Skip to main content

Имрӯз, 30 сентябр дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ба муносибати 80- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 80- солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид табрику таҳният хонда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ 80-умин солгарди таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (СММ)-ро бо барпо намудани иҷлосияи Маҷмаи Умумӣ таҷлил мекунад. Дар ин иҷлосияи ҷашнӣ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои ин созмони умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат меварзанд.

Тавре, ки маълум аст, қарор дар бораи таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар Конфронси байналмилалии Сан-Франсиско, ки аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин конфронс Оиннома аз ҷониби 50 давлати муассиси Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 26 июни соли 1945 якдилона қабул шуд. Оиннома пас аз тасвиби аксарияти кишварҳои узв 24 октябри соли 1945 эътибор пайдо кард.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии Созмони Милали Муттаҳид дар моддаи 1-уми Оиннома ин муҳофизат намудани сулҳу амнияти байналмилалӣ ва бо ҳамин мақсад андешидани чораҳои самарабахши дастаҷамъона барои пешгирӣ кардан ва бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва саркӯб намудани амалҳои таҷовузкорона ва ё дигар вайронкуниҳои сулҳ, бо воситаҳои осоишта мувофиқи принсипҳои адолат ва ҳуқуқи байналмилалӣ танзим ё ҳалли баҳсҳо ё вазъиятҳои байналмилалӣ, ки метавонанд ба вайрон кардани сулҳ оварда расонанд».

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шуда, инак 33 сол аст ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои нек, созанда ва инсондӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат ва сокинони куҳанбунёди он ба ҷаҳониён паём медиҳад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкории судманд бо Созмони Милали Муттаҳид мавқеи муҳим ишғол менамояд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллати Муттаҳид суханронӣ карданд ва аз ҳамон маърӯзаи таърихӣ то ба имрӯз ҳамеша диққати аҳли сайёраро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намудаанд. Дар суханронии дигари худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши СММ баҳои баланд доданд: «Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкории байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст».

Ҳамзамон Сарвари давлат ҳамчунин саҳми хосаи Созмони Милали Муттаҳидро дар пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо чунин баҳогузорӣ карданд: «Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод»[1]. Дар баробари ҳамин Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ сухан гуфтанд.

Инчунин, дар рӯзи ҷашни 80-солагии Созмони Милали Муттаҳид месазад, ки бори дигар аз ташаббусҳои глобалии роҳбарияти олии Тоҷикистон дар масоили об, захираҳои обу энергия, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд, зеро ҳама ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди эълон намудани соли 2003 - Соли байналмилалии об, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз тарафи СММ аз ҳамовозӣ ва дастгирии самимӣ бархурдор шудаанд. Чунин ҳамгироӣ ва дастгирӣ аз эҳтиром ва нуфузи баланди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

Пӯшида нест, ки айни ҳол ҷаҳони муосир ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ гардидааст. Ихтилофоти геополитикӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд. Дар ин робита Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Тавре, ки мебинем бо гузашти як сол масъалаи қабули чунин қатънома аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилофро таъкид намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд. Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои узв барои ҷонибдорӣ аз пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” аз 25 июли соли 2025 изҳори сипос менамояд.

Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки ин қатънома ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хидмат хоҳад кард. Дар ин замина таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор шумориданд.

Дар бобати ислоҳоти СММ Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 80-умини Маҷмаи Умумии СММ баромад намуда, мавқеи Тоҷикистонро чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистон аз ислоҳоти фарогири низоми Созмони Милали Муттаҳид зимни ташаббуси “Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80”, "Созмони Милали Муттаҳид - 2.0" ва Диди Дабири кулл оид ба низоми муосири Созмони Милал ҷонибдорӣ менамояд.

Дар баробари ин, мо аз "Паймон ба хотири оянда" ҳамчун иқдоми муҳимми дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор истиқбол менамоем. Ин иқдомот ормонҳои муштарак ва иродаи умумии ҷомеаи ҷаҳониро дар амри вокуниш ба таҳдидҳои муосир ва бунёди заминаи устувор барои наслҳои оянда таҷассум менамоянд».

Хулоса, мо бори дигар зарурати тақвияти нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳидро дар таъмини сулҳу осоиши фарогир таъкид намуда, изҳор медорем, ки танҳо бо эътимод, ҳамкорӣ ва иродаи устувор мо метавонем ояндаи одилона, сулҳомез ва устуворро барои кулли инсоният бунёд намоем ва Тоҷикистон дар амри дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯзномаи ҷаҳонӣ омодаи ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Дар идома олимону муҳаққиқони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба нақш ва муҳиммияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷомеаи муосир ва Тоҷикистон маъруза намуданд.