Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсози давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ҷашни 31 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон6 ноябри соли 2025, таҷлил мегардад. Конститутсия бори аввал 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистонро собит намуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишвари моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Дар Моддаи 1-уми он зикр гардидааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки онбори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст. Дар ҳақиқатан бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ мебошад, ки бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст”. Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Ҳамин тариқ, дар Конститутсия меъёрҳои принсипҳои демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайра дар бар мегирад.
Соҳиби Баҳруло, - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сиву як сол муқаддам 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо ҳисси масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар бо майлу иродаи худ доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз, санаде, ки ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, қабул гардид.
Конститутсия чист?
Конститутсия ин қонуни асосии давлат аст. Он ҳуҷҷате мебошад, ки тартиби сохт ва фаъолияти давлатро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар сохта ва муносибати байни ҳокимият ва мардумро ба танзим медарорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Конститутсия – қувваи олии ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ, мустаҳкамкунандаи асоси сиёсӣ, низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ инчунин, асоси ҳолати ҳуқуқии шахс аст.
Конститутсия – олитарин шакли ҳуқуқӣ, ки дар он расман сарвати қиматбаҳо, институтҳо ва арзиши сохти конститутсионии Тоҷикистон, асосҳои давлатӣ-ҳуқуқии идоракунии сифатнокии ҷамъиятҳои алоқа ва муносибатҳо, баробарии асоси сохти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли идоракунӣ ва тақсимоти маъмурию-ҳудудӣ, асосҳои ташкили мақоми марказӣ ва маҳаллии ҳокимият, салоҳият ва муносибатҳои онҳо мустаҳкам шудаанд.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи нави кишвар рӯйдоди воқеан муҳим гардид.
Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, танзим мекунад.
Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин меъёри конститутсионӣ дар радифи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани давлат, мӯҳтавои иҷтимоии онро ифода менамояд.
Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин риояи ҳатмии муқаррароти он ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон мебошад. Барои расидан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки шаҳрвандон меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро донанд ва эҳтиром намоянд.
Конститутсия истилоҳи лотинӣ буда, маънои ташкил додан, барпо намудан, бунёд гузоштан, эҷод ва таъсис карданро ифода менамояд ва таърихи бисёрсола дорад. Ба ин маъно Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.
Баъд аз қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ, ҷамъияти Тоҷикистон ба зинаи нави тараққиёт расид, муносибатҳои нави барои давлат бисёр ҳам муҳим ба вуҷуд омаданд, ки онҳо танҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ танзим шуда метавонистанд.
Бинобар ин, 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Бо инкишофи давлат ва ҷамъият 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия боз тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Тағйиру иловаҳои мазкур бо роҳи райпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид.
Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даҳ боб ва 100 модда иборат буда, масъалаҳои муҳимтаринро танзим намудааст.
Масалан, боби якум асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар кардааст. Тибқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Боби дуюм ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Мутобиқи он:
– ҳама дар назди қонун баробаранд;
– ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад;
– ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин;
– ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад;
– манзили шахс дахлнопазир аст ва ғайраҳо.
Мувофиқи боби сеюми Конститутсия парламенти ҷумҳурӣ – Маҷлиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ иборат аст. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.
Тибқи Конститутсия (Боби чаҳорум) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи Конститутсия Президент низоми пулиро муайян намуда, Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро ба вазифа таъин ва озод мекунад.
Конститутсия пешбинӣ кардааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як вилояти мухтор мавҷуд аст (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), ки он қисми таркибӣ ва ҷудонопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия ҳокимияти судиро суд ба амал мебарорад. Суд мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, амалӣ мекунанд.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ, татбиқ менамоянд.
Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
Конститутсия муқаррар кардааст, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тағйирнопазиранд.
Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо, чун қонуни асосӣ, кафолат медиҳад.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад.
Дар охир қайд менамоем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳуқуқи Тоҷикистон, мебошад.
Икромов Раҷабалӣ, - ходими илмии Шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
(бахшида ба 31 солагии рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Чанд сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлатӣ ҳамчун навини тоҷикон қабул гардид, ки чун дастоварди воқеан таърихӣ ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳамин тавр, барои ҳар як кишвар доштани Конститутсия хело муҳим буда, чун нақши танзимгару тарғибгари қонуну қоидаҳо истифода мешавад. Баъди соҳибихтиёр гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳои абарқудрат 6 ноябри соли 1994 Конститутсияро тариқи райъпурсии умумӣ қабул намуда, то инҷониб ба он се маротиба тайғиру иловаҳо ворид карда шудааст. Ислоҳоту такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, Ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардид. Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон, марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, заминаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа гардид.
Мавриди зикр аст, ки Конститутсия санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар аст, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, шакли давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти давлат ва ҷомеаи солиму созада мебошад.
Дар партави ҳамин маҷмуаи қонуну оинҳо дар барномаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ шудаанд, ки ба ин восита донишҳои сиёсиву маърифати ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории мамлакат, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии наврасону ҷавонон боло рафта, бо ин дар масири эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳми намоён мегузоранд. Дар ҳар банди он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифзу ҳимоя гардида, дар худ ҳуввияти миллии мардуми сарбаландро инъикос менамояд.
Дар ин зимн, Конститутсия ҳуқуқҳои мову шуморо ҳимоя карда, сулҳу суботро таъмин намуда, шаҳрвандонро аз хатару таҳдидҳо огоҳӣ дода, муҳофизат менамояд. Конститутсия ҳамчун танзимгару танфизагари қонуни олии кишвар амал карда, принсипҳо ва қоидаҳоро баҳри ҷомеа муқаррар менамояд. Он барои ҷомеаи демократӣ муҳим буда, заминаи озодиву оромиву ободиро фароҳам меорад.
Вобаста ба ин, ҳуқуқшинос Сангинзода Дониёр чунин ақида намудааст: «Конститутсияҳои кишварҳои Осиё бо шумули Тоҷикистон ба мутобиқшавии иҷтимоӣ ва унсурҳои коллективии фарҳангӣ, мамолики Аврупо ба ҳамгироии байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, ва Амрико ба федерализм ва ҳуқуқҳои фардӣ бештар тамаркуз доранд». Инчунин, оид ба ин масъала қайд намудааст, ки конститутсияҳои Осиё, Аврупо ва Амрико аз таъриху фарҳанг, тағйироти сиёсӣ ва арзишҳои минтақавӣ ташаккул ёфта, гуногунии сохтор ва мазмунро нишон медиҳанд.
Вобаста ба ин Конститутсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубиро мавриди таҳқиқот қарор додем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон бештар бо номи “Оини Покистон” маъруфият дошта, таъминнамову танзимгару қонунҳои олии кишвар мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон аз 280 модда ва 7 ҷадвал иборат буда, системаи мутамаркази федералиро муқаррар мекунад.
Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамасола 10 апрел дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Конститутсияи миллӣ таҷлил намуда, аз он барои баланд бардоштани маърифати Конститутсия ва аҳамияти он дар байни мардум истифода менамояд.
Ҳамин тариқ, бо машварату корҳои муштарак нукоти асосии конститутсия амалӣ гардида, 23 марти соли 1956 дар ин кишвар расман “Рӯзи Покистон” пазируфта шуд, ки чун кишвари озод худро бо қабули конститутсия ҷашн мегирад. 21 октябри соли 2024 бисту шашуми санади ислоҳоти конститутсионӣ қабул карда шуд, ки ислоҳоти муҳимро дар системаи судии Покистон бо дарназадошти Додгоҳи Олӣ ворид намудааст.
Конститутсияи Покистон аз санаи 23 марти 1956 тасдиқ гардида, яке аз тӯлонитарин Конститутсия дар ҷаҳон мебошад.
Тибқи санадҳо конститутсияҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Ҳиндустону Покистон дар муқоиса бо кишварҳои бузурги ҷаҳон бо шумули ИМА, Британияи Кабир, Фаронса ва ғайра илҳом гирифта, шомили принсипҳои адолат, озодӣ ва баробарӣ гардидааст.
Дар қатори дигар кишварҳо дар Ҷумҳурии Ҳиндустон низ 26 ноябр аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон ҳамчун Рӯзи Конститутсия эълон карда шуда, санги ёдгорӣ дар назди муҷассамаи аввалин муаллифи Конститутсия Б.Р.Амбедкар (14 апрели 1891 – 6 декабри 1956), ки падари конститутсия маъруфаст, гузошта шудааст. Бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷӣ тамоми мактабҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон дар хориҷа тавсия дода шудааст, ки Рӯзи Конститутсия таҷлил гардида, сафоратхонаҳои кишвар конститутсияро ба забони маҳаллии он миллат тарҷума намуда, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ ва академияҳо, китобхонаҳо ва факултаҳои гуногуни шуъбаи ҳиндушиносӣ барои шиносоӣ ирсол намуданд. Ҳамин тавр, дар замони эътибор пайдо кардан, бо 395 модда дар 22 қисм ва 8 ҷадвал аз тӯлонитарин конститутсияи хаттии ҷаҳон буд. Дар ҳоли ҳозир Конститутсияи Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 448 модда дар 25 қисм ва 12 ҷадвал иборат мебошад.
Дар охир бояд қайд намуд, ки мо аз Конститутсия, ки сарчашмаи созандадагиву саодатмандӣ аст, нуктаҳои зеринро биомӯзем:
¾ Конститутсия шомили қонунҳое ки ташвиқу тарғиби ҳифзи шаъну шарафи инсонҳоро таъмин менамояд
¾ Конститутсия риояи адолату баробариро барои ҷомеа фароҳам меоварад.
¾ Конститутсия мафҳуми аслии зиндагии хубу гуворо доштанро бо риояи волоияти қонун медонад.
Ҳамин тавр, Конститутсияҳои давлатҳо ба мову шумо кафолат медиҳанд, то чун як ҷузви ҷудоношавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ миёни ҳам робита дошта, дар доираи сулҳу субот зиндагӣ кард, ки фарогири ҳуқуқ, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи амнияти иҷтимоӣ аст, заминаи хубро барои пешсафиву пешқадамӣ фароҳам меорад.
Раҳмонов Мирсаид,Ибрагимова Мадина, ходимони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Сарчашмаҳо:
1. Паёми Президенти Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 2023
2. Конститутсияи Покистон https://ur.wikipedia.org
Ҳангоми обшавӣ пиряхҳо на танҳо об, балки боз моддаҳои органикиро, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар дохилашон ҷамъ шудаанд, хориҷ мекунанд. Ҳангоми ба дарёҳо ҷорӣ шудан ин моддаҳо барои микробҳо ғизо шуда, ҳазм мешаванд ва ба атмосфера гази карбон бароварда мешавад. Омӯзиши таркиби химиявии пиряхҳо барои фаҳмидани шароити гузаштаи иқлим, пешгӯии тағйироти оянда ва арзёбии таъсири фаъолияти инсон ба сайёра маълумоти пурарзиш медиҳад.
Мавҷудияти элементҳои химиявӣ дар қабати пиряхҳо бо равандҳои ташаккул ва табдилёбии пиряхҳо зери таъсири процессхои иқлимӣ, вулканӣ, кайҳонӣ, хокию геологӣ, биологӣ, физикӣ ва антропогенй муайян карда мешавад. Ба ин таркиб макро ва микроэлементҳоро дохил мешаванд. Макроэлементҳои асосии Сl¯ Na+, K+, Mg2+ ва SO2- пайдоиши баҳрӣ ва ионҳои Fe, Al, Ca ва Mn, пайдоиши континенталиро доро мебошанд. Дар таркиби пиряхҳо инчунин доимо ионхои HCO2, NO2, NH4 ва HРO4 мавҷуд мебошад.
Cu, Zn, Pb, Cd, Hg, Co, Ni, V, Cr ва гайра ба микроэлементхои дар пиряххо мавчудбуда дохил мешаванд. Мавҷудияти онҳо асосан бо таъсири антропогенӣ алоқаманд аст. Таркиби кимиёвии пиряххои кухӣ бо сабаби ивазшавии равандҳои обшавию яхбандӣ дар қабати фирну ях, алока бо маводи морена ва чинсхои кухӣ, инчунин наздик будани дигар манбаъхои махаллии ифлосшавӣ дар фазою вақт якбора тағйир меёбад.
Як қатор элементҳои дар боло қайд кардашуда дар таркибӣ ҳамаи организмҳои зинда, дар миқдори муайян дида мешаванд. Масалан хлор аз як тараф гази заҳролуд буда, аз тарафи дигар, унсури кимиёвиест, ки бидуни он ҳаёт ғайриимкон аст. Вай амалан дар ҳама ҳуҷайраҳои бадани инсон мавҷуд буда, дар баробари калий ва натрий, ба кори узвҳои ҳозима мусоидат менамояд, функсияи мушакҳоро дастгирӣ ва ба интиқоли сигналҳо байни ҳуҷайраҳои асаб, кӯмак мекунад.
Илова бар ин, хлор ба ҳуҷайраҳои сурхи хун дар мубодилаи оксиген ва гази карбон, инчуни барои хориҷ кардани токсинҳо аз бадан кӯмак мекунад.
Талаботи ҳаррӯзаи хлор ба ҷинс, синну сол, саломатӣ ва тарзи ҳаёти инсон вобаста аст. Миқдори зарурии он барои кӯдакон аз 0,3 то 1,7 грамм, наврасон - то 3,1 грамм ва калонсолон - то 3,2 грамм муайян шудааст. Хлори зиёдатӣ ё гиперхлоремия як ҳолати хатарнокест, ки дар он миқдори хлориди хун аз 107 ммоль/л зиёд яке аз сабабҳои лахташавии хун мегардад.
Натрий, калий, магний ва фосфат (фосфор) барои бадани инсон ҳаётан муҳиманд: натрий ва калий мувозинати об ва кислотаю асосҳоро ба танзим дароварда, импулсҳои асабро идора менамоянд, магний дар кори ферментҳо ва кашиши мушакҳо иштирок карда, фосфат барои нигоҳ доштани равандҳои энергетикӣ ва рушди мувозинати скелет муҳим мебошад.
Оҳан ва алюминий дар бадани инсон нақшҳои гуногун доранд: оҳан барои интиқоли оксиген зарур буда, алюминий як унсури эҳтимолан заҳролуд ҳисобида мешавад, ки нақши тасдиқшудаи биологӣ надорад ва назорати истеъмолро талаб намекунад
Норасоии оҳан боиси камхунӣ, хастагӣ ва дигар мушкилоти саломатӣ мегардад, дар ҳоле ки оҳани зиёдатӣ метавонад ба заҳролудшавӣ оварда расонад.
Металлҳои вазнине, ки ҳангоми таҳлилҳо муаян карда мешаван, барои саломатии инсон заррарнок буда, ба ҳар гуна касалиҳои даруни оварда мерасонанд.
Таҳлили химиявии яхҳои пирях имкон медиҳад, ки таркиби атмосфераи гузаштаро фаҳмем, ифлосшавии онвақтаро муайян кунем, тағирёбии иқлимро пайгирӣ кунем ва микроорганизмҳои қадимиро омӯзем.
Таҳлили таркиби ҳубобчаҳои дар қабати ях мавҷудбуда дар бораи консентратсияи газҳои дар гузаштаи дур вуҷуддошта (масалан, CO2, CH4) маълумот медиҳад.
Муайян кардани металлҳои вазнин, пеститсидҳо ва дигар ифлоскунандаҳои дар ях мавҷҷудбуда барои муайян кардани манбаъҳои глобалии ифлосшавӣ ва тақсимоти онҳо кӯмак мекунад. Таркиби изотопии об (масалан, таносуби дейтерий ба гидроген, H2O/H2O) ва оксиген дар ях, тағйирёбии ҳароратро дар гузашта ошкор мекунад.
Ёрова Бибигул ходими хурди илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо иродаи озоди мардуми кишвар қабул гардид, санади таърихиест, ки пояи давлатдории навини тоҷиконро асос гузошт. Он рамзи ваҳдат, сулҳ, адолат ва ҳамбастагии миллӣ буда, ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро ба таври возеҳ танзим менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Конститутсия оинаи давлат ва роҳи рушди ҷомеаи озоду обод аст».
Дар ҳақиқат, маҳз ба шарофати ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, сулҳу субот дар Тоҷикистон пойдор гардид, заминаи устувори пешрафти иқтисод, маориф ва илм фароҳам омад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат барои рушди соҳаҳои илм ва тарбияи кадрҳои ҷавону соҳибистеъдод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.
Ҷавонон — нерӯи созандаи давлат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлат ва қувваи созандаи ҷомеа мебошанд. Ва ҳамеша таъкид меекунанд, ки:
«Ҷавонон бояд пешсафони илму маърифат ва поягузорони давлати муосир бошанд».
Имрӯз ҷавонони кишвар, ки дар муҳити сулҳу суботи сиёсӣ ба воя мерасанд, имконият доранд, то донишҳои муосирро азхуд намуда, дар пешрафти Ватан саҳми фаъол гузоранд. Аз ҷумла, ҷавонони олими соҳаи кимиё намунаи равшани татбиқи ин сиёсати давлатӣ мебошанд.
Дар муассисаҳои илмии кишвар, аз ҷумла дар Институти химияи ба номи В.И. Никитин садҳо ҷавонони боистеъдод ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд. Онҳо дар самти таҳияи моддаҳои нав, нано-технологияҳо, доруҳои ватанӣ ва ҳифзи муҳити зист корҳои арзанда анҷом медиҳанд.
Ин фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ шаҳодати он аст, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди илм ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод самараи воқеӣ мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил таъкид намудаанд:
«Илм чароғест, ки роҳи ҷомеаро ба сӯи ободӣ ва тараққиёт равшан месозад».
Ин гуфтаҳо барои ҳар як донишҷӯ ва муҳаққиқи ҷавон — дастури ҳаёт ва фаъолияти илмӣ мебошанд. Зеро илми муосир на танҳо воситаи пешрафти иқтисоди миллӣ, балки кафолати истиқлоли воқеии давлат аст.
Конститутсия — кафолати рушди илму фарҳанг
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрвандро кафолат дода, шароити мусоид барои рушди озоди илм, маориф ва фарҳанг фароҳам меорад. Он ба ҳар як ҷавон имконият медиҳад, ки дониш андӯхта, иқтидори зеҳнии худро дар роҳи пешрафти ҷомеа истифода намояд. Маҳз дар асоси ҳамин Конститутсия давлат барномаҳои миллӣ оид ба рушди илм, дастгирии олимони ҷавон ва навовариҳои илмиро роҳандозӣ намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр кардаанд:
«Агар миллат илму донишро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад, ояндаи он пурнур ва боэътимод хоҳад буд».
Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик, бахусус олимони соҳаи кимиё, бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ фаъолияти илмии худро идома диҳанд, то ки номи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ баланд садо диҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ, балки рамзи ваҳдат, субот ва пояи устувори рушди илму фарҳанг мебошад. Имрӯз ҳар як ҷавони тоҷик бояд дар зери партави ин ҳуҷҷати муқаддас зиндагӣ ва фаъолият намуда, бо дониш, заковат ва заҳмати худ ба ободии Ватан саҳм гузорад. Зеро, чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Илм пояи давлат аст, ва ҳар қадар илми мо пурқувват бошад, ҳамон қадар давлатамон устувор мемонад».
Аминова Нигора Аминовна, н. и. т., мудири Озмоишгоҳи Маводшиносии Институти химияи ба номи В.И. Никитин.
Миллати форсу тоҷик ба башарият нобиғаҳои бисёре тақдим намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни тибби амалӣ ва назариявӣ, биология, химия, фалсафа ва як қатор соҳаҳои дигари илм осори бойи илмӣ гузоштаанд. Яке аз онҳо Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ мебошад, ки ҳамчун олими энсиклопедисти барҷаста, файласуф, табиб, омӯзгор, риёзидон, кимиёгар ва табиатшиноси асрҳои VIII—IX шинохта шудааст.
Закариёи Розӣ 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар шаҳри Рай, дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Рай мегузарад. Аз маълумоти «Китоб-ут-тиб — ул — Мансурӣ» бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Ӯ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи бо роҳи кимиёвӣ мубаддал гардонидани маъданҳо ба тилло ва нуқра мешавад. Абурайҳони Берунӣ (973-1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид». Тибқи дигар маълумотҳо мутолиаи доимӣ сабаби хирагии чашми у мегардад.
Ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле (сурмакаш, табиби чашм) рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.
Тибқи маълумотҳои бадастомада Закариёи Розӣ пас аз чилсолагӣ ба илмҳои тиб ва фалсафӣ рӯй овардааст. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод меравад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ солҳои 786—809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр — ғуломи Мӯътазид (хилофаташ солҳои 892—902) дар садаи IX бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» машҳур гардид, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.
Закариёи Розӣ пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ — Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба уҳда гирифт. Ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст.
Баъди анҷоми таҳсили тиб дар Бағдод таҳти роҳбарии Табарӣ Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Испания ва мамлакатҳои дигар мебарояд. Ӯ дар Мовароуннаҳру Хуросон, дар пойтахти Давлати Сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. Ӯ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафарқардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд, аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.
Закариёи Розӣ илми тибро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро «Ҷолинуси араб» (Гален -пизишк, ҷарроҳ ва файласуфи юнонитабори Руми Қадим) номиданд. Бидуни сардухтури шаҳри Рай, балки садри бемористони асосии хилофати Бағдод таъйин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва табиби ҳозиқ будани вай мебошад. Закариёи Розӣ мероси илмии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Академияи Ганди Шопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.
Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад.
Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китобу-л- ҳовӣ» ва «Китобу-т-тиб ул-Мансурӣ» дохил мешаванд. «Китобу-л- ҳовӣ» аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣ — назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Асари муҳими тибии ӯ «Ал — ҳовӣ» инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул - маорифи тиббӣ» ёд мешавад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китобу-л чадори вал хасба» (китоби сурхакон (гул) ва сурхак) (оспа ва корь) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст, ки нишони маҳбубият ва маъруфияти асари мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар он ӯ фарқияти байни ин ду бемориро дақиқ баён кардааст, ки аввалин маротиба дар таърихи тибб буд. Ӯ нишонаҳо, аломатҳо ва роҳҳои гуногуни паҳншавии беморӣ ва роҳҳои табобатиро муқоиса карда, тавсияҳои амалӣ додааст. Ӯ инчунин қайд намудааст, ки касе ки як маротиба ба ин бемориҳо гирифтор шуда, шифо меёбад дар умри худ дигарбора ба ин бемориҳо дучор намегардад.
Асари ӯ дар Аврупо бо тарҷумаи лотинӣ («de Peste», «de Pestilentia») паҳн шуд. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои табобати ин бемориҳоро пешниҳод кард
Закариёи Розӣ бо вуҷуди дониши олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити оддитарин илоҷ карда шаванд. Ӯ мегуфт: «Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст». Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи «Abubater» ё «Razes» шуҳрат пайдо кард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, ӯ ба офариниши олам имони комил дошт, аммо биниши ӯ биниши моддӣ буд ва аз ақидаҳои хурофотӣ сарфи назар менамуд ва пайваста машғули таҳқиқ буда, зиндагии фақирона дошт.
Закариёи Розӣ дар соҳаи тиб як қатор навгониҳоро ҷорӣ намудааст, ки то имрӯз актуалӣ буда, дар тибби ҷаҳонӣ васеъ истифода бурда мешаванд.
1. Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ намудани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китобу-л-ҳовӣ»-и дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст.
2. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад. Ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурдааст.
3. Ӯ тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ аввалин маротиба ҷарроҳии бемориҳои саратонро анҷом додааст.
4. Ӯ аввалин шуда усули эмкуниро барои пешгирӣ кардани касалии сурхакон (оспа) ба кор бурдааст.
5. Дар тиб ихтисосро чорӣ намуд. "Як табиб наметавонад ҳама бемориҳоро табобат кунад".
6. Ӯ аввалин шуда барои аҳолии камбизоат «Дастури тиббӣ ба шахсоне, ки духтури шахси надоранд» офарид. Чӣ хеле дар боло қайд кардем, табиб барои табобати чашм аз олим 500 динор талаб мекунад. Ин нишонаи он аст, ки табобат гаронарзиш буда, барои аҳолии камбизоат дастнорас буд. Аз ин лиҳоз, Дастуре таҳия ва ба аҳолӣ пешкаш мекунад, ки дар он усулҳои пешгирии бемориҳо, табобат бо усулҳои дастрас, аз ҷумла бо гиёҳҳои шифобахш тавсия дода мешавад.
7. Ӯ дар бораи аҳамияти релеф барои сохтани беморхонахо навиштааст. Ӯ ба тозагӣ ва «ҷойи бинои беморхона» аҳамияти калон медод. Ӯ барои пайдо кардани макони беҳтарини беморхона дар Бағдод, порчаҳои гӯшти хурдро дар нуқтаҳои гуногун овезон кард. Маконеро, ки пораҳои гушт дертар ба вайроншавӣ оғоз карданд барои сохтмони беморхона мувофиқ мешуморид, чунки дар ин мавзеҳо микроорганизмҳо/бактерияҳо камтар вуҷуд доштанд.
8. Аввалин касест, ки дар тиб мархами сулфурро барои табобати бемории хоришак (чесотка) истифода бурдааст. Марҳами мазкур то ҳол дар илми тиб барои табобати бемориҳои пуст васеъ истифода мешавад.
9. Асбобҳои фарматсевтии офаридааш то ҳол истифода мешаванд: ҳован ва ҳовандаста (ступка и пестик).
10. Аввалин маротиба фарқи байни сурхакон (оспа) ва сурхак (кор)-ро тавсиф кардааст, ки дастоварди бузург дар таърихи тиб мебошад.
11. Ӯ сабабҳо, аломатҳо ва роҳҳои паҳншавии бемориҳоро дақиқ тавсиф карда, ба аҳамияти «ташхис» ва «мушоҳидаи клиникӣ» таъкид кардааст.
12. Ӯ таъсири доруҳо ва моддаҳои гуногунро меомӯхт ва ин таҷрибаро барои таҳияи доруҳои нав истифода мебурд.
13. Пеш аз ба беморон додани доруҳо, ӯ онҳоро дар ҳайвонот (масалан, маймун) санҷидааст, ки яке аз ибтидоии усули санҷиши дахлнок буд.
14. Яке аз усулҳои муҳими илмии ар-Розӣ ин ҷудо кардани «гурӯҳҳои назоратӣ» дар санҷиши таъсири табобат мебошад — масалан, ӯ пешниҳод карда буд, ки агар мехоҳанд таъсири фавти хуниро (phlebotomy, kumbe leeching) бар як ҳолати муайянро бодиққат омӯзанд, бояд беморҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кунанд — ба гурӯҳи табобат ва гурӯҳи назорат — ва натиҷаҳоро муқоиса кунанд.
Муҳаммад Закариёи Розӣ ҳамчун пизишки варзида ба бемориҳое таваҷҷӯҳи хоса мекард, ки дар замони ӯ бештар ба назар мерасид. Вай дар бораи подагра ва радикулит, дарди руда, шамолкашӣ, фалаҷ, табобати ҷарроҳӣ ва шикаста, хунрезӣ ва махав, бемориҳои пӯст, парҳез ва давоҳои парҳезӣ ва бисёр мавзӯъҳои дигар муфассал ва дастрас навиштааст.
Закариёи Розӣ ба осори Арасту ва Афлотун шарҳи ҷолибе ба ёдгор гузоштааст. Китобе дар илми мантиқ навишта, дар бораи фалсафаи Фисоғурис (Пифагор) низ асаре нигоштааст.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида, номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.
Ҳикмати ар-Розӣ — омезиши дониш аз мутафаккирон бо таҷрибаи худ ва интиқоди назари ҳадди ақал бидуни далел — дар таърихии илм хеле аҳамият дорад.
Бояд қайд намуд, ки Ибни Сино низ аз асарҳои Розӣ истифода карда, дар «Қонуни тиб» аз ӯ иқтибосҳо овардааст.
Ҳамин тавр, ба хулоса омадан мумкин аст, ки ар-Розӣ бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, аз намоёнтарин табибони даври худ буд. Аз натиҷаи корҳои амалии иҷронамудаи ӯ олимони даври Шарқу Ғарб васеъ истифода бурдаанд. Осор ва идеяҳои ӯ то ҳол актуалӣ буда, ба тадқиқот ва шакли таълимоти тиббии баъд аз ӯ таъсир расониданд.
Тибқи маълумотҳо файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст ва дар байни соли 320 ҳиҷрӣ ( 25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст.
Маъруфов Ашурмад Гадоевич - сардори Шӯъбаи илмҳои назариявӣ
ва фарматсевтии Шӯъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ
Ҷашни меҳргон яке аз ҷашнҳои кӯҳани мардуми ориёинажод ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни аҷдоди бо баракати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида ва тӯли чандин сол аст миёни мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Таърих ва аҳамияти ҷашни меҳргон маҳз дар замони соҳибистиқлоли ба воситаи эҳё ва таҷлили он миёни хурду бузурги мамлакат ошно гардонидани шуд. Пешвои муаззами миллат дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аҳамияти муҳим дорад, ҷиҳати тарғибу эҳёи ин ҷашни аҷдодӣ дастуру супоришҳои назаррас доданд. Чуноне ки муҳимияти ин ҷашнро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, иброз намуданд:
"Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст".
Воқеан меҳргон ҷашнест, ки гузаштагони мо онро ҷашн мегирифтанд, шоирону нависандагони мо аз он ситоиш менамуданд.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ — Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Маъсуди Саъди Салмон ҷашни Меҳргонро яке аз ҷашнҳои фарруху дӯстдоштани номбурда, ҳама рӯзи ин моҳро рӯзи меҳру меҳрубонӣ меномад. Ва мардумро ба меҳрубонию дӯсти даъват менамояд:
Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзой эй нигори моҳчеҳраи меҳрубон.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба рӯзи Меҳру ҷашни Меҳргон.
Кулли сарчашмаҳои таърихӣ ва нигоштаи бузургони мо далели яке аз ҷашнҳои муҳиму таърихи будани меҳргон аст. Боиси ифтихору сутуданист, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва оммавигардонии ин ҷашни кӯҳан шароити мусоид фароҳам омад, ҷавонони мо бозам аҳамияти ин ҷашнҳои миллиро ба монанди Наврӯз, сада, тиргон ва меҳргонро тавассути нақша - чорабиниҳое, ки бо ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд дарк намуда, ҳуввияти миллӣ ва дониши худро оид ба мероси гузаштагон инкишоф доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди фарҳангҳо ҷараён дорад ва хатари аз байн рафтани фарҳангҳо вуҷуд дорад, ҷашни меҳргон ҳамчун ҷашни ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ, расму оини аҷдоди, ташаккулдиҳандаи ҳуввияти миллӣ барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо муҳим мебошад. Меҳргон пеш аз ҳама як ҷашни мантиқӣ, ки дорои таърих ва расму оини хоси худ аст дар тӯли таърих аҳамияти худро то имрӯз нигоҳ доштааст.
Ҷашни меҳргон гувоҳи як миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою нотакрор будани миллати тоҷик аст. Ҳамчун ворисони ин ҷашни бузурги аҷдодӣ ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки дар тарғибу таҷлили он саҳми бориз дошта бошем. Аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фарҳангии миллӣ ҷонибдорӣ намоем.
Ҷашни меҳргон пояндаву Тоҷикистон ҷовидон бод!
АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, Мудири шӯъбаи
кор бо магистратрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ
Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ки ҳимояи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба он вобаста аст, зарурати қабули қонуну санадҳоеро, ки ҷовобгӯи ин талаботҳо бошанд ба пеш овард. Барои амали гардидани ин ҳадафҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки ба ин пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлолу демократӣ буда метавонист.
Зеро, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии кишвар яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрии давлати миллӣ буда, манбаи сарчашмаи қабули қонуну санадҳои ҳуқуқии давлат ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, ҳайати комиссияи конститутсионӣ, таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд ва рӯзи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ (референдиум) Конститутсияи навини давлати соҳибихтиёри тоҷикон қабул гардид.
Чуноне, ки дар дебочаи он зикр гардидааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем», бо ҳамин дарки мазмуну мундариҷа ва моҳияти Конститутсия кушода мешавад.
Мувофиқи муқарроти моддаи 5 Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи забон ва рамзҳои давлатӣ ҳалли худро бо пуррагӣ ёфтаанд.
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон нишонаҳои хос ва муқаддаси давлату миллати тоҷик мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомотҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Мақомотҳои коллегиалие, ки халқ онҳоро интихоб мекунад мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, аз қабили Маҷлиси Олӣ, мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ ба шумор мераванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии Президентиро муқаррар намудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64).
Президенти мамлакатро низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд, ки ӯ ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, муратабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунон ба салоҳияти Президенти кишвар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, дар дохили кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардан, таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳо, муайян намудани низоми пулӣ, таъсис намудани Шӯрои амният, таъин ва аз вазифа озод намудани судяҳои суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳои иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, дохил мешавад.
Конститутсия хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро муайян кард.
Сохти давлаторӣ ва ҷамъиятии он, муносибатҳои ҳамкорӣ ва ваколатҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкил ва тарзу усули идоракунии давлат, фаъолияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ҳолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандонро дар худ ифода кардааст.
Ҳамчунон, Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст, яъне «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъолияти мустақилонаро фароҳам овардааст.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.
Вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсону шахрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасиссаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад.
Моддаи 87-уми Конститутсия муқаррар намудааст, ки «Судяҳо дар фаъоляти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».
Муқаррароти мазкур амалу фаъолияти суд ва судяҳо, мустақилияти онҳо ва имконияти пурраю беғаразонаи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.
Принсипи мустақиляти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразонае, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст. Инчунин, мустақилияти судяҳо бо татбиқи принсипи баамалбарории адолати судӣ аз ҷониби судяҳо асос меёбад.
Ба таври мубоҳиса гузаронидани мурофиаи судӣ, баробарии тарафҳо дар назди қонун ва суд яке аз принсипҳои конститутсионӣ, ки демократӣ будани мурофиаи судӣ ба ҳисоб рафта, маънои онро дорад, ки адолати судӣ дар асоси баробарии ҳар кас дар назди қонун ва суд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк сурат мегирад.
Баррасии ошкорои парвандаҳои судӣ, аҳаммияти тарбиявӣ дошта, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуда, муносибатҳои шаҳрвандонро ба ҳокимияти судӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ афзун менамояд.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассиса таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳамин радиф Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 апрели соли 1997 ба тасвиб расониданд, ки ба мустаҳкам намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани мавқеи он дар ҷомеа равона гардидааст.
Дар чор Барномаҳои ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул карда шудаан, қайд гардидааст, ки хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии ҷомеаву давлат мебошад.
Барномаҳои номбурда фаъолияти ҳокимияти судиро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки бевосита дар ба амал баровардани адолати судӣ робитаи ҷудонашванда доранд низ дар бар мегирад.
Асоси ислоҳотҳои судӣ ин тақвият бахшидани мақоми суд, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар пояи он куллан тағйир додани фаъолияти макомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Маҳз, дар даврони соҳибихтиёрӣ қабул гардидани Конститутсия ва дар заминаи он таҳия шудани як силсила қонунҳо, ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуда истодааст.
Қабул гардидани қонунҳои нав дар асоси меъёрҳои Конститутсия салоҳияти судҳоро васеъ ва масъулияти онҳоро дучанд месозанд.
Қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ва ғайраҳо тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ба салоҳияти суд вогузор карда шудаанд.
Кодекси нави мурофивии ҷиноятӣ кулли ҷабҳаҳои фаъолияти пешбурди мурофиаи ҷиноятиро бо назардошти стандартҳои умумиэътирофшуда комилан тағйир дода, доираи салоҳияти ҳокимияти судиро дар таъмини адолати судӣ афзун намуд.
Меъёрҳои хуқуқии конститутсионӣ ифодаи пурра ва мукаммали худро дар Кодекси нав дарёфт кардаанд, инҳо:- принсипҳои ҳифзи судӣ (моддаи, қонуният (моддаи 9), эҳтироми шаъну шараф (моддаи 10), дахлнопазирии шахсият (моддаи 11), дахлнопазирии манзил (моддаи 13), эҳтимолияти бегуноҳӣ (моддаи 15), баробарӣ дар назди қонун ва суд (моддаи 16), мустақилияти судяҳо (моддаи 17), мубоҳиса ва баробарии тарафҳо (моддаи 20) ва ғайра мебошанд.
Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразонае, ки дар асоси Конститутсия таъсис дода шудааст, мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, тибқи тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия 22 майи соли 2016 ворид гардид, Шӯрои адлия ҳамчун мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки роҳбарии фаъолият ва сиёсатии кадрии ҳокимияти судиро амалӣ менамуд, аз байн бардошта шуда, функсияҳои он ба худи мақомоти судӣ дода шудааст, ки ин ҳолат ба мустақилияти судҳо заминаи ҳуқукӣ гузошт.
Дар фарҷом бо ифтихор шукр аз давлату миллати худ менамоям, ки бо шарофатии истиқлолияти давлатӣ, оромию суббот дар ҷомеаи навини мо, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукмфармо гардидааст ва хоҷагии халқи мамалакат равнақу ривоҷ ёфта, мардуми сарбаланди Тоҷикистон озодона кору зиндагӣ карда истода, барои ободу зеботар кардани ватани азизи худ меҳнат менамоянд ва Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
Қодирзода Тоҳир Қамар - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинов, ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлоли кишвар буда, он дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 имконпазир гардид. Албатта, ба даст овардани Истиқлоли кишвар як руйдоди оддӣ набуда, натиҷаи муборизаҳои дурударози таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки дар натиҷаи он муяссар гардид, то Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол қабул карда шавад. Ин тезис на танҳо бо таърихи марҳилаи шуравии давлатдории тоҷикон, балки таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллат низ исбот карда мешавад. Мубориза бар зидди аҷнабиён аллакай дар таърихии бостонии мардуми ориёии тоҷик бар зидди масалан Заҳҳок, минбаъд дигар ғосибон оғоз гардида, миллати тоҷик намуна ва таҷрибаи бисёрҳазорсола дар ин муқовиматҳо доштанд ва доранд.
Инқилобҳои сотсиалистӣ дар Русия (с.1917) ва ҳудуди Осиёи Марказӣ (с.1920) ба марҳилае дар таърихи тоҷикон рост омад, ки дар байни мардуми тоҷик ҳанӯз пролетариат, яъне синфи коргар муттаҳид набуд ва шуури сиёсии баланд надошт. Аз ҷониби дигар, намояндагони донишманд ва аққалан босаводи миллат дар ин ё он вазифаи давлатӣ ва ё муасисаи динӣ, тиҷорат мавқеи худро ёфта, дар масъалаи мазҳабӣ низ ҳамчун мубаллиғони таълимоти динӣ маълуму машҳур буда, ҷонибдори сохтори мавҷудаи давлатдорӣ буданд.
Дар давраи Шуравӣ низ ба миллати тоҷик имконият даст надод, то аз кулли музаффариятҳои шакли нави давлатдорӣ баҳра барад. Таърихи қадимаи миллати тоҷик ки дар асотиру ривоятҳо, китобҳои динӣ ва осори бадеиву шеъру сурудаҳои миллӣ аз қабили Авестову «Шоҳнома» ва даҳҳо «Худойномак»-ҳо суруда шуда буд ба халқҳои ҳамсоя маълум буд. Инчунин, доштани давлатдориву сиёсати тоҷикон таърихи куҳан дошта, диққати ҳазорон муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷониби дигар пешоҳанги фарҳангу тамаддун, тарбияву ахлоқ будани тоҷикон низ исботро талаб намекунад. Ду «муаллими инсоният», Абунасри Форобиву Мискавайҳ, баъд аз Арасту муаллимони дуюму сонӣ шинохта шудаанд ва то имрӯз дигар ашхоси маъруфи ҷаҳоние пайдо нашудааст, ки соҳиби ин унвон гашта бошад.
Миллати тоҷик дар ҳудуди Осиёи Марказӣ то Чину Ҳинд ва Ирону Бағдод паҳн гардида, дар тӯли таърихи тамаддун корҳоеро анҷом додаанд, ки дигарон то имрӯз ба он қодир нестанд, мисли Абуалӣ ибни Сино дар тиб, Муҳаммади Хоразмӣ дар илмҳои риёзӣ, Берунӣ дар илми геология ва маъданшиносӣ ва ғайра, Абуҳанифа, Мовардӣ, Аҳмаду Муҳаммади Самарқандӣ дар илми калом, Исмоили Бухорӣ дар илми ҳадис ва ҳазорон дигар намояндагони миллат тоҷик. Аксарияти дастовардҳои миллати тоҷик ба роҳбарияти давлати Шуравӣ маълум буда, онҳо кӯшиш намуданд, то ҳангоми тақсимоти марзиву маъмурӣ ба тоҷикон давлати маҳдуд – ҷумҳурии мухтор дода шавад.
Аз марҳилаи оғози давлатдории Шуравӣ муборизаи миллати тоҷик барои таъсиси давлати соҳибистиқлоли шуравӣ оғоз мегардад. Хати мубориза чӣ дар соҳаи фарҳанг («Овози Тоҷик», «Намунаи адабиёти тоҷик») сиёсат, иқтисодиёт давом ёфта, ҷоннисориҳои Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Чанор Имомов ва садҳо дигар инқилобиёни тоҷик, инчунин баромад ва нигоҳ доштани поезди роҳбари давлати Шуравӣ М.И. Калинин аз ҷониби мардуми Конибодом заминаи таъсиси ҷумҳурии мустақили ҳафтум (аз ҷиҳати шумора) дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Албатта ошкору ниҳон барои ислоҳи хатоҳое, ки дар оғози тақсимоти марзиву маъмурӣ аз ҷониби комиссияи марбута ва роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ содир шуда буд, фаъолиятҳое бурда мешуданд. Яке аз онҳо лоиҳаи қарори ба Тоҷикистон додани вилоятҳои Сурхондарё ва Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон буд, ки тибқи иттилооти бойгонӣ яке аз нодиртарин қарорҳои қабулшуда аст, ки Иосиф Виссарионович Сталин иҷроиши онро ба қафо партофта, дигар барои ҳалли он барнагаштааст.
Албатта, бо оғоз гардидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, хатми он ва азнавсозии сотсиалистии кишвар, ба масоили тақсимоти нави ҳудудӣ диққат дода нашуд. Бо эълони давлати мутараққии сотсиалистӣ ва халқи ягонаи шуравӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ барои баррасии ингуна масоил ҷой намонд.
Мибаъд, эълони Истиқлоли кишвар барои нерӯҳои фаъоли кишвар майдони фарох кушод. Дар натиҷа дар Тоҷикистон аҳолӣ ба гурӯҳҳои гуногун тақсим гардида, роҳу воситаҳои гуногун, ва дурнамои гуногуни Тоҷикистонро тасаввур ва барои он мубориза оғоз намуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати тоҷик гарон афтода, харобиҳои зиёд ва аз ҳама вазнин талафони ҷонӣ, дод.
Ба ҳамаи талафотҳо нигоҳ накарда, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист на танҳо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф созад, балки дар пайи рушди кишвар бо ҳадафҳои стратегӣ мардумро ба ободкорӣ равона кунад. Заминаи ин обокориҳо ҳуқӯк ва қонунгузории кишвар ба ҳисоб меравад.
Кулли муносибатҳои номбаршуда тибқи қонунгузории амалкунанда танзим гардида, махсусан қабули Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ гардиши ҷиддӣ дар сохтор, мазмун ва моҳияти фаъолияти Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ворид сохт.
Танзими конститутсионии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи кишварро муттаҳид намуда, тартиботи қонуниро устувор намуд. Меъёру падидаҳои Конститутсия аз соли 1994 дар ҳаёти кишвар таъсири бузурге расонида, роҳи ташаккулу рушди ҷумҳурии ҳуқуқиро кушоданд. Ислоҳотҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 қадам ба қадам ба амиқ намудани падидаҳои конститутсионӣ равона шуда, як қатор падидаҳои конститутсионӣ ба идеали қонунгузории аврупоӣ наздик гардиданд.
Масоили таҷзияи ҳокимият, мустақилияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, синни интихоб ва ё тайин намудан ба мансабҳои давлатӣ, омодасозии кадрҳо барои шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ғайра масоиле буданд, ки марҳила ба марҳила танзими амиқтари худро дар меъёрҳои Конститутсия дарёфт намуданд.
Имсол 31 – умин солгарди қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Албатта, ин як марҳилаи муайян - умри як насли инсон аст, ки агар соли 1991 таваллуд шуда бошад, имрӯз соҳиби касб, оила ва зиндагонии мустақил аст.
Имрӯз метавонем, аз таърихи мавҷудият ва амали Конститутсияи кишвар баъзе хулосаҳо барорем.
Пеш аз ҳама, бо қабули Конститутсия мардуми кишвар роҳ – дурнамои рушди кишварро аниқ карда, онро дастгирӣ намуд.
Дуюм, новобаста аз дастгирӣ ва ё норозигии баъзе ашхосу гурӯҳҳои иҷтимоӣ Конститутсия миллатро муттаҳид намуд.
Сеюм, Конститутсия ба мардуми тоҷик умед аз оянда дода, мақсадҳои кишвар ва ҷомеаи тоҷиконро дар худ ифода намуд.
Чорум, Конститутсия ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи ҳуқуқи кишвар муддати 31 сол боз аҳамияти худро на танҳо гум накардааст, балки он афзун гашта, дар заминаи он таълимотҳои нави илмиву назарӣ ва инчунин амалӣ ба вуҷуд меоянд.
Дар охир кулли хонандагон, аҳли кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, таманнои пешрафти ҷомеа, оромиву сулҳ ва ободии кишвар, саломативу хушбахтии ҳар яки Шумо дорем.
Буризода Э.Б. – профессор, мудири шуъба дар ИФСҲ-и АМИТ;
Холинова М.М. –дотсент, Ходими калони илмии ИФСҲ-и АМИТ;
Эмомализода Н.Э. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд
Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ (865-925) аз бузургтарин пизишкон, файласуфон ва табииётдону кимиёдонони гузаштаи мост, ки дар Аврупои асрҳои миёна бо номҳои лотинишудаи Разес (Rhazes) ва Абубатер (Abubater) машҳур гаштааст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар асрҳои XII-XIII чандин асари илмии Абубакри Розӣ дар Аврупо ба забони лотинӣ тарҷума шудааст. Масалан, “Ҷомиъ-ул-кабир” ё “Ҳовӣ” (Фарогир) муҳимтарин асари тиббии вай мебошад, ки соли 1279 бо номи “Continens” дар Аврупо ба забони лотинӣ тарҷума ва борҳо ба табъ расидааст.
Ё китоби “Кунноши Мансурӣ”-и Розӣ, ки ба номи ҳокими Рай – Абусолеҳ Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмади Сомонӣ (бародарзодаи Исмоили Сомонӣ) таълиф шудааст, соли 1481 бо номи “Liber Almansoris” ба забони лотинӣ тарҷума ва борҳо дар шаҳрҳои Аврупо ба табъ расидааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон бахшҳое аз ин китоб солҳо дар барномаи дарсии донишгоҳҳои бузурги Аврупо ворид шуда, тадрис мегардид.
Бузургии Абубакри Розӣ ба ҳаддест, ки бори нахуст зиндагиномаи мухтасар ва феҳристи осори ӯро яке аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи замонҳо – устозурраис Абурайҳони Берунӣ дар соли 1036 тартиб дода, дар охири он феҳристи асарҳои худ ва асарҳоеро, ки дигарон ба номи ӯ навишта буданд, илова кардааст.
Берунӣ дар рисолаи “Феҳрист” номи Розиро ба ду шакл: гунаи мукаммали Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ ва гунаи мухтасари Абубакр ёд кардааст. Дар робита ба зиндагиномаи ин пизишк ва файласуфи маъруф Берунӣ мегӯяд, ки зодгоҳаш шаҳри Рай буд ва зодрӯзаш ғурраи шаъбони соли 251 (мутобиқ ба 27 августи соли 865). Ҳамчунин Берунӣ таъкид мекунад, ки аз аҳволи Розӣ маълумам нашуд, ки чаро вай ба кимиё машғул гардида, чашмонашро нобино кард. Вале тавзеҳ медиҳад, ки наздикӣ бо оташ ва тундию бӯйҳои тез чашмони ӯро дучори беморӣ кард ва ӯро ба дармон ночор гардонд. Ҳамин ҳол ӯро водор сохт ба пизишкӣ машғул шавад. Вай дар ин синоат ба пояи олӣ расид ва шоҳони бузург ниёзманди ӯ гаштанд ва ӯро бо эҳтиром назди худ мехонданд.
Берунӣ мегӯяд, ки Розӣ пайваста ба хондан машғул буд ва ин корро сахт дунболагирӣ мекард, то ҷойе ки чароғи худро дар чароғдоне бар рӯйи деворе мениҳод ва китоби худро бар он девор такя медод ва ба хондан машғул мешуд, то агар хоб ӯро даррабояд китоб аз дасташ бияфтаду бедор шавад ва хондани худро идома диҳад ва ин амр чашми ӯро камнур месохт. Розӣ ба қавли Берунӣ ҳамчунин дар хӯрдани боқило ҳарис буд ва ба ин васила ба чашми худ зиён мерасонд ва анҷоми кори ӯ ба кӯрӣ кашид.
Берунӣ ёдовар мешавад, ки дар поёни умри Розӣ чашмонаш об овард ва яке аз шогирдони ӯ аз Табаристон қасди дармони вай кард. Розӣ аз чигунагии дармони чашмаш аз ӯ пурсид ва шогирдаш чигунагии дармонро шарҳ дод. Розӣ гуфт: Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ту дар миёни чашмпизишкон ягона ва донотарин касе ҳастӣ, вале медонӣ, ки ин амр дардҳое дар пай дорад ва шиканҷаҳое, ки одамиро хаста месозад ва шояд, ки умри ман сар омада, марг наздик шуда бошад, он гоҳ барои ҳамчу мане зишт аст, ки дар бозмондаи умраш дарду ранҷро бар роҳат баргузинад. Пас, ба шаҳри худ боз гард, дар ҳусни нияти кардаат аз ту сипосгузорам. Ва ҷоизаи фаровоне ба вай дод.
Пас аз он ба гуфтаи Берунӣ рӯзгори дарозе нагузашт ва Розӣ дар панҷуми шаъбони санаи 313 (мутобиқ ба 31 октябри соли 925), дар он вақт, ки синни ӯ ба соли қамарӣ шасту ду солу панҷ рӯз ва ба соли шамсӣ шаст солу ду моҳу як рӯз буд, дар Рай вафот ёфт.
Феҳристи осори Абубакри Розӣ, ки Абурайҳони Берунӣ тартиб додааст, аз тарафи муҳаққиқон комилтарин феҳристи осори ин донишманди бузург эътироф шудааст.
Бо мақсади ошноӣ ва иттилои бештари хонандаи арҷманд бо осори Абубакри Розӣ ин осор айнан ҳамчунон, ки дар нусхаи асли Берунӣ омадааст, танҳо бо афзудани тарҷумаи тоҷикӣ дар зер оварда мешавад:
Кутубуҳу фи-т-тиб (Китобҳояш дар тиб)
1. “Ал-ҷомиъ-ул-кабир” ва қад ъурифа би-л-Ҳовӣ ва ҳува ка-таъолиқин лам йатасарраф фиҳо ва лам йутиммаҳ (“Ҷомеъи бузург”, ки ба “Ҳовӣ” (Фарогир) маъруф аст ва ин китоб ҳамчун таълиқотест, ки дар он тасарруф накарда, онро ба поён нарасонидааст).
2. “Исбот-ут-тиб” (Исботи илми тиб).
3. “Ал-мадхалу ила-т-тиб” (Даромаде ба илми тиб).
4. “Ар-радду ъала-л-Ҷоҳиз фи муноқазатиҳ-ит-тиб” (Радди муноқизаи тибби Ҷоҳиз).
5. “Ар-радду ъала-н-Ношӣ фи нақзиҳ-ит-тиб” (Радди нақзи тибби Ношӣ).
6. “Фи миҳнат-ит-табиби ва кайфа йанбағӣ ан йакуна” (Дар озмоиши табиб ва инки ӯ чи гуна бояд бошад).
7. “Ал-муршид” (Роҳнамо).
8. “Ал-куннош-ул-Мансурӣ, ъамилаҳу ли-Мансури ибни Асад қаробату волӣ Хуросон” (“Маҷмуаи Мансурӣ”, ки онро барои Мансур ибни Асад аз наздикони волии Хуросон навиштааст).
9. “Тақосим-ул-ъилал” (Тақсимбандии бемориҳо).
10. “Ат-тибб-ул-мулукиййу” (Тибби шоҳӣ).
11. “Ман ло йаҳзуруҳ-ут-табиб” (Он ки ба табиб дастрасӣ надорад).
12. “Ал-адвийат-ул-мусҳилат-ул-мавҷудату фи кулли макон” (Доруҳои осонёфт, ки дар ҳар макон мавҷуданд).
13. “Ал-қарободин-ул-кабир” (Карободини бузург (нусхаи доруҳо)).
14. “Ал-қарободин-ус-сағир” (Карободини хурд).
15. “Ал-иклил” (мансубун илайҳи) (Тоҷ, ки мансуб ба ӯст).
16. “Китоб-ул-фохир” (мансубун илайҳи) (Китоби фохир, ки ба вай мансуб аст).
17. “Дафъу мазорр-ил-ағзийа” (Канорагирӣ аз зиёни ғизоҳо).
18. “Китоб-ул-ҷударийи ва-л-ҳасба” (Китоби обила ва сурхакон).
19. “Китобуҳу фи таваллуд-ил-ҳасот” (Китоби ӯ дар пайдоиши сангреза).
20. “Китобуҳу фи қуланҷ” (Китоби ӯ дар дарди рӯда).
21. “Китобуҳу фи ниқрис ва авҷоъ-ил-мафосил” (Китоби ӯ дар дарди пой ва дарди бандҳову пайвандҳо).
22. “Китобуҳу фи фолиҷ” (Китоби ӯ дар фалаҷ шудан).
23. “Китобуҳу фи-л-лақва” (Китоби ӯ дар дарди даҳон).
24. “Фи ҳайат-ил-кабид” (Дар сохти ҷигар).
25. “Фи ҳайат-ил-қалб” (Дар сохти дил).
26. “Фи ҳайат-ил-унсайайн” (Дар сохти ду хоя).
27. “Фи ҳайат-ис-самох” (Дар сохти сӯрохи гӯш).
28. “Фи-л-фасад” (Дар раг задан).
29. “Ас-сайдана” (Дорушиносӣ).
30. “Китоб-ул-ибдол” (Китоби ибдол).
31. “Атъимат-ул-марзо” (Хӯроки беморон).
32. “Манофиъ-ус-сиканҷабин” (Манфиатҳои сирка-ангубин).
33. “Илоҷот-ул-убна” (Дармонҳои хориши мақъад).
34. “Китобун ҷамаъа фиҳи-л-аъмола би-л-ҳадид” (Китобе, ки дар он чигунагии ба кор бурдани абзорҳои оҳанинро ҷамъ кардааст).
35. “Китобуҳу ал-кабиру фи-л-ъутури ва-л-анбиҷоти ва-л-адхон” (Китоби бузурги ӯ дар атру равғану хушбӯйиҳо).
36. “Тақдим-ул-фокиҳати қабл-ат-таъоми ва таъхируҳо минҳу” (Хӯрдани мева пеш аз хурок ва пас аз он).
37. “Фимо ҷаро байнаҳу ва байна Ҷарир ат-Табиб фи-т-тути ъақиб-ал-биттих” (Баҳс миёни ӯ ва Ҷарири Табиб дар бораи хӯрдани тут пас аз харбуза (тарбуз)).
38. “Фи-л-назлат-ил-латӣ конат таътари Або Зайд” (Дар зукоме, ки ба Абузайд падид меояд).
39. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ туҳдису ал-варама ва-з-зукома фи руус-ин-носи вақт-ал-вард” (Дар сабаби он ки вараму зуком дар сари мардум вақти гул пайдо мешавад).
40. “Фи вуҷуб-ил-истифроғи фи авоил-ил-ҳуммийот” (Дар зарурати қай кардан дар оғози табҳо).
41. “Фи-л-моъ-ил-мубаррид би-с-салҷи ва-л-мубарриди ъала-с-салҷ” (Дар обе, ки бо афзудани барф сард шуда бошад ва обе, ки дар болои барф сард шуда бошад).
42. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо йазъаму ҷуҳҳол-ул-атиббои анна ас-салҷа йуъаттиш” (Дар сабаби он ки табибони нодон чунин мепиндоранд, ки барф ташнагӣ меоварад).
43. “Фи-н-ниқрис” (Дар дарди пой).
44. “Фи-л-ъилал-ил-қотилати ли-ъизамиҳо ва-л-фоилати ли-зуҳуриҳо бағтатан” (Дар сабаби бемориҳое, ки қотиланд ба ҷиҳати бузургияшон ва бемориҳое, ки ногоҳ пайдо мешаванд).
45. “Фи ъиллат-ил-мавт-ил-ваҳййи мин-ас-сумум” (Дар сабаби марги зуд аз заҳролудӣ).
46. “Фи анна-л-лаҳмйат-ал-муфритата зорратун би-л-иҳсо” (Дар инки гуруснагии сахт барои тандурустон зиён дорад).
47. “Фи анна ли-т-тин-ил-мутанаққали биҳи манофиъ” (Дар ин ки хокеро, ки аз он мегузаранд, манфиатҳо дорад).
48. “Фи ъиллати таътиш-ис-самак” (Дар сабаби ташнагӣ овардани моҳӣ).
49. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо сора-н-ноиму йуърақу аксара мин-ал-йақзон” (Дар сабаби он, ки каси хобида бештар аз шахси бедор арақ мекунад).
50. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо сора-л-харифу мумриз” (Дар сабаби он ки тирамоҳ бемориовар аст).
51. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ [лаҳо] йудфаъ-ул-ҳарру марратан би-т-такашшуфи ва марратан би-т-тадассур” (Дар сабаби он ки ҳарорат гоҳе бо бараҳна шудан ва гоҳе бо пӯшидан бартараф мешавад).
52. “Фи анна-т-табиб-ал-ҳозиқа лайса йақдиру ъало ибро-ил-ъилали куллиҳо ва анна золика лайса фи вусъ-ил-башар” (Дар ин ки табиби ҳозиқ бар дармони ҳама бемориҳо қодир нест ва ин дархури тавоноии башар намебошад).
53. “Фи аннаҳу йанбағӣ ли-т-табиби ан йатакаллафа ли абсол-ин-носи ило шаҳавотиҳим” (Дар ин ки табиб бояд дар расонидани мардум ба майлҳояшон кӯшиш намояд).
54. “Фи-л-ағроз-ил-мумилати ли қулуби касирин мин-ан-носи ъан афозил-ил-атиббои ило ахиссоиҳим” (Дар ғаразҳое, ки дили бештари мардумро аз табибони фозил ба нофозил моил месозад).
55. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо тарака [баъзу] ан-носи ва руъоъуҳум ат-табиба ва ин кона ҳозиқ (Дар сабаби он ки бархе аз мардум ва оммаи онон табибро тарк мекунанд, ҳарчанд вай ҳозиқ бошад).
56. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо йанҷаҳу ҷуҳҳол-ул-атиббои ва-н-нисоу аксара мин-ал-уламо” (Дар сабаби он ки табибони нодон ва оммаи мардум ва занон бештар аз табибони донишманд комёб мешаванд).
Ат-табиъиййот (Табииёт // Физика)
57. “Самъ-ул-кийон” (Шунидани табиӣ).
58. “Ар-радду ъало ал-Мусмаъийи фи раддиҳи ъала-л-қоилина би қидам-ил-ҳайуло” (Рад бар Мусмаъӣ дар боби радди ӯ гӯяндагони қидами ҳаюлоро).
59. “Ал-ҳайуло-ус-сағир” (Ҳаюлои хурд).
60. “Ал-ҳайуло-ул-кабир” (Ҳаюлои бузург).
61. “Фи-з-замони ва-л-макон” (Дар замон ва макон).
62. “Мо ҷаро байнаҳу ва байна Аби-л-Қосим-ил-Каъбӣ фи-з-замон” (Баҳси миёни ӯ ва Абулқосими Каъбӣ дар бораи замон).
63. “Фи фарқи байна ибтидо-ил-муддати ва байна ибтидо-ил-ҳаракот” (Фарқ байни оғози муддат ва оғози ҳаракат).
64. “Фи-л-лазза” (Дар лаззат).
65. “Фимо ҷаро байнаҳу ва байна Шаҳид-ил-Балхӣ фи-л-лазза” (Дар робита ба баҳси миёни ӯ ва Шаҳиди Балхӣ дар бораи лаззат).
66. “Фи тасбит-ил-истиҳолати ва муноқазати ман қола [инна] ат-тағаййура кумунун ва зуҳур” (Дар исботи истиҳола ва радди он кас, ки гуфтааст тағйир пӯшидагӣ ва зуҳур аст).
67. “Фи кайфиййат-ил-иғтизо” (Дар чигунагии ғизо гирифтан).
68. “Фи кайфиййат-ин-нумув” (Дар чигунагии сабзиш).
69. “Фи-т-таркиби ва аннаҳу навъон” (Дар таркиб ва ин ки он ду навъ аст).
70. “Фи-т-таркиб” (Дар таркиб).
71. “Фи анна ли-л-ҷисми муҳаррикан мин зотиҳи табиъиййан” (Дар инки ҷисм муҳаррике табиӣ аз зоти худ дорад).
72. “Фи аннаҳу йумкину ан йакуна сукунун ва ифтироқун лам йазал ва ло йумкин ан йакуна ҳаракатун ва иҷтимоъун лам йазал” (Дар ин ки мумкин аст сукун ва аз ҳам ҷудо шудан азалӣ бошад ва мумкин нест, ки ҳаракату ба ҳам омадан азалӣ бошад).
73. “Фи-л-ъодати ва аннаҳо таҳаввулу табиъа” (Дар одат ва ин ки он ба табиат табдил мешавад).
74. “Фи-л-баҳси ъан-ил-ъарзи аҳийа ҳаҷариййатун фи-л-асли ам табиъиййа” (Дар баҳс аз замин, ки дар асл аз санг аст ё аз хок).
75. “Фи ъиллати ҷазб-ил-миғнотиси ал-ҳадид” (Дар сабаби ба худ кашидани оҳанрабо оҳанро).
76. “Фи-л-ъатши ва сабаби издийод-ил-ҳарорати [лизолика]” (Дар ташнагӣ ва сабаби фузунии ҳарорат дар натиҷаи он).
77. “Фи анна марказ-ал-арзи йанбуъ-ул-бард” (Дар ин ки маркази замин манбаи сармост).
78. “Фи ҷавв-ил-асроб” (Дар ҳавои нуқоти зери замин).
79. “Фи-р-радди ъало Ҳусайн ат-Таммор ъало ҷавв-ил-асроб” (Дар рад бар Ҳусайни Таммор дар масъалаи нуқоти зери замин).
80. “Фи-ш-шаър” (Дар мӯй).
81. “Фи-л-хийори-л-мур” (Дар бораи бодиринги талх).
82. “Фи-р-радди ъало Ас-Сарахсиййи фи амр-ит-таъм-ил-мур” (Дар рад бар Сарахсӣ дар бораи мазаи талх).
83. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо сора мубтаран мин-ал-бадани ло йалтасиқу биҳ” (Дар сабаби он ки он чи аз бадан ҷудо шуд, ба он намепайвандад).
84. “Фи маърифати татриф-ил-аҷфон” (Дар шиносоии баҳам задани пилкҳои чашм).
85. “Фи-л-азминати ва-л-аҳвийа” (Дар замонҳо ва ҳавоҳо).
86. “Фи-л-баҳси ъаммо қила фи кутоб-ил-Устуқуссоти фи табиъат-ил-инсон” (Дар баҳси он чи дар китоби “Устуқуссот” (унсурҳои чоргона) дар табиати инсон омадааст).
87. “Мо қолат-ил-қудамоу фи-л-мабодии ва-л-кайфиййот” (Он чи ки пешиниён дар бораи мабодӣ ва кайфиёт гуфтаанд).
88. “Аш-шукуку ъало Ҷолинус” (Шакҳо бар Ҷолинус).
89. “Фимо вақаъа ли-л-Ҷоҳизи мин-ат-таноқузи фи “Фазилати синоъат-ил-калом”” (Таноқузоте, ки барои Ҷоҳиз дар китоби “Фазилати санъати сухан” рух додааст).
Ал-мантиқиййот (Мантиқ)
90. “Ал-мадхалу ила-л-мантиқ” (Даромаде ба илми мантиқ).
91. “Ҷавомиъу қотиғурийос ва бориарминийос ва анулитиқо” (Ҷавомеи китобҳои мақулот, иборот ва қиёс).
92. “Фи-л-мантиқ би алфози мутакаллимий-ил-ислом” (Дар мантиқ ба алфози мутакаллимони ислом).
93. “Китоб-ул-бурҳон” (Китоби бурҳон).
94. “Кайфийат-ул-истидлол” (Чигунагии истидлол).
95. “Қасидатуҳу фи-л-мантиқ” (Қасидаи ӯ дар мантиқ).
96. “Фи-л-хабари кайфа йускину илайҳи ва мо ъаломат-ул-муҳаққақи минҳу” (Дар бораи хабар ва инки чигуна пазируфта мешавад ва нишонаи асосии он чист).
Ар-риёзийёт ва-н-нуҷумийёт (Риёзиёт ва нуҷум)
97. “Фи миқдори мо йумкину ан йустадрака мин-ан-нуҷуми ъинда ман қола иннаҳо аҳйоу нотиқатун ва ман лам йақул золика” (Дар миқдори ончи ки мумкин аст идрок шавад аз ситорагон назди онон ки мегӯянд инки ситорагон зиндаи гӯёянд ва онон ки инро намегӯянд).
98. “Фи-л-ҳайат” (Дар ҳайат (ситорашиносӣ)).
99. “Фи ъиллати қийом-ил-ъарзи васат-ал-фалак” (Дар сабаби барпо будани замин дар миёни фалак).
100. “Фи аннаҳу ло йутасаввару лиман лам йартази би-л-бурҳони анна-л-арза курриййатун ва-н-носу ҳаволиҳо” (Дар ин ки барои он кас, ки бурҳон намепазирад дар масъалаи куравӣ будани замин ва мардумон дар атрофи он ҳастанд, қобили тасаввур нест).
101. “Фи анна тулуъ-ал-кавокиби ва ғурубаҳо мин ҳаракати-с-самои дуна ҳаракати-л-арз” (Дар ин ки тулуъу ғуруби ситорагон аз ҳаракати осмон аст, на ҳаракати замин).
102. “Фи анна-л-кавокиба ъало ғойат-ил-истидорати лайса фиҳо нутуъун ва ағвор” (Дар ин ки ситорагон дар ғояти истидорат ҳастанд ва дар онҳо барҷастагӣ ва фурӯрафтагӣ вуҷуд надорад).
103. “Фи ъиллати таҳаррук-ил-фалаки ъало истидора” (Дар сабаби ин ки ҳаракати фалак даврист).
104. “Фи анна-з-зилъа ғайру мушорикин ли-л-қутр” (Дар ин ки гӯшаи мушорик қутр нест).
105. “Кайфиййат-ул-ибсор” (Чигунагии дид).
106. “Фи ъиллат-ил-латӣ лаҳо йазиқ-ун-назари фи-н-нури ва йаттасиъу фи-з-зулма” (Дар сабаби он ки дида дар баробари нур танг ва дар баробари торикӣ васеъ мешавад).
Ат-тафосиру ва-т-талохису ва-л-ихтисорот
(Тафсиру талхис ва ихтисорот)
107. “Тафсиру китоби Тимовус” (Тафсири китоби Тимовус).
108. “Ихтисору китоб-ин-набз-ил-кабир” (Ихтисори китоби бузург дар набз).
109. “Талхисуҳу ли-ҳилат-ил-баръ” (Талхиси ӯ дар чораи беҳбуд).
110. “Талхисуҳу ли-л-ъилали ва-л-аъроз” (Талхиси ӯ дар бемориҳо ва оризаҳо).
111. “Талхисуҳу ли-л-азлоъ-ил-олима” (Талхиси ӯ дар аъзои дардгир).
112. “Талхисуҳу ли-фусули Буқрот” (Талхиси ӯ бар “Фусули Буқрот”).
113. “Талхисуҳу ли-китоби Фулутархис” (Талхиси ӯ бар “Китоби Плутарх”).
Фалсафиййати ва тахминиййа
(Фаслафа ва илмҳои тақрибӣ)
114. “Ал-ъилм-ул-илоҳийй-ус-сағир ъало раъйи Суқрот” (Китоби хурд дар илми илоҳӣ бинобар раъйи Суқрот).
115. “Ҷавобуҳу ъан интиқоди Аби-л-Қосим ъалайҳ” (Посухи ӯ ба интиқоди Абулқосим бар ӯ).
116. “Ал-илм-ул-илоҳийй-ул-кабир” (Китоби бузург дар илми илоҳӣ).
117. “Фи изоҳи ғалат-ил-мунтақиди алайҳи фи-л-илм-ил-илоҳӣ” (Дар равшан сохтани иштибоҳи он ки ба илми илоҳӣ ӯ интиқод кардааст).
118. “Фи-л-фалсафат-ил-қадима” (Дар фалсафаи бостон).
119. “Фи-л-интиқоди ва-т-таҳзири ъало аҳл-ил-иътизол” (Дар интиқоди муътазилиён ва барҳазар доштан аз онон).
120. “Ал-ишфоқу ъала-л-мутакаллимин” (Дилсӯзӣ бар мутакаллимон).
121. “Майдон-ул-ақл” (Майдони хирад).
122. “Ал-ҳосил” (Ҳосил).
123. “Ар-рисолат-ул-ҳодийату ила-л-фиҳрист” (Рисолаи раҳнамои феҳрист).
124. “Қасидатуҳу илоҳиййа” (Қасидаи илоҳӣ).
125. “Фи сабаби халқ-ис-сибоъ” (Дар сабаби офариниши дарандагон).
126. “Аш-шукуку ъало Абарқилис” (Шакҳо бар Проклус).
127. “Нақзу китоб-ит-тадбир” (Радди китоби тадбир).
128. “Нақзу китоби Фарфурийус ило Анобу-ал-Мисриййи (Радди номаи Фарфуриюс ба Анобуи Мисрӣ).
129-130. “Китобони ило Ал-Ҳасан ибну Муҳориб Ал-Қуммӣ” (Ду нома ба Ҳасан ибни Муҳориби Қумӣ).
Мо фавқа-т-табиъа
(Мофавқуттабиа // Берун аз табиат // метафизика)
131. “Ан-нафс-ус-сағир” (Китоби хурд дар бораи нафс).
132. “Ан-нафс-ул-кабир” (Китоби бузург дар бораи нафс).
133. “Фи анна ҷавоҳира ло аҷсом” (Дар гавҳарҳое, ки ҷисм нестанд).
134. “Нақзу “Китоб-ил-мавҷуд” ли Мансур ибни Талҳа” (Радди “Китоби мавҷуд”-и Мансур ибни Талҳа).
135. “Фи-р-руъйо ал-мунзира” (Дар хобҳои кобус).
136. “Фи анна ал-ҳараката маълуматун ғайру маръиййа” (Дар ин ки ҳаракат донистанӣ ҳаст ва нодиданӣ).
Ал-илоҳиййот (Илоҳиёт)
137. “Фи анна ли-л-инсони холиқан мутқинан ҳакиман” (Дар он ки инсонро офаринандаи устувору доност).
138. “Фи вуҷуби даъват-ин-набиййи (с) ъало ман нақара би-н-нубуввот” (Дар зарурати даъвати пайғамбар (с) бар радди он ки бар нубувват хурда гирифтааст).
139. “Фи вуҷуб-ид-дуъои мин тариқ-ил-ҳазм” (Дар воҷиб будани дуо аз роҳи дурандешӣ).
140. “Ар-радду ъало Сисин-ис-санавиййи” (Рад бар Сисини санавӣ).
141. “Ар-радду ъало Шаҳид фи луғаз-ил-маъод” (Рад бар Шаҳид бар чистони ҷойи бозгашт).
142. “Фи аннаҳу ло йумкину ан йакун-ал-оламу лам йазал ъало мо нушоҳиду ъалайҳи ал-он” (Дар инки мумкин нест олам азалан бар ин сурат, ки мо онро акнун мушоҳида мекунем, бошад).
143. “Фи анна-л-муноқазата байна аҳл-ид-даҳри ва-т-тавҳиди ли нуқсон-ил-қисмати фи асбоб-ил-фиъл” (Дар ин ки ихтилоф миёни даҳриён ва муваҳҳидон бастагӣ ба нуқсони тақсим дар сабабҳои феъл дорад ).
144. “Фимо истадрака ли-л-қоилина би ҳадаси [ал-аҷсоми] мин-ал-фасли ъала-л-қоимина би қадамиҳо” (Дар идроки бартарии қоилон ба ҳудуси ҷисмҳо ва қоилон ба қидами қисмҳо).
145. “Фи имоми ва-л-муътам” (Дар имом ва пайрави имом).
146. “Фи-л-имома” (Дар имомат).
147. “Фи-л-имомати ъала-л-каййол” (Дар имомат ба кайёл).
148. “Ат-тибб-ур-руҳониййу” (Тибби руҳонӣ).
149. “Фи-с-сират-ил-фалсафиййа” (Дар сирати фалсафӣ).
150. “Қасидатуҳу фи-л-ъиззат-ил-йунониййа” (Қасидаи ӯ дар мавъизаи юнонӣ).
Кимийоийот (Кимиё)
151. “Ал-мадхал-ут-таълимиййу” (Мадхали таълимӣ).
152. “Илал-ул-маъодин” ва ҳува ал-мадхал-ул-бурҳониййу (Иллатҳои маъданҳо ва он мадхали бурҳонӣ аст).
153. “Исбот-ус-синоъа” (Исботи саноат).
154. “Китоб-ул-ҳаҷар” (Китоби санг).
155. “Китоб-ут-тадбир” (Китоби тадбир).
156. “Китоб-ул-иксир” ва йуҷаду ъало нусхатайн (Китоби иксир, дар ду нусха мавҷуд аст).
157. “Китобу шараф-ис-синоъа” (Китоби шарафи саноат).
158. “Китоб-ут-тартиб” ва ҳува “ар-Роҳа” (Китоби тартиб, ки ҳамон китоби Роҳат аст).
159. “Китоб-ут-тадобир” (Китоби тадбирҳо).
160. “Китоб-уш-шавоҳид” (Китоби шоҳидҳо).
161. “Китобу миҳан-из-заҳаби ва-л-физза” (Китоби озмоиши тилову нуқра).
162. “Китобу сирр-ил-ҳукамо” (Китоби сирри ҳакимон).
163. “Китоб-ус-сир” (Китоби сир).
164. “Китобу сирр-ис-сир” (Китоби сирри сир).
165-166. “Китобони фи-т-таҷориб” (Ду китоб дар озмоишҳо).
167. “Рисолатун ило Фоин” (Рисолае ба Фоин).
168. “Мунйат-ул-матаманнӣ” (Орзуи орзухоҳ).
169. “Рисолатун ила-л-вазир ал-Қосим ибни Убайдуллоҳ” (Рисолае ба вазир Қосим ибни Убайдудллоҳ).
170. “Китоб-ут-табвиб” (Китоби бобу фаслбандӣ).
171. “Ар-радду ъала-л-Киндийи фи раддиҳи ъала-л-кимийо” (Радди “Радди кимиё”-и Киндӣ).
172. “Фи-р-радди ъало Муҳаммад ибн-ил-Лайс-ир-Расоилӣ фи раддиҳи ъала-л-кимийоийин” (Дар радди “Радди кимиёиин”-и Муҳаммад ибни Лайси Расоилӣ).
Ал-куфриййот (Куфриёт)
173. “Фи-н-нубуввот” ва йудъо “Нақз-ал-адйон” (Дар нубувват ва он “Радди динҳо” хонда мешавад).
174. “Фи ҳийал-ил-мутанаббиин” ва йудъо “Махориқ-ал-анбийо” (Дар найранги пайғамбарнамоён ва он “Махориқи пайғамбарон” хонда мешавад).
Фи фунунин шатто (Дар фанҳои дигар)
175. “Фимо истадракаҳу мин кутуби Ҷолинуса миммо лам йазкурҳу Ҳунайн фи рисолатиҳи” (Дар ончи аз китобҳои Ҷолинус идрок карда ва Ҳунайн дар рисолааш ёд нанамудааст).
176. “Фи анна-л-мубарриз фи ҷамиъ-ис-синоъоти маъдум” (Дар инки касе, ки мумтоз дар ҳама илмҳо бошад, вуҷуд надорад).
177. “Фи радди ъала-л-қоилина би-таҳрим-ил-макосиб” (Дар радди онон ки ба нораво шумурдани касбу пешаҳо машғуланд).
178. “Фи ҳикмат-ин-нард” (Дар ҳикмати нард).
179. “Фи ъузри ман иштағала би-ш-шатранҷ” (Дар узр касе, ки ба шоҳмот шуғл варзидааст).
180. “Фи аннаҳу ло йанубу ъан-ил-мускири ғайруҳу” (Дар ин ки чизе наметавонад ҷойи чизи мастиоварро бигирад).
181. “Фи шараф-ил-ъайн” (Дар шарафи чашм).
182. “Фи аморот-ил-иқболи ва-д-давла” (Дар нишонаҳои иқболу давлат).
183. “Китоб-ул-хавос” (Китоби хосиятҳо).
184. “Китобу ҳийал-ил-куттоб” (Китоби ҳилаҳои нависандагон).
Чунонки ба мушоҳида мерасад, Берунӣ осори Розиро ба 11 гурӯҳ дастабандӣ кардааст, ки дар байни онҳо 56 китобро асарҳои тиббӣ, 33 китобро асарҳои марбут ба табииёт, 7 китобро асарҳои марбут ба мантиқ, 10 китобро асарҳои марбут ба риёзиёт ва нуҷум, 17 китобро асарҳои марбут ба фалсафа, 22 китобро асарҳои марбут ба кимиё, 14 китобро асарҳои марбут ба илоҳиёт, 6 китобро асарҳои марбут ба мофавқуттабиа (метафизика), 7 китобро тафсиру талхису ихтисорот, 2 китобро куфриёт ва 10 китоби дигарро асарҳои марбут ба фанҳои мухталиф ташкил медиҳанд. Аз ҷиҳати миқдор асарҳои тиббӣ (56 китоб) дар мақоми аввал, асарҳои марбут ба табииёт (33 китоб) дар мақоми дувум ва асарҳои марбут ба кимиё (22 китоб) дар мақоми севум қарор доранд.
Нуктаи ҷолиб аст, ки дар ин феҳрист ду асар “Фимо ҷаро байнаҳу ва байна Шаҳид-ил-Балхӣ фи-л-лазза” (Дар робита ба баҳси миёни ӯ ва Шаҳиди Балхӣ дар бораи лаззат) ва “Ар-радду ъало Шаҳид фи луғаз-ил-маъод” (Рад бар Шаҳид бар чистони ҷойи бозгашт) ёд шудааст, ки аз мунозираи Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ бо Шаҳиди Балхӣ гувоҳӣ медиҳад. Тавзеҳан Шаҳиди Балхӣ (ваф. 935) ҳамон шоир ва ҳакими маъруфи дарбори Сомониён аст, ки дар сӯги ӯ устод Рӯдакӣ бо дарду ҳасрат марсияи зерро сурудааст ва аз ҳамин суруда ҳам пояи баланди хиради Шаҳиди Балхӣ ба дид меояд:
Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они мо рафта гиру меандеш.
Аз шумори ду чашм як тан кам
В-аз шумори хирад ҳазорон беш.
Тӯшаи ҷони хеш аз ӯ бирбой,
Пеш к-ояд-т марги пойогеш.
Ончи бо ранҷ ёфтишу ба зул,
Ту ба осонӣ аз газофа мадеш.
Хеш бегона гардад аз пайи суд,
Хоҳӣ, он рӯз музд камтар деш.
Гургро кай расад салобати шер,
Бозро кай расад ниҳеби шахеш!
Дар феҳристи омодакардаи Берунӣ се қасидаи Розӣ: “Қасидатуҳу фи-л-мантиқ” (Қасидаи ӯ дар мантиқ), “Қасидатуҳу илоҳиййа” (Қасидаи илоҳӣ) ва “Қасидатуҳу фи-л-ъиззат-ил-йунониййа” (Қасидаи ӯ дар мавъизаи юнонӣ) ба назар мерасад, ки ҳамчунин аз шоирӣ ва қасида сурудани ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки устозурраис Абурайҳони Берунӣ ба шахсият, пояи баланди илмӣ ва осори Абубакри Розӣ эҳтироми фаровон дорад ва дар аксари асарҳои худ бо мақсади тақвияти андешаҳояш ба вай истинод кардааст. Танҳо овардани ин далел кофист, ки дар “Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб”-и Абурайҳони Берунӣ тақрибан дар 270 маврид ба асарҳои тиббии Абубакри Розӣ истинод шудааст.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
Ҷашни Меҳргон яке аз чаҳор ҷашнҳои куҳантарини мардуми эронитабори даврони бостон дар баробари Сада, Наврӯз ва Тиргон мебошад, ки ҳар кадоми ин ҷашнҳо дар пайвандӣ буда, дар идомаи ҳам омада, рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ доранд. Ин ойинҳо намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми форсинажод мебошанд, ки сабаби сарфарозии ҳар яке аз мост. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашну расму ойинҳои фарҳангии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд.
Омад-омади ҷашни Наврӯз аз нав эҳё гардидани табиат, омадани баҳор, фарорасии соли нав хабар дода, мардумро ба берун омадан аз сахтиҳои фасли зимистон омода намуда, ба ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта, ба кишту кор ва покиву озодагӣ, сохту соз, тадорукот ва омодагӣ ба фаъолиятҳои нави корӣ, ба хусус дар соҳаи кишоварзӣ, даъват менамояд. Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз ба яке аз авлодони нажодии Каюмарс (нахустинсон) Ҷамшед, ки аз сарватмандтарин подшоҳони тоҷику форс буд, мансуб дониста мешавад.
Тиргон ҷашнест, ки дар замони фарорасии фасли тобистон таҷлил шуда, мардуми эронитабор аз он бо самимият истиқбол менамуданд ва маросимҳои бошукӯҳе барпо мекарданд. Дар таърихи фарҳанги ҷашнгирии Тиргон, ойинҳои ба монанди рӯзи гиромидошти камонандозии Ораши камонгир ва ситораи бороновар Тиштар, обу обпошӣ, саршурон, фоли кӯза, хӯрдани гандуми пухташуда, пошидани об ба якдигар бо рамзи расидан ба рӯшноиву покӣ, осоишу хушҳолӣ ва амсоли инҳо ёдрас шудааст.
Ҷашни Сада аз бузургтарин маросимҳои оташ, ки намоде аз нур, гармӣ ва рӯшаноӣ дар бостон буд, бо афрӯхтани оташи дастиҷамъӣ, рамзи ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумро нишон медиҳад ва он дар фасли зимистон баргузор мегардад, ва намоёнгари омодабошӣ ба ин фасл ва ҳифз аз нерӯҳои баду торикӣ, ғалабаи нур бар зулмот мебошад. Расми оташафрӯзӣ ниҳоятан муждаи наздик шудан ба фасли баҳору соли нав - ҷашни Наврӯзро хабар медиҳад. Дар таърихи дунёи бостони мардуми тоҷику форс пайдоиши оташ ва ҷашнгирии бошукӯҳи онро бо номи Сада ба яке аз наберагони Каюмарс, фарзанди Сиёмак Ҳушанги Пешдодӣ нисбат медиҳанд. Ҳушангшоҳ пас аз кашфи оташ нахустин касест, ки ба ихтирои фузулот, хонасозӣ, роҳсозӣ ва шаҳрсозӣ рӯй овард ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ ҷалб намуд ва ба онҳо чигуна кандани ҷӯю рӯдҳо ва дарахтшинониро ёд дод.
Ҷашни Меҳргон низ таърихи қадимӣ ва беш аз 4000 сола дорад. Бар асоси матнҳои Авесто (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми сол ва фасли зимистон будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и худ ба равшанӣ ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки ба навиштаи ӯ, оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».
Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷашни он дар замоне буд, ки дар тирамоҳ шабу рӯз баробар мегашт. Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Имрӯза ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҳамин тавр ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз маросимҳои дорои аҳамияти бузургтарини мардуми тоҷику форси бостон буда, дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад.
Меҳргон ва мақоми ӯ дар кайҳони ҳастӣ дар муқобили бадиҳою тирагиҳо ва барпову барҷо мондани адлу ростиву хубиҳо, кирдору аъмоли нек, аҳду паймонҳо, покию озодагӣ ва тамоми хубиҳои дунё ва амсоли инҳо бахшида шудааст.
Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳӣ монанди ангур, санҷид, анор, хурмо, себ, анҷир, бодом, писта, фундуқ, зардолу, шафтолу, чормағз ва амсоли инҳоро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шири рақиқ, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Изофа бар ин дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ нугчаи шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Пас аз хӯрдану нӯшидани неъматҳо, мардум шурӯъ мекарданд ба навохтани мусиқиву рақсу хушҳолӣ ва баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурашон мекарданд. Мардум дар ҳадди тавоноӣ бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯӣ навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Аз ин ҷо, муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни одамон аст.
Мардуми Эрон аз ҳамон даврони қадим то замони ҳол, оғози тирамоҳ, ки моҳи Меҳр шурӯъ мешавад, аз шаш (6) то даҳ (10) рӯзи онро бо ойину одоб ва расми хос ҷашн мегиранд. Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Меҳр, дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Миҳр, ҳамчун рамзи фуруғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ ва дар асотири ҳиндуэронӣ баракатовар, нигаҳбони паймон ва шарик дар фармонравоии ҷаҳон, посдору пуштибони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, нигаҳбонӣ аз ростиву ростгӯӣ ва ғайраҳо мебошад. Аз ин рӯ, Меҳр мутародифи «паймоншикан» аст.
Митра аз муқаддасоти саршиноси Ҳинду Аврупо ва эронитаборони бостон аст, ки маънии Митра аз решаи мирӣ ба маънои аҳду паймон ва меҳру садоқат омадааст ва аз инҷо ӯро ба назм дароварандаи рафтору гуфтор ва муносиботу иртибототи инсонро бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд. Ҳамчунин Митра, дар миёни мардуми тоҷику форс бо унвони Миҳр ва ё Меҳр аст, ки рамзи дӯстӣ, муҳаббат ва отифа байни мардум ва зоти паймон буда, намоёнгари фазоест, ки иртиботи одамон бо якдигар бар он устувор аст. Дар «Кардаи 13»-и «Миҳр-Йашт»-и «Авесто» омадааст: «Бидеҳ Миҳр ҳунар ту моро, покиву покиза виҷдон, имтиёзу бартарӣ-мон, то ки аз сиришти мансар, бувем мо ҳамеша огаҳ.Чу пиндор моро-ст агар биҳ, ва агар мо ниву дилерем агар мо хуҷистаем шод, шавем бар ҳарифо(н) чира.Чу пиндор моро-ст агар биҳ, агар мо ниву дилерем, агар мо хуҷистаем, ба(р) душман пирузӣ ёбем.Чу пиндор моро-ст агар биҳ, агар мо ниву дилерем, агар мо хуҷистаем, шод, пирузӣ ҳаройна ёбем бар ҳама девону мардум, париву ҷоду, ситамкор ар, бувем мо ҳамеша огаҳ» (саҳ. 278).
Достони Митро ва ё Митра дар байни мардуми бостони Ҳинд ва тоҷику форс бо унвони худои Хуршед машҳур аст. Мувофиқи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ вуҷуди маъбадҳои мухталифе дар Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Юнон, Италияю Олмон баёнгари он аст, ки онҳо барои ниёиши ин маъбуд бино шудаанд ва аз ин ҷиҳат Митраро танзимкунандаи иртиботи афрод бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд.
Аммо таъбиру тафсири Миҳр дар «Авесто» нисбат ба Митраи Ҳинду Европа фарқ дорад. Зеро ки андешаю ҷаҳонбинии мардуми тоҷику форси даврони бостон нисбат ба Ҳинду дигар кишварҳои Европоӣ хеле пешрафта ва аз хурофот дур буд. Дар фаҳмиши ҳиндиҳо «Митра» бо «Варуна» ҷуфти абадиро ташкил медиҳанд, ки аз тарафи мардум ба ёрӣ хонда мешаванд ва дар фарҳанги онҳо «Митра» гардунаи дурахшон ва иқоматгоҳи заррин дорад. Чунин тарзи тафаккурот аз ҷаҳонбинии мардуми Ҳинди қадим то замони кунунӣ ҳам оиди «Митра» вуҷуд дорад. Аммо, «Митра» дар таълимоти ойини зардуштӣ дар мақоми пойинтар аз Аҳурамаздо ва офаридаи ӯ ҳисоб мешавад: «Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фараҳмандтарини изадони менуӣ биофарид. Бишавад, ки он бузургворон – Меҳр ва Аҳура Маздо – ҳарду ба ёрии мо оянд».
Ҳамин тавр тафаккуроти мардуми эронитабор дар бораи кайҳони нуҷумӣ хеле воқеитару ба ҳақиқат наздиктар нисбати Ҳинди бостон шарҳу баён ёфтааст. Тафаккуроти мардуми Ҳинд бештар дар асоси асотир ташаккул ёфта, дар атрофи худоён ва олами нуҷумӣ мечархад ва онҳо Хуршеду Меҳр ва ё Митраро ба номи яке аз худоёни худ мегузоранд.
Дар андешаҳои Зардушт («Авесто») Меҳр ё Митра пеш аз Хуршед зоҳир мешавад ва ҳамроҳии ӯ бо Хуршед сабаб шудааст, ки баъдҳо Меҳр маънии Хуршед пайдо кунад. Аз ин ҷо, дар «Авесто» омадааст, ки «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезаспро меситоем, Меҳр–шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем». Ҳамин тавр Меҳр-Хуршед яке аз мақомҳои асосиро дар олами кайҳони ахтарони осмонӣ фаро мегирад ва бисёре аз дарахту гиёҳҳону гулҳо ба монанди нилуфари обӣ, гули офтобгардон, дарахтони сарву нахлу коҷ намодҳои Хуршеданд, ҳамчунин аз аносир оташ, аз рангҳо сурху зард ва аз фузулот тилло мансуб ба Хуршед аст.
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобу хулқи неки инсонӣ аст ба монанди ростгӯӣ, боаҳдию бовафоӣ, ситоиши Худованд, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин ва неъматҳои он, парастиши меҳрубонӣ, рафтору кирдорҳои дуруст ва озодондешии мардум ва амсоли инҳо.
Боиси ифтихори мо аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми эронитабор мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Аз нав бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллии мардуми кишвари азизамон Тоҷикистон хоҳад буд ва ин навиштаи хешро бо суханҳои пурарзишу ҷавҳардорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст хоҳад намуд: «…мо суннату анъанаҳои неки гузаштагонамон ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо ва танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда гиромӣ медорем. Зеро чунон ки бузургони хирадмандамон гуфтаанд, арҷгузорӣ ба гузашта як боли мост ва хизматҳои имрӯзаи мо ба хотири ободии Ватани аҷдодӣ ва осоиши мардум боли дигари мост, ки миллати моро ба сӯи ояндаи шукуфону осуда қуввати парвоз хоҳанд бахшид…». (Эмомалӣ Раҳмон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ.– Душанбе: «Ирфон», 2006, - 96 саҳ.)
Ин ҷашни баракату раҳмат ба ҳамаи мардуми ин сарзамини ободу зебо ва сарсабзамон муборак бод ва тамоми хушбахтиву хушиҳои дунё насибашон гардад.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., дотсент,
ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Маориф дар ҳама давру замон ба ҳайси пояи устувори рушди давлат ва ҷомеа шинохта мешавад. Бе кадрҳои соҳибдониш, ҷаҳонбинии илмӣ ва зеҳни рушдёфта, давлат наметавонад ба дастовардҳои бузург ноил гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи истиқрори ҷомеаи мутамаддин ва давлатдории муосир қадам мегузорад, соҳаи маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Маориф – оинаи давлат ва миллат аст. Бе рушди маориф пешрафти Ватан имконнопазир мебошад». Ин суханон баёнгари онанд, ки сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун омили калидии рушди устувор ва пойдории давлатдорӣ менигарад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат як қатор стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ қабул гардиданд, ки самтҳои асосии онҳо таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, ҳамқадам бо низоми ҷаҳонӣ ва рушди нерӯи инсонӣ мебошанд. Аз ҷумла:
- Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;
- Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
Дар давраи Истиқлолият бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ муассисаи нави таълимӣ сохта шудааст. Мактабҳои деҳотӣ бо китобхона, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва толорҳои варзишӣ таъмин гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таври назаррас баланд шудааст.
Сардори давлат ҳангоми суханронӣ ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ таъкид доштанд, ки " Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Имрӯз дар соҳаи маориф 11 лоиҳа ба маблағи 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд".
Бо дастгирии давлат муассисаҳои таълимии олӣ низ таҷдид ва муҷаҳҳаз гардида, донишгоҳҳои пешсаф ба низоми кредитии таълим ва ҳамкории байналмилалӣ пайваста истодаанд.
Пешвои миллат борҳо қайд намудаанд, ки омӯзгор устоди насли оянда ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, барои боло бурдани мақоми омӯзгор тадбирҳои зерин роҳандозӣ шудаанд:
- афзоиши мунтазами маоши омӯзгорон;
- ташкили курсҳои такмили ихтисос;
- ҷорӣ намудани барномаҳои дастгирии омӯзгорони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст.
Ҳамин тадбирҳо боис гардиданд, ки мавқеи омӯзгор дар ҷомеа таҳким ёбад ва сифати таълим боло равад.
Ҳамзамон ёдовар бояд гашт, ки Президенти кишвар дар суханронӣ ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ қайд намуданд, ки "Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад. Соли гузашта дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ман ба сохтору мақомоти марбута супориш дода будам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло ин санади муҳим аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии парламенти кишвар ирсол гардидааст. Қабули ин қонун марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид".
Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат ва давлати тоҷик дар ҷомеаи мо мавқеи вижа доранд. Бо ташаббуси Пешвои миллат стипендияҳои президентӣ таъсис ёфтанд, ки ҳар сол садҳо донишҷӯи лаёқатманд гирандави чунин стимендия мебошанд, ки ин раванд, низ аз ғамхориҳои сардори давлат нисбати ҷавонон дарак медиҳад.
Ғайр аз ин, тавассути барномаи таҳсил дар хориҷи кишвар ҳазорҳо ҷавонон имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия, Чин, Аврупо ва дигар кишварҳоро пайдо намудаанд.
Маориф бе илм ва тадқиқот комил шуда наметавонад. Бо дастгирии Пешвои миллат марказҳои илмӣ, лабораторияҳо ва технопаркҳо таъсис ёфтанд. Академияи миллии илмҳо ва донишгоҳҳои кишвар имкони ҳамкории байналмилалиро пайдо карданд.
Ҳамаи дастовардҳо дар соҳаи маориф дар даврони истиқлолият бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайванданд. Ӯ ҳамчун роҳбари хирадманду оқил бо диди дурбинона ва сиёсати хирадмандона ба рушди маориф заминаи боэътимод гузошт.
Имрӯз Тоҷикистон соҳиби низоми маорифест, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик шуда, ҷавононро бо дониш, маърифат ва арљ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба камол мерасонад.
Аз ин рӯ, нақши Президенти кишвар -Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маорифи кишвар на танҳо бузург, балки таърихиву сарнавиштсоз аст.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ
Ходими пешбари илмии шуъбаи
таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон номзади
илмҳои ҳуқуқшиносӣ