Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст,
Андешаи ҳақ решаи Истиқлол аст.
Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сарбасар аст,
Шерест, ки аз бешаи Истиқлол аст.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.
Бисёр лаҳзаҳо саволҳо ба гӯш мерасад, ки мепурсанд: Истиқлолият чист, онро чӣ гуна бояд андешиду фаҳмид? Ба андешаи ман, истиқлолият соҳибу ноил шудан ба комилҳуқуқи, обу замин, тамоми сарватҳо ва давлати худ будан аст. Истиқлолият ин озодии шахс бо тамоми маъноҳояш дар меҳани худ аст. Истиқлол равнақ бахшидани арзишҳои миллӣ дар сарзамин ва дорои нишонаҳои хоси давлати хеш будан байни мамолики ҷаҳон аст. Истиқлолилият ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз давлати Тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз мебошаду аксар кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаву робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ доранд. Истиқлолият- ҷашни озодию худшиносӣ,меҳвари эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққиёти ҷомеи кишвари азизи мост! Он барои мо озодӣ, шукуфоӣ, сулҳ,падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ,овард . Ҳар фарди ҷомеа, хоҳ сарвар бошаду хоҳ посбони пеши дар бояд амиқ дарк намояд, ки ҳосили заҳмат, кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан ва рӯзгори хуши фарзандон мешавад. Ва хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии сарзаминашро дарк намояд.
Соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Гумроҳию нодонии мардум ва ҳирсу ҷаҳолатпарастии баъзе хоҷагони беруна ба сари мо ҷанги хонмонсӯзро бор намуданд, миллати тоҷик бо ҷангу хунрезӣ, шикасту парешонӣ ва бо дарду аламҳои бешумор рӯ ба рӯ гашт. Ба таъбири устод Айнӣ «мо, тоҷикон… шамшери зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён мерос мондаро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем» ва ёд овардан талх ҳам бошад, харобкориву хунрезӣ кардем. Ва хуб шуд, ки ақли солим боло гирифту тоҷик Пешвои ҳақиқии худро дарёфт кард ва бо роҳбарияшон ба қуллаи мурод расидем.
Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз тавонистем дастовардҳои хуберо соҳиб шавем.
Сокинони мамлакат шукронаи истиқлолро карда, дар пайи ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими истиқлолияти кишвар, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол ҳастанд. Маҳз меҳнати ҳар як шаҳрванд буд, ки дар як муддати кутоҳ Тоҷикистон сарсабзу хуррам ва ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирифт.Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як омӯзгору донишҷӯи Донишгоҳ ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз бо шарофати истиқлолияту ваҳдат имкони хондан, таҳсил гирифтан, озодона кору фаъолият намудану зистан пайдо мешавад. Аз ин рӯ ба қадри ин ҳама неъматҳо бояд расид ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста ба синну сол бояд ҳиссаи арзандаи худро тавассути меҳнати ҳалолу пурарзишаш ба ояндаи ватан гузорад. Пешвои муаззами миллат ҳаққонӣ моро моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст.
Қарахонзода Муҳаммаднодир Маҳмадхон. Докторанти курсӣ 2-уми Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Академик А.Баҳоввадинов.