Skip to main content

Форуми иқтисодӣ дар Остона, ки 17 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, ҳамчун як платформаи муҳими муколама ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон маҳсуб мегардад. Он метавонад ҳамчун воситаи хубе барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва пешбурди ташаббусҳои рушди устувор дар саросари минтақа тамаркуз мекунад. Ҳамкорӣ ва иттиҳоди роҳбарон, сиёсатмадорон ва намояндагони тиҷорат дар муҳокимаҳо оид ба мушкилот ва имкониятҳои муштарак, бахусус дар соҳаҳои энергетика, технология ва инноватсия аз масъалаҳое буданд, ки дар Форуми мазкур зикр гардиданд. Ҳадафи ин ҳамкорӣ истифодаи захираҳои ғании табиии Осиёи Марказӣ дар баробари технологияи пешрафта ва таҷрибаи молиявии Олмон, фароҳам овардани роҳҳо барои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои муштарак мебошад. Сиёсатшиносони минтақа, дар суҳбат бо намояндагони ВАО таъсири ин форумро муҳим арзёбӣ карда, таъкид кардаанд, ки он барои равобити амиқи иқтисодӣ замина мегузорад, табодули донишро меафзояд ва ба суботу ва рушди минтақаро мусоидат мекунад.

Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешгоми ташаббусҳои ҷаҳонӣ, ба монанди масъалаҳои обу иқлим, иқтисоди сабз, ҳифзи пиряхо ва ғайраҳо мебошад, ки маҳз бо талоши пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён расонида шудаанд. Дар Форуми мазкур Президенти кишвар, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, дар ҷаласаи дуввуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон суханронии пурмазмун кард. Пешвои миллат дар суханронии худ аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро таъкид карда, ба иқдомоти муштарак барои истифодаи захираҳои фаровони минтақа дар баробари тавоноии молӣ ва фанноварии Олмон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бо таъкид ба манобеъи ғании табиии Тоҷикистон, бахусус иқтидори “энергияи сабз”-и Тоҷикистон, Пешвои миллат зикр карданд, ки дар ҳоли ҳозир кишвари мо 98 дарсади нерӯи барқи худро аз манобеъи таҷдидшаванда тавлид мекунад. Ҳамчунин, дурнамои ноил шудан ба тавлиди 100 дарсад аз манобеъи барқароршавандаи энергияро то соли 2032 тавсиф кард ва ҳадафи то соли 2037 табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари комилан “сабз”-ро низ дар миён гузошт. Ин масъалаҳо ӯҳдадорӣ ва садоқати кишварро ба рушди устувор таъкид карда, Тоҷикистонро ҳамчун пешсаф дар пешбурди таҷрибаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия муаррифӣ мекунад.

Сарвари давлат ҳамчунин саҳми муҳими ширкатҳои аврупоиро дар пешрафти фанноварӣ дар бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон эътироф кард. Вай якчанд лоиҳаҳои азимро мисол овард, ки чӣ гуна таҷрибаи аврупоӣ метавонад ба ҳадафҳои рушди сабзи кишвар, баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва пешбурди рушди иқтисодӣ мусоидат кунад. Президенти кишвар аз кашфи 800 кони маъдан дар Тоҷикистон таъкид карда, имкони тавлиди мошинҳои барқӣ ва таҷҳизоти каммасрафро арзёби карданд. Таъкид шуд, ки кишвар ба рақамисозӣ ва инноватсия авлавият дода, барои сармоягузории хориҷӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук ва ғизо, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, маориф ва тандурустӣ имтиёзҳо пешниҳод мекунад.

Президент барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ як низоми бидуни раводидро барои шаҳрвандони кишварҳои интихобшуда, аз ҷумла Олмон эълон кард, ки дастрасии осон барои сармоягузорон ва соҳибкоронро фароҳам меорад. Ҳамин тавр, аз мулоҳиза ва баррасии иштирок ва суханрониҳои Пешвои миллат дар Форум метавон чунин натоиҷ ва интизориҳои калидиро интизор шуд:

Ҳамкориҳои густурда: Интизории афзояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ширкатҳои олмонӣ, бахусус дар бахшҳои энергияи таҷдидшаванда ва интиқоли технология вуҷуд дорад.

Имкониятҳои сармоягузорӣ: Форум барои сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳое, ки ба рушди устувор ва инноватсия мувофиқанд, роҳҳои нав боз кунад.

Мубодилаи дониш: Иштирокчиён ба табодули устувори дониш ва таҷриба, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика ва технологияҳои рақамӣ, ки метавонад ҳадафҳои рушди Тоҷикистонро ба таври назаррас пеш барад, умедворанд.

Интегратсияи минтақавӣ: Таҳкими равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба сиёсатҳо ва ташаббусҳои ҳамгирошудаи минтақавӣ оварда мерасонад, ки мушкилоти муштаракро, бахусус дар соҳаи энергетика ва рушди иқтисодӣ, ҳаллу фасл мекунанд.

Таваҷҷӯҳ ба иқтисоди сабзи Тоҷикистон: Уҳдадориҳои дастаҷамъона барои рушди сабз бо лоиҳаҳои муштарак, ки аз иқтидори барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва пешрафтҳои технологии Олмонро истифода мебаранд, пешбинӣ шудааст. Тоҷикистон метавонад, бо дороии захираҳои обии худ, дар саргаҳи амалӣ намудани лоиҳаи “иқтисоди сабз” дар Осиёи Марказӣ боқӣ монад, ки он на танҳо барои ҳамкориҳои муштарак мусоидат мекунад, балки нақш ва мақоми кишварро дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар намояд.

Президенти кишвар иштирокчиёни Форумро барои шарикии муштарак ва мутақобилан судманд, бахусус дар соҳаи рушди сабз даъват намуданд. Бояд гуфт, ки назарҳои дар Форум ироашудаи Пешвои миллат на танҳо тааҳҳуди Тоҷикистонро ба устуворӣ инъикос менамояд, балки потенсиали ҳамкориро барои пешрафт ва навовариҳои минтақавӣ таъкид мекунад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон метавонад нақши калидии худро дар бахши энергияи сабз муаррифӣ кунад, ҳамкориҳои он бо Олмон ва дигар кишварҳо ба пешрафти назаррас дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда, интиқоли технология ва рушди устувори иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ оварда расонад.

Мадимарова Гулҳаё- ходими пешбари шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,номзади илмҳои филология