«Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва инчунин ба наслҳои оянда бегазанд расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин ва шевотарин забонҳои рӯйи олам маҳсуб ёфта, ҳамзамон як талаффузи ба худ хос ва ҳамзамон шевоеро доро мебошад, ки шояд ин гуна фасоҳату ширинбаёнӣ ва ҳамзамон ширингуфторӣ дар дигар забонҳои мардуми олам ба чашм нарасад. Ба ростӣ ва бемуҳобот ин забон бисёр ҳам як талаффузи ширини худро дорад, ки аз ҷониби дигар он дороии инсон ва муқаддасоти рӯйи олам аст.
Ҳамасола дар санаи 5-уми октябр таҷлилу гиромидошти Рӯзи забони модариамон бошад, далели равшани сиёсати давлат дар самти забони миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он дороии мову давлатамон ва ҳамзамон ифтихори миллати соҳибтамаддуну бофарҳанги тоҷик мебошад. Чунки маҳз дар рӯйи олам мавҷудияти ҳамин забони нобу шевост, ки тавассути он мо ба ҳамдигар ҳарф мезанему ҳамзамон ҳадафи якдигарро дарк ва фикру мулоҳизаҳоямонро озодона баён менамоем .
Роҷеъ ба хусусиятҳо ва поку беолоиш нигоҳ доштану гиромидошти ин забон бузургони илму адаби мо бисёр суханҳои пурмаънӣ гуфтаанд. Аз он ҷумла, яке аз онҳо алломаҳои Машриқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бартарии забони дарӣ (тоҷикиро) аз дигар забонҳо, минҷумла забони ҳиндӣ, дар байти зерин чунин ифода намудааст:
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кории худ ба ҳайси Роҳбари давлат ва инчунин ҳамеша баҳри рушди забони тоҷикӣ ва ҳамзамон гиромидошти он талош варзида, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарор ва инчунин тадбирҳои мушаххасу судманд бобати боз ҳам беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи Қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дода буданд, ки дар давоми солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забон бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.
Дар натиҷа ниҳоятан рӯзи 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни забони пешин набуд, ҷойгир карда шуданд.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории вохӯриҳои судманди худ бо олимон ва инчунин намояндагони зиёиёни кишвар борҳо масоили эҳё ва эҷоди забони илмии тоҷикиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиммтарини муҳаққиқон, унвонҷӯён, олимон ва зиёиёни ҷумҳурӣ арзёбӣ намудаанд.
Роҳбари давлат дар Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, дар таърихи 26-уми декабри соли 2019 аз ҷумла чунин зикр карда буданд: «Забон - ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
Аз нигоҳи дигар, воқеан зарурати иҷтимоии ҳар як забони миллӣ на танҳо дар таърихи ин миллат, балки дар хусусияти истифодаи амалии он низ бозтоб мешавад. Зеро забони давлатӣ сарвати бебаҳои миллат буда, ҳамчун воситаи тавоною пуриқтидори муоширати байни одамон хизмат мекунад ва ҳамзамон имконият медиҳад, ки маълумот дар бораи натиҷаҳои дар раванди фаъолияти бунёдкоронаву созанда ва зеҳниву ақлонӣ андӯхтаи инсоният захира, нигоҳдорӣ ва аз насл ба насл интиқол дода шавад. Феълан яке аз чунин муҷибияти иҷтимоии забони модарӣ ин пеш аз ҳама захира ва нигоҳдорӣ кардани осори гаронбаҳои илмӣ дар марҳалаҳои мухталифи таърихи рушди илм маҳсуб меёбад.
Забони илмӣ гуфта, қабл аз ҳама забони баёни афкори илмӣ ва забони баёни асосҳои ин ё он соҳаи илм бо забони миллӣ мебошад. Забони илмии тоҷикӣ як шохаи забони миллӣ буда, тавассути он натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва инчунин асосҳои илмҳои муосир ба воситаи адабиёти илмӣ барои муҳаққиқон ва ҳамзамон китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баён карда мешавад. Бар замми ин забони илмӣ инчунин забони муомилоту муоширати байни олимон ба ҳисоб меравад.
Зимнан бояд қайд кард, ки забонҳои илм забонҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо асосан истилоҳҳо сохта мешаванд. Ба сифати ин забонҳо дар радифи забонҳои классикии илм – лотинӣ ва юнонӣ, инчунин забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пазируфта шудаанд.
Аз ҷониби дигар ҳар як ҳодисаҳои наве, ки кашф карда мешаванд ва ё ин ки асбобу анҷом ва ё худ таҷҳизоти наве, ки дар ин ё он давлати рӯ ба инкишофу пешрафта сохта мешаванд, барои муаррифӣ кардани он ба ҷаҳониён аксаран ба яке аз ин забонҳо номгузорӣ карда мешаванд.
Бинобар ин барои ба забони илм мубаддал додани забони миллиамон зарур аст, ки аз ҷониби олимони ихтироъкору навовари соҳибзабон ҳодисаҳои нави илмӣ кашф ва ё худ асбобу таҷҳизоти нави илмии аз ҷониби онҳо сохта шуда, ҳатман бо забони миллии он давлат номгузорӣ карда шаванд ва ин номҳои илмӣ, яъне истилоҳҳо дар тамоми забонҳои ҷаҳон мавриди истифодаву истеъмол қарор гиранд. Зеро забони илмӣ, забони баёни афкори илмӣ ва забони баёни асосҳои ин ё он соҳаи илм бо забони миллӣ маҳсуб меёбад. Чунки забони миллатро пояи давлат гуфтаанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин боигариро ҳамеша пос дорему баҳри рушду нумӯи он ва миллати бузургамон ҳиссагузор бошем. Зеро ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, қудрату тавоноӣ ва асоси мавҷудот ба забони ӯ марбут буда ва ҳастии ҳар халқу миллат дар пойдории забони модарии ӯ алоқаманд аст.
Бақохоҷа Бобозода, директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон