Имрӯзҳо тамоми халқи мо дар саросари мамлакати азизамон 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳобати зиёд ҷашн гирифта истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ халқи тоҷик соҳибихтиёрии давлатиро ба даст овард ва дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи нави инкишофи истиқлолияти давлатӣ ба миён омад.
Аз ин ҷост, ки 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин сана ҳамчун рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст.
Маҳз аз ҳамин давра сар карда, равандҳои демократикунонии ҷомеа, ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои нави миллӣ оғоз меёбанд. Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост меояд. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.
Сабабҳои сар задани муқовимати сиёсӣ, фалаҷ гардидани ҳокимияти даввлатӣ ва ба нестӣ омадани сохти конститутсионӣ аз нигоҳи таҳқиқоти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ба таври мукаммал дар китобҳо, маърӯзаҳо, суҳбатҳо ва баромадҳои Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ дар Тоҷикистон баромад кардаанд. Зеро медонистанд, ки бе таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакат бунёд намудани далати соҳибихтиёр ва дигар созандагиҳо ғайриимкон буд. Бинобар ин, Сарвари давлат тамоми ҳастии худро барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон бахшида буданд.
Баъд аз фалаҷ гардидани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи навини тоҷикон саҳифаи наверо кушод. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи ба роҳбарии давлат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу мамлакат - таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани мардуми Тоҷикистон, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи халқу миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.
Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Истиқлолияти далатӣ ва ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллат, ҷомеа ва давлатдории тоҷикон заминаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ба вуҷуд овард. Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 1999 фармон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ» ба тасвиб расониданд, ки ба туфайли он дар кишварамон муҳити мусоиди бисёрҳизбӣ ва гуногунандешии сиёсӣ фароҳам омад. Ин тадбир омили муҳиме гардид, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои мухталиф муттаҳид гардида, фаъолияти худро ба ҳифзу таҳкими сулҳ, ризоияти миллӣ, рушди демократия, инкишофи иқтисодиёт ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеаи тоҷикон амалӣ созанд.
Барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва он тағйироти куллие, ки дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ падид омаданд, давраи комилан наверо дар низоми қонунгузорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ ва мавқею мақоми Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардидааст, ба миён овард. Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созишу Ваҳдати миллӣ, ки дар самти таҷдиди низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар пояи барномаҳои доманадори Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо эъмори ҷаҳонии худро ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони муосир ворид намояд.
Низоми нави давлатдорие, ки Президенти кишвар дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа, заминаҳои воқеӣ муҳайё карданд. Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ӯ ба бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон бо дарёфти истиқлолияти пурраи миллӣ оварда расонид.
Самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои арзишманд ноил гардид.
Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ фаро гирифтааст ва бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд ва ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ намуда, ин неъмати бебаҳо - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Халқи Тоҷикистон хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, бунёди сулҳи тоҷикон, суботу оромӣ дар ҷомеа, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, амалӣ намудани ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла таъмини амнияти Точикистон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти озуқаворӣ, баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати муосири демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандидошта муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар сатҳи қонуни конститутсионӣ қадр карда шудаанд.
Маҳмадизода Н.Д. директори Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови АМИТ