Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ (865-925) аз бузургтарин пизишкон, файласуфон ва табииётдону кимиёдонони гузаштаи мост, ки дар Аврупои асрҳои миёна бо номҳои лотинишудаи Разес (Rhazes) ва Абубатер (Abubater) машҳур гаштааст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар асрҳои XII-XIII чандин асари илмии Абубакри Розӣ дар Аврупо ба забони лотинӣ тарҷума шудааст. Масалан, “Ҷомиъ-ул-кабир” ё “Ҳовӣ” (Фарогир) муҳимтарин асари тиббии вай мебошад, ки соли 1279 бо номи “Continens” дар Аврупо ба забони лотинӣ тарҷума ва борҳо ба табъ расидааст.
Ё китоби “Кунноши Мансурӣ”-и Розӣ, ки ба номи ҳокими Рай – Абусолеҳ Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмади Сомонӣ (бародарзодаи Исмоили Сомонӣ) таълиф шудааст, соли 1481 бо номи “Liber Almansoris” ба забони лотинӣ тарҷума ва борҳо дар шаҳрҳои Аврупо ба табъ расидааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон бахшҳое аз ин китоб солҳо дар барномаи дарсии донишгоҳҳои бузурги Аврупо ворид шуда, тадрис мегардид.
Бузургии Абубакри Розӣ ба ҳаддест, ки бори нахуст зиндагиномаи мухтасар ва феҳристи осори ӯро яке аз бузургтарин донишмандони миллии мо барои ҳамаи замонҳо – устозурраис Абурайҳони Берунӣ дар соли 1036 тартиб дода, дар охири он феҳристи асарҳои худ ва асарҳоеро, ки дигарон ба номи ӯ навишта буданд, илова кардааст.
Берунӣ дар рисолаи “Феҳрист” номи Розиро ба ду шакл: гунаи мукаммали Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ ва гунаи мухтасари Абубакр ёд кардааст. Дар робита ба зиндагиномаи ин пизишк ва файласуфи маъруф Берунӣ мегӯяд, ки зодгоҳаш шаҳри Рай буд ва зодрӯзаш ғурраи шаъбони соли 251 (мутобиқ ба 27 августи соли 865). Ҳамчунин Берунӣ таъкид мекунад, ки аз аҳволи Розӣ маълумам нашуд, ки чаро вай ба кимиё машғул гардида, чашмонашро нобино кард. Вале тавзеҳ медиҳад, ки наздикӣ бо оташ ва тундию бӯйҳои тез чашмони ӯро дучори беморӣ кард ва ӯро ба дармон ночор гардонд. Ҳамин ҳол ӯро водор сохт ба пизишкӣ машғул шавад. Вай дар ин синоат ба пояи олӣ расид ва шоҳони бузург ниёзманди ӯ гаштанд ва ӯро бо эҳтиром назди худ мехонданд.
Берунӣ мегӯяд, ки Розӣ пайваста ба хондан машғул буд ва ин корро сахт дунболагирӣ мекард, то ҷойе ки чароғи худро дар чароғдоне бар рӯйи деворе мениҳод ва китоби худро бар он девор такя медод ва ба хондан машғул мешуд, то агар хоб ӯро даррабояд китоб аз дасташ бияфтаду бедор шавад ва хондани худро идома диҳад ва ин амр чашми ӯро камнур месохт. Розӣ ба қавли Берунӣ ҳамчунин дар хӯрдани боқило ҳарис буд ва ба ин васила ба чашми худ зиён мерасонд ва анҷоми кори ӯ ба кӯрӣ кашид.
Берунӣ ёдовар мешавад, ки дар поёни умри Розӣ чашмонаш об овард ва яке аз шогирдони ӯ аз Табаристон қасди дармони вай кард. Розӣ аз чигунагии дармони чашмаш аз ӯ пурсид ва шогирдаш чигунагии дармонро шарҳ дод. Розӣ гуфт: Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ту дар миёни чашмпизишкон ягона ва донотарин касе ҳастӣ, вале медонӣ, ки ин амр дардҳое дар пай дорад ва шиканҷаҳое, ки одамиро хаста месозад ва шояд, ки умри ман сар омада, марг наздик шуда бошад, он гоҳ барои ҳамчу мане зишт аст, ки дар бозмондаи умраш дарду ранҷро бар роҳат баргузинад. Пас, ба шаҳри худ боз гард, дар ҳусни нияти кардаат аз ту сипосгузорам. Ва ҷоизаи фаровоне ба вай дод.
Пас аз он ба гуфтаи Берунӣ рӯзгори дарозе нагузашт ва Розӣ дар панҷуми шаъбони санаи 313 (мутобиқ ба 31 октябри соли 925), дар он вақт, ки синни ӯ ба соли қамарӣ шасту ду солу панҷ рӯз ва ба соли шамсӣ шаст солу ду моҳу як рӯз буд, дар Рай вафот ёфт.
Феҳристи осори Абубакри Розӣ, ки Абурайҳони Берунӣ тартиб додааст, аз тарафи муҳаққиқон комилтарин феҳристи осори ин донишманди бузург эътироф шудааст.
Бо мақсади ошноӣ ва иттилои бештари хонандаи арҷманд бо осори Абубакри Розӣ ин осор айнан ҳамчунон, ки дар нусхаи асли Берунӣ омадааст, танҳо бо афзудани тарҷумаи тоҷикӣ дар зер оварда мешавад:
Кутубуҳу фи-т-тиб (Китобҳояш дар тиб)
1. “Ал-ҷомиъ-ул-кабир” ва қад ъурифа би-л-Ҳовӣ ва ҳува ка-таъолиқин лам йатасарраф фиҳо ва лам йутиммаҳ (“Ҷомеъи бузург”, ки ба “Ҳовӣ” (Фарогир) маъруф аст ва ин китоб ҳамчун таълиқотест, ки дар он тасарруф накарда, онро ба поён нарасонидааст).
2. “Исбот-ут-тиб” (Исботи илми тиб).
3. “Ал-мадхалу ила-т-тиб” (Даромаде ба илми тиб).
4. “Ар-радду ъала-л-Ҷоҳиз фи муноқазатиҳ-ит-тиб” (Радди муноқизаи тибби Ҷоҳиз).
5. “Ар-радду ъала-н-Ношӣ фи нақзиҳ-ит-тиб” (Радди нақзи тибби Ношӣ).
6. “Фи миҳнат-ит-табиби ва кайфа йанбағӣ ан йакуна” (Дар озмоиши табиб ва инки ӯ чи гуна бояд бошад).
7. “Ал-муршид” (Роҳнамо).
8. “Ал-куннош-ул-Мансурӣ, ъамилаҳу ли-Мансури ибни Асад қаробату волӣ Хуросон” (“Маҷмуаи Мансурӣ”, ки онро барои Мансур ибни Асад аз наздикони волии Хуросон навиштааст).
9. “Тақосим-ул-ъилал” (Тақсимбандии бемориҳо).
10. “Ат-тибб-ул-мулукиййу” (Тибби шоҳӣ).
11. “Ман ло йаҳзуруҳ-ут-табиб” (Он ки ба табиб дастрасӣ надорад).
12. “Ал-адвийат-ул-мусҳилат-ул-мавҷудату фи кулли макон” (Доруҳои осонёфт, ки дар ҳар макон мавҷуданд).
13. “Ал-қарободин-ул-кабир” (Карободини бузург (нусхаи доруҳо)).
14. “Ал-қарободин-ус-сағир” (Карободини хурд).
15. “Ал-иклил” (мансубун илайҳи) (Тоҷ, ки мансуб ба ӯст).
16. “Китоб-ул-фохир” (мансубун илайҳи) (Китоби фохир, ки ба вай мансуб аст).
17. “Дафъу мазорр-ил-ағзийа” (Канорагирӣ аз зиёни ғизоҳо).
18. “Китоб-ул-ҷударийи ва-л-ҳасба” (Китоби обила ва сурхакон).
19. “Китобуҳу фи таваллуд-ил-ҳасот” (Китоби ӯ дар пайдоиши сангреза).
20. “Китобуҳу фи қуланҷ” (Китоби ӯ дар дарди рӯда).
21. “Китобуҳу фи ниқрис ва авҷоъ-ил-мафосил” (Китоби ӯ дар дарди пой ва дарди бандҳову пайвандҳо).
22. “Китобуҳу фи фолиҷ” (Китоби ӯ дар фалаҷ шудан).
23. “Китобуҳу фи-л-лақва” (Китоби ӯ дар дарди даҳон).
24. “Фи ҳайат-ил-кабид” (Дар сохти ҷигар).
25. “Фи ҳайат-ил-қалб” (Дар сохти дил).
26. “Фи ҳайат-ил-унсайайн” (Дар сохти ду хоя).
27. “Фи ҳайат-ис-самох” (Дар сохти сӯрохи гӯш).
28. “Фи-л-фасад” (Дар раг задан).
29. “Ас-сайдана” (Дорушиносӣ).
30. “Китоб-ул-ибдол” (Китоби ибдол).
31. “Атъимат-ул-марзо” (Хӯроки беморон).
32. “Манофиъ-ус-сиканҷабин” (Манфиатҳои сирка-ангубин).
33. “Илоҷот-ул-убна” (Дармонҳои хориши мақъад).
34. “Китобун ҷамаъа фиҳи-л-аъмола би-л-ҳадид” (Китобе, ки дар он чигунагии ба кор бурдани абзорҳои оҳанинро ҷамъ кардааст).
35. “Китобуҳу ал-кабиру фи-л-ъутури ва-л-анбиҷоти ва-л-адхон” (Китоби бузурги ӯ дар атру равғану хушбӯйиҳо).
36. “Тақдим-ул-фокиҳати қабл-ат-таъоми ва таъхируҳо минҳу” (Хӯрдани мева пеш аз хурок ва пас аз он).
37. “Фимо ҷаро байнаҳу ва байна Ҷарир ат-Табиб фи-т-тути ъақиб-ал-биттих” (Баҳс миёни ӯ ва Ҷарири Табиб дар бораи хӯрдани тут пас аз харбуза (тарбуз)).
38. “Фи-л-назлат-ил-латӣ конат таътари Або Зайд” (Дар зукоме, ки ба Абузайд падид меояд).
39. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ туҳдису ал-варама ва-з-зукома фи руус-ин-носи вақт-ал-вард” (Дар сабаби он ки вараму зуком дар сари мардум вақти гул пайдо мешавад).
40. “Фи вуҷуб-ил-истифроғи фи авоил-ил-ҳуммийот” (Дар зарурати қай кардан дар оғози табҳо).
41. “Фи-л-моъ-ил-мубаррид би-с-салҷи ва-л-мубарриди ъала-с-салҷ” (Дар обе, ки бо афзудани барф сард шуда бошад ва обе, ки дар болои барф сард шуда бошад).
42. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо йазъаму ҷуҳҳол-ул-атиббои анна ас-салҷа йуъаттиш” (Дар сабаби он ки табибони нодон чунин мепиндоранд, ки барф ташнагӣ меоварад).
43. “Фи-н-ниқрис” (Дар дарди пой).
44. “Фи-л-ъилал-ил-қотилати ли-ъизамиҳо ва-л-фоилати ли-зуҳуриҳо бағтатан” (Дар сабаби бемориҳое, ки қотиланд ба ҷиҳати бузургияшон ва бемориҳое, ки ногоҳ пайдо мешаванд).
45. “Фи ъиллат-ил-мавт-ил-ваҳййи мин-ас-сумум” (Дар сабаби марги зуд аз заҳролудӣ).
46. “Фи анна-л-лаҳмйат-ал-муфритата зорратун би-л-иҳсо” (Дар инки гуруснагии сахт барои тандурустон зиён дорад).
47. “Фи анна ли-т-тин-ил-мутанаққали биҳи манофиъ” (Дар ин ки хокеро, ки аз он мегузаранд, манфиатҳо дорад).
48. “Фи ъиллати таътиш-ис-самак” (Дар сабаби ташнагӣ овардани моҳӣ).
49. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо сора-н-ноиму йуърақу аксара мин-ал-йақзон” (Дар сабаби он, ки каси хобида бештар аз шахси бедор арақ мекунад).
50. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо сора-л-харифу мумриз” (Дар сабаби он ки тирамоҳ бемориовар аст).
51. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ [лаҳо] йудфаъ-ул-ҳарру марратан би-т-такашшуфи ва марратан би-т-тадассур” (Дар сабаби он ки ҳарорат гоҳе бо бараҳна шудан ва гоҳе бо пӯшидан бартараф мешавад).
52. “Фи анна-т-табиб-ал-ҳозиқа лайса йақдиру ъало ибро-ил-ъилали куллиҳо ва анна золика лайса фи вусъ-ил-башар” (Дар ин ки табиби ҳозиқ бар дармони ҳама бемориҳо қодир нест ва ин дархури тавоноии башар намебошад).
53. “Фи аннаҳу йанбағӣ ли-т-табиби ан йатакаллафа ли абсол-ин-носи ило шаҳавотиҳим” (Дар ин ки табиб бояд дар расонидани мардум ба майлҳояшон кӯшиш намояд).
54. “Фи-л-ағроз-ил-мумилати ли қулуби касирин мин-ан-носи ъан афозил-ил-атиббои ило ахиссоиҳим” (Дар ғаразҳое, ки дили бештари мардумро аз табибони фозил ба нофозил моил месозад).
55. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо тарака [баъзу] ан-носи ва руъоъуҳум ат-табиба ва ин кона ҳозиқ (Дар сабаби он ки бархе аз мардум ва оммаи онон табибро тарк мекунанд, ҳарчанд вай ҳозиқ бошад).
56. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо йанҷаҳу ҷуҳҳол-ул-атиббои ва-н-нисоу аксара мин-ал-уламо” (Дар сабаби он ки табибони нодон ва оммаи мардум ва занон бештар аз табибони донишманд комёб мешаванд).
Ат-табиъиййот (Табииёт // Физика)
57. “Самъ-ул-кийон” (Шунидани табиӣ).
58. “Ар-радду ъало ал-Мусмаъийи фи раддиҳи ъала-л-қоилина би қидам-ил-ҳайуло” (Рад бар Мусмаъӣ дар боби радди ӯ гӯяндагони қидами ҳаюлоро).
59. “Ал-ҳайуло-ус-сағир” (Ҳаюлои хурд).
60. “Ал-ҳайуло-ул-кабир” (Ҳаюлои бузург).
61. “Фи-з-замони ва-л-макон” (Дар замон ва макон).
62. “Мо ҷаро байнаҳу ва байна Аби-л-Қосим-ил-Каъбӣ фи-з-замон” (Баҳси миёни ӯ ва Абулқосими Каъбӣ дар бораи замон).
63. “Фи фарқи байна ибтидо-ил-муддати ва байна ибтидо-ил-ҳаракот” (Фарқ байни оғози муддат ва оғози ҳаракат).
64. “Фи-л-лазза” (Дар лаззат).
65. “Фимо ҷаро байнаҳу ва байна Шаҳид-ил-Балхӣ фи-л-лазза” (Дар робита ба баҳси миёни ӯ ва Шаҳиди Балхӣ дар бораи лаззат).
66. “Фи тасбит-ил-истиҳолати ва муноқазати ман қола [инна] ат-тағаййура кумунун ва зуҳур” (Дар исботи истиҳола ва радди он кас, ки гуфтааст тағйир пӯшидагӣ ва зуҳур аст).
67. “Фи кайфиййат-ил-иғтизо” (Дар чигунагии ғизо гирифтан).
68. “Фи кайфиййат-ин-нумув” (Дар чигунагии сабзиш).
69. “Фи-т-таркиби ва аннаҳу навъон” (Дар таркиб ва ин ки он ду навъ аст).
70. “Фи-т-таркиб” (Дар таркиб).
71. “Фи анна ли-л-ҷисми муҳаррикан мин зотиҳи табиъиййан” (Дар инки ҷисм муҳаррике табиӣ аз зоти худ дорад).
72. “Фи аннаҳу йумкину ан йакуна сукунун ва ифтироқун лам йазал ва ло йумкин ан йакуна ҳаракатун ва иҷтимоъун лам йазал” (Дар ин ки мумкин аст сукун ва аз ҳам ҷудо шудан азалӣ бошад ва мумкин нест, ки ҳаракату ба ҳам омадан азалӣ бошад).
73. “Фи-л-ъодати ва аннаҳо таҳаввулу табиъа” (Дар одат ва ин ки он ба табиат табдил мешавад).
74. “Фи-л-баҳси ъан-ил-ъарзи аҳийа ҳаҷариййатун фи-л-асли ам табиъиййа” (Дар баҳс аз замин, ки дар асл аз санг аст ё аз хок).
75. “Фи ъиллати ҷазб-ил-миғнотиси ал-ҳадид” (Дар сабаби ба худ кашидани оҳанрабо оҳанро).
76. “Фи-л-ъатши ва сабаби издийод-ил-ҳарорати [лизолика]” (Дар ташнагӣ ва сабаби фузунии ҳарорат дар натиҷаи он).
77. “Фи анна марказ-ал-арзи йанбуъ-ул-бард” (Дар ин ки маркази замин манбаи сармост).
78. “Фи ҷавв-ил-асроб” (Дар ҳавои нуқоти зери замин).
79. “Фи-р-радди ъало Ҳусайн ат-Таммор ъало ҷавв-ил-асроб” (Дар рад бар Ҳусайни Таммор дар масъалаи нуқоти зери замин).
80. “Фи-ш-шаър” (Дар мӯй).
81. “Фи-л-хийори-л-мур” (Дар бораи бодиринги талх).
82. “Фи-р-радди ъало Ас-Сарахсиййи фи амр-ит-таъм-ил-мур” (Дар рад бар Сарахсӣ дар бораи мазаи талх).
83. “Фи-л-ъиллат-ил-латӣ лаҳо сора мубтаран мин-ал-бадани ло йалтасиқу биҳ” (Дар сабаби он ки он чи аз бадан ҷудо шуд, ба он намепайвандад).
84. “Фи маърифати татриф-ил-аҷфон” (Дар шиносоии баҳам задани пилкҳои чашм).
85. “Фи-л-азминати ва-л-аҳвийа” (Дар замонҳо ва ҳавоҳо).
86. “Фи-л-баҳси ъаммо қила фи кутоб-ил-Устуқуссоти фи табиъат-ил-инсон” (Дар баҳси он чи дар китоби “Устуқуссот” (унсурҳои чоргона) дар табиати инсон омадааст).
87. “Мо қолат-ил-қудамоу фи-л-мабодии ва-л-кайфиййот” (Он чи ки пешиниён дар бораи мабодӣ ва кайфиёт гуфтаанд).
88. “Аш-шукуку ъало Ҷолинус” (Шакҳо бар Ҷолинус).
89. “Фимо вақаъа ли-л-Ҷоҳизи мин-ат-таноқузи фи “Фазилати синоъат-ил-калом”” (Таноқузоте, ки барои Ҷоҳиз дар китоби “Фазилати санъати сухан” рух додааст).
Ал-мантиқиййот (Мантиқ)
90. “Ал-мадхалу ила-л-мантиқ” (Даромаде ба илми мантиқ).
91. “Ҷавомиъу қотиғурийос ва бориарминийос ва анулитиқо” (Ҷавомеи китобҳои мақулот, иборот ва қиёс).
92. “Фи-л-мантиқ би алфози мутакаллимий-ил-ислом” (Дар мантиқ ба алфози мутакаллимони ислом).
93. “Китоб-ул-бурҳон” (Китоби бурҳон).
94. “Кайфийат-ул-истидлол” (Чигунагии истидлол).
95. “Қасидатуҳу фи-л-мантиқ” (Қасидаи ӯ дар мантиқ).
96. “Фи-л-хабари кайфа йускину илайҳи ва мо ъаломат-ул-муҳаққақи минҳу” (Дар бораи хабар ва инки чигуна пазируфта мешавад ва нишонаи асосии он чист).
Ар-риёзийёт ва-н-нуҷумийёт (Риёзиёт ва нуҷум)
97. “Фи миқдори мо йумкину ан йустадрака мин-ан-нуҷуми ъинда ман қола иннаҳо аҳйоу нотиқатун ва ман лам йақул золика” (Дар миқдори ончи ки мумкин аст идрок шавад аз ситорагон назди онон ки мегӯянд инки ситорагон зиндаи гӯёянд ва онон ки инро намегӯянд).
98. “Фи-л-ҳайат” (Дар ҳайат (ситорашиносӣ)).
99. “Фи ъиллати қийом-ил-ъарзи васат-ал-фалак” (Дар сабаби барпо будани замин дар миёни фалак).
100. “Фи аннаҳу ло йутасаввару лиман лам йартази би-л-бурҳони анна-л-арза курриййатун ва-н-носу ҳаволиҳо” (Дар ин ки барои он кас, ки бурҳон намепазирад дар масъалаи куравӣ будани замин ва мардумон дар атрофи он ҳастанд, қобили тасаввур нест).
101. “Фи анна тулуъ-ал-кавокиби ва ғурубаҳо мин ҳаракати-с-самои дуна ҳаракати-л-арз” (Дар ин ки тулуъу ғуруби ситорагон аз ҳаракати осмон аст, на ҳаракати замин).
102. “Фи анна-л-кавокиба ъало ғойат-ил-истидорати лайса фиҳо нутуъун ва ағвор” (Дар ин ки ситорагон дар ғояти истидорат ҳастанд ва дар онҳо барҷастагӣ ва фурӯрафтагӣ вуҷуд надорад).
103. “Фи ъиллати таҳаррук-ил-фалаки ъало истидора” (Дар сабаби ин ки ҳаракати фалак даврист).
104. “Фи анна-з-зилъа ғайру мушорикин ли-л-қутр” (Дар ин ки гӯшаи мушорик қутр нест).
105. “Кайфиййат-ул-ибсор” (Чигунагии дид).
106. “Фи ъиллат-ил-латӣ лаҳо йазиқ-ун-назари фи-н-нури ва йаттасиъу фи-з-зулма” (Дар сабаби он ки дида дар баробари нур танг ва дар баробари торикӣ васеъ мешавад).
Ат-тафосиру ва-т-талохису ва-л-ихтисорот
(Тафсиру талхис ва ихтисорот)
107. “Тафсиру китоби Тимовус” (Тафсири китоби Тимовус).
108. “Ихтисору китоб-ин-набз-ил-кабир” (Ихтисори китоби бузург дар набз).
109. “Талхисуҳу ли-ҳилат-ил-баръ” (Талхиси ӯ дар чораи беҳбуд).
110. “Талхисуҳу ли-л-ъилали ва-л-аъроз” (Талхиси ӯ дар бемориҳо ва оризаҳо).
111. “Талхисуҳу ли-л-азлоъ-ил-олима” (Талхиси ӯ дар аъзои дардгир).
112. “Талхисуҳу ли-фусули Буқрот” (Талхиси ӯ бар “Фусули Буқрот”).
113. “Талхисуҳу ли-китоби Фулутархис” (Талхиси ӯ бар “Китоби Плутарх”).
Фалсафиййати ва тахминиййа
(Фаслафа ва илмҳои тақрибӣ)
114. “Ал-ъилм-ул-илоҳийй-ус-сағир ъало раъйи Суқрот” (Китоби хурд дар илми илоҳӣ бинобар раъйи Суқрот).
115. “Ҷавобуҳу ъан интиқоди Аби-л-Қосим ъалайҳ” (Посухи ӯ ба интиқоди Абулқосим бар ӯ).
116. “Ал-илм-ул-илоҳийй-ул-кабир” (Китоби бузург дар илми илоҳӣ).
117. “Фи изоҳи ғалат-ил-мунтақиди алайҳи фи-л-илм-ил-илоҳӣ” (Дар равшан сохтани иштибоҳи он ки ба илми илоҳӣ ӯ интиқод кардааст).
118. “Фи-л-фалсафат-ил-қадима” (Дар фалсафаи бостон).
119. “Фи-л-интиқоди ва-т-таҳзири ъало аҳл-ил-иътизол” (Дар интиқоди муътазилиён ва барҳазар доштан аз онон).
120. “Ал-ишфоқу ъала-л-мутакаллимин” (Дилсӯзӣ бар мутакаллимон).
121. “Майдон-ул-ақл” (Майдони хирад).
122. “Ал-ҳосил” (Ҳосил).
123. “Ар-рисолат-ул-ҳодийату ила-л-фиҳрист” (Рисолаи раҳнамои феҳрист).
124. “Қасидатуҳу илоҳиййа” (Қасидаи илоҳӣ).
125. “Фи сабаби халқ-ис-сибоъ” (Дар сабаби офариниши дарандагон).
126. “Аш-шукуку ъало Абарқилис” (Шакҳо бар Проклус).
127. “Нақзу китоб-ит-тадбир” (Радди китоби тадбир).
128. “Нақзу китоби Фарфурийус ило Анобу-ал-Мисриййи (Радди номаи Фарфуриюс ба Анобуи Мисрӣ).
129-130. “Китобони ило Ал-Ҳасан ибну Муҳориб Ал-Қуммӣ” (Ду нома ба Ҳасан ибни Муҳориби Қумӣ).
Мо фавқа-т-табиъа
(Мофавқуттабиа // Берун аз табиат // метафизика)
131. “Ан-нафс-ус-сағир” (Китоби хурд дар бораи нафс).
132. “Ан-нафс-ул-кабир” (Китоби бузург дар бораи нафс).
133. “Фи анна ҷавоҳира ло аҷсом” (Дар гавҳарҳое, ки ҷисм нестанд).
134. “Нақзу “Китоб-ил-мавҷуд” ли Мансур ибни Талҳа” (Радди “Китоби мавҷуд”-и Мансур ибни Талҳа).
135. “Фи-р-руъйо ал-мунзира” (Дар хобҳои кобус).
136. “Фи анна ал-ҳараката маълуматун ғайру маръиййа” (Дар ин ки ҳаракат донистанӣ ҳаст ва нодиданӣ).
Ал-илоҳиййот (Илоҳиёт)
137. “Фи анна ли-л-инсони холиқан мутқинан ҳакиман” (Дар он ки инсонро офаринандаи устувору доност).
138. “Фи вуҷуби даъват-ин-набиййи (с) ъало ман нақара би-н-нубуввот” (Дар зарурати даъвати пайғамбар (с) бар радди он ки бар нубувват хурда гирифтааст).
139. “Фи вуҷуб-ид-дуъои мин тариқ-ил-ҳазм” (Дар воҷиб будани дуо аз роҳи дурандешӣ).
140. “Ар-радду ъало Сисин-ис-санавиййи” (Рад бар Сисини санавӣ).
141. “Ар-радду ъало Шаҳид фи луғаз-ил-маъод” (Рад бар Шаҳид бар чистони ҷойи бозгашт).
142. “Фи аннаҳу ло йумкину ан йакун-ал-оламу лам йазал ъало мо нушоҳиду ъалайҳи ал-он” (Дар инки мумкин нест олам азалан бар ин сурат, ки мо онро акнун мушоҳида мекунем, бошад).
143. “Фи анна-л-муноқазата байна аҳл-ид-даҳри ва-т-тавҳиди ли нуқсон-ил-қисмати фи асбоб-ил-фиъл” (Дар ин ки ихтилоф миёни даҳриён ва муваҳҳидон бастагӣ ба нуқсони тақсим дар сабабҳои феъл дорад ).
144. “Фимо истадрака ли-л-қоилина би ҳадаси [ал-аҷсоми] мин-ал-фасли ъала-л-қоимина би қадамиҳо” (Дар идроки бартарии қоилон ба ҳудуси ҷисмҳо ва қоилон ба қидами қисмҳо).
145. “Фи имоми ва-л-муътам” (Дар имом ва пайрави имом).
146. “Фи-л-имома” (Дар имомат).
147. “Фи-л-имомати ъала-л-каййол” (Дар имомат ба кайёл).
148. “Ат-тибб-ур-руҳониййу” (Тибби руҳонӣ).
149. “Фи-с-сират-ил-фалсафиййа” (Дар сирати фалсафӣ).
150. “Қасидатуҳу фи-л-ъиззат-ил-йунониййа” (Қасидаи ӯ дар мавъизаи юнонӣ).
Кимийоийот (Кимиё)
151. “Ал-мадхал-ут-таълимиййу” (Мадхали таълимӣ).
152. “Илал-ул-маъодин” ва ҳува ал-мадхал-ул-бурҳониййу (Иллатҳои маъданҳо ва он мадхали бурҳонӣ аст).
153. “Исбот-ус-синоъа” (Исботи саноат).
154. “Китоб-ул-ҳаҷар” (Китоби санг).
155. “Китоб-ут-тадбир” (Китоби тадбир).
156. “Китоб-ул-иксир” ва йуҷаду ъало нусхатайн (Китоби иксир, дар ду нусха мавҷуд аст).
157. “Китобу шараф-ис-синоъа” (Китоби шарафи саноат).
158. “Китоб-ут-тартиб” ва ҳува “ар-Роҳа” (Китоби тартиб, ки ҳамон китоби Роҳат аст).
159. “Китоб-ут-тадобир” (Китоби тадбирҳо).
160. “Китоб-уш-шавоҳид” (Китоби шоҳидҳо).
161. “Китобу миҳан-из-заҳаби ва-л-физза” (Китоби озмоиши тилову нуқра).
162. “Китобу сирр-ил-ҳукамо” (Китоби сирри ҳакимон).
163. “Китоб-ус-сир” (Китоби сир).
164. “Китобу сирр-ис-сир” (Китоби сирри сир).
165-166. “Китобони фи-т-таҷориб” (Ду китоб дар озмоишҳо).
167. “Рисолатун ило Фоин” (Рисолае ба Фоин).
168. “Мунйат-ул-матаманнӣ” (Орзуи орзухоҳ).
169. “Рисолатун ила-л-вазир ал-Қосим ибни Убайдуллоҳ” (Рисолае ба вазир Қосим ибни Убайдудллоҳ).
170. “Китоб-ут-табвиб” (Китоби бобу фаслбандӣ).
171. “Ар-радду ъала-л-Киндийи фи раддиҳи ъала-л-кимийо” (Радди “Радди кимиё”-и Киндӣ).
172. “Фи-р-радди ъало Муҳаммад ибн-ил-Лайс-ир-Расоилӣ фи раддиҳи ъала-л-кимийоийин” (Дар радди “Радди кимиёиин”-и Муҳаммад ибни Лайси Расоилӣ).
Ал-куфриййот (Куфриёт)
173. “Фи-н-нубуввот” ва йудъо “Нақз-ал-адйон” (Дар нубувват ва он “Радди динҳо” хонда мешавад).
174. “Фи ҳийал-ил-мутанаббиин” ва йудъо “Махориқ-ал-анбийо” (Дар найранги пайғамбарнамоён ва он “Махориқи пайғамбарон” хонда мешавад).
Фи фунунин шатто (Дар фанҳои дигар)
175. “Фимо истадракаҳу мин кутуби Ҷолинуса миммо лам йазкурҳу Ҳунайн фи рисолатиҳи” (Дар ончи аз китобҳои Ҷолинус идрок карда ва Ҳунайн дар рисолааш ёд нанамудааст).
176. “Фи анна-л-мубарриз фи ҷамиъ-ис-синоъоти маъдум” (Дар инки касе, ки мумтоз дар ҳама илмҳо бошад, вуҷуд надорад).
177. “Фи радди ъала-л-қоилина би-таҳрим-ил-макосиб” (Дар радди онон ки ба нораво шумурдани касбу пешаҳо машғуланд).
178. “Фи ҳикмат-ин-нард” (Дар ҳикмати нард).
179. “Фи ъузри ман иштағала би-ш-шатранҷ” (Дар узр касе, ки ба шоҳмот шуғл варзидааст).
180. “Фи аннаҳу ло йанубу ъан-ил-мускири ғайруҳу” (Дар ин ки чизе наметавонад ҷойи чизи мастиоварро бигирад).
181. “Фи шараф-ил-ъайн” (Дар шарафи чашм).
182. “Фи аморот-ил-иқболи ва-д-давла” (Дар нишонаҳои иқболу давлат).
183. “Китоб-ул-хавос” (Китоби хосиятҳо).
184. “Китобу ҳийал-ил-куттоб” (Китоби ҳилаҳои нависандагон).
Чунонки ба мушоҳида мерасад, Берунӣ осори Розиро ба 11 гурӯҳ дастабандӣ кардааст, ки дар байни онҳо 56 китобро асарҳои тиббӣ, 33 китобро асарҳои марбут ба табииёт, 7 китобро асарҳои марбут ба мантиқ, 10 китобро асарҳои марбут ба риёзиёт ва нуҷум, 17 китобро асарҳои марбут ба фалсафа, 22 китобро асарҳои марбут ба кимиё, 14 китобро асарҳои марбут ба илоҳиёт, 6 китобро асарҳои марбут ба мофавқуттабиа (метафизика), 7 китобро тафсиру талхису ихтисорот, 2 китобро куфриёт ва 10 китоби дигарро асарҳои марбут ба фанҳои мухталиф ташкил медиҳанд. Аз ҷиҳати миқдор асарҳои тиббӣ (56 китоб) дар мақоми аввал, асарҳои марбут ба табииёт (33 китоб) дар мақоми дувум ва асарҳои марбут ба кимиё (22 китоб) дар мақоми севум қарор доранд.
Нуктаи ҷолиб аст, ки дар ин феҳрист ду асар “Фимо ҷаро байнаҳу ва байна Шаҳид-ил-Балхӣ фи-л-лазза” (Дар робита ба баҳси миёни ӯ ва Шаҳиди Балхӣ дар бораи лаззат) ва “Ар-радду ъало Шаҳид фи луғаз-ил-маъод” (Рад бар Шаҳид бар чистони ҷойи бозгашт) ёд шудааст, ки аз мунозираи Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ бо Шаҳиди Балхӣ гувоҳӣ медиҳад. Тавзеҳан Шаҳиди Балхӣ (ваф. 935) ҳамон шоир ва ҳакими маъруфи дарбори Сомониён аст, ки дар сӯги ӯ устод Рӯдакӣ бо дарду ҳасрат марсияи зерро сурудааст ва аз ҳамин суруда ҳам пояи баланди хиради Шаҳиди Балхӣ ба дид меояд:
Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они мо рафта гиру меандеш.
Аз шумори ду чашм як тан кам
В-аз шумори хирад ҳазорон беш.
Тӯшаи ҷони хеш аз ӯ бирбой,
Пеш к-ояд-т марги пойогеш.
Ончи бо ранҷ ёфтишу ба зул,
Ту ба осонӣ аз газофа мадеш.
Хеш бегона гардад аз пайи суд,
Хоҳӣ, он рӯз музд камтар деш.
Гургро кай расад салобати шер,
Бозро кай расад ниҳеби шахеш!
Дар феҳристи омодакардаи Берунӣ се қасидаи Розӣ: “Қасидатуҳу фи-л-мантиқ” (Қасидаи ӯ дар мантиқ), “Қасидатуҳу илоҳиййа” (Қасидаи илоҳӣ) ва “Қасидатуҳу фи-л-ъиззат-ил-йунониййа” (Қасидаи ӯ дар мавъизаи юнонӣ) ба назар мерасад, ки ҳамчунин аз шоирӣ ва қасида сурудани ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки устозурраис Абурайҳони Берунӣ ба шахсият, пояи баланди илмӣ ва осори Абубакри Розӣ эҳтироми фаровон дорад ва дар аксари асарҳои худ бо мақсади тақвияти андешаҳояш ба вай истинод кардааст. Танҳо овардани ин далел кофист, ки дар “Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб”-и Абурайҳони Берунӣ тақрибан дар 270 маврид ба асарҳои тиббии Абубакри Розӣ истинод шудааст.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ
