Ҳамватанони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт!
Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони арҷманд!
Дар диёри куҳанбунёди тоҷик таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ ба анъанаи неки мардуми маърифатпарвари мо табдил ёфтааст.
Дар робита бо ин, Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, бахусус, ба фарзандоне, ки имрӯз бори нахуст ба муассисаи таълимӣ қадам мегузоранд, инчунин ба аҳли илму маорифи кишвар ва тамоми волидайни муҳтарам сидқан шодбош мегӯям.
Маврид ба зикр аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои рушду ташаккул додани илму маорифи муосир, муҳайё кардани шароити навини таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, илму касбомӯзӣ, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва дастгирии устодону омӯзгорон аҳаммияти махсус медиҳад.
Тадбирҳои амалигардида ба тарбия ва камолоти маънавии насли наврас мусоидат карда, ба ҷавонону наврасони кишвари азизи мо имконияти васеи аз худ кардани донишҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияҳои мутобиқ ба талаботи замони имрӯзаро фароҳам оварданд.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ба мо лозим аст, ки ҷиҳати тақвияти соҳаи маориф, боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим ва шароитҳои донишомӯзии фарзандонамон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Бори дигар дар ин рӯзи фараҳбахш мехоҳам тамоми сокинони маърифатдӯсту маорифпарвари кишвар, хосатан аҳли мактабу маорифи тоҷикро бо оғози соли нави хониш самимона табрик гуфта, тансиҳатӣ, файзу баракат, хушбахтии ҳар як хонадон ва ободиву шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони маҳбубамонро орзу намоям.
Рӯзи Дониш муборак!