Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмунҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар баргузории озмунҳо сохторҳои марбута барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмунҳо муваззаф шудаанд.
Албатта ин аз дастгирию пуштибонии Президенти маҳбубамон ва таваҷҷуҳи бевоситаи ин абармарди сиёсат барои болобардории сатҳу сифати донишу малакаи доираи гуногуни миллату давлат дарак медиҳад, исботи ҳамаи ин гуфтаҳо шуруъ аз оғоз то анҷом ва қадршиносии иштирокторону ғолибон ҳама аз ҳисоби фонди Президент маблағгузорӣ карда мешаванд, ки имсол ин маблағгузорӣ якбора як барорбар яъне 100 % зиёд карда шуд, ки ин таваҷҷуҳи дӯстдорони илму адабро дучанд зиёд менамояд. Дар баргузории ин озмунҳо ҳазорҳо чеҳраҳои муваффақи нуҳуфта кашф мешаванд ва ҳамагон медонем, ки ҳавасмандгардонӣ ба инсонҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, азму иродаи шахсро аз ҳарвақта дида зиёдтар мегардонад.
Имрӯз (21.10.2024) бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ бо масъулин ва
иштирокдорони даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҷлис Раиси Шуъбаи илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшида сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни суханронии хеш дарҷ намуданд, ки тибқи дастуру супоришҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъули баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, аз ҳамин лиҳоз ҳамаи моро мебояд, ки дар баргузории ин озмун, ки аллакай даври чорум даври ниҳоияш оғоз мешавад, аллакай тибқи талаботи баргузории озмун АМИТ омода аст. Ба ҳамаи шумо барору муваффақиятҳо орзу дорем гуфта, муваффақиятҳо орзу намуд.