Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии юридикӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, конститутсия принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст.
Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ зарурати таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он замон маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, бо такя ба Конститутсияи худ давлате бунёд намудем, ки дар он сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, мардум ба имрӯзу ояндаи худ дилпурона назар мекунанд ва дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ба сар мебаранд.
Бовар дорам, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар оянда низ саъю кӯшиш мекунанд, ки бо заҳмати содиқонаву аҳлона дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, тараққиёти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила саҳми арзишманд гузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафилидавлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли2003 ва22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5).
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон сарчашмаи ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риояи кардани он аз тарафи ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ арзёбӣ мегардад.
Шарипова Н.Т. Лаборанти калони ШФКА – и Институти астрофизикаи АМИТ