа барои парвариши ҳама намуди растаниву ниҳолҳои мевадиҳанда мутобиқ буда, айни замон дар инҷо як қисми кормандони академия ба кишоварзиву боғдорӣ машғул мебошанд.

Дар ин минтақа гармхонаҳои хеле зиёд мавҷуд буда, дар онҳо ҳама гуна растаниву гулҳои гуногунранг парвариш меёбанд. Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби кормандон дар ин заминҳои кишт чанд навъҳои пахта ва гандумҳои серҳосил низ барои зиёд намудани тухмии онҳо кишт карда шудаанд. Аз ниҳолҳои мевадиҳанда, гелос, себ, зардолу, хурмо, тут, ангур, нок парвариш шуда, айни ҳол серҳосил мебошанд. Гуфта мешавад, ки олимони академия дар баробари корҳои илми таҳқиқотӣ низ ба зироаткориву боғдорӣ машғул мебошанд.

Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҳар миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо заҳмату талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар рушди бомайлон намуда истодааст. Ҳамин аст, ки дастгириҳои ҳукумати кишвар ба ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст ва ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ, имкон медиҳад, ки парчами кишвари мо дар бузургтарин чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ парафшон гардад. Имрӯз Ҳукумати кишвар хосатан зери роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи варзиш диққати авалидараҷа дода истодааст.

Бо ин мақсад барои боз ҳам муаррифӣ кишвари Тоҷикистон бо истифода аз заҳмату талоши варзишгарони кишвар дар маркази шаҳри Душанбе чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд. Имрӯз (19.05.2024)дар шаҳри Душанбе фазои идона буд. Зеро бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон марафони велосипедронӣ ва Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар ин фазои идона устодону кормандони академия зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, бо шиору овезаҳои ватандӯстона дар баргузории ин чорабинӣ саҳми хешро гузоштанд.

Нимаи дуюми рӯзи 17 май таҳти Раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми муассисаву идораҳои давлатӣ чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор мегарданд.

Бо ин мақсад имрӯз дар ҷаласаи назоратӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Гуфта шуд, ки мо бояд дар амали намудани сиёсати ҷавонпарварона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасту дили гарм ва бо нерӯи бунёдгарона дар баргузории тамоми чорабиниҳо сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳмгузор бошем. Сипас дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

17 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ” бо иштироки олимону кормандон ва магистрантону докторантони PhD баргузор гардид.

Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад.

Дар идомаи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобаста АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ба иштирокдорони конфронсро барор хоста, зикр доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс, барои қонеъгардонии талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегарданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама дар оила ташаккул меёбанд.

Таъкид шуд, ки оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоиест, ки мавҷудияти насли инсонӣ таълиму, тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд.

Умуман, дар кишвари мо оила ягона ниҳоди иҷтимоӣ мебошад, ки инсон аз таввалуд то охири умраш дар он зиндагӣ мекунад ва ҳар яки мо ба оила ҳамбастагии зиёд дошта, ҳамаи муваффақияту нобарориҳои мо аз фазои зиндагии оилаамон вобастагии калон дорад.

16 майи соли равон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой Чен Си ва Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчиангро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дода афзуд, ки ҳануз соли 2014 санадҳои ҳамкории байни муассисаҳои илмии ҳарду ҷониб ба имзо расида буд.

Дар асоси созишномаи имзогардида соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази татқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки ин аввалин муассисаи муштараки барҷастаи Чину Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон оид ба ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳоро тақвиат дода, барои равнақ додани илми ҳарду кишвар дар арсаи байналмилалӣ кушиш ба харҷ дод.

Дар идомаи вохурӣ, директори Инситути экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чен Си дар суханронии хеш оид ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда беҳтару хубтар ва дар низоми сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи илм ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ тибқи низомномаи ҳамкориҳо барои омода намудани олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илмӣ тадбирҳо андешем. Ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон таклиф гардид, ки Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт моҳи июни соли равон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ташриф оварда, дар намоиши Экспо Евразия 2024 (EXPO EURASIA) иштирок намояд.

16 майи соли равон гуруҳи калони олимони Хитой таҳти роҳбарии Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Чен Си (Chen Xi) ба Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии ин муассисисаи муштараки Тоҷикистону Хитой ташриф оварданд.

Ба ҳайати гуруҳи олимон Хитой ҳамчунин Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчианг (Wang Guangqiang), котиби генералии Ассотсиатсия Занг Чианг (Zang Qiang), директорони бахшҳои ассотсиатсия - Ванг Тингтинг (Wang Tingting), Вей Личунг (Wei Liqung), Аскар Таваккалӣ (Aisikeer Taiwakul, хонума Ши Бенгбинг (Shi Benbing) ва дигар олимони шинохта шомил буданд. Меҳмонони Хитойи бо дастовардҳои илмии Марказ шинос шуда, ба фаолияти он баҳои баланд доданд.

Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчианг изҳор дошт, ки ҳамкориҳои илмии байни ду давлати ба ҳам наздику ҳамсоя бояд рушди устувор дошта бошанд ва дар оянда ҳамкориҳои илмӣ-техникии тарфайн вусъат ёбанд.

14 майи соли равон бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 бо тартиби муқарраргардида президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви вобастаи АМИТ интихоб гардид.

Ба устоди гиромӣ дар ин ҷода барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем. Бигзор дар роҳи пешрафту муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро рӯи кор оварда, бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати илмии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногуни илмӣ, пайи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллӣ талош намоянд.

Дар асоси фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Қосимзода Солеҳ Салим доктори илмҳои филологӣ ба вазифаи Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ ва Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевич доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба вазифаи Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ таъйин гардиданд.

Ба устодони гиромӣ дар ин вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

14 майи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаҳор ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз шуданд.

Ҳамин тариқ дар асоси қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ, Мирзораҳимзода Акобир – доктори илмҳои биологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи биологии АМИТ, Саломиён Муҳаммаддовуд – доктори илмҳои филологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа – доктори илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ таъйин гардиданд.

Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.

Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атлас ва чакан дар Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, ҳамчун матои миллии зебову шинам пазируфта шудааст, ки инҳам шаҳодат аз тамаддундориву қадимӣ будани миллати тоҷик дарак медиҳад. Имрӯз 15.05.2024 дар ҳавои мусоиди фасли зебои баҳори оламафрӯз аҳли бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои худ барои муаррифии либосҳои миллӣ ба сайру гашт ва тамошои шаҳр баромаданд.

14 майи соли равон дар толори Маркази “Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” –и Раёсати АМИТ курси омӯзишии “Зан –Сарвар” баргузор гардид. Дар ин курси омӯзишӣ масъалаҳои мубрам ва муҳим оид ба “Фаъолияти бонувон дар илм чун ҳадафи рушди устувор” аз ҷониби раиси бахши магистратура ва докторантураи АМИТ Азизхонова Р баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки имрӯз зани тоҷик натанҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.

Ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ – фарҳангӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда,то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар дида мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам тақвияти мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон ба эътидол оварда мешаванд. Дар атрофи ин мавзуҳо дар хотима Раиси занони АМИТ Маҳмадҷонова М.Т. ва иштикочиёни курси омӯзишӣ ибрози ақида намуданд.

 

07 майи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар толори маҷлисгоҳ Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ – и солҳои 1941 - 1945” ба муносибати Иди ғалаба баргузор гардид.

Нахуст ба кори Конференсия ноиби президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон - Саидов Абдусаттор Самадович ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд, зимни баромади хеш роҳбарияти академия афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид карданд, ки: "Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд".

Қайд гардид, ки дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.

Умуман, мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Санаи 8 майи соли 1945 дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шуравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд. Хизмати шоёни он абармардоне, ки солҳои 1941 -1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамуаддунофар фаромӯш намешавад!

Дар идома Ҳотамов Намоз, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзуи “Корнамоии фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва Ғафуров Абдулло, сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, дотсент дар мавзуи “Саҳми Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кормандони он дар ғалаба бар фашизм”., Забеҳуллои Беҳрӯз, мудири Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Нақши адабиёт ва адибони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад намуда, ба иштирокдорон маълумотҳои амиқ доданд.

Subscribe to Навид