Сентябрь 6, 2024 16:18
ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин дастоварди сиёсии Истиқлолияти давлатӣ- ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Истиқлолияти сиёсӣ дар давраи ҳозира таваҷҷуҳи олимон, зиёиён ва сиёсатмадоронро ба худ ҷалб намудааст ва ин мафҳум аз истиқлолият бо хосиятҳои муайяну мушаххаси худ тафовут дорад. Мафҳуми истиқлолият соҳибихтиёрӣ, мустақилият, истиқлол, худсолорӣ ва мухториятро ифода менамояд. Ин мафҳум вобаста ба сипарӣ гардидани даҳсолаҳо ё садсолаҳо, яъне давраҳои таърихӣ аз якдигар фарқ дошта, дар давраи ҳозира дар маҷмуъ шакли васеътар гирифтааст. Дар замонҳои қадим мафҳуми истиқлолият ҳамчун падидаи раҳоӣ аз истилогарон фаҳмида мешуд, имрӯзҳо истиқлолият муайян намудани умумияти этникӣ-генеалогӣ, соҳибфарҳангӣ, давлатдории бевосита миллӣ ва вобаста набудан ба қувваҳои хориҷиро таҷассум менамояд.
Чунин шарҳ додааст мафҳуми баланди истиқлолиятро ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ғолиб Маҳмадиев.
— Истиқлолият мафҳуми арзишманде мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар миллат аст. Истиқлолият ба он мусоидат намуд, ки рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Дар ин самт татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият барои мамлакат имконияти мусоидро барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мамлакат фароҳам овард.
Албатта, истиқлолияти давлатӣ ё истиқлолияти сиёсӣ аз ҷониби олимону муҳаққиқони зиёд мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифта, ҳар кадоме ин масъаларо ба таври худ баррасӣ намудаанд. Барои боз ҳам возеҳ намудани ин мафҳум хуб мебуд, ки масъалаи истиқлолияти сиёсиро дар афкори олимони улуми сиёсӣ ва ҷомеашиносӣ омӯзем ва моҳияти масъаларо дурусттар дарк намоем. Зеро дар масъалаи моҳияти мафҳуми истиқлолияти сиёсӣ нақш ва ҷойгоҳи файласуфи Юнони қадим Арасту назаррас мебошад. Арасту тартиби дуруст ва истиқлолияти мукаммали давлатро дар ҳифз ва нигоҳдошти манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дигар унсурҳои миллӣ мебинад. Ба андешаи Арасту, истиқлолияти сиёсӣ дар он вақт мавҷудияти худро ҳифз карда метавонад, ки давлат ва миллат тавонанд арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои миллиро аз хавфу хатар ва таҳдидҳои берунӣ ҳифз намоянд.
Истиқлолияти сиёсӣ- ин доштани мустақилияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Давлати соҳибистиқлол ё дорои истиқлоли сиёсӣ самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро худаш мустақилона ҳал менамояд.
Тоҷикон аз замонҳои қадим истиқлолиятхоҳ буданд ва барои расидан ба озодӣ бо истилогарон ва ғосибон муборизаҳо мебурданд.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуда, аз тарафи созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷаҳон дар муддати кӯтоҳ ба расмият шинохта шуд. Муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мунтазам бо кишварҳои алоҳида барқарор гардиданд. Дар ин муддат Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷиро мустақилона муайян кунад. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии давлатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд аз минбарҳои баланди анҷуманҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид сухан гуфта, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонанд, аз пайдоиши давлати нав, нақшаю мароми он ва сиёсати дохилию хориҷии он дар арсаи ҷаҳонӣ маълумот диҳанд.
Соҳибихтиёрии халқ дар соҳибихтиёрии давлат ва соҳибихтиёрии миллат таҷассум меёбад. Шакли дигари ифодаи соҳибистиқлолии халқ соҳибихтиёрии миллӣ мебошад. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ифодакунандаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва ҳам соҳибихтиёрии тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад.
Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон намуд. Дар муддати кӯтоҳ истиқлолияти давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аз тарафи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва ҳам аз тарафи кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шуд, ки ин хушбахтӣ ва саодатмандии миллати тоҷикро мебоист таъмин менамуд. Аммо ин хушбахтиву тантанаи истиқлоли миллати тоҷикро боз ҳам душманони дохиливу хориҷӣ халалдор намуданду ҷанги таҳмилии бародаркушро бар сари миллати тоҷик бор намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро бо хиради азалӣ, зиракии сиёсӣ ва шуҷоату мардонагӣ амалӣ намуда, истиқлолияти сиёсии Тоҷикистонро нигоҳ доранд, давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳанд, миллатро муттаҳид намоянд, гурезагонро аз ҳамсоякишварҳои наздик ба Ватан баргардонанд ва тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз намоянд. Забони миллӣ, давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллиро дубора эҳё намуда, Тоҷикистонро аз хавфи парокандагӣ раҳо намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи бойи сиёсӣ ва талошҳои инсондӯстонаву фарҳангсолорона миллати тоҷикро ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ баъди 1100 соли давлатдории давлати Сомониён эҳё намуданд. Миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ ва фарҳангу анъанаҳои ниёконро аз нестшавӣ берун оварда, номи бузургонро аз торикиҳои таърих, ки паси пардаҳои сиёсии давр ниҳон монда буданд, ба равшании азалӣ бароварданд.
Дар даврони истиқлол Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯю эътибори баланд соҳиб гардида, дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Бояд гуфт, ки баъди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, бартараф намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини осоиштагии мардум дар аввали солҳои 2000–ум бовариву эътимоди кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба давлати мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуда, робитаҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоҳидаи сиёсиву дипломатӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гардид.
Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таҳкими истиқлолияти сиёсӣ дар мамлакат бо сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро ба миён гузошта, дар натиҷаи таъмини амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила ба ин ҳадафҳои гузошта ноил гардид ва обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ афзоиш ёфт.
Ҳамин тариқ, истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким ёфта, давлати Тоҷикистон давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангиву дипломатӣ ва ғайра ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Моро зарур аст, ки таҳти сиёсати созанда ва инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва хизматҳои шоёни ин шахсияти таърихиро ба наслҳои оянда расонида, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз тоҷик буданро дар зеҳни онҳо ҷойгир намоем. Истиқлоли Ватанро, ки бо қимати баланд ба даст омада, номи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон дар ҷойгоҳи ифтихорӣ ҷойгир намудааст, ҳифз намоем ва барои садсолаҳои дигар пойдор ва устувор нигоҳ дорем.
Ғолиб МАҲМАДИЕВ, ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон