Имрӯз дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки кормандони Агентӣ таҳти унвони “Забон – ҳастии миллат” маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Илҳом Мирсаидзода - директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ вобаста ба фазилату мероси пурғановати забон ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки “забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад”. Ҳамчунин, зимни маҷлиси тантанавӣ аз нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва такоммули забони давлатӣ ёдоварӣ шуд.
Зикр гардид, ки маҳз, забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари мамлакат таъмин месозад. Забони давлатӣ дар пойдорӣ ва сулҳу суботи миллӣ мақому нақши муҳим дошта, ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон бо ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд. Аз ин рӯ, бузургдошти Рӯзи забон- ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст.
Сипас котиби илмии Агентӣ Муминова Меҳрангез доир ба таърих ва марҳилаҳои тайнамудаи забони тоҷикӣ баромад намуда, иброз дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз 5 ҳазор сола дошта, далели ин бозёфтҳои таърихӣ ва навиштаҷотҳо дар сангу девораҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Дар ҳамоиш олимони ҷавони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ маъруза намуда, таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доштани забони давлатиро изҳор доштанд.