Skip to main content

Истиқлоли давлатии мо ҳосили кору пайкор ва корномаҳои адабиву фарҳангӣ ва илмии гузаштагони боному нангамон мебошад, ки ба иттифоқи назари ҳам пешиниён ва ҳам имрӯзиён қофиласолори корвони ин бузургмардони тамаддунофар Одамушшуарои шеъри тоҷикии форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Кору номи Рӯдакӣ бо нахустин рӯзҳои давлатдории тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар солҳои нахустини таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи мо аз ин фарзанди фарзонаи хеш ёд оварда, бо эълони Рӯзи Рӯдакӣ дар 2-3 наврӯзи соли 1926 муҳаққиқон ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгору осораш шурӯъ намуданд. Қарори мазкур дар яке аз шумораҳои маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор» - нашрияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон бо такя ба «як силсила дархостҳои заҳматкашони тоҷик чи ба воситаи мақолот дар рӯзномаҳо ва чи ба воситаи ҳайати мушовараи Вазорат» ба чоп расидааст.

Номи Рӯдакӣ дар он солҳои мубориза барои ташкили Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон барои халқи тоҷик рамзи қадимии адабиёту фарҳанг ва давлати он гардида буд. Ин қарор дар соле буд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ чоп шуда ва сархатти он бо ному шеъри устод Рӯдакӣ оѓоз меёфт. Воқеан барои оммаи васеи мардуми тоҷик ному осори устод Рӯдакӣ маҳз ба туфайли навиштаҳои меҳандӯстонау миллатдӯстонаи устод Айнӣ ошно гардид. Мисраъҳои шоири шаҳири зиндаёд гӯё бар ин ҳақиқат мебошанд:

Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар,

Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.

Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар табъи Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард!

Мутаассифона душманони миллати мо дар он солҳои мудҳиш устод Айнӣ ва устод Рӯдакиро бо баҳонаи ситоиши амиру даъвати он ба Бухоро душмани сохти нав хонданд ва ин ҷашну ин рӯз аз хотирҳо зудуда шуданд. Соли 1958 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистони Шуравӣ 1100 – солагии шоир ҷашн гирифта мешавад, ки ба ҳамин муносибат китобҳои «Осори Рӯдакӣ» ва «Осори ҳамасрони Рӯдакӣ» аз чоп баромаданд. Тадқиқотҳои зиёде, аз ҷумла монографияи «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» - и Абдулғанӣ Мирзоев ба нашр расиданд.

Хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар ҷустуҷӯ ва муайян кардани осору аҳвол ва бахусус зодгоҳи Рӯдакӣ хеле бузург аст, ки дар ин бора зиёд гуфта ва навиштаанд. Ин аст, ки нахустин муҳаққиқи рӯзгору осори шоир Саид Нафисӣ навишта буд: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш оѓоз карда буд, Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсурӣ ва Фаррухӣ ва Асҷадӣ ва Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».

Ҳамин саргузашти Рӯдакиро бо корномаи Саид Нафисӣ дар эҳёи осору аҳволи шоир дар қасидае тӯлонӣ устоди фақиди шеъри форсӣ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр ба риштаи назм кашидааст, ки ин байтҳои пур аз муҳаббату ихлосу самимият аз он ҷост:

Вақт хуш буд оли Сомонро,

Ҷой дар хиттаи Хуросон буд.

Рӯдакӣ низ чун дури шоҳвор,

Зеби дарбори Оли Сомон буд.

Ҳамчу теѓи Амир Исмоил,

Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.

Рӯдакӣ кори Пури Дастон кард,

К-ин ҳунар кори Пури Дастон буд.

Дар низои бақои миллият,

Аввалин қаҳрамони майдон буд.

Миллати мо раҳини миннати ӯст,

Миннат ӯро сазад, ки маннон буд.

Рӯдакӣ бо ду чашми нобино,

Раҳнамои маолбинон буд.

Аввалин бор раҳе паймуд,

К-иш на пайдо карону поён буд.

Дигарон пайравони Рӯдакианд,

Нотавонанд Рӯдакисон буд …….

Вале бояд қайд намоям, ки бузургдошти Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъд аз ба Истиқлол расиданиТоҷикистон ҷилову ранги тозаву хос ба худ касб карда, халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлоли давлатии худро устувор менамуд, Рӯзи Рӯдакиро дар 22- юми сентябр барқарор намуд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат ҷашни 1100 – солагии Давлати Сомониён дар миқёси байналмилалӣ ва сатҳи баланд бо бунёди Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ таҷлил гардид, ки дар амри таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва ваҳдати миллии мардуми кишвар таъсири босамар гузошт.

Бо пешниҳоди Президенти кишвар аз тарафи ЮНЕСКО дар соли 2008 1150 – солагии шоири миллии мо, падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню- Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардидаанд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ҳаминмуносибат дар Боғи ба номи Рӯдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон - Сомониён - Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва роҳбари ҷумҳурии мо ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.

Пешвои муаззами миллат ҳам дар осори таҳқиқии худ ва ҳам дар суханрониҳо ва паёмҳои ҷашнии худ ҳамеша аз ашъори обдори сардафтари адабиёти форсизабонони ҷаҳон барои бедор намудани ҳисси милливу худогоҳии мардум истифода намудаанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба устод Рӯдакӣ ба унвони яке аз нобиѓагони умумибашарӣ нигариста, таҳқиқу таълими осори ӯро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишвар роҳандозӣ намудааст. Нашриётҳои кишвар ашъори ӯ ва таҳқиқотро дар бораи ӯ пайваста ба чоп мерасонанд. Дар Тоҷикистон муассисаву идораҳо, ноҳияву хиёбонҳо ва созмону ташкилоти зиёде ба номи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шудаанд, ки аз эҳтиром ва таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба шахсият ва осори ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва эҷодиёти ӯ дар сарзамини аҷдодии ӯ ҳамеша устувору пойдор будааст.

Қарни чоруми ҳиҷрӣ мусодиф бо садаи даҳуми мелодӣ аз дурахшонтарин давраҳои фарҳангу тамаддуни халқҳои эронӣ ба шумор меравад. Ин дастовардҳои фарҳангӣ ҳосили муборизаҳои истиқлолҷӯиву озодихоҳии хонадонҳои милливу маҳаллии Тоҳириёну Саффориён ва ба хусус Сомониён мебошад, ки тавонистанд бо поймардиву шуҷоат сахову фарҳангпарварии хеш на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, балки фаротар аз он шароити мусоиди ташаккул ва рушди ҳаёти илмӣ ва адабиро ба вуҷуд биёваранд. Муҳаққиқон ин замонро давраи растохези фарҳангӣ, ривоҷи хирадгароӣ, болоравии тафаккури ақлонии ҳаммеҳанони мо ва дар ин замина рушди худогоҳии милливу фарҳангии онҳо ва ниҳоят ташаккули қавми муаззами мо донистаанд. Дастгириву ташвиқи амирони сомонӣ аз назми шоҳномаҳо ва ривоҷи тарҷумаи осори ҳамосии пешиниён ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги бостонии миллати мо ба вуҷуд омадани осоре мисли «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсиро дар пай дошт. Маҳз бо ғамхориву пуштибонии амирони Сомонӣ навиштани осори илмиву адабӣ ба забони порсии дарӣ тавсиа ва рушди бесобиқа пайдо намуда, ниҳоли нозуки риштаҳои гуногуни фарҳангу тамаддуни миллӣ дар сарзаминҳои ёдшуда дар он рӯзгори босаодат шинонида шуд, ки дар асрҳои баъдӣ меваҳои лазизу ширин ба бор овард, ки имрӯз оламиён комҳои завқи хешро дар тамоми дунё аз он ширин мекунанд.

Бузургдошти устод Рӯдакӣ ва баррасиву таҳқиқи осори боқимондаи ӯ ба унвони асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ барои ҳамаи кишварҳое, ки унсе бо адабиёти форсӣ доранд, ба хусус барои кишварҳое, ки аз мероси бузурги адабӣ ба забони форсӣ ирс мебаранд, дорои аҳамияти вижа мебошад. Зеро роҳеро, ки устоди панҷрӯдӣ бунён ниҳод, шоирони тавоное чун Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолидини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Халилуллоҳи Халилӣ Маҳдӣ Ахавони Солис ва дигарон идома доданд. Накш ва мақоми устод Рӯдакӣ дар он ба андозаест, шоирони асрҳои баъдӣ дар тамомии давраҳо аз шеъри ӯ пайравӣ ва татаббуъ намудаанд ва ҳамагӣ ҳунари шоирии ӯро сутудаанд. Ӯ бо мазмунҳои баланди эҷодиёташ, санъати волои суханаш, ҷозибаву нерӯ, содагии баён ва равонии сурудаҳояш намунаи олии шеъри форсии тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, ки то имрӯз муҳаққиқон аз он мегӯянду менависанд. Осори боқимондаи Рӯдакӣ аз калимаҳои бегона поктар ва оганда аз вожагони ноби забони модарии ӯст, ки саҳифаҳои аксари фарҳангномаҳои қадими забони форсии тоҷикиро зеб додаанд.

Муҳаққиқон осори боқимондаи Рӯдакиро баёнгари воқеияти зиндагӣ, афкору эҳсос ва андешаҳои ӯ медонанд ва дар он оҳангҳои хушиву нишот ва зиндагиро дӯст доштан, дасти дармондагонро гирифтан, ба онҳо ёрӣ расонидан ва дарки имрӯзии масъалаҳои иҷтимоиро хотирнишон сохтаанд. Дигар аз паҳлуи эҷодиёти Рӯдакӣ, ки бар сиёсати давлати Сомониён такя мекард, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳии мардум аз гузаштаи пурифтихор ва таъриху фарҳанги бостонии халқҳои эронӣ буд, ки баъдан дар «Шоҳнома» ба таври барҷаста намоён гардидааст. Ҳамчунин саҳми ӯ дар бунёнгузории анвои шеъри тоҷикӣ назаррас аст. Вале муҳимтарин хидмати ӯ такомул ва инкишоф бахшидан ба рушди забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки дастуру қоидаҳои он дар адабиёти он давра, хоса шеъри Рӯдакӣ тарҳрезӣ шуда ба забони меъёри илмӣ ва адабӣ табдил ёфта буд.

Ному корномаи адабии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар симои мактаби эҷодие, ки худ бунёд ниҳода буд, идома дорад ва рӯзгору осори ӯ дар тамоми марказҳои шарқшиносӣ ва эроншиносии дунё омӯхта мешавад ва ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки донишмандони варзида аз кишварҳои гуногуни олам чи дар кишвари азизамон ва чи хориҷ аз он доир мегарданд, ки чунин нишастҳои илмӣ дар боло рафтани ифтихори ватандӯстии халқҳои сарзамини мо ва ваҳдати онҳо ва дигар мардумони ҳавзаи фарҳангии форсии тоҷикӣ мусоидат мекунад.

Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология