Имрӯз (29.08.2024) дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ ва таҳияи осори хаттӣ дар замони Истиқлол” семинари илмӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори Марказ н.и.т. Давлатов Раҳматкарим оғоз шуда, мавсуф кормандони ММХ ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори санаи мубораку фархунда 9 сентябр-Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон шодбош намуд. Ӯ ҳамчунин роҷеъ ба дастовардҳои Марказ, масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, тармим, тавсиф ва таҳияи феҳристи мероси хаттӣ ба сурати мушаххас суҳбат намуд. Аз ҷумла зикр шуд, ки салоҳияти таҳияи мероси хаттии ниёгон тибқи муқаррарот ба зимаи Маркази мероси хаттӣ вогузор шудааст. Намунаи корҳои бузурге, ки аз ҷониби мутахассисони Марказ чӣ дар даврони Истиқлол ва чӣ то замони истиқлол дар заминаи таҳияи мероси хаттӣ анҷом шудааст, аз ҷумла матни “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Қонуни тиб”-и Абуалӣ Сино, “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Исмоили Ҷурҷонӣ ва ғ. мебошанд.
Дар ҳамоиши илмӣ маърузаҳои илмии муовини директори Марказ, н.и.ф. Ёраҳматзода Шодиҷон зери унвони “Дастовардҳои Маркази нигаҳдории осори хаттӣ дар замони Истиқлол”, мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи осори хаттӣ, н.и.ф. Шарифов Маҳмадёр бо номи “Тавсифи осори хаттӣ дар замони Истиқлол” ва мудири шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигадории мероси хаттӣ Мирзоев Иззатулло таҳти номи “Аҳамияти ҷамъоварӣ ва ҳифзи осори хаттӣ дар даврони Истиқлол” шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ Марказ якчанд маротиба ному мақоми худро иваз намуда, бо номҳои Институти мероси хаттӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва билохира соли 2017 ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ тағйири ном кардааст, дар ин муддат ба Ганҷинаи Марказ 1100 нусхаи дастнавис ва 1300 нусхаи чопи сангӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин замон ҷилдҳои 7-10-и Феҳристи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расонида шуданд.
Аз соли 2017 то имрӯз 126 китобу манография ва маҷмуаи мақолаҳои кормандони Маркази мероси хаттӣ ба нашр расонида шуда, 350 дастнаис ва 436 нусхаи чопи сангӣ вориди Ганҷинаи Марказ гардонида шудааст.