Истиқлоли давлатӣ дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик оғози давраи комилан навӣ давлатдорӣ, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллӣ, рушди бемайлони ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми кишвари мо маҳсуб мешавад.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд “Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад”.
Ин падидаи воқеан муҳимми таърихӣ барои ташаккул ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи бонкдорӣ шароит ва имконияти мусоид фароҳам овард. Ҳарчанд низоми бонкии ҷумҳурӣ дар заминаи шабакаи бонкии замони шӯравӣ бунёд гардида бошад, аммо дар даврони Истиқлолият тадриҷан зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот ворид кардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробариҳои мунтазаму боэътимод, ташкили назорати бар пояи меъёрҳои молиявию иқтисодӣ ва байналмилалӣ асосноки бонкӣ ва ғайраро тай намуда, дар айни замон ба яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳимми иқтисодиёти кишвар табдил ёфтааст. Дар шароити имрӯза низоми бонкӣ ҳамчун низоми мустақил, муосир ва миллӣ шинохта гардидааст, ки дар татбиқи сиёсати давлатии Тоҷикистон саҳмгузор мебошад.
Саҳми Пешвои миллат дар баробари дигар корнамоию ҷонфидоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Зеро, Сарвари давлати тоҷикон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарии кишвар интихоб шуданашон, новобаста аз рӯзгори тӯфонхези оғози даврони соҳибихтиёрӣ ва ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашида шудани кишвар, барои ташкилу барқарории чунин низоми ҳаётан муҳим, бо дарки амиқи муҳиммияти соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, муттасилан тадбирҳои таъхирнопазир меандешиданд.
Баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, низоми бонкии кишвар низ то андозае ба соҳибихтиёрию мустақилият комёб гашт ва ба бунёди низоми миллии бонкдорӣ оғоз намуд.
Сарфи назар аз вазъи мушкили он замон, соли 1995 шароити мувофиқ барои амалӣ намудани ислоҳот дар низоми бонкӣ ва барпо намудани асосҳои низоми мустақили пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гашт. Барои самаранок анҷом додани ислоҳоти мазкур вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар муфассал омӯхта шуда, мақсадҳои сиёсати ягонаи давлатии иқтисодӣ муайян гардиданд ва мутобиқи онҳо масъалаи ба муомилот ворид намудани пули миллӣ манзур гашт.
Дар ин раванд узви Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти хос аст. Яке аз барномаҳои асосие, ки ХБА барои мамлакатҳои тозаузв пешниҳод менамояд, барномаи кӯмаки пас аз низоъ (ESAF) ба шумор меравад, ки аз маҷмӯи кӯмакҳои моддию молиявӣ, ихтисосию машваратӣ ва техникӣ иборат мебошад. Барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии онрӯзаи Тоҷикистон таҷрибаи калони ин созмон дар идораи макроиқтисодӣ нақши назаррас бозид.
Бо оғоз намудани ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА ва дар ин замина омӯзиши амиқи соҳаҳо, омилҳо ва муаммоҳои мавҷуда, ҷиҳати ҳалли онҳо дар асоси пешниҳоди Пешвои миллат, оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 7 апрели соли 1995 рублро чун пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллиро ташкил намуд. Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ аз 6 майи соли 1995, № 8 (324) 10 майи соли 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ - рубли тоҷикии барориши соли 1994-ро бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот баровард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин ислоҳоти пулӣ дорои нишонаи дигари давлатдорӣ – пули миллии худ гашт ва ниҳоят низоми ягона ва мустақили пулиро ташкил намуд. Ворид намудани пули миллӣ на танҳо барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт, балки барои таҳкими сохти давлатдорӣ ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани кишвари мо аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт. Аз ҷумла, танҳо пас аз ин ислоҳот Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳия ва амалӣ намудани сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва асъорӣ имкон пайдо намуд ва барои танзими муомилоти пулӣ соҳиби фишангҳои эътимодбахш гардид.
Ислоҳоти пулии соли 1995 чун марҳилаи нави ташаккули сиёсати пулию қарзӣ боиси барпо намудани асосҳои муҳимтарини низоми мукаммали бонкӣ гардид. Дар ин марҳилаи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, ки мақсад ва вазифаҳои бонки марказиро возеҳ ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ бояд фаъолияти онро муҳайё созад, ба миён омад, ки вобаста ба ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул шуд. Ин иқдом барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон замина гузошт.
Бо мақсади самаранок анҷом додани пардохтҳои фаромарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон соли 1998 узви Созмони байналмилалии SWIFT гардид. Ин барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб мерафт.
Барои мутобиқ намудани тартиби ҳисобдории ҷумҳурӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, аз 1 январи соли 1999 Нақшаи нави ҳисобдорӣ барои ташкилотҳои молиявӣ ҷорӣ шуд, ки он аз ҷиҳати сохтор ва хусусияти худ ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Вобаста бо муътадил гардидани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати гузаронидани ислоҳоти дуюми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, №415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади такмили сохтори низоми пулии кишвар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2001, аз таърихи 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филизӣ бо арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуданд.
Ислоҳоти мазкур анҷоми мантиқии давраи барқароршавии шабакаи бонкӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии пулӣ гардид.
Ин тадбирҳои андешидашуда шароит фароҳам овард то низоми бонкӣ ба марҳилаи нав, яъне ба таҳкими сиёсати пулӣ ва рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар замина фароҳам оварад.
Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2000-ум то ин ҷониб раванди бемайлони рушд ва таҳкимёбиро касб намуд, ки ин ҳолатро нишондиҳандаҳои асосии бахши бонкӣ бозгӯянд.
Сохтори низоми бонкӣ агар дар соли 2000 17- ташкилоти қарзиро дарбар гирад, пас ин нишондод дар соли 2023 ба 64 - адад баробар гардидааст, ки ҳолати мавҷуда аз дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ ва аз сифати онҳо шаҳодат медиҳад. Агар дар соли 2000 бақияи сандуқи қарзӣ 377,4 млн. сомонӣ, амонатҳо 102,2 млн. сомонӣ, дороиҳои низоми бонкӣ 487,8 млн. сомониро ташкил диҳад, пас дар соли 2023 ин нишондод аз рӯйи бақияи сандуқи қарзӣ 17921,1 млн. сомонӣ (47,5 маротиба), амонатҳо 19462,6 млн. сомонӣ (190 маротиба), дороиҳои низоми бонкӣ 37679,5 млн. сомонӣ (77,2 маротиба) зиёдшавиро инъикос менамояд.
Дар баробари инъикоси тамоюли нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ ва фароҳамории заминаҳои меъёрӣ қайд намудани тадбирҳое, ки низом дар даврони соҳибистиқлолӣ татбиқ ва амалӣ кардааст, муҳим меҳисобем. Аз қабилӣ:
- бо мақсади такмил ва таъмини додугирифти боэътимоди пардохтҳои фаромарзӣ БМТ моҳи декабри соли 2002 Нуқтаи дастёбии дастаҷамъӣ ба шабакаи SWIFT-ро таъсис дод;
- бо мақсади таъмини фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохтҳои электронӣ дар соли 2002 БМТ маҷмааи барномавии муосири “Палатаи ҳисоббаробаркунӣ”-ро татбиқ намуд;
- соли 2003 бо мақсади баррасии доимии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати пулӣ Кумитаи сиёсати монетарии БМТ ташкил карда шуд;
- бо мақсади ҷалби бештари муштариён, аҳолӣ ва соҳибкорон ба низоми бонкӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №40 «Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2003-юм «Дар бораи муқаррар кардани муҳлати қонунигардонии маблағҳои пулӣ» қабул гардид;
- бо баинобатгирии талабот ба кормандони ихтисосманд, соли 2003 Маркази таълимии байнибонкии БМТташкил гардид;
- дар охири соли 2005 аз ҷониби се бонки азими тиҷоратии кишвар зиёда аз 5 000 адад корти пардохт бароварда шуд;
- бо мақсади нигоҳ доштани устуворӣ ва фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи феврали соли 2005 БМТ давра ба давра фонди талафоти имконпазирро аз рӯйи қарзҳо ташкил намуд.
- бо мақсади ташкили самараноки муомилоти молию пулӣ ва кам кардани хороҷоти чоп, ҳамлу нақл ва коркарди он, инчунин пешгирии истифодаи васеи асъори хориҷӣ дар муомилоти пулии кишвар БМТ пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомониро аз чоп бароварда, моҳи сентябри соли 2010 ба муомилот ворид намуд;
- дар баробари дигар субъектҳои низоми бонкӣ дар даврони соҳибистиқлоли барои гузаронидани санҷишҳои аудитории ташкилотҳои қарзӣ дар низом ташкилотҳои аудиторӣ ба фаъолият оғоз намуданд;
- дар соли 2010 бо мақсади татбиқи принсипҳои Базел оид ба самаранокии назорати бонкӣ, шартномаҳои ҳамкорӣ байни мақомоти назоратии БМТ ва Бонки марказии Эрон ва Комиссияи танзими фаъолияти бонкии Чин баста шуданд;
- барои таъмини шаффофият ва дурустии ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, қоидаҳои ҳисобдории муҳосибавӣ барои ташкилотҳои қарзӣ мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ омода ва аз ҷониби Раёсати БМТ аз 30 июни соли 2010 тасдиқ гардид;
- бо мақсади такмил ва таҳкими бахши бонкӣ “Стратегияи рушди бахши бонкӣ ва Нақшаи фаъолият барои солҳои 2010-2015” таҳия шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2010 тасдиқ гардид;
- бо дастури Пешвои миллат ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид ва мутобиқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2010, №33 Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории алоҳида таъсис дода шуд.
- мутобиқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2012, №307 ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Бюрои қарзию иттилоотии Тоҷикистон” ва аз 25 июли соли 2014, №186 ба ҶДММ “Бюрои таърихи қарзии Сомониён” барои иҷрои фаъолияти бюрои таърихи қарз иҷозатнома дода шуд;
- бо мақсади муайян намудани дурнамои рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон “Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025” ва Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкурро таҳия намуд;
- барои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ БМТ дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ”-ро таҳия намуд. Қарори мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2014, №815 қабул гардид;
- соли 2015 дар сохтори БМТ Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва бозомӯзии кормандон таъсис дода шуд;
- бо мақсади солимгардонии фаъолияти молиявӣ ва институтсионалии БМТ, инчунин баҳри баланд бардоштани самаранокии идоракунии низоми бонкии мамлакат Нақшаи стратегии солимгардонии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардид ва бо қарори Раёсати БМТ, №152 аз 31 июли соли 2015 ба тасвиб расид;
- гузариши ташкилотҳои қарзӣ ба низоми муосири интиқоли маблағҳо “Модели мутавозуни ниҳодии шаффофияти гардиши воситаҳои асъории Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо”;
- ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои босифати молиявӣ қабули Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314;
- бо мақсади таҳкими хизматрасониҳои ғайринақдӣ аз 22 июни соли 2023
№586 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”.
Дар давоми 33 соли Истиқлолият ҳолати низоми бонкӣ мунтазам беҳтар гардида, нишондиҳандаҳои асосии он, хусусан сатҳи дороиҳо, қарзҳо, амонатҳо, сармоя ва дар маҷмӯ даромаднокии он устувор гардидааст. Ба ҳолати нимсолаи якуми соли 2024 ҳиссаи қарзҳо нисбат ба ММД 15,7% ва амонатҳо 17,34%-ро ташкил медиҳанд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, дар баробари рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат ҳамасола ҳаҷми сармоягузориҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, фондҳои байналхалқӣ, ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шарикони стратегӣ дар маблағгузории бахшҳои воқеии иқтисодиёт зиёд мегарданд, ки бевосита ба рушди иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Оев Анис Давлатович - омӯзгори кафедраи аудит ва ревизияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон