Чандест дар пайравӣ бо сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобстаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кори хубу хотирмоне дар шакли сафар ба маконҳои илҳомбахшу таърихӣ ба роҳ монда мешавад.
Иқдоми сафар ба ҷойҳои фараҳбахшу хотирмон рӯзҳои шанбе ба нақша гирифта шудааст, ки дар тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва иттилооти илмиву фарҳангии олимони ҷавони кишвар нақши бориз хоҳад гузошт.
Бо ин мақсад санаи 21.09.2024 як гурӯҳи олимони ҷавони АМИТ бо роҳбарии бевоситаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобстаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сафар намуда, аз зодгоҳ, муҷассама, мақбара, боғ, хона-музей ва хонаи рамзии шоири машҳури тоҷику форс Ҷалолиддини Балхӣ дидан намудем.
Баъд аз тамоишои амокини муқаддас дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ҷалолиддини Балхӣ- пайвандгари наслҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид, ки он бо сухани табрикотии раиси ноҳия муҳтарам Рустам Холиқзода ифтитоҳ гардид.
Баъдан маърузаи пурмуҳтавои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобстаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо унвони “Ҳаёти рангину пурмаънои шоири барҷаста ва мутафаккири тоҷику форс Ҷалолиддини Балхӣ” шунида шуд.
Инчунин, дар кори конфронс маърузаҳои илмӣ-назариявии мутахассисони мавлоношинос ва қироати шеър аз осори Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби хонандагони фаъоли ноҳия шунида ва мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд.
Дидан аз Осорхонаи ноҳия ва шиносоӣ бо таъриху тамаддуни бойи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз таассуроту хотироти дигари фаромушнашаванда аз ин ноҳияи шахсиятпарвар буданд, ки ҳамеша дар ёдҳо хоҳанд монд.
Хуб мешуд, ки чунин иқдомҳои мафкурасоз дар тамоми ҷумҳурӣ ба анъанаи умумимиллӣ табдил гашта, дар бештар шинохтани гузаштаи бою рангини сарзамину шахсиятҳои мондагори миллати тоҷик нақши худро гузоранд.
Шодиҷони Рамазон, - аъзои Шурои олимони ҷавони АМИТ