Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи навини худро боз намуд ва бо зуҳури ин руйдоди нодири таърихи ормони ҳазорсолаи халқи тамаддунофари тоҷик амалӣ гашт.
9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқӯъ омад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ҳамватанони азиз Шуморо аз самими қалб бо ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, шукр аз он менамоем, ки Тоҷикистони азизамон ва миллати тоҷик, дар ободии ватан пайваста саҳмгузорӣ менамояд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба хотири нигоҳ доштани якпорчагии давлат ва ваҳдати миллӣ дар ҳадафи асосии миллат, яъне ватанпарварӣ натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Дар ин замина тарбияи маънавӣ ва ахлоқии насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими устоду омӯзгорон мебошад, ки аз он ҳам давлат ва ҳам ҷомеа баҳраманд мегардад. Хушбахтона, имрӯз халқи тоҷик тамоми он барномаҳоеро, ки Сарвари давлат пешниҳод намуда буданд ва пешниҳод менамоянд, бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ месозад.
Нишонаи фаъолияти пурсамар ва босуботи имрӯзаи Тоҷикистон ин Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Дар ҳар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои муҳимми таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд, ки бешубҳа амалӣ мегарданд.
Таҳкими пайвастаи истиқлолият, якпорчагии давлат, сохтани иншооти калони стратегӣ, барпо намудани ҷойҳои кори нав, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва сатҳи донишу маърифати ҷавонон, ҳамзамон сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо, муассисаҳои фароғатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст, яъне рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад, ки ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии на танҳо худ ғайрат намояд, балки низ, барои рушди кишвари маҳбубамон саҳм гузорад.
Амалӣ намудани дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли душвориҳои иқтисодию иҷтимоии ҳар як мамлакати рӯ ба рушд ниҳода мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи илму маориф хеле зиёд гардида, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятноки кишварамон гардидаанд.
Бояд хотиррасон намуд, ки имрӯз ҳар як фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳуриамон, балки низ берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури давлатҳои пешрафтаи муосир дониш омӯхта, соҳиби касбу ихтисоси замонавӣ гардад.
Зеро новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ин такя ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, эҳё намудани ойину анъанаҳои неки миллӣ, ташвиқу тарғиби осори ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии миллати азизамон мебошад, чунки маҳз ба ҳамин васила мо метавонем гузаштаи худро дуруст дарк намуда, ҳисси ватандустиро ба қалби насли наврас ҷо намоем.
Президенти Ҷумҳурӣ дар паёмҳо доимо оид ба мавқеи илм ва баланд бардоштани обрӯи онро дар ҷомеа таъкид менамоянд. Дар Паёми соли 2023 дарҷ шудааст, ки «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад ва рушди илму маориф дар навбати худ калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо шуда, омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад».
Тоҷикистони имрӯза аз Тоҷикистони пеш куллан фарқ менамояд, чунки дар роҳи давлати ҳуқуқбунёди демокративу рушдёбанда бо қадамҳои устувор пеш рафта, заминаи он сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, фаъолияти пурсамараи босубот ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.
Хоҷаев М.А. Котиби илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ.