(дар ҳошияи Пешниҳоди Пешвои миллат дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар “Саммити Оянда” – и Иҷлосияи 79 – уми Созмони Милали Муттаҳид)
Чӣ метавонад дар ин ҷаҳон қиматтар аз сулҳ бошад! Ба ақидаи ин ҷониб ҳеҷ як падидаи дигар барои мардуми сайёра қимматтар аз сулҳ буда наметавонад. Сулҳ пеш аз ҳама барои инсоният, хурсандӣ ва хушбахтӣ аз ҳаёт аст. Сулҳ ин робитаҳои дӯстона, ҳамфикрии байни одамон, амният, субот, оромӣ ва тинҷиву амонӣ аст.
Сулҳу субот, осоиш ва саодатмандии халқҳои алоҳида ва тамоми ҷаҳон ба ҳамдигар вобастаанд. Бинобар ин танҳо бо воситаи сулҳ барпо намудани тартиботи хушбахтона, суботона ва сулҳона танҳо дар як вақт дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон имконпазир аст. Некуаҳволии ҳар як инсон дар ҷаҳон ба некӯаҳволии ҳамаи аҳолии кураи замин вобаста аст. Дар ҳоле ки падидаҳои гуногун, ҷангу куштор, хиёнату душманӣ миёни мамлакатҳо дар ҳама давру замонҳо рух додаанд, аммо огоҳӣ аз онҳо инсониятро маҷбур кардааст, ки тағйир ёбад.
Сулҳ, амният ва оянда се эҳтиёҷоти асосии одамоне мебошад, ки дар минтақаҳои аз низоъҳои мусаллаҳона зарардида зиндагӣ мекунанд ва онҳо орзуи зиёд доранд ва ба таври ҷидди онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар давоми 5,5 ҳазор соли охир дар рӯи замин 14500 ҷанг ба амал омадааст, ки дар он 4 миллиард нафар одамон ҳалок гардидааст. Муноқиша, ноамнӣ, институтҳои заиф ва дастрасии маҳдуд ба адолат ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои рушди устувор имрӯз низ боқӣ мондааст. Теъдоди одамоне, ки аз ҷанг, таъқиб ва низоъ фирор кардаанд, дар соли 2018 аз 70 миллион нафар гузашт, ки баландтарин сатҳест, ки Агентии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон (UNHCR) дар тақрибан 70 соли охир сабт кардааст. Дар соли 2019 Созмони Милали Муттаҳид 357 куштор ва 30 ҳодисаи нопадидшавии иҷбории ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва иттифоқҳои касабаро дар 47 кишвари ҷаҳон пайгирӣ кардааст. Имрӯз бошад, зиёда аз 1,5 миллиард нафар одамон дар кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз даргириҳои мусаллаҳона осеб дидаанд. Дар ҳоли ҳозир 59,5 миллион нафар дар саросари ҷаҳон овора шудаанд, ки 19,5 миллион нафари онҳо гурезаанд ва нисфи онҳо кӯдакон мебошанд. Аз рӯи маълумотҳои гуногун имрӯз дар саросари дунё бештар аз 80 бархурду муноқишаҳо мавҷуданд, ки хатари ҷиддиеро дар таҳкими сулҳи давлатҳои алоҳида ва ҷаҳон эҷод кардааст. Дар бистсолаи охир дар ҷаҳон зиёда 28 ҷанги шаҳрвандӣ, амалиёти ҷангӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ рух дода, баъзеашон даҳсолаҳо ва то имрӯз давом ёфта истодаанд. Ҷангҳои байни давлатҳо, низоъҳои дохилӣ, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ, ҷосусӣ, таҷовуз ба истиқлолияти давлатӣ, тамомият ва дахлнопазирии арзӣ, иқтидори мудофиавӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, бо роҳи зӯроварӣ ғасб ва нигоҳ доштани ҳокимияти давлатӣ, терроризм, экстремизм, қоҷоқи силоҳ ва маводи мухаддир аз ҷиноятҳое мебошанд, ки ҳамасола 4,5-5 миллион қурбониву талафоти ҷониро дар байни аҳолии осоишта дар пай дошта, таҳдиди асосӣ ба сулҳ ва зиндагии осоиштаи башарият ба ҳисоб мераванд. Ин ҳама омилҳои болозикр рушду инкишофи бомаром ва суботи сайёраро зери хатар ва нободӣ қарор додааст. Тибқи ҳисоботи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2030 фақат ба 17 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор ноил шуда метавонад, ки омилҳои дар боло ишорашуда бевосита таъсир мерасонанд. Аз ин ҳисоботи пешниҳодшудаи Дабири кулли СММ Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “нооромиҳои сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, гармшавии бесобиқа бар асари тағйирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумлаи мушкилоти расидан ба рушди устувор мебошанд”.
Кӯшишҳои муштараки миёнамӯҳлат ва дарозмуддат, инчунин иродаи сиёсие лозим аст, то ба мамлакатҳо ва одамон дар муайян ва ҳал кардани сабабҳо ва омилҳои муноқишаву бархӯрдҳо ба мавқеъи ягона оянд. Имрӯз даҳшатҳои ҷанг дар Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон ва Украина хеле равшананд. Аммо ҳоло ҳам чунин ба назар тааҷҷубовар аст, ки дар ҷомеаҳои таҳҷоии Шарқ ва Ғарб бисёр ҷомеаҳои сулҳҷӯ вуҷуд доранд. Омӯзиш аз таҷрибаи ин ҷомеаҳо ва муайян кардани омилҳои асосии ҳамоҳангӣ як раванди муҳимест, ки метавонад ба сулҳи ҷаҳон мусоидат кунад. Аз ҷумла, модели сулҳи тоҷикон, яке аз ноёбтарин моделҳои сулҳофарӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки имрӯзҳо аз ҷониби марказҳои бонуфузи олам мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор гирифтааст. Аммо то ҳол қобилияти ҳозираи мо барои дарёфти чунин механизмҳои осоишта хеле нокофӣ аст.
Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар “Саммити Оянда” дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” боз як ташаббуси ояндасоз барои башарият ба хотири таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон мебошад. Пешвои миллат аз минбари баланди СММ кишварҳои ҷаҳонро ба таҳкими сулҳи байналмилалӣ даъват карда, зикр намуданд, ки “ба ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд”. Ташаббуси мазкур барои таъмини амният дар сайёра мусоидат карда, ҳамкории байналмилалиро тақвият мебахшад ва ояндаи устувору осоиштаро барои наслҳои имрӯзу оянда таъмин менамояд.
Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ