(ба муносибати Рӯзи забон - 5 октябр)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон 5 октябри соли 2019 қайд менамоянд, ки “забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.
Аз 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҳамин тариқ, ин сана Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» тасдиқ карда шуд, ки дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.
Ҳамин тавр, ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ки соли равон ба 33 солагии Истиқлоли кишвар рост меояд. Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни асосии давлатдорӣ миёни қавму мардуми ҷаҳон буда, дар раванди давлатдорӣ нақши муҳим мебозад. Ба ин муносибат инҷо хостем, нигоҳи кутоҳе ба нақши забону адибон дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистону Бангладеш дошта бошем, ки минтақа собиқаи таърихӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дорад.
Мавриди зикр аст, ки кишварҳои олам бо тамаддун, фарҳанг, забону адабиёт ва донишмандону мутафаккирони худ мақому макону манзалати худро дар ҷаҳон пойдору устувор нигоҳ дошта, ба равишу усули геофарҳангиро тақвият мебахшанд. Зеро ин ҳама ба монанди нардбоне мебошанд, ки ин ё он кишвар тавассут он метавонад худро ба суи қуллаҳои баланд расонад. Ин ҳама чун сутуну пояҳои қавии кишварҳо мебошанд, ки танҳо бо ин васила арзият ва мавҷудияти таърихиро фароҳам оварда, боқӣ мемонанд. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустону Покистон аз кишварҳое мебошанд, ки бо тамаддуну фарҳангу таърихи қадимаи муштараки худ бо Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон шӯҳрату шукуҳ дорад.
Бояд қайд, ки Ҳиндустону Покистон аз сераҳолитарин кишварҳои дунё буда, дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҷойгиранд, ки ҳар сол дар нимаи моҳи август ё дақиқтар 14 ва 15-уми августи 1947 истиқлолии худро дарёфт намуда, таҷлил менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки забони давлатӣ як сарвату сармояи бебаҳо мебошад. Зеро фақат тавассути ҳамин забон метавон эҳсос ва фикру андешаҳои худро хубу ифоданок иброз намуд. Дар воқеъ забон ойинаи пурҷило, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор рафта, он дар фарҳангу тамаддуни халқу миллати мо - тоҷикон чун зербинои худшиносиву ҳувияти миллӣ ва омили аслии ҳифзи он ба шумор меравад. Зеро ин забон бо шеваҳои зебову ширинаш заминаи донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии қавму миллатҳои гуногуни ҷаҳон ба хусус Шибҳи Қораи Ҳинд нақши таърихсоз бозидааст. Тибқи баррасиҳо забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои бостонист, ки то ба имрӯз дар марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди он ки Ҳиндустону Покистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон ҳамсарҳад набуда, балки мардумони ин сарзамин аз давраҳои гузашта бо ҳам равобит ва пайванди муштараки қавӣ доштанд, ки дар он саҳми шоирон, адибону нависандагон назаррас мебошад. Бояд зикр кард, ки ҳамаи муносибатҳо дар заминаи тамаддун, забон, фарҳанг ва тиҷорат сурат мегирад, ки то имрӯз идома дорад.
Ин буд, ки бештари донишмандони Осиёи Марказӣ ба хусус Тоҷикистон ба ин сарзаминҳо сафар карда, забону адабиёти тоҷикиро бо нашри девону осори пурарзишашон ҳифз карда, ташвиқу тарғиб намуданд. Имрӯз ин сарзаминҳо саршор аз шахсиятҳост, ки осорашон то ҳол дар китобхонаву марказҳои илмии онҷо маҳфузанд. Ҳамин тариқ, шаҳрҳо ва маҳаллаҳои гуногуни ин манотиқ ба монанди Деҳлӣ, Агра, Тӯғлақобод, Муршидобод, Колкатта, Лоҳур, Мултон, Пешовар, Кашмир, Ҳунза, Гилгету Свот аз ҷойҳое мебошанд, ки шахсиятҳои донишмандон аз қабили Мирзо Ғолиб, Мирзо Абдулқодири Бедил, Амир Хусрав, Низомиддин Авлиё, Масъуди Саъди Салмон, Саид Шоҳ Фатҳи Алии Вайсӣ (1816-1886) чун ёди ёрони меҳрубон ба хотир меоварад, ки файласуфи Шарғу Ғарб Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шефтаи забону адаби онҳо шуда, дар васфашон чунин сурудааст:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Дар ин зимн, Муҳаммад Иқбол аз ҳунару маҳоратҳои ин донишмандон низ ёдоварӣ намуда чунин таъкид намудааст:
Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,
Дар фани таъмир номи ӯ буланд....
Бо чунин эҷодиёт ва маҳоратҳо донишмандону ҳунармандон тавонистанд минтақаи Осиёи Ҷанубиро ба як макони таърихӣ бо доштани тамаддуну дину фарҳангҳои рангоранг табдил диҳанд, ки осорашон то ба имрӯз боқӣ мондааст. Ҳамаи ин донишмандон аз касоне буданд, ки барои давлатмардони даврони худ чун мушовири умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ машварату маслиҳатҳои муфид доданд, ки дар натиҷаи хадамоти илмии онон корҳои давлатдорӣ хело хуб анҷом меёфт.
Ҳамин корҳои шоиставу накуи онҳо мебошад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин донишмандон ҳамеша арҷгузорӣ намуда, зимни сафари худ ба Ҳиндустон дар соли 2006 аз марқади шоири ширинзабони тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил дидан намуд. Дар ин зимн, Президенти кишвар зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ иброз доштанд, ки мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст[1].
Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ тибқи сарчашмаҳо дар сарзаминҳои Осиёи Ҷанубӣ беш аз 600 сол ё дақиқтар аз соли 1203 то соли 1837 забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси забони гуфтугӯи байни миллатҳо мавриди истифода қарор мегирифт. Ҳамин тариқ, он на танҳо забони аҳли дарбор, балки забони адабиёт, сиёсат, маориф ва мақоми иҷтимоӣ дар Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш маҳсуб меёфт ва ё ба қавли Ҳофизи Шерозӣ.
Шакаршикан шаванд, ҳама тутиёни ҳинд,
З-ин қандӣ порсӣ ки ба Бангола меравад... нақш калидӣ бозидааст.
Дар ин зимн, ахиран ҳукумати Ҳиндустон забони форсӣ-тоҷикиро дар доираи сиёсати нав оид ба маориф ба феҳристи забонҳои классикии Ҳиндустон шомил намуд, ки то ин замон забонҳои тамилӣ, санскрит, каннада, телегу, малаялам ва ория ба он шомил будаанд.
Тибқи сарчашмаҳо дар заминаи ҳамин забони ширину шевову форам дар ин сарзамини сермиллат забони урду эҷод шуда, вожаҳои зиёде ба забонҳои дигар аз ҷумла панҷобӣ, синдҳӣ, банголӣ, гуҷаратӣ ва кашмирӣ таъсир гузаштанд, ки имрӯз бо ҳар кадоми ин забонҳо миллионҳо нафар гуянда дорад.
Дар асри XVI донишмандони зиёди форсу тоҷик аз Эрону Афғонистону Мовароуннаҳр инҷо даъват шуданд, то дар омӯзиши забону адабу ҳунар ба мардум кӯмак расонанд. Ҳамин тавр, тавассути ин бузургони адаб забони тоҷикӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳот низ паҳн гардид ва то дараҷае шуҳрату маъруфият пайдо кард, ки ба андешаи муҳаққиқ Музаффар Алам наздик буд мақоми забони якумро ишғол намояд. Дар тӯли таърих ин забон дар соҳаҳои маориф, адабиёт, мақомоти судӣ ва мавзеъҳои ҳукмронии ҳокимон аз ҷумла дар Ҳайдаробод то соли 1884 мақоми расмӣ истифода мешуд. Дар ин зимн, мансабдорону коргузорони англистабор дар коллеҷҳои таъсисдодаи инҷо забони тоҷикӣ омӯхта, ба дараҷаи профессорӣ расиданд. Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ миёни аҳли илму адаби Ҳиндустону Покистону Бангладеш нуфуз пайдо карда, тавассути Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо истифода аз заковат ва осори пурғановаташ дар эҳёи забону адаби тоҷикӣ дар инҷо пардохта, мувафаққиятҳои шоёне ба даст овард, ки то ба имрӯз боқӣ мондааст.
Ҳамин тариқ, то ба имрӯз дар марказу шуъбаҳои донишгоҳҳои Ҳиндустону Покистон ин забон мавқеи шоиста дошта, дар радиоҳои инҷо ба ин забон барнома таҳия мекунанд. Дар Донишгоҳи Панҷоби Покистон таълими забони форсӣ-тоҷикӣ дар соли 1870 бо таъсиси Коллеҷи шарқӣ оғоз шуда дар соли 1922 дарсҳои зинаи болоӣ аз ҷумла магирстратура (М.А) ба роҳ монда шуданд. Зимнан дар Донишгоҳи Сринагари Кашмир аз соли 1969 маҷаллаи «Дониш» ба забони тоҷикӣ нашр мешавад.
Дар ин даврони тӯлонӣ китобу дастхатҳои зиёде нивишта шуд ва садҳо шоирону орифон шеъру ғазалҳои худро эҷод карданд, ки то имрӯз дар баъзе китобхонаву марказҳои манотиқи Осиёи Ҷанубӣ ва Бенгал нигоҳдорӣ мешаванд. Дар шаҳри Колкаттаи Ҳиндустон 5 то 6 рӯзномаҳои тоҷикӣ бо шумули "Султон-ул-ахбор" ва "Дурбин" дар миёнаҳои асрҳои 18 ва охирҳои асрҳои 19 мураттаб нашр мешуданд, ки арзишу шуҳрати забони тоҷикиро дар минтақа нишон медиҳад. Тибқи маҷаллаи Анҷумани дӯстдорони адабу забони тоҷикӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии устоди забон ва адабиёти тоҷикӣ Доктор Муҳаммад Исҳоқ (1898-1969) анҷумани мазкур барои рушду нумӯи адаб дар соли 1944 таъсис додааст, аввалин маротиба рӯзномаи "Мирот-ул-ахбор" дар шаҳри Калкутта дар санаи 1822-23 зери роҳнамоии Раҷа Рам Моҳан Рой ба чоп расид. Ҳафтаномаҳои тоҷикии «Ҳиндустон» (1810), «Мирот-ул-ахбор» (1822), чун намунаи беҳтарин метавон ҳисоб намуд.
Аз ҳамон сол то имрӯз Анҷумани мазкур чун яке аз машҳуртарин маркази озодандешманди адабии Ҳиндустон ҳаст, ки аъзоёни он аз ҳама қишрҳои ҷомеа буда, барои рушд ва нумӯи адабёт,забон,фарҳанг ва илм бо гузаронидани семинару маҳфилҳои дохилӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунад. Бояд зикр кард, ки он дорои утоқи коллексияи шахсии Доктор Муҳаммад Исҳоқ, толори китобхонӣ ва маҳфилу семинарҳои илмӣ ва китобхонаи арзишмандест, ки саршор аз китобу дастхатҳои нодир, қадима ва муосир ва маҷаллаи илмӣ ду забона (англисӣ ва тоҷикӣ) зери унвони “Индо-ироника” мебошад, ки муҳаққиқон метавонанд аз он истифода намоянд. Анҷумани мазкур ба даври доим семинару чорабиниҳои илмӣ бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, урду ва тоҷикӣ мегузаронад, ки аз дастовардҳои пажӯҳишии он маҳсуб меёбанд.
Бо ташаббусҳои хубу олии шоир ва қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода адибони маъруфи Ҳиндустону Покистон ба хотири арҷу эҳтироми бузургони адабу забон ва ворисони онҳо ба Тоҷикистон ташриф меоварданд. Ҳамин тариқ, донишмандон бо адибон ба хусус Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон робитаи адабӣ ва дӯстӣ барқарор намуда, чун рӯйдоди муҳими фарҳангӣ дар рушди дипломатияи фарҳангӣ миёни ин кишварҳо маҳсуб меёбад.
Дар воқеъ, Мирзо Турсунзода бо асарҳояш аз ҷумла «Қиссаи Ҳиндустон», «Аз Ганг то Кремл», «Садои Осиё» тавонист пайванди адабу забону фарҳанро бо олимону шоирони муборизи меҳанпарасти Ҳиндустону Покистон чун рамзи дӯстии миёни тамоми халқҳои ин кишварҳоро фароҳам созад. Барои бозҳам нигоҳ доштани ин пайвандҳои илмиву адабӣ донишманду давлатмардони кишварҳоро зарур аст, то рафту омадро байни марказҳои илмӣ таҳким бахшида, омӯзишу ҳифзи дастҳои қадимаи тоҷикӣ муштаракона роҳандозӣ намуда, курсҳои омӯзишии мавсимӣ моделҳову саноатҳои пешрафтаро миёни ҳам мубодила намоянд. Ҳамин тариқ, миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанду Кулобу Хорӯғу Лоҳуру Пешовару Деҳливу Калкуттаву Муршидобод, Ҳайдарободу Агра хатсайрҳо ташкил намоянд, то равобити дипломатияи фарҳангӣ бештар тақвият ёфта, тиҷорату сайёҳат баҳри осоиштагии мардумони якдигар рушд ёбад.
Хулосаи калом, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хусусан Ҳиндустону Покистону Бангладеш бо донишмандони бузурги тоҷик чун устоду омӯзгор аз шахсони фозилу равшанзамиру барнодил мебошанд, ки осори онҳо то имрӯз боқӣ мондааст. Бояд таъкид намуд, ки ин ҳама бузургони адабу забон чун муаллими башар дар тарбияи маънавии инсонҳо нақши муассир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат гардидаанд. Ин ҳама бузургони забону адаб дар фурӯғу равнақи забону адаб ва ҳунару меъморӣ нақши таърихӣ гузоштаанд. Ҳамин тариқ, ташрифи олимон, коршиносон ва роҳбарону намояндагонии ин кишварҳо нишони дӯстӣ ва ҳамгироиро таҷассум намуда, заминаро дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи миёни кишварҳо дар партави рушди дипломатяи мардумӣ фароҳам хоҳад овард. Ҳамин тавр, бо эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мо донишмандонро зарур аст, то бештар ба мақому мартабаи бузургони забону адаб таваҷҷӯҳ намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоӣ, санаду қонунҳо, нақшу арзиши забони давлатиро, ки аз сарвати бебаҳои миллат маҳсуб мешавад, арҷ гузошта, дар рушди геофарҳангӣ саҳми сазовор гузошт.
Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёти истифодашуда:
1.Дар Душанбе барои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ омодагӣ мебинанд//https://khovar.tj/2024/09/dar-dushanbe-baroi-ta-lili-r-zi-zaboni-davlat-omodag-mebinand/