Skip to main content

Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлоли кишвар буда, он дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 имконпазир гардид. Албатта, ба даст овардани Истиқлоли кишвар як руйдоди оддӣ набуда, натиҷаи муборизаҳои дурударози таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки дар натиҷаи он муяссар гардид, то Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол қабул карда шавад. Ин тезис на танҳо бо таърихи марҳилаи шуравии давлатдории тоҷикон, балки таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллат низ исбот карда мешавад. Мубориза бар зидди аҷнабиён аллакай дар таърихии бостонии мардуми ориёии тоҷик бар зидди масалан Заҳҳок, минбаъд дигар ғосибон оғоз гардида, миллати тоҷик намуна ва таҷрибаи бисёрҳазорсола дар ин муқовиматҳо доштанд ва доранд.

Инқилобҳои сотсиалистӣ дар Русия (с.1917) ва ҳудуди Осиёи Марказӣ (с.1920) ба марҳилае дар таърихи тоҷикон рост омад, ки дар байни мардуми тоҷик ҳанӯз пролетариат, яъне синфи коргар муттаҳид набуд ва шуури сиёсии баланд надошт. Аз ҷониби дигар, намояндагони донишманд ва аққалан босаводи миллат дар ин ё он вазифаи давлатӣ ва ё муасисаи динӣ, тиҷорат мавқеи худро ёфта, дар масъалаи мазҳабӣ низ ҳамчун мубаллиғони таълимоти динӣ маълуму машҳур буда, ҷонибдори сохтори мавҷудаи давлатдорӣ буданд.

Дар давраи Шуравӣ низ ба миллати тоҷик имконият даст надод, то аз кулли музаффариятҳои шакли нави давлатдорӣ баҳра барад. Таърихи қадимаи миллати тоҷик ки дар асотиру ривоятҳо, китобҳои динӣ ва осори бадеиву шеъру сурудаҳои миллӣ аз қабили Авестову «Шоҳнома» ва даҳҳо «Худойномак»-ҳо суруда шуда буд ба халқҳои ҳамсоя маълум буд. Инчунин, доштани давлатдориву сиёсати тоҷикон таърихи куҳан дошта, диққати ҳазорон муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷониби дигар пешоҳанги фарҳангу тамаддун, тарбияву ахлоқ будани тоҷикон низ исботро талаб намекунад. Ду «муаллими инсоният», Абунасри Форобиву Мискавайҳ, баъд аз Арасту муаллимони дуюму сонӣ шинохта шудаанд ва то имрӯз дигар ашхоси маъруфи ҷаҳоние пайдо нашудааст, ки соҳиби ин унвон гашта бошад.

Миллати тоҷик дар ҳудуди Осиёи Марказӣ то Чину Ҳинд ва Ирону Бағдод паҳн гардида, дар тӯли таърихи тамаддун корҳоеро анҷом додаанд, ки дигарон то имрӯз ба он қодир нестанд, мисли Абуалӣ ибни Сино дар тиб, Муҳаммади Хоразмӣ дар илмҳои риёзӣ, Берунӣ дар илми геология ва маъданшиносӣ ва ғайра, Абуҳанифа, Мовардӣ, Аҳмаду Муҳаммади Самарқандӣ дар илми калом, Исмоили Бухорӣ дар илми ҳадис ва ҳазорон дигар намояндагони миллат тоҷик. Аксарияти дастовардҳои миллати тоҷик ба роҳбарияти давлати Шуравӣ маълум буда, онҳо кӯшиш намуданд, то ҳангоми тақсимоти марзиву маъмурӣ ба тоҷикон давлати маҳдуд – ҷумҳурии мухтор дода шавад.

Аз марҳилаи оғози давлатдории Шуравӣ муборизаи миллати тоҷик барои таъсиси давлати соҳибистиқлоли шуравӣ оғоз мегардад. Хати мубориза чӣ дар соҳаи фарҳанг («Овози Тоҷик», «Намунаи адабиёти тоҷик») сиёсат, иқтисодиёт давом ёфта, ҷоннисориҳои Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Чанор Имомов ва садҳо дигар инқилобиёни тоҷик, инчунин баромад ва нигоҳ доштани поезди роҳбари давлати Шуравӣ М.И. Калинин аз ҷониби мардуми Конибодом заминаи таъсиси ҷумҳурии мустақили ҳафтум (аз ҷиҳати шумора) дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ гардид.

Албатта ошкору ниҳон барои ислоҳи хатоҳое, ки дар оғози тақсимоти марзиву маъмурӣ аз ҷониби комиссияи марбута ва роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ содир шуда буд, фаъолиятҳое бурда мешуданд. Яке аз онҳо лоиҳаи қарори ба Тоҷикистон додани вилоятҳои Сурхондарё ва Сирдарёи Ҷумҳурии Узбекистон буд, ки тибқи иттилооти бойгонӣ яке аз нодиртарин қарорҳои қабулшуда аст, ки Иосиф Виссарионович Сталин иҷроиши онро ба қафо партофта, дигар барои ҳалли он барнагаштааст.

Албатта, бо оғоз гардидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, хатми он ва азнавсозии сотсиалистии кишвар, ба масоили тақсимоти нави ҳудудӣ диққат дода нашуд. Бо эълони давлати мутараққии сотсиалистӣ ва халқи ягонаи шуравӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ барои баррасии ингуна масоил ҷой намонд.

Мибаъд, эълони Истиқлоли кишвар барои нерӯҳои фаъоли кишвар майдони фарох кушод. Дар натиҷа дар Тоҷикистон аҳолӣ ба гурӯҳҳои гуногун тақсим гардида, роҳу воситаҳои гуногун, ва дурнамои гуногуни Тоҷикистонро тасаввур ва барои он мубориза оғоз намуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати тоҷик гарон афтода, харобиҳои зиёд ва аз ҳама вазнин талафони ҷонӣ, дод.

Ба ҳамаи талафотҳо нигоҳ накарда, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист на танҳо оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф созад, балки дар пайи рушди кишвар бо ҳадафҳои стратегӣ мардумро ба ободкорӣ равона кунад. Заминаи ин обокориҳо ҳуқӯк ва қонунгузории кишвар ба ҳисоб меравад.

Кулли муносибатҳои номбаршуда тибқи қонунгузории амалкунанда танзим гардида, махсусан қабули Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ гардиши ҷиддӣ дар сохтор, мазмун ва моҳияти фаъолияти Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон ворид сохт.

Танзими конститутсионии муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи кишварро муттаҳид намуда, тартиботи қонуниро устувор намуд. Меъёру падидаҳои Конститутсия аз соли 1994 дар ҳаёти кишвар таъсири бузурге расонида, роҳи ташаккулу рушди ҷумҳурии ҳуқуқиро кушоданд. Ислоҳотҳои солҳои 1999, 2003 ва 2016 қадам ба қадам ба амиқ намудани падидаҳои конститутсионӣ равона шуда, як қатор падидаҳои конститутсионӣ ба идеали қонунгузории аврупоӣ наздик гардиданд.

Масоили таҷзияи ҳокимият, мустақилияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, синни интихоб ва ё тайин намудан ба мансабҳои давлатӣ, омодасозии кадрҳо барои шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ғайра масоиле буданд, ки марҳила ба марҳила танзими амиқтари худро дар меъёрҳои Конститутсия дарёфт намуданд.

Имсол 31 – умин солгарди қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Албатта, ин як марҳилаи муайян - умри як насли инсон аст, ки агар соли 1991 таваллуд шуда бошад, имрӯз соҳиби касб, оила ва зиндагонии мустақил аст.

Имрӯз метавонем, аз таърихи мавҷудият ва амали Конститутсияи кишвар баъзе хулосаҳо барорем.

Пеш аз ҳама, бо қабули Конститутсия мардуми кишвар роҳ – дурнамои рушди кишварро аниқ карда, онро дастгирӣ намуд.

Дуюм, новобаста аз дастгирӣ ва ё норозигии баъзе ашхосу гурӯҳҳои иҷтимоӣ Конститутсия миллатро муттаҳид намуд.

Сеюм, Конститутсия ба мардуми тоҷик умед аз оянда дода, мақсадҳои кишвар ва ҷомеаи тоҷиконро дар худ ифода намуд.

Чорум, Конститутсия ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи ҳуқуқи кишвар муддати 31 сол боз аҳамияти худро на танҳо гум накардааст, балки он афзун гашта, дар заминаи он таълимотҳои нави илмиву назарӣ ва инчунин амалӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар охир кулли хонандагон, аҳли кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, таманнои пешрафти ҷомеа, оромиву сулҳ ва ободии кишвар, саломативу хушбахтии ҳар яки Шумо дорем.

Буризода Э.Б. – профессор, мудири шуъба дар ИФСҲ-и АМИТ;

Холинова М.М. –дотсент, Ходими калони илмии ИФСҲ-и АМИТ;

Эмомализода Н.Э. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд