Skip to main content
Яке аз тадбирҳои самарабахши бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ – ин баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин аксиомаи ҳуқуқии бунёди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, шуур ва тафаккури ҳуқуқии ҷомеаро бе андешидани чораҳои зарурӣ дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳамин ҷомеа тасаввур кардан ғайриимконпазир мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии инсон бо мақсади мубориза бо нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавӣ-ҳуқуқии он ва амалӣ намудани ғояҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд баромад мекунад. Он фаъолияти махсуси ташаккулёфта оид ба паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, фаҳмонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва амалияи татбиқи онҳо, огоҳ намудани аҳолӣ оид ба сохтор, вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд нисбат ба онҳо мебошад.

Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки ба шаҳрвандон имкониятҳои амалигардонии воқеии ҳуқуқу озодиҳои худро дар ҷомеа ва давлат фароҳам оварда, дар шаҳравандон ташаккул додани малакаҳои эҳтироми шахсро нисбат ба дигар аъзоёни ҷомеа тарбият карда, дар ҷомеа як падидаи адолати иҷтимоӣ барпо месозад.

Дар кадом ҳолатҳо маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон кумак мерасонад? Номгӯйи ҳолатҳое, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба шаҳравандон кумак расонад, ба таври пурра баён карда ғайриимкон аст. Омили асосии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа ва давлат ин фактҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Фактҳои ҳуқуқӣ хусусияти объективӣ (ҳодисаҳо) ва субъективӣ (кирдорҳо) доранд. Ҳаёти ҷамъиятӣ ин раванди объективӣ буда, аз иродаи инсон вобастагӣ надорад. Аммо бо баробари ин, ҳастанд ҳолатҳое, ки бевосита бо иродаи шахс ба вуҷуд меоянд ва дар ҳалли онҳо маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба онҳо кумак расонад. Масъалан, содир намудани як амалиёти ҳуқуқӣ, бастани шартнома ва дигарҳо. Аммо аксарияти муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, хусусияти объективӣ доранд ва дар ҳар як ҳолати воқеӣ дониши ҳуқуқии шаҳрванд зарур аст, чуноне воситаи асосии батанзимдарории асосии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар ҳаёти ҳамарӯзаи онҳо, фаъолияти меҳнатии онҳо кӯмаки бевосита мерасонад. Маърифати ҳуқуқӣ сотсиализатсияи ҳуқуқии шахсро ба миён меорад ва дар он эҳтиром ба қонун ва қонуниятро тарбия мекунад, ки дар натиҷа барои барпо намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.

Маърифати ҳуқуқӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ба таври органикӣ алоқаманданд. Маърифати ҳуқуқӣ дар шаҳрванд шуури ҳуқуқӣ, идеалҳои ахлоқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои арзишӣ, донишҳои махсуси аз ҷиҳати касбӣ заруриро ташаккул медиҳад. Танҳо дар ин сурат шахс на танҳо донишҳои назариявиро аз худ мекунад, балки дуруст истифода бурдани онро дар ҳолатҳои муҳимми ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ як ҷузъи тамоми раванди ташаккули маънавии шахсият буда, бе он амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ғайриимконпазир аст.

Нодида гирифтани қудрати маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа танҳо дар сатҳи пасти тафаккури ҷаҳонбинии ҳар як шахс ифода меёбад, ки ин боиси надонистани қонун ва боварӣ надоштан ба имкони ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мегардад. Зиндагӣ дар давлати ҳуқуқбунёд ҳар касро вазифадор мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои худ, сохтор ва идоракунии давлатро ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда омӯзад. Бе маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванд дар ҷомеа бо шаъну шараф, самаранок ва бо обрӯ зиндагӣ кардан, озодона фаъолият кардан наметавонад. Набудани дониши ҳуқуқӣ дар давлат нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои худ боиси тарси шахсӣ, номуайянӣ, нигилизми ҳуқуқӣ, зиддиятҳои ҳуқуқӣ ва инкори қонунгузории амалкунандаи давлат мегардад.

Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ҳаёти кишвар аз он иборат аст, ки он ба ҳаёти ҷамъиятӣ низом ва муташаккилӣ оварда, дар низоми давлатию-ҳуқуқии он тартиботи ҳуқуқиро ҷорӣ менамояд ва муносибати шахсро бо давлат танзим намуда, мавқеи инсонро дар ҷомеа муайян мекунад. Он принсипҳои асосии ҳуқуқ, вазифаҳои мақомоти давлатӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолияти онҳоро меомӯзад.

Маърифати ҳуқуқӣ мустақилияти нисбии ҳадафҳо, усулҳои мушаххаси ноил шудан ба онҳо ва шаклҳои ташкилӣ дорад. Ин фаъолияти бисёрҳадафаест, ки мавҷудияти ҳадафҳои стратегӣ, дарозмуддат ва ҳадафҳои тактикӣ, фаврӣ, умумӣ ва мушаххасро пешбинӣ мекунад. Мақсадҳоро бо назардошти хусусиятҳои субъект ва объекти таъсири тарбиявӣ, шаклу воситаҳои дар ин фаъолият истифодашаванда, инчунин институтҳое, ки таълими ҳуқуқӣ машғул мебошанд, муайян кардан мумкин аст. Ҳадафи стратегии маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ модули асосии банақшагирии стратегӣ мебошад, ки манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар ба марҳилаи дарозмуддат муайян мекунад. Бо мақсади беҳтарсозӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 феврали соли 2024, № 1005 тасдиқ шудааст ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 қабул шудааст, мавриди амал қарор додаанд, ки онҳо принсипҳо, самтҳои асосӣ ва мазмуни сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян ва мустаҳкам кардаанд.

Мутобиқи банди 62 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, барои баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

- ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

- таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ ҳуқуқӣ;

- ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.

Дар ин самт, ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои мазкур аз ҷониби давлат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Масалан, бо мақсади иҷрои сархати чаҳоруми банди 62 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали интернетии иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолона кор мекунад.

Маърифати ҳуқуқӣ худ ба худ амалӣ намегардад. Он бо тариқи истифодаи воситаҳои муайян, ки технологияи маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳад, амалӣ мегардад. Ба сифати воситаҳои маърифати ҳуқуқӣ метавонанд баромад кунанд: таблиғи ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқӣ, таҷрибаи ҳуқуқӣ, худомӯзӣ. Дар заминаи истифодаи ҳамаи ин воситаҳо, иттилоотонии ҳуқуқии шаҳрвандон ҷой дода шуда, интиқол, дарк, табдил додан ва истифодаи маълумот дар бораи ҳуқуқ ва амалияи татбиқи он дода мешавад.

Ба сифати яке аз воситаҳои асосии амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқии шаҳрвандон баромад мекунад. Бо ин мақсад давлат таълими фанҳои ҳуқуқиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ҷорӣ намуда, барои мустақилона омухтани қонунҳои амалкунанда барои аҳолӣ шароити заруриро фароҳам меоварад, инчунин шаҳрвандонро барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятию ҳукуқии давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ҷалб менамяд.

Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо асосҳои донишҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, шинос мешаванд, донишҷӯёни ҳамаи донишгоҳҳои ғайриҳуқуқӣ ҳуқуқӣ гражданӣ, қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳаёти ҳаррӯзаи онҳоро танзим мекунанд, меомӯзанд. Ҳар як шаҳрванд имкон дорад, ки дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ба нашрияҳои расмии қонунгузорӣ ошно гардида, онро дастрас намоянд. Муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нашриётҳои давлатию ғайриавлатӣ шарҳу эзоҳи қонунгузории амалкунанда ва асарҳои оммавӣ оид ба ҳуқуқро барои омма таҳия ва нашр мекунанд. Масъулон ва ҳуқуқшиносон пайваста тариқи телевизион баромад карда, мазмуни қонунҳои ҷорӣ ва тартиби амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро шарҳ медиҳанд.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд.

Нематов А.Р. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикҳо ва тоҷикистониҳо нақши фаъолу ҳалкунандае иҷро кардаанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар майдонҳои ҷанг аз Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ иштирок намуда, зиёда аз 90 ҳазори эшон дар сангарҳо ҷон супурданд. Ҳамин рақам низ ҷолиби диққат аст, ки дар ин набарди воқеан бузург 54 нафар тоҷикписар сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, 15 нафар соҳиби се дараҷаи ордени «Шараф» ва 58 ҳазор бо ордену нишонҳо мукофотонида шуданд. Дар байни ин мардони майдони корзори ҷангу ақибгоҳ хеле аз намояндагони адабиёт ва илму фарҳанг низ буданд, ки ба қавле қаламро ба шамшер табдил дода,  дар кори пуршарафи озодии Ватан аз сайфу қалам баробар истифода намуданд. Солҳои ҷанг давраи пурмаҳсултарини адабӣ дар таърихи адабиёти советии тоҷик ба шумор меравад. Дар тӯли ҷанг адибони тоҷик наздик ба 240 асари адабӣ эҷод ва беш аз 100 баёнияи радиоӣ пахш карда, 150 маротиба митинг ташкил доданд.

Нависандагони тоҷик аз нахустин рӯзҳои оғози ҷанг масъулияти бузургеро аз рӯи дастури ватандорӣ, халқпарварӣ, инсондӯстӣ ва, албатта, садоқат ба идеяҳои ҳизби коммунист, ба ӯҳда гирифтанд. Аз ҷумла, дар мактуби аҳли адаби тоҷик бо номи «Овози нависандагони Тоҷикистон», ки ба он устодон Лоҳутӣ, Айнӣ, Деҳотӣ, Турсунзода, Раҳимӣ, Юсуфӣ, Миршакар, Бобо Юнус, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ, Шанбезода, Обидӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Аминзода имзо гузоштаанд, чунин омадааст: «Мо, нависандагони Тоҷикистони сотсиалистӣ, …Тоҷикистони офтобрӯя, худамонро бо камоли садоқат ба ихтиёри Ватан ва Партияи Коммунистӣ аз ҳамин сония сафарбарӣ намудем, агар Ҳукумати Советӣ ва Партия барои мудофиа кардани ватани муқаддаси сотсиалистиамон ба мо фармон бидиҳад, тайёрем, ки қалами худро ба яроқ иваз намуда, собитқадамона ба майдони ҷанг равем. Мо, нависандагони советӣ, аз пештара ҳам устуворонатар бо қаламу шамшер кор мекунем, шуҳрати Ватани азиз ва Армияи Сурхи онро дар достонҳо ва сурудҳои худ тараннум намоем...».

Ба ҳамин тартиб як даста адибони тоҷик, монанди Ҳабиб Юсуфӣ (1916–1945), Ҳаким Карим (1905-1942), Абдушукур Пирмуҳаммадзода (1912-1942), Лутфулло Бузургзода(1909-1943), дар сангарҳои ҷанг ҳалок гардиданд. Гурӯҳи дигаре аз адибон ба монанди Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Аширмат Назаров, Обид Ҳамидӣ, В. Криллов, Эммануил Муллоқандов, Воҳид Асрорӣ, Раҷаб Амонов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Мустафо Шарқӣ, Муҳиддин Фарҳат, Муҳаммадҷон Рабиев, Маҳмуд Тулқун, А. Усенко, Н. Лесной, ба хотири адои қарзи шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ихтиёрӣ ё бо кӯшишу ҷадали шахсӣ ба ба майдони ҷанг рафтанд. Дар ин солҳо як гурӯҳи дигар аз узви иттифоқ – Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Тоҷӣ Усмон, К. Улуғзода, Қодир Наимӣ низ дар хизмати ҳарбӣ будаанд ва ё дар муассисоти ба ҷанг алоқаманд дар дохилу хориҷ ифои вазифа кардаанд.

Адибон ҳам бо яроқ ва ҳам бо қалам корнамоиҳои фарзандони далери тоҷикро, чи дар фронт ва чи ақибгоҳ, дар осорашон васфу ситоиш менамуданд. Мавзуи мудофиаи ватан мавзуи асосӣ дар адабиёти ин давра маҳсуб мешуд. Адибон тавассути қалам ва эҷоди асарҳои баландғоя ҷанговаронро ба корнамоӣ, ҷоннисорӣ даъват намуда, бад-ин тартиб дар тарғиби руҳияи ватандӯстии халқи советӣ саҳми шоиста мегузоштанд.       Мавзуи адабиёти тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузуруги Ватанӣ аз тарафи муҳаққиқону адабиётшиносони тоҷик, аз ҷумла Б. Ғафуров, Ш. Ҳусейнзода, С.Ш.Табаров, С. Улуғзода, Ҷ. Шарифов, М. Шукуров, М. Раҷабӣ, А. Набавӣ, Ш. Ниёзӣ ва дар китоби “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” ба таври муфассал мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтааст. Маҳз дар ҳамин давра чи дар назму наср ва чи драматургия ва публитсистикаи тоҷик дигаргуниҳои тозае дар шаклу муҳтавои осор ба назар мерасад.

Адабиётшиносони тоҷик омадани устод Лоҳутӣ ва баъзе адибону олимон аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба Тоҷикистонро омили такондиҳанда дар равнақи адабиёти тоҷик дар он солҳо арзёбӣ кардаанд.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар муқоиса бо дигар анвои адабӣ пеш аз ҳама, назм инкишофи зиёд пайдо кард. Шоирон дар ашъори худ ба тасвири қаҳрамонии ҷанговарон пардохта, азму иродаи қавии онҳоро баҳри ғалаба дар осорашон нишон медоданд. Ашъори маршӣ, инқилобӣ ва ватанпарваронаи онҳо қалби сарбозонро дар ҷабҳаҳои ҷанг ба хурӯш оварда, бовари онҳоро ба ғалаба бештар мекард. Дар замони ҷанг устод Лоҳутӣ сарбозонро ин гуна руҳбаланд мекард:

Ҷангҳои болшевикӣ андар ин майдон кунем,

Даст агар аз тан бияфтад, ҷанг бо дандон кунем.

Бо шуруи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи мавзуи интернатсионалӣ, ки аз мавзуҳои меҳварии адабиёти советӣ маҳсуб меёфт акнун бо тақозову зарурати замон мавзуъ ва арзишҳои миллӣ дар адабиёт роиҷ гардид. Адибон барои баланд бардоштани руҳи ватандӯстонаи сарбозон дар фронт дар осори худ аз қиссаву ривоят ва устураву қаҳрамонҳои таърихии халқи худ истифода мекарданд. Маҳз дар ҳамин давра шиори “Барои адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ” амалан татбиқ мегагардад.

Нуктаи ҷолиби диққат ҳамин аст, ки дар ҳамин даврони сарнавиштсоз Иттифоқи нависандагон ҳамроҳ бо Филиали тоҷикистонии Академияи Илмҳои СССР нақшаву чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намуд, ки барои пешрафти афкори  адабӣ мусоидат карданд. Аз ҷумла, яке аз ташаббускорони танзим ва таълифи китоби пурарзиши «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Ҳамин тавр, дар пажуҳиш ва омӯзиши мероси гузашта аз сахтгириҳои ифротӣ ва мафкуравии пешина камтар ба кор гирифта мешуд. Ин буд, ки дар охири солҳои 30-ум тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони адабиёти гузашта ҷон гирифт, асарҳои илмии устод Айнӣ оид ба Ибни Сино (1939), Фирдавсӣ (1940, таҳрири нави рисола), Шайх Саъдӣ (1940), Устод Рӯдакӣ (1940), ва дигарон ба табъ расиданд. Рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар ин мавзӯъ сармақолае чоп карда, суханони Молотовро шаҳодат овардааст, ки гуфта буд: «Характери чуқури револютсионии ин маданияти нав инкор кардани муваффақиятҳои маданияти куҳнаро намефаҳмонад. Баръакс, тамоми муваффақиятҳои ҳақиқии маданияти халқҳо, онҳо ҳар қадар ба гузаштаи дур оид бошанд ҳам, дар давлати сотсиалистӣ қадри баланд доранд ва онҳо имрӯз дар пеши назари ҳамаи халқҳои Союзи Советӣ бо дурахшонии ҳақиқии идеявии худ зинда шуда, ба по мехезанд. Болшевикҳо на аз он одамонеанд, ки бо халқи худ хешӣ доштани худро фаромӯш карда бошанд».

Аммо вижагии боризи ашъори давраи ҷангии шоирони тоҷик ин буд, ки онҳо бори аввал фурсат пайдо карданд, ки барои тарғибу ташвиқи сарбозони Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои ҷанг ва ҳамчунин руҳбаланд кардани мардум дар ақибгоҳ аз қаҳрамонони миллии худ истифода кунанд. Ин падида дар ҳақиқат барои ҳифзи ҳувият ва вижагиҳои адабиёти миллӣ кумаки зиёд кард. Ба қавли Кет Ҳечинский “Ҷанг мавқеияти хуберо барои халқи осори ибтикорӣ ва бадеъ ба вуҷуд овард ва давлати советӣ ҳам, ки сахт дар садади ҷалби ҳимояти омма буд, ба нависандагони тоҷик ва дигар ақвоми Осиёи Марказӣ иҷоза дод, ки дар бораи қаҳрамонони миллии гузашта ҳам бинависанд”.

Дар замони Љанги Бузурги Ватанї, пеш аз њама, назм инкишофи зиёд пайдо кард. Шоирон дар ашъори худ ба тасвири ќањрамонии љанговарон пардохта, азму иродаи ќавии онњоро бањри ѓалаба дар осорашон нишон медоданд. Устод Айнї аз зумраи шоироне буд, ки дар шеърњояш ќањрамонию диловарии халќи советиро васф намуда, дар баланд бардоштани руњияи ватандўстонаи љанговарон сањм мегирифт. Хусусан, шеъри «Марши интиќом»-и ў, ки бо эњсоси баланд иншо шудааст, дар ин замина љолиби диќќат мебошад.

Абдусалом Дењотї дар маќолаи «Садриддин Айнї» чунин менависад: «Асарњои илмї-тадќиќотии Айнї дар бораи њаёт ва эљодиёти Фирдавсї, Рўдакї, Абўалї Сино, Саъдї, Навої, Бедил ва Восифї дар соњаи адабиётшиносии мо мавќеи муњимро ишѓол мекунанд. Аз ќалами ў танњо дар солњои Љанги Бузурги Ватанї, ѓайр аз як ќатор шеър ва очеркњо, «Исёни Муќаннаъ», «Темурмалик» барин ду асари адабї-таърихии муњим ба вуљуд омаданд. Хеле характернок аст, ки Айнии куњансол дар солњои Љанги Бузурги Ватанї боз як бори дигар (чунонки дар соли 1918 баромада буд) бо «Суруди интиќом» ба майдон баромада, инсониятро ба несту нобуд кардани душмани ашаддї-фашистони одамхўр, даъват намуд.

Эй љањони башар,

         Эй гурўњи аном!

Аз фашистони шар

         интиќом! Интиќом![1]

Насри бадеї низ дар замони Љанги Бузурги Ватанї, дар баробари назм, бо њаводиси замон њамовоз гардид. Хусусан жанрњои хурд, аз љумла очерк, њикоя, фелетон, новелла, маќолањои публитсистї, наќши муњим ва њалкунанда пайдо намуданд. Аммо дар ин давра бештар очерк ва публитсистика тараќќї мекунад. Нависандагон дар очеркњояшон њам дар бораи ќањрамонони гузаштаи миллат ва њам замони љанг асар менавиштанд. Ба њарфи дигар, њам очеркњои таърихї, њам очеркњо дар бораи ќањрамонони майдони љанг баробар инкишоф меёфт… «Исёни Муќаннаъ» ва «Ќањрамони халќи тољик Темрумалик» аз очеркњои муњимми замони љанг мањсуб мешаванд. Устод Айнї дар онњо аз муборизаи ќањрамононаи халќи тољик дар замони гузашта бар зидди аљнабиён наќл менамояд.

Адибони тоҷик дар ин асарњояш халќи советиро ба дифои ватан, љасорату мардонагї, ситондани интиќом аз душман фаро хонда, бовариро ба ѓалаба дар дили эшон меафзуданд.

Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло метавон муҳимтарин хусусияти адабиёти давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро ин гуна хулоса кард:

1) Ташаккули таърихнигорӣ ва дидгоҳи таърихӣ дар осори бадеӣ.

Ин мавзуъ бо ташаббус ва исрору таъкиди Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои аввали ҷанг барои тасвир намудан ва зинда кардани ному образи фарзандони қаҳрамони халқи тоҷик дар миёни адибон ба миён гузошта мешавад. Устод Сотим Улуғзода дар суҳбат бо адабиётшинос Л.Н.Демидчик дар ин хусус нақл кардааст, ки руҷуи ӯ ба мавзуҳои таърихӣ ба давраи хизматаш дар солҳои ҷанг сахт вобаста мебошад.

2) Ривоҷи назми эпикӣ бо навъу шаклҳои гуногун;

3) Ривоҷи асарҳои драмавӣ (намоишӣ) ва истифодаи онҳо дар саҳнаи театр, кино ва опера...Муҳаққиқ Л.Н.Демидчик осори драмавии ин давраро “аз саҳифаҳои дурахшонтарини таърихи драматургияи тоҷик” донистааст.

4) Равнақи жанру навъҳои хурду фаврии ҳиссиётбарангез – мақола, очерк, ҳикоя, очеркҳои илмии мушаххас, лирикаи граждании публитсистӣ, даъватӣ, номаҳои манзум, суруду таронаҳои ҷангӣ, намоишномаҳо ва ғайра...

5) Истифодаи фаровон аз воситаҳои тасвири бадеӣ ва озодии бештар дар баёни фикр

6) Ривоҷи шакли тамсилӣ, афсонавӣ, асотирӣ ва фолклорӣ дар достон

Бештари мақолаву очеркҳои тамсилии устод Айнӣ ба монанди “Деви ҳафтсар”, “Чингизи асри ХХ”, “Хари бедум” ва достонҳои эпикии устод Лоҳутӣ аз ҷумла “Паҳлавони оштӣ” (1942), “Мардистон” (1942), “Ҳамсафарон” ва “Қишлоқи тиллоӣ”-и М. Миршакар, “Тоҳир ва Зуҳро”-и Мирзо Турсунзода, “Достони мулки саодат”-и Носирҷон Маъсумӣ дар равияи мазкур иншо шуда, образҳои асотирию афсонавӣ дар тасвири симои ҷанговарон ва қаҳрамонони давраи ҷанг истифода шудааст.

7) Адабиёт дар давраи ҷанг бештар рангу бӯи миллӣ касб мекунад.

Ҳатто китобҳои дарсӣ ва хрестоматияҳое, ки дар ин солҳо тавассути адабиётшиносон Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Мирзоев ва Шарифҷон Ҳусейнзода барои синфҳои 5,6 ва 7 таълиф шудаанд бори аввал намунаҳои адабиёти форсии тоҷикӣ роҳ меёбад ва шиносоии хонандагон бо адабиёти пурғановати тоҷику форс дар мактабҳои миёна ва ҳатто мактабҳои олӣ аз ҳамин китобҳо оғоз ёфтааст.

Ба ҳамин тартиб ваҳдату якдилии халқҳои советӣ, созмондеҳии дурусти ҷанг ва эҷоди адабиёти пурэҳтироси ватандӯстона якҷо шуда пирӯзии халқи советӣ дар ин ҷанги нобаробарро таъмин кардааст. Хондани сатрҳои пуршӯру ғуруромез ва ифтихорофарини шоири шаҳиди тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ намунаи барҷастаи шеъри ҳамосӣ ва ифодагари мазмуну муҳтавои эҷодиёти адибони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст:

 

Вақти он аст, эй қалам!

                                 Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан!

                                  Ғуррандатар гардӣ зи барқ

То ба душман ҳамла орам,

                                              Решааш буррӣ зи бех,

То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!

Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,

То ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад.

Сад ҷаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,

То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат!

Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман

Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!

Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд,

Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар:

Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман,

Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.

«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».

Вақти он аст, эй қалам!

                                     Буррандатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан,

                                    Ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,

То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!

Беҳрӯзи Забеҳулло,

номзади илми филолгия,

мудири шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

 

[1] Абдусалом Дењотї. Куллиёт. –Љ.5. –Душанбе:Ирфон, 1966. –С. 262.

Аз рӯзҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ин буд, ки бо Британияи Кабир 15 январи соли 1992, бо Олмон 28 феврали соли 1992, бо Фаронса 3 марти соли 1992 ва ҳамзамон бо Италия 15 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шуд.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки: “Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад. Ин ҳамкорӣ, дар маҷмӯъ, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт. Дар баробари ин, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок доранд”. Аз ин бармеояд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо дар асоси принсипи ҳамзистии осоишта ва эҳтирому эътирофи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Италия аз соли 1861 то инҷониб яке аз қудратҳои пешрафтаи ғарбӣ маҳсуб мешавад. Манфиатҳои сиёсати хориҷии Италия аз ҷиҳати таърихӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ: раванди ташаккули давлати Италия ва статус-квои он, ҷойгиршавии геополитикӣ дар баҳри Миёназамин («дарвоза ба Аврупо»), ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, инчунин сохти иҷтимоиву иқтисодӣ ва саноатии мамлакат муайян карда мешаванд.

Италия як қудрати минтақавӣ аст ва иқтидори иқтисодӣ дошта, барои бозорҳои кушод манфиатдор аст. Барои Италия, ки саноати мутараққӣ ва истеҳсолоти молҳои дорои арзиши баланд дорад, чунин шарт барои кафолати рақобатпазирии низоми истеҳсолоти иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ ниҳоят муҳим аст. Ниҳоят, Италия як абарқудрати фарҳангӣ бо захираҳои назарраси “нерӯи нарм” низ мебошад. Ҳамгироии сиёсат, иқтисодиёт, иқтидори илмиву бадеӣ ва таърихӣ ба мо он медиҳад, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кунад. Сиёсати берунии Италия бевосита ба Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ(СААШ) такя мекунад.

Дар шароити ноустувори вазъияти сиёсии дохилии мамлакат дар нимаи аввали солҳои 90-ум равиши минтақавии ҳукуматдорони Италияро ду омил муайян мекард: бартарии манфиатҳои иқтисодӣ ва зарурати мувофиқ будан дар маҷрои сиёсати умумии мамлакатҳои Ғарб дар Осиёи Марказӣ. Илова бар манфиатҳои иқтисодӣ, амалҳои Италия дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳро ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир равшан нишон медиҳанд. Бесабаб нест, ки Италия ба яке аз «гурӯҳҳои хурди Дублин» — барои Осиёи Марказӣ, ки ба ҳайати ба ном «Гурӯҳи Дублин»-и иттиҳоди ғайрирасмии мамлакатҳои Ғарб оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муборизаи байналхалқӣ бар зидди таҳдиди нашъамандӣ дохил мешавад, роҳбарӣ мекард. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар меҳвари таваҷҷуҳи Италия қарор дорад ва моҳи майи соли 2003 миёни ш.Рим ва ш.Душанбе созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо ба имзо расид. Қайди ин нуқта бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Италия ҳангоми бунёд кардани Агентии назорати маводи мухаддир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои донор буд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия ҳамвора вусъати тоза касб мекунад ва дар самти иқтисод якчанд лоиҳаҳои муштарак роҳандозӣ гардидааст. «Муассисаи тиҷоратии Италия» намояндагии хешро аз соли 2003 дар Тоҷикистон ифтитоҳ карда, барои мошинҳои сабук ва борбар таҷҳизот таъмин мекунад. Ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» ба истеҳсоли сару либос машғул аст.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия дар марҳилаи муосир ҳамвора ҷараён дошта, сафарҳои ходимони давлатӣ дар тақвияти ҳамкориҳо нақши муассир дорад. Аз ҷумла, сафари Котиби давлатии Ҷумҳурии Италия оид ба корҳои хориҷӣ - сенатор Ҷианни Вернетти ба Тоҷикистон (21-22. 05. 2007), котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Италия - сенатор Алфредо Мантика (2.04.2009), Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиджи Ди Майо (4.09.2021) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкориҳо дарак медиҳанд.

Ҳамзамон, мулоқоту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ду кишвар идомаи мантиқии мавҷудияи ҳамкориҳои самаровар мебошад. Аз ин ҷост, ки рӯзи 22 ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Конгресс-сентр”-и шаҳри Прага бо Сарвазири Италия Силвио Берлускони мулоқот намуда, доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд. Чунин мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Италия Маргерит Бонивер 21 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе доир шуда, мусоҳибон ба сатҳи мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба баҳои баланд доданд. Зикр шуд, ки сафари М. Бонивер идомаи ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Италия мебошад. Ҳамзамон ҷонибҳо ба зарурати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои тавсияи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба диққати калон доданд. Инчунин доир ба ҳолати мавҷудаи Афғонистон ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.

Инчунин, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки заминаи аҳдномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду мамлакатро ба танзим меоранд. Аз ҷумла, созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва техникӣ ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, ки соли 2009 ба имзо расидааст, аз зумраи онҳо мебошад.

Дар мулоқотҳои пайвастаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо (13.12.2019), ки дар доираи конфронси байналмилалии “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” дар шаҳри Рим баргузор шуд, инчунин дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин ва Луиджи Ди Майо дар шаҳри Душанбе (4.09.2021) ва дар ҳошияи Конференсияи дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар Тошканд (8.12.2021) дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, тандурустӣ, бехатарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ миёну ду кишвар, вазъ дар Афғонистон ва масоили минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

Дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22 апрели соли 2024 ба Италия ва Ватикан нақши созанда мебозад. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот ва доираи васеъи масъалаҳои мубрами дуҷонибаро матраҳ карданд. Аз ҷумла, доир ба масоили сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиию кишоварзӣ, равобити фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия, ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид(СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, масъалаи обу иқлим, ҳифзу таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди ифротгароиву терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар баробари масъалаҳои зикршуда, ҳамзамон ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, кимиё, маъдан, дорусозӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ, дар вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ рӯзи 23 апрели соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифта, дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳон ҳамкориҳои самароварро дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир зарур донистанд. Дар фарҷоми мулоқот 7 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, ҳамкории фаврӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар, дар соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг, илм ва технология барои солҳои 2024-2027, муҳити зист ва амнияти энергетикӣ, бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2024-2026 ба имзо расиданд, ки бешубҳа дар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия нақши намоён мегузоранд.

24 апрел мулоқоти сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салинӣ сурат гирифта, масоили ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони НБО-и Роғун муҳокима ва оид ба тезонидани корҳову истифодаи босамар аз имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Пистоя аз парваришгоҳҳои ниҳолҳо дидан карда, бо усули шинондану парвариш, қаламчагирӣ, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва ба хусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ки дар Италия ба сар мебаранд вохӯрда, аз аҳвол ва шароити таҳсилу корашон ошно гардиданд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд,ки:

-сафари Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан намунаи возеҳи сиёсати бисёрқутбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити имрӯзи ҷаҳони муосир ояндабинона ва дорои аҳаммияти умумимиллӣ мебошад;

-ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия ба марҳилаи нави густариши худ ворид гардида, дар ояндаи наздик дар заминаи созишномаву ёддоштҳои баимзорасида ва барномаҳои муштараки тарҳрезишуда натиҷаҳои назаррас ба бор меорад;

-дар шароити печидаи замони муосир ва душвор шудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб, бахусус бо Италия дорои аҳаммияти муҳим мебошад ва метавонад дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда мусоидат кунад, зеро сатҳи бо кор фаро гирифтани аҳолӣ дар Италия дар соли 2023 ба 61,8% барорбар шуда, сатҳи бекорӣ ба 4,2% расидааст. Дар Италия кадрҳои баландихтисос: кафшерчиён, фрезерчиён, токарҳо, таъмиргарон, электрикҳо, духтурҳо, муҳандисон, математикҳо ва физикҳо намерасанд. Пешхизматхо ва коргарони мавсимии саҳро низ махсусан серталабанд. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла минтақаи истеҳсолкунандаи зайтуни Беличии Ситсилия, деҳқонон барои киро кардани 4 ҳазор коргари хориҷӣ мубориза мебаранд, ки одатан барои ҷамъоварии ҳосили тақрибан зиёда аз 18 ҳазор боғҳои зайтун лозиманд.

Бояд таъкид намуд,,ки ҳамкорҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, бахусус бо Италия равнақ меёбад ва он ба беҳбудии шароити зиндагии халқҳои ду кишвар мусоидат хаоҳад кард

Турсунов Т.Х.

сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

доктори имлҳои таърих,профессор

https://www.osiyoavrupo.tj/.../mar-ilai-navi-amkori-oi-to...

( Эссе)

Ёдовар бояд шуд, ки ҳамчун мутахассис зуҳуроти даҳшатафканӣ, хиёнаткорӣ ва тӯҳматро ба ҳеҷ ваҷд қабул карда наметавонам. Аммо, муттаасифона, чунин падидаҳои номатлуб арзи вуҷуд доранд ва инсоният бояд ҳамеша ба онҳо муқовимат дошта бошад. Кош чунин бошад, ки бошад.

Медонам, ки одами бешараф ва ё намояндаи баъзе аз кишварҳо баъзан ба ифрот даст зада, ҳадду меъёр ва эҳтирому арзишҳои инсониро қабул карда наметавонад. Мегӯям, ки кош чунин набошад, аммо мутаассифона, чунин будааст.

Бинобар ин, аз Яздони пок талабу илтиҷо дорам, ки амалиёти бешарафонаи «Крокус Сити Холл» ҳеҷ вақт такрор наёбад, ки он фоҷиаи мардуми оддӣ, амали террористӣ ва муносибати ғайриинсонӣ будааст ва бояд маҳкум карда шавад. Кош ин амали репутатсионӣ ба сари миллати мо тӯҳмат ва ё фиреби сиёсӣ бошад.

Ба замми ин, андеша дорам, ки ҳама зиддияту номуайяниҳои ин фоҷиаро ҳамчун тӯҳмат қабул намоям, зеро дур нест он рӯзе, ки исботи ин тӯҳмати муаммоангез пайдо нагардад. Лек агар пайдо ҳам гашт, мутаассифона, он аллакай зарбае ба имиҷ ва манфиатҳои миллист. Кош чунин намебуд, аммо чи илоҷ чунин карда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҳама гуна ҳокимияти муштзӯре, ки ҳаду ҳудуди қудратмандии худро ба дигар миллату халқиятҳо равона мекунад ва мардумро ба нокомиҳо гирифтор мекунад, мерасад рӯзе, ки худаш худро ба коми ноумедиҳо фурӯ мебарад. Аммо бозиҳои пасипардагӣ, тӯҳмату буҳтон, таҳқиру бадбинии миллӣ ва фоҷиаҳои бофтаю сохта дар назди оммаи мардум ҳамеша, ифшо мегардад. Кош чунин бошад. Аммо абарқудратони даҳр инро на фарзияю «парадокс», балки ҳақиқати шуми субъективӣ медонанд. Афсус, ки чуни будааст.

Бояд гуфт, ки аз ҳуқуқу озодиҳо дур намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, маҷбурнамоии сиёсӣ, истисмор, зулми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи бегона ва ғ., бештар боиси пайдо шудани вобастагии одамон ба зоҳиршавии заминаҳои динию ифротӣ тақвият мебахшанд. Бозигарони сиёсӣ мутаассифона, чунин идеологияро ҳамеша барои истифодаи содакунонии шуури сиёсии шаҳрвандон ва назарфиребии аҳолӣ истифода мебаранд. Зеро маҳаки асосии идеологияи ифротӣ бештар ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқаандозиро аз рӯи мансубияти миллию динӣ бо хусусиятҳои тундгароёнаи худ тарғиб мекунад, ки ин амали хатарзои геополитикӣ мебошад. Кош чунин набошад, ки барои мо дигар ҳимоя кардан дар бисёр самтҳо душвор мегардад.

Мусаллам аст, ки вазъи имрӯзаи ҷомеа таззодҳои гуногунро дар бар мегирад ва аз чӣ бошад, аксари кишварҳои абарқудрату тавоно бо ҳар баҳона обрӯ ва имиҷи давлатҳои тозаистиқлолро кӯшиши паст задан доранд. Кош чунин набошад, аммо чунин ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, мо дар ҳама ҳолат бояд бо сабру таҳаммул буда, ҳифзи манфиатҳои миллиамонро аз ҳама авлотар донем.

Шояд барои фоҷиаи «Крокус Сити Холл» ва зуҳуроти номатлуби он дигар аксуламал ҳикмате надошта бошад? Албатта, бояд чунин набошад ва ин маънои онро надорад, ки мо моҳияти онро хуб ҳис накардаем, вале воқеан, мо онро дуруст дарк намудаем. Аз ин лиҳоз, такрор ба такрор мегӯем, ки идеологияи миллӣ барои мо имрӯз таҷассумгари гузашта, раҳнамои ояндаи миллат аст, ки мо онро бояд ба роҳ монем ва тақвият бахшида тавонем.

Бале, мо тавсия медиҳем, ки танҳо захираи инсонӣ, идеологияи миллӣ ва пос доштану баррасӣ намудани арзишҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, шуҷоати миллӣ, расму русум, забону ҳунар, дину оин ва таълиму тарбияи миллӣ метавонанд, ки мардуми моро аз вартаи ин ботлоқи пур аз тӯҳмату буҳтон берун кашад. Зеро умри андешаи ботил ва амали бадгуҳарӣ кӯтоҳ аст ва ҳақиқат бояд ба ҳақдор расад. Кош чунин бошад, ки мо ифтихори фарҳангсолорию тамаддунофарӣ дорем.

Муҳаммад Абдураҳмон- ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии ҳар давру замон буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора ҳар кас тибқи диду идрокаш ибрози назар мекард. Аз ҷумла, шоири насиҳатгар Саъдии Шерозӣ мазмуни бисёре аз қиссаву афсонаҳо, ки бозтоби тасаввуроти қадимии одамон доир ба ҳодисаҳои зиндагӣ ва баёнгари таҷрибаи рӯзгори чандин наслҳо будаанд, зери назар гирифта, гуфтааст:

Зани хубу фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Як зарбулмасал, ки он ҳам фарогири ҳикмати амиқи мардумӣ аст, ба ин шаклу мазмун омадааст: «Зани нек офияти зиндагӣ бувад». Аҷаб нест, ғазали шоири шаҳир ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳам дар пайравии ҳамин гуна гуфтори ҳикматомези мардумӣ офарида шуда бошад:

Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,

Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Зиёда аз ин об, ки аз манбаъҳои асосии ҳаёти тамоми мавҷудоти олами зинда аст, фариштае бо номи Аноҳита дорад, ки аз ҷинси зан мебошад ва бештар аз ин, яке аз сураҳои аввалинни китоби муқаддаси Қуръони Карим ҳам ба манзалати зан дар оила ва дар ҳаёти рӯҳонию моддии инсонҳо бахшида шудааст.

Зан нафақат сифату хислатҳои ҳамида ва шоистаи таҳсинро аз худ зоҳир мекунад, балки вай офаранда ва ҳифзкунандаи осори бузурги фарҳанги мардумӣ низ мебошад. Маҳз замоне дар яке аз кишварҳои мусулмонӣ, Шаҳризод ном духтари хирадманду ботадбири вазире бо афсонадонию қиссапардозии бемислаш тавонистааст подшоҳро, ки бар асари хиёнати занаш ҳар шаб ба духтаре издивоҷ мекард ва субҳи рӯзи дигар ӯро мекушт, аз ин кирдори зишту фоҷиабор боз дорад.

Дар адабиёти ҷаҳонӣ, низ симои барҷастаи занони диловару ҷасур ва зебову бошарофат хеле зиёд офарида шудааст. Дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола намояндагони адабиёти тоҷику форс дар бунёди образи зан дар адабиёти умумиҷаҳонӣ, таъсири муайян гузошта, вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои нисбат ба давраҳои мухталифи таърихӣ доштаи худ боигарии маънавӣ, симо ва хислати типиву миллии занони Шарқро дар достонҳои ишқию ғиноӣ, қаҳрамониву ривоӣ мавриди тасвир қарор додаанд. Классикони адабиёти форсу тоҷик занро аз авомили пешрафти маънавии инсон, сабабгори лабрез гаштани ҷоми илҳоми суханварон ва боиси саршории завқи баланду истеъдоди суханварӣ ҳисобидаанд.

Ҳаким Фирдавсӣ нақши занонро дар «Шоҳнома» бо дигар образҳои асар бахусус, образи мардон на танҳо дар як поя мегузорад, балки дар аксари мавридҳо онҳоро дар ақлу хирад афзал мешуморад. Ҳангоме ки шоир дар бораи инсон сухан меронад ва сарнавишти занро маҳаки асосии тасвири бадеӣ қарор медиҳад, дар маркази диққати шоир зан қарор гирифтааст. Шоир некутарин анъанаҳои мардумиро бо таври офаридани образи занону модарон равшан ва аниқ баён намуда, дар зарфи солҳои тӯлонӣ анъаноти неки гузаштагонро дар бахши офариниши образи зан-модар босамар идома дода, онҳоро аз ҳама ҷиҳат пурраву мукаммал сохт. Дар симои, қаҳрамони асотирӣ чун Фаронак равшан намудор мегардад, ки баҳри нигаҳдорӣ ва давом додани насли хеш шиканҷаҳои зиёдеро аз сар гузаронид, ба таҳдиду хатарҳо нигоҳ накарда, тамоми умри хешро ба муҳофизат ва нигаҳдории фарзанд сарф намуд.

Образи зан дар фолклори халқҳои ҷаҳон, низ бозтоби дурахшон пайдо кардааст. Дар ривояту асотири халқҳои эронинажод тимсоли зан бо тамоми ҷозиба тасвир ёфта, мақоми ӯ дар зиндагӣ хеле барҷаста ва пурмӯҳтаво инъикос гардидааст. Зарурати вуҷуди зан дар ҳаёти башар ва мавқеи муҳими ӯ дар осори ривоӣ-ғиноии ҳар як халқи олам ҳанӯз аз оғози ташаккули он мушоҳида мешавад, ки ин дар назму насри халқҳои эронинажод низ дида мешавад. Бинобар ривоятҳои маълуми сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нахустманшаъ ва аввалин таҳрикдиҳанда ба эҷоди шеър дар байни халқҳои эронинажод маҳз зан будааст ва аввалин гӯяндаи шеъри форсӣ Баҳроми Гӯр будааст ва сабаб он будааст, ки ӯро маҳбубае буда ва ӯро Дилороми Чангӣ мегуфтаанд.

Дар фалсафаи мазҳабии адёни мухталиф ба мақоми зан дар зиндагӣ баҳои баланд дода мешавад. Мутобиқи «Авасто» мақоми зан дар дини бостонии эрониён баробари мард будаааст. Ҳама ҷо ҳам номи ин ва ҳам номи он дар як радиф зикр шудааст. Синни булуғ барои зану мард яксон мебошад, то ҳар ду дар адо ва анҷоми вазоифи иҷтимоӣ дар як марҳилаи воҳиди синнӣ, эҳсоси мусовият кунанд. Ҳакими Тус ба давраи таърихӣ ишора мекунад, ки мақоми зан пас аз давраи модаршоҳӣ то андозае маҳдуд аст, лекин ҳоло ҳуқуқи ӯ дар ҳалли масоили мураккаби иҷтимоӣ ахлоқӣ бо мардон баробар аст. «Дар давраи модаршоҳӣ зан дар Эрон нисбат ба мард мақоми бартар дошт. Дар ин давра зан умури қабиларо идора мекард ва ба мақоми рӯҳоният мерасид. Силсилаи ансоби хонавода ба номи ӯ буд. Дар ин давра занон дар фаъолияти кишоварзӣ ва иқтисодӣ саҳми бештар доштанд. Бад-ин ҷиҳат мардон ба арзиш ва мақоми бузург доштанашон қоил буданд ва занонро мазҳари неъмат ва фаровонӣ медонистанд».

Муҳаққиқи эронӣ доктор Муҳаммад Дабири Сиёқӣ симои кулли занонро мавриди таҳлил қарор дода, симои зоҳирӣ ва олами ботинии онҳоро тасвир намудааст. Ба андешаи ӯ «симои зан як тасвире беш надорад ва сифати ӯ низ мутаолӣ аст. Ҳамеша зебост, камоли хилқат аст, ғунчалаб, нармандом аст, биҳиштӣ аст, пур аз рангу бӯй ва ҳам босафо, вафодор, меҳрубон, хештандор, хирадманд ва порсо аст ва бо покӣ сиришта».

Аз байни занон шахсиятҳои барҷаста мисли сипаҳсолорон, сиёсатмадорон, ҳунармандон баромадаанд, ки дар таърихи башарият мақоми абадӣ гузоштаанд.

Таваҷҷуҳи хоса нисбати зан, боварию эътимод ба дониш, истеъдод, қобилияти зан ва мақому эҳтироми ӯ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳаёти имрӯза бозгуйи ин гуфтаҳост: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд. (28-уми декабри соли 2023).

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тасдиқ намудаанд, ки дар муддати на чандон зиёди таърихӣ бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Раҳматуллоева Г., н.и.ф., ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Башарияти муосир дар як ҳолати таноқузӣ қарор дорад. Аз як тараф вай ба оянда нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар, акси воқеаҳои гузашта оид ба мусибатҳо ва фоҷеаҳо (катастрофа) ояндаи тираро пеши назар меорад. Дарки он башариятро рӯҳафтода месозад, ки муқаддасоти пешин аз даст рафтаанд ва дар ибтидо онҳо ногусастанӣ буданд. Ҳастии инсон дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии худ ба табиат, муҳити табиӣ вобаста буд, ҳаст ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Баробари инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ, муносибати мутақобилаи инсон бо муҳити зисташ ва аз ҷониби вай бунёд намудани «табиати дуюм» ҳимоят кардани худро аз падидаҳои ғайри чашмдошти табиат бештар омӯхт, донишу малака ва таҷриба андӯхт.

Мо аз фаъолияти мутақобилаи инсону табиат, дониш ва маълумот ҷамъ карда, шоҳиди он мешавем, ки вобастагии инсон ба табиат як ҷониби масъаларо фаро гирифта, ҷониби дигари онро таъсири худи табиати инсонро иҳота карда, дар бар мегирад. Аз тарафи инсон азхудкунии пайвастаи захираҳои табиӣ ҳам таъсири нек ва ҳам таъсири бад ба бор меорад. Агар таъсири некӣ раванди азхудкунии табиат ва захираҳои барои ҳастии инсону инсоният зарури он бошад ҳам, натиҷаҳои он ҳам барои худи инсони ба табиат таъсиррасонанда ва онро тағйирдиҳанда ва ҳам барои мо дар – табиати инсонро паноҳдиҳанда, пӯшонанда ва навозишкунандаи бошандагонашро ба саргардониҳою ташвишҳои зиёд овардааст.

Дар натиҷаи инкишофи пуравҷи саноат дар сар то сари олам технологияи партовҳо зиёд шудааст, ки шаклу миқёсҳои ҳалокатоварро гирифтаанд. Ин падидаи номатлуб ҳоло масъалаи мавҷудияти худи инсониятро бо хатари кас нодида рӯ ба рӯ кардааст. Ин хатар бо сабаби кам шудани захираҳои табиӣ ва ба вуҷуд омадани падидаи барои ҳаёти инсон ва пояндагии мавҷудоти дигари олам фалокатовар – ифлосу нопок шудани муҳити атроф мебошад.

Хусусияти таъсиррасонии тарафайни иҷтимоӣ – табиӣ дар Шарқ бо ҳамин шарҳ дода мешавад, ки инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба марг расидан бо як майдони меъёрҳо ва қоидаҳо алоқаманд аст, ки онҳо шароити муҳимтарини ҳастии инсон мебошанд. Барои ҳамин ҳам шахсе инсони олӣ шуда метавонад, ки ба муҳити мавҷуда мутобиқ шуда, ба он зарар нарасонад. Инсон ҳамчун соҳиби табиат ва ҷузъи табиат қабул шудааст. Илму техника худ ба худ ҳанӯз пешрафт ва ояндаи саодатмандонаи инсониятро кафолат дода наметавонад, онҳо танҳо метавонанд, ки имкониятҳои онро ташаккул диҳанд, аммо чизи аз ҳама муҳимтарин дар дасти худи инсон қарор дорад: ҳифз ва ҳимояи инсон, табиат ва ҷамъият.

Табиати вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки то ҳол инсоният бо чунин бӯҳрони миқёсан азими ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ нашуда буд ва мувозинати ҳамзистии худро бо табиат то ин ҳаду ҳудуд вайрон накарда буд ва табиат ӯро то ин дам ҳамчун модари ғамхору мушфиқ бо ҳама барои ҳаёташ заруррӣ таъмин мегардонид. Инсоният ба ҳодисаҳои табиие аз қабили обхезию, заминларзаҳо, тӯфонҳо, хушксолиҳо, бемориҳо ва ғ. сару кор дошт, ки берун аз дахолати ӯ руй медоданд. Аммо бӯҳроне, ки инсони муосир имрӯз бо онҳо рӯ ба рӯгаштааст, маҳз натиҷаи фаъолияти бераҳмона ва беандешаи худи инсон нисбати табиат ба вуҷуд омада, табиати «антропогенӣ» ё худ иҷтимоӣдоранд. Инсоният имрӯз дар он сарҳади таърихии худ қарор дорад, ки ба саволи гузоштаи Гамлет «Бошем ё набошем?» бояд ҷавоб гӯяд.

Ихтирои бомбаи атомӣ ба даврае асос гузошт, ки тақдиру сарнавишти ҳаёти миллионҳо одамонро зери хавфу хатари маҳвшавӣ қарор дод. Дар олам на танҳо хайр, балки шарр ҳам инкишоф меёфт, ки асосан дар ҷангҳо ва задухӯрдҳо зоҳир мешуд. Аммо инсоният на бояд дар муқобили хавфу хатари љангҳо бе ҳимоя боқӣ монад, ҳарчанд ки иҷрои ин кор барояш сангину тоқатфарсо буда, маблағҳои ниҳоят гаронеро тақозо дорад, вале масрафоти он ҳар қадар бузург набошад ҳам, арзиши насли инсоният садҳо ҳазор бор гаронбаҳотар мебошад. Агар инсоният зарурати ҳаётии пешгирӣ кардани хавфу хатари комилан несту нобушавиро сидқан дар аъмоқи дил эҳсос накарда, барои пешгирии он чораҷӯи накунад, ӯро фоҷеаи ин ҷанг ба коми нестӣ фурӯмебарад. Роҳи ягонаи наҷот дар ин худкушиҳои инсоният ғолиб омадани ақлу хиради инсонӣ аст. Фалсафаи буддоия дар ин маврид суханеро аз Буддо ба ёдгор гузоштааст, ки чунинаст: «Танҳо ҳамон ғалабаро ғалабаи ҳақиқӣ метавон гуфт, ки дар он ҳама ғолиб буда, ҳеҷ касе шикаст нахӯрда бошад».

Илова бар таҳдиди глобалии атомӣ дигар масоили глобалие вуҷуд доранд, ки онҳо маҳз натиҷаи доду гирифти байни низоми «инсон ва табиат» буда, онҳоро пешрафти илмӣ-техникӣтавлид намудааст. Ин бӯҳрони экологӣ мебошад, ки дар ифлосшавии муҳити табиӣ, рӯз то рӯз кам шудани маводи ғизоӣ дар замин ва обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ ифода меёбад. Имрӯзҳо дар ҳама ҷо садоҳо ва даъватҳо барои ҳифзи мувозинати биосфера ба гӯш мерасанд ва инсоният дар ҷустуҷӯи ёфтани роҳҳои ҳалли ин мушкилот қарор дорад. Имрӯз бояд муносибати инсонро бо табиат қатъиян тағйир дод, шакли нави шуури экологӣ ва тафаккури экологиро ташаккул дод. Дигар мушкилии глобалӣ мушкилии солимии ҷисмонӣ ва маънавии исоният мебошад, ки он ҳам зери таъсири зиёдшавии набзи ҳаёт, махсусан дар шаҳрҳои бузург, истеъмоли дорувориҳои зараровари тиббӣ, вайроншавии обуҳаво, ифсолшавии муҳити зист, афзоиши партовҳои саноатӣ ва ғ. ба вуҷуд овардааст. Инсоният ба ҳалли ин масъала низ камари ҳиммат бастааст. Аз ҳаллу фасли самараноки ин масоили глобалӣ, ки коркарди маҷмӯӣ ва стратегии байниоламиро тақозо дорад, аз пешрафти умумии ҷомеа вобаста мебошад.

Зиёева З. И. ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Он воситаи муҳими муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати "сабз" хоҳад буд

Дар барномаи навбатии "Сарват" Азимҷон Раҳмонзода, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доир ба аҳамияти Конфронси сеюми байналмилалии Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об дар муаррифии зарфиятҳои табиии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва нақши ин ҳамоиш дар татбиқи нуктаҳои муҳими дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида доир ба сабзгардонии мамлакат, изҳори назар менамояд.

Барномаи таҳлилии "Сарват" имрӯз 28.02.2024, соатҳои 11:30, 18:30 ва 21:30 дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода рӯйи мавҷи Радиои "Ховар" пешниҳод мегардад.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт –

Президенти АМИТ, профессор

 

Таҷрибаи таърихи башарӣ собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори низоми давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Танҳо артиши муназзаму сирф давлатмеҳвар кафолати амнияти ҷомеа ва низоми ҳукумрон ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 2005, таҳти №141, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм, экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон мебошад.

Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ қувваҳои мусаллаҳи кишварро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид ҷиҳати таъмини стратегияи мазкур муҳайё гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.

Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошуравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI-кми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.

Зикр карда ба маврид аст, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 26-уми январи соли 2021 чунин иброз намуда буд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа имрӯз аз аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, тақозо менамояд то зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандонро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон беназир буда, суханони болозикр ба хидматҳои шоёни Сарвари давлат равона гардидааст, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу доншкадаҳо, ҳамчунин ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабест, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳимми Ватандорӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба шумор меравад. Ин суханҳоро Пешвои миллат Эмомали Раҳмон зимни суханрониаш ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусалаҳи кишвар изҳор дошт.

Аз таъсиси артиши миллӣ 31 сол пур мешавад,ки он зодаи даврони истиқлолият буда,дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис,алалхусус давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаҳои гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори сиёсӣ- ҳарбии он солҳо имкондадод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд мутаасифона,он замон дар ҷумҳури ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт.Раванди ҳодисаҳои баъди исбот намуд,ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум ягона роҳи дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангиданду ба танзими сохтори ташкилию штати худмашғул шудаанд. Таҳкурсии модди- техникӣ умуман вуҷуд надошт норасои ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахасисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо дида мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳаёти шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат, роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андухт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.

Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифта, дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудагӣи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба халқ ва Ватани маҳбуби хеш содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ,ҳимояи марзҳои Ватан безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистт, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории тарансмилӣ ва хумуш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Дар охир гуфтанием, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз ба симои давлати пайваста буда, ва ба хизматҳои шабонарузии ин давлату ин сарзамин ҳар сонияву ҳар дақиқа таёр мебошад ва шукрона аз он мекунем,ки мо чунин Ватани соҳибистиқлолу осоишта дорем.

То ки ҳастам ба ҷаҳон зинда ба паймони туам,

Нафасам, набзи дилам, рӯҳу равонам, Ватанам.

Қарахонзода Муҳаммаднодир - доктор PHD курси 1- уми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Таҷрибаи таърихи башарӣ собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори низоми давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Танҳо артиши муназзаму сирф давлатмеҳвар кафолати амнияти ҷомеа ва низоми ҳукумрон ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 2005, таҳти №141, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм, экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон мебошад.

Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ қувваҳои мусаллаҳи кишварро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид ҷиҳати таъмини стратегияи мазкур муҳайё гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.

Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошуравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI-кми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.

Зикр карда ба маврид аст, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 26-уми январи соли 2021 чунин иброз намуда буд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».

Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа имрӯз аз аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, тақозо менамояд то зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандонро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.

Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон беназир буда, суханони болозикр ба хидматҳои шоёни Сарвари давлат равона гардидааст, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу доншкадаҳо, ҳамчунин ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабест, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳимми Ватандорӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт –

Президенти АМИТ, профессор

Бинед мо чӣ гуна озод нафас мекашем, мисли шабҳои сокит қалбҳоямон ором аст, қалбҳоямон ҳамеша масрур аст, чеҳраамон медурахшад, мисли оне, ки хуршед аз Машриқ тулӯъ мекунаду равшанӣ медиҳад. Ин ҳама як сӯ гузорем, вақте ки дар хиёбонҳои гулгуни диёр кӯдаконро бо чеҳраи хандону табассуми нотакрораш мебинем, дастархонҳои бозу пур аз нозу неъмат ва дар сари он модарони хушбахтамонро бо дасти дуо мебинем. Ин ҳама хушбахтии нотакрору зеборо маҳз дар ватани азизамон Тоҷикистони ба ҷон баробар мебинем. Дар паси ҳар як хандаи кӯдаки ин диёр, дар паси ҳар як шодиву нишоти мардуми беолоиш маҳз ҷавонони шуҷоъи Ватан меистад. Меарзад, ки худро фидои чунин лаҳзаҳои бебоку осуда намоӣ ва барои ҳифзи он, чун гавҳараки чашм, камари ҳимат бандӣ.

Артиши миллӣ пойдевори асоси ҳифзи марзу буми аҷдодӣ аст. Агар он кишваре, ки парчами сулҳро дар манотиқи кишвараш парафшон нигоҳ медорад, бояд тазакур дод, ки он кишвар орому осуда дар масири созандагӣ қадам мениҳад. Дар ин замина он кишвар дорои Артиши низомии пурирода аст. Тоҷикистони азизи мо имрӯз дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ аст ва дар сафҳои он ҷавонони бедордили меҳан адои хизмат менамоянд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии истиҷлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибору эътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба таъсисёбии Артиши миллӣ нигаронида шуд ва онро бо заҳмату талошҳо аз сифр барпо намуд.

Имрӯз бошад бо шарофати пойдории сулҳу субот Артиши низомии Тоҷикистон 31 сола шуд. Шукронаи сулҳу субот, оромӣ, хандаҳои бекаронаи кӯдакон касро ба шавқу рағбати беандоза мубаддал месозад ва дили касро ба зиндагӣ гарм месозад. Мо имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва соҳибэҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаем. Мо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ бирасем. Бузургон гуфтаанду фармудаанд: “Қадр қадр талаб мекунад”, пас барои боқадру инсони комили ин диёр будан ба қадри ҳар як қатраҳои оби зулоли Ватан бирасем, ҳар як кафи хоки ватанро ба чашми худ тӯтиё намоем.

Ман ифтихор мекунам, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан – модарро адо намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Пешвои миллатам, кишвари паҳнову биҳиштиям ва модари арҷмандам ба ҷо овардам. Ҳар бор мегӯям, ки мо озодем. Ба пеши чашм меорам, ки моро касе идора намекунад мо давлати озод, демократӣ ва дунявӣ дорем, миллати куҳандиёр дорем. Шабу рӯз да кӯчаҳои кишвар бо қалби пуру шодиву сурур сайру гашт мекунем, дар сари дастархон бо аҳли оилаи худ бахтиёрем, дар Донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил мекунем, кору фаъолият мекунем. Ин ҳама самараи беназири сулҳу оромӣ ва пойдории Артиши милиӣ аст. Мо сарвари оқил чун Пешвои миллат дорем, боиси ифтихори мост ва асосгузори давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки барои мо тоҷикон хизматҳои бениҳоят бузургро сомон додаанд. Пас мо насли наврас бо тамоми ҳастии худ барои Ватани азизамон хизмат намоем ва номи кишварамонро дар баландтарин қуллаи само ҷой диҳем, чун кавкаби нурбор дурахшон бимонад.

Ба ҷавонони соҳибдилу соҳибирода гуфтаниям, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат намудан ин шарафу мардонагист. Агар ҳар бор худро фарзанди ин диёр ном мебарем, пас хизмати ин Ватанро кунем, қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан бо сари баланд ба ҷо орем. Ин лаҳза шеъри “Ин ватанро сохтан осон набуд!”-и Бузургмеҳри Баҳодурро мисол меорам, ки дар ҳақиқат таъсирбахшу хонданист: Сўхтан, бигдохтан осон набуд, Ин Ватанро сохтан осон набуд. Ин ҳама ороиш аз хуни дил аст, Хонаро пардохтан осон набуд. Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар, Парчаме афрохтан осон набуд. Сар ба дору пой дар завлона монд, Бе сару по тохтан осон набуд. Баъди хуни панҷаҳои Борбад, Уди нав бинвохтан осон набуд. Сад ҳазор осори фарҳангу ҳунар - Ҳамчу ҷоне бохтан осон набуд. Чун Сиёваш хешро аз баҳри нанг Бар алоб андохтан осон набуд. Хокаш аз ашки ниёгон хуррам аст, Ин Ватанро сохтан осон набуд.

Шаҳзод ҚАЮМОВ - магистри курси 1-уми Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон воқеъа ва руйдодҳое ба вуқуъ пайвастаанд, ки ба сиёсати давлатии мо такони ҷиддӣ бахшидаанд. Ҳамчунин пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар кишвари Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 90-92 раванди тезутундшавӣ вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор гирифта буд. Дар ин давраи бисёр ҳам ҳассос ҳарбиён кам ба назар мерасиданд ҳама мустақил шуда буданд ҳар кас дар маҳалу деҳи худ ҳукумронӣ мекарданд. Вазъият он чунон бад шуда буд, ки гурӯҳҳои мухолифин шахсони ҳарбӣ ва рутбадорҳоро дастгир намуда ба қатл мерасонданд. Яке аз омилҳои пароканда гаштани низомиёни кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз фишору қатли бераҳмонаи гурӯҳҳои мухолифин маҳсуб меёбад.

Сарфи назар аз вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохиле, ки дар кишвар идома мёфтанд таъсис додани артиши миллӣ барои кишвари мо кори саҳл набуд. Вале Тоҷикистони тозаистиқлол дар баробари чунин бархурдҳои шаддиди ҳарбию сиёсӣ, ки кишваро таҳдид мекарданд истодагарӣ намуда ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Аммо аз сабабе, ки ҷангҳои байни дохилӣ вазъи иқтисодиву техникии кишваро хароб карда буд барои таъсиси артиши миллӣ ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

Дар ҳамин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд. Чун дар даврони интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳое буданд, ки зид мебаромаданд, аммо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Дар ҳамин замина 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали навсозиву таҷдид гардонидани шароити хуби артиши миллӣ дар баробари вуҷуд доштани буҳрони иқтисодиву молиявӣ барои таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Дар солҳои (1997-1992) вазъ дар кишвар то рафт мураккаб мегардид, мухолифатҳои дохилӣ ва қатлу куштори гурӯҳҳои мухолифин дар кишвар бештар ба назар мерасиданд. Маҳз афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ дар баробари мураккаб гардидани вазъ ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Ҳамин тавр миллати тоҷик он рӯзҳои душворро паси сар намуд, миллат сарҷамъ гардид, фазои сулҳу субот дар кишвар ҳукумрон шуд, артиши миллӣ рушд намуда қудратманд гардид. Имрӯз аз лаҳзаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30- сол пур гардид. Артиши миллии мо бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароит ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ муҷаҳаз гардида пурқудрат гардидааст. Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда, барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбият менамояд.

Муҳаммад АМИНЗОД – Котиби матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо