«Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд»
Эмомалӣ Раҳмон
Ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих собит месозад, ки дар ҳама давру замон инсоният маҳз тавассути дарёфти Истиқлоли давлатӣ тавонистааст, ки дар асоси ҳамфикрӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар ҷомеаи солим ва давлати соҳибистиқли миллиро бунёд намояд.
Аз ин рӯ, агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, миллати тоҷик ҳамеша ҳамчун миллати созанда, сулҳҷӯву сулҳхоҳ, ватандӯсту некбин ва нексиришту наҷиб ҳувайдост. Мусаллам аст, ки фарзандони бонангу баномуси ин миллат тӯли қарнҳо барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва таъмини осоиштагии миллати худ мубориза бурдаанд.
Дар таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон, замони дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ яке аз пурҷилотарин саҳифаҳои таърихи давлати мо маҳсуб меёбад. Дар ин масир, мардуми тоҷик аз нахустин рӯзҳои фаъолияти фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк мекарданд, ки зери сиёсати некбинонаву хирадмандонаи Роҳбари худ онҳо ба ояндаи дурахшон мерасанд. Мардуми тоҷик дар чеҳраи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонеро дарёфт, ки воқеан фарогири меҳру шавқат, ҷавонмардиву шуҷоат, некбиниву покдилӣ, қавииродагиву ҷасурӣ буду, ҳамеша аз бародариву ватандӯстӣ ва ватанхоҳиву сулҳу ваҳдат сухан мекард.
Боиси таъкид аст, ки Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун роҳбари мубораққадаму покдил дар қатори дигар муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстдорони миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи башарият борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, то чи андоза барои барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмат кашидаасту талош варзидааст.
Зеро ,ки солҳои аввали Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои мардуми мо марҳилаи хеле сангин ба ҳисоб мерафт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намудаанд, ки “баъди расидан ба истиқлолу озодӣмиллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣба эъмори давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣкашида шуд”.
Таърих гувоҳ аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба ӯхда гирифта дар назди Парчами давлатӣ қасам ёд карда, иброз намуданд, ки “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳочири иҷборӣ, берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам”. Маҳз бо шарофати тадбирҳои созанда ва саъю кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон сулҳ барқарор гардид. Аз ҳамон вақт инҷониб, ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.
Воқеан, Пешвои муаззами мо бо ҷаҳду талошҳои пайвастааш ин гуфтаҳои худро содиқона ва собитқадамона исбот намуданд ва имрӯз таҳти роҳбарии бевоситаи эшон пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Яъне, бо Истиқлол ва шукуҳи он зиндагии шоиста ва ҳаёти рангини мардуми тоҷик дигарбора камол ёфт.
Ба ибораи дигар, Истиқлоли давлатӣ волотарин рамзи Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба сулҳу субот буда,омили таҳкимбахшанда ва таъмингари бахту саодати миллат аст. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд: «Истиқлолият бузургтарин сарват, бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».
Имрӯз, миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии оқилона, хмрадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон НБО-и Роғунро бино мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон буда, Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор ва дорои мақоми созандаву шоиста бошад. Зеро, ки «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон 16 феврали соли 2018 вобаста ба неругоҳи барқии Роғун таъкид доштанд, ки “Мо неругоҳи “Роғун”-ро беҳуда “Сохтмони аср” унвон накардаем. Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти норасидани барқро ба аҳолӣ ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ тавсеа ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем”.
Аз ин рӯ, мо бояд бо доштани Истиқлол ва Сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор намоем ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу талош варзем.Зеро замони Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем ва тавонем, ки ҳамқадам бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем.
Билохира, самараи Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида аст, ки ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Саидов Нуралӣ Шамсович - номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалащои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон