Бояд қайд намуд, ки 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард. Имсол аз таърихи қабули ин ҳуҷҷати тақдирсози кишварамон 33 сол пур мешавад. Дар ин мудати начандон тӯлонии таърихӣ халқи меҳнатқарини тоҷик зери Парчами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки роҳи беш аз садсолаҳоро пушти сар кунад. Кас аз ин ободию рӯз аз рӯз хӯрраму зебо гардидани саросари Тоҷикистони азизамон, Ватани ягонаи тоҷикони дунё ба ваҷд меояд ва суханҳои ҳидоятсози Ҷаноби Олӣ «Тоҷикистон ба пешр»-ро гаштаю баргашта зам-зама менамояд!
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илми тоҷик низ ба дастовардҳои олмшумули таърихӣ соҳиб гардид, ки ин пеш аз ҳама ба талошу ғамхориҳои падаронаи Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди илми тоҷик вобастагии калон дорад. Масалан, олимони Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиш ва таҳқиқоти набототу ҳайвоноти нодири кишварамон натиҷаҳои арзишманди илмиро ба даст овардаанд.
Месазад ёдовар гашт, ки дар натиҷаи ҷоннок намудани корҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои чунин соҳаҳои муосири илм, ба монанди генетика, селексия ва биотехнология дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бештар аз 10 навъҳои серҳосилу ба касалиҳои тобовари зироатҳои кишоварзӣ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо ҳоло дар майдони бештар аз 10 ҳазор гектар кишт карда мешавад. Олимони ин махзани илм тавассути ба даст овардани чунин навъу намунаҳои нодири зироатҳои кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, ки яке аз Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишварамон ба шумор меравад, саҳми арзандаи хешро мегузорнад. Чунин дастовардҳои самараноки илмӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар муассисаҳои илмии зертобеъи АМИТ низ ба даст оварда шудаанд, ки онҳо дар рушди иқтисодиёти кишварамон нақши калон мебозанд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар арафаи ҷашнигирии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнату натиҷаҳои ба даст овардаи олимони тоҷикро қадр намуда, онҳоро бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегардонанд, ки ин ба кушишу ғайрати олимони тоҷик қувва ва илҳоми нав мебахшад. Имсол ҳам дар рафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 20 нафар олимони АМИТ мукофотҳои давлатӣ, аз қабили «Корманди шоистаи илм» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида, ки аз онҳо шаш нафарашон аз Шуъбаи илмҳои биология мебошанд.
Мо олимони тоҷик аз ин ғамхорӣ ва дастгирии падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан сипогузорем ва минбаъд ҳам тамоми қувваю нерӯи илмиамонро боз ҳам баҳри баланд ва самаранок гардидани натиҷаҳои илмӣ сарф намуда, дар рушди иқтисодиёти кишвари азизамон саҳми хешро хоҳем гузошт.
Мирзораҳимзода А.К. - ноиби президент, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор, дорандаи унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дар соли 2024.
Партоев Қ. - мудири Озмоишгоҳи генетика ва селексияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, дорандаи медали «Хизмати шоиста» дар соли 2024.