Ҷаҳони муосирро бидуни давлатҳои дорои арзу бум ва сарзамини хеш тасаввур кардан ғайри имкон аст. Қисмати аъзами давлатҳои имрӯза соҳибистиқлол буда, ҳокимият ва низоми хоси давлатдории хешро доранд. Яке аз рукнҳои асосии Истиқлол мавҷудияти Конститутсияи давлатӣ маҳсуб мегардад. Таҳия ва қабули Конститутсия барои ҳар як давлати соҳибихтиёр ибтидои кор буда, моҳиятан сабаби зуҳури маҷмӯи дигар қонунҳои миллӣ мегардад.
Дар шароити феълии ҷаҳони муосир шояд дар ҳудуди даҳ ё зиёдтар давлатҳое бошанд, ки ҳанӯз соҳиби конститутсияи хеш нагаштаанд. Боқимонда кишварҳое, ки дорои конститутсияи миллӣ мебошанд ин санади олии меъёриву ҳуқуқӣ ҳамчун қонуни асосии давлату миллат хидмат намуда, асосу бунёди ҷомеа ва сохтори давлатиро муайян сохта, онро ба танзим медарорад.
Шояд саволе ба вуҷуд ояд, ки аслан Конститутсия худ чист ва чаро амалан ҳар як давлат ба он эътибору тавоноии олии ҳуқуқиро ато менамояд? Мафҳуми “Конститутсия” аз калимаи лотинии “constitio” пайдо шуда, маънои он сохтор ва барқарориву танзим мебошад. Сараввал ин мафҳум дар Фаронсаи асрҳои миёна ба хотири аломатгузории санаду ҳуҷҷатҳои сатҳи императорӣ (фармонҳо, гувоҳиномаҳо, ҳукмҳо ва ғайра) истифода гашта, баъдан дар низоми қонунҳои динӣ дар доираи қарорҳои Папаи Рум, ки дар замони муосир ҳамчун “Конститутсияи ҳаворӣ” (апостолӣ) ном бурда мешавад, мавриди истифода қарор мегирифт. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар замонҳои пешин кишварҳо бидуни қонунҳо низоми давлатдории хешро пеш мебурданд. Намунаи аввалини конститутсияҳои имрӯза таҳти унвони “қонунҳои муассисон” аз ҷониби қонунгузорони хос дар шаҳрҳои Юнони қадим қабул мегаштанд. Маъруфтарини онҳо “қонунҳои Солон ва Клисфен” ба шумор мерафтанд, ки намунаҳои онҳо то замони мо расидаанд. Дар Руми қадим бошад, нақши чунин қонунгузорро шоҳ Сервий Тулий мебозид. Ҳатто спартаниҳо низ дар шакли шифоҳӣ конститутсияи худро доштанд, ки бо номи “Ретраи бузург” ёд мешуд ва муаллифи он Ликургуро маҳсуб мегашт.
Дар асрҳои миёна яке аз қадимтарин Конститутсия, ки имрӯз низ фаъол мебошад, Қонуни асосии “Сан-Марино” ба шумор меравад ва он ҳанӯз дар соли 1600 қабул гардида буд. Қонуни мазкур дар асоси оинномаи шаҳр, ки дар соли 1300 пазируфта шуда буд, тарҳрезӣ гардид.
Дар замони нав низ яке аз аввалин конститутсияҳо “Низомномаи шоҳигарии Бузурги Литва” ба ҳисоб меравад, ки он дар соли 1529 қабул гардида буд. Ба ин Конститутсия дар солҳои 1566 ва 1588 иловаву тағйирот ворид шуд. Қонуни мазкур баъдан дар “Паёмҳои Посполит” ва баъдтар дар низоми давлатдории Империяи Россия то соли 1840 ҳамчун Конститутсия амал мекард. Дар таърихи башарият аввалин қонуни асосӣ “Конститутсияи Америка” маҳсуб мегардад, ки он ба таърихи 7 декабри соли 1787 дар штати Делавэр қабул шуд ва соли 1789 ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар Аврупо якбора ду кишвар Полша 3 майи соли 1791 “Конститутсияи Паёми Посполита” ва Фаронса 3 сентябри ҳамон сол “Конститутсияи Фаронса”-ро қабул карданд, вале фаъолияти онҳо дер давом накард. Сабаби қатъ гаштани фаъолияти ин ҳуҷҷатҳо дар он буд, ки дар Фаронса инқилоб сар зада, сарзамини Полша ба қисмҳои гуногун тақсим шуда буд.
Дар кишвари мо низоми конститутсионализм баъд аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ба тадриҷ амалӣ гашт. Дар асоси қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таърихи 27 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфт. Баъд аз панҷ соли мавҷудият дар ҳайати Ӯзбекистон 21-28 апрели соли 1929 Анҷумани дуввуми Шӯроҳои ҷумҳурӣ дар хусуси қабули Конститутсияи (Қонуни Асосии) ҶШС Тоҷикистон қарор қабул кард.
Қонуни мазкур ҳамчун аввалин Конститутсияи Тоҷикистон асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, роҳу усулҳои умдаи интихобот, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаклҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баъзе масъалаҳои дигарро дар ибтидои низоми давлати навин дар бар гирифта буд. Тибқи муқаррароти ҳуқуқи конститутсионии давлати муттамаркази Иттифоқ конститутсияҳои ҷумҳуриҳои худмухтор бояд баъд аз тасдиқи мақомоти дахлдори сатҳи олии давлати Шӯравӣ амалӣ мегаштанд. Лекин раванди мазкур ҳанӯз оғоз наёфта, аз ҷониби аҳолии ноҳияи (округи) Хуҷанд ба Анҷумани дуввуми шӯроҳҳои ҶМШС Тоҷикистон муроҷиатнома пешниҳод гардид, ки дар асоси он бояд ноҳияи Хуҷанд ба ҳайати Тоҷикистон дохил мешуд. Ин иқдоми ватанпарастонаи мардуми Хуҷанд ва чанд тан аз фарзандони сарсупурдаи миллат боиси он гашт, ки ҶМШС Тоҷикистон ба таъсиси Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ноил гардад. Хамроҳ шудани ноҳияи Хуҷанд барои тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, афзоиши шумораи зарурии аҳолӣ барои таъсиси ҶШС Тоҷикистон ва васеъ гардидани қаламрави ҷуғрофии он кӯмаки бемисл намуда, рисолати миллии худро дар назди таърих иҷро кард. Ҳамин тариқ, муроҷиатномаи мардуми Хуҷанд аз ҷониби мақомоти олии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуда, масъалаи мазкур ба анҷумани севвуми фавқулоддаи Шӯроҳҳои Тоҷикистон пешкаш гардид ва дар ҷаласаҳои он Эъломия дар бораи табдил додани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, бевосита ба ҳайати ИҶШС дохил шудани он, эъломия дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, қарор дар хусуси таъсиси ҶШСТ аз 16 октябри соли 1929 баррасӣ ва қабул шуд.
Ин як воқеаи хеле муҳими таърихӣ ва сиёсии кишвари мо маҳсуб мегашт, зеро мувофиқи он Тоҷикистон на дар ҳайати кадом як давлати дигар, балки ҳамчун як кишвари баробарҳуқуқ бо дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Дар робита ба ин воқеъа лоиҳаи Конститутсияи соли 1929 аҳамияти сиёсӣ ва таърихии худро аз даст дод ва ба ҳукми қонунӣ надаромад.
Баъд аз чанде дар ҷумҳурӣ маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне таҳия ва қабули Конститутсияи аввалини Тоҷикистон шурӯъ гардид. Дар муддати се сол аз роҳбарияти ҷумҳурӣ то равшанфикрони кишвар дар таҳияи он саҳми бевоситаи худро гузоштанд. Лоиҳаи конститутсияи мазкур дар доираи талаботи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924 тарҳрезӣ гардида, талаботи меҳварӣ ва калидии он таъмини диктатураи коргарон (пролетариат) ва сохтмони ҷомеаи коммунистӣ дар ин сарзамин маҳсуб меёфт. Билохира ба таърихи 25 феврали соли 1931 Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар Анҷумани чаҳоруми шӯроҳои Тоҷикистон қабул гардида, дар Ватани мо конститутсионализм по ба арсаи вуҷуд ниҳод ва ба фазои ҳуқуқии романӣ-олмонӣ ворид шуд. Дар асоси конститутсияи мазкур усули мансубияти ҳокимият ба шӯроҳои вакилони коргарон, деҳқонон ва аскарон эълон гардид.
Конститутсияи соли 1931 аввалин қонуне дар таърихи ҳазорсолаи миллат ба шумор мерафт, ки тибқи моддаҳои 7-21 он ба халқ озодии изҳори ақида, озодии виҷдон, иттиҳоду ваҳдат, имконоти иштирок дар маҷлису гирдиҳамоиҳо ва ғайраро дода буд. Болотар аз ин мувофиқи Конститутсияи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва фарҳанги аҳолии кишвар, маҳви бесаводии саросарӣ - таҳсилоти ибтидоӣ, умумӣ ва олӣ ҳатмӣ ва ройгон эълон гардид.
Дар маҷмӯъ Конститутсияи аввалини Тоҷикистон тамоми масъалаҳои низоми давлати шӯравиро дар худ инъикос дода буд. Дар он масъалаҳои объектҳои моликияти давлатӣ, асосҳои истифодаи онҳо, зарурияти хоҷагидории дастаҷамъӣ ва ғайра сабт шуда, низоми мақомоти намояндагии олии ҳокимияти давлатӣ, яъне анҷумани шӯроҳо, Кумитаи иҷроияи марказии шӯроҳо, раёсати он, инчунин мақомоти иҷроияи олӣ ва марказӣ- Шӯрои комиссариати халқ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ташкили ҳокимияти шӯравӣ дар маҳалҳо, тартиби интихоботи шӯроҳо ва ҳуқуқи буҷавии онҳо муқаррар гардид.
Баъд аз чаҳор соли фаъолият дар моҳи январи соли 1935 дар асоси талаботи давр ва пешниҳоди Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Конститутсияи соли 1931 аввалин бор баъзе тағйироту иловаҳо ворид гашта, он аз ҷониби Анҷумани панҷуми шӯроҳои Тоҷикистон қабул шуд. Аз он ҷумла дар хусуси пирӯзии бебозгашти сотсиализм, табдил ёфтани давлати диктатураи коргарон (пролетариат) ба давлати сотсиалистии коргару деҳқон, шӯроҳои вакилони меҳнаткашон - пояи сиёсии давлат, хоҷагидории состиалистӣ ва моликияти сотсиалистӣ - бунёди иқтисодӣ ва иттиҳоди байни табақаи коргару деҳқонон - асоси иҷтимоии Тоҷикистон ва ғайра муайян карда шуданд.
Дар соли 1936 дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Конститутсияи нави он пазируфта шуд ва мувофиқи талаботи Конститутсияи нави ИҶШС ба таърихи 1 марти соли 1937 ба Конститутсияи Тоҷикистон низ баъзе тағйирот илова шуданд.
Дар он дар боби сохти давлатӣ дар асоси ихтиёран дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ, нигоҳ доштани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии худ, ҳуқуқи озодона баромадан аз Иттиҳод, низоми нави интихобот ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайра иловаҳо ворид гардиданд.
Мувофиқи таҳрири нави барномаи Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар соли 1978 сурат гирифт дар конститутсияҳои ҷумҳуриҳои аъзои иттиҳод низ тағйирот ба вуҷуд омаданд. Дар асоси ин рӯйдоди таърихӣ дар ҳамон сол дар Конститутсияи Тоҷикистон низ тағйироту иловаҳо ворид гаштанд. Ба қавли аксарияти ҳуқуқшиносон сабаби дур шудани сохтори сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ аз қонуният ва ба давраи карахтӣ ворид гардидани он ҳамин барномаи ҳизбӣ гашта буд. Ҳамин сарнавиштро Конститутсияи Тоҷикистон низ интизор буд.
Баъд аз шурӯъ шудани ҷунбиши ҷудоихоҳӣ ва марказгурезӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1990 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба таърихи 24 августи ҳамон сол Эъломияи истиқлолияти хешро қабул кард. 9 сентябри соли 1991 ба Эъломияи мазкур баъзе тағйироту иловаҳо дохил шуданд, ки мувофиқи ин тағйирот асосу бунёди соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ боз ҳам васеъ гардид.
Баъд аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи декабри соли 1991 ба Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Конститутсияи соли 1978 тағйирот шомил шуданд, ки дар доираи онҳо соҳибихтиёрии воқеии сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даромад. Ба ҳамин тариқ Конститутсияи соли 1978 бо тағйироту иловаҳои лозима то соли 1994, яъне то қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард.
Сарфи назар аз шароити хеле муташанниҷи сиёсии солҳои 90-ум ва ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ Парламенти кишвар аз тамоми имконоти зеҳнӣ ва таҷрибаи қонунгузории солҳои қаблӣ ҳамаҷониба истифода бурда, тавонист дар кӯтоҳтарин замон лоиҳаи Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриро пешкаш созад. Баъд аз баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ ва иштироки бевоситаи мардуми кишвар дар беҳбудии он ба таърихи 6 ноябри соли 1994 Сарқонуни давлати мустақили тоҷик баъд аз райъпурсии умумӣ қабул гардид. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ дар саросари мамлакат 2 млн. 685 ҳазору 724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар райъпурсӣ 2 млн. 535 ҳазору 437 нафар ё ин ки 94, 4% иштирок намуданд. Ба ҷонибдории қабули лоиҳаи мазкур 2 млн. 352 ҳазору 554 нафар, ё ин ки 87, 59% овоз доданд. Дар асоси райъпурсии умумимиллӣ Конститутсияи (Сарқонуни) давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва шаҳрвандони кишвар бо қабули он саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷиконро кушоданд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 1994 қабул гардид аввалин қонуни асосии кишвар аст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшинос ва намояндагони мардумӣ ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, ҳамчун истеҳкоми фатҳнопазири демократия дар кишвар пазируфта шуд. Вай ба сифати санади олии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ зербинои ҳуқуқбунёд будани ҷумҳурии моро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кард.
Қисми бунёдии Конститутсияи навро барқарории мақоми давлат ва меъёрҳои муносибатҳо ба сиёсати хориҷии кишвар ташкил медиҳад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат сохтори иҷтимоӣ ва давлатӣ, низоми интихоботӣ, усулҳои таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳокимият ва роҳбарӣ, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои асосии шаҳрвандонро муайян сохтааст.
Конститутсия ба сифати санади олии меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба пояҳои сохтори давлатӣ таҳким бахшида, ташаккули сохторҳои ҳокимияти судӣ, иҷроиявӣ, ҳуқуқу озодиҳои ҳар як тоҷикистониро анҷом медиҳад ва таъсиси худидоракунии маҳаллиро таъмин намудааст.
Конститутсияи нав ҳамчун пойдевори қонунгузорие тарҳрезӣ шудааст, ки муносибатҳои мутақобилаи байни шаҳрвандон ва давлатро муайян мекунад. Ба ибораи дигар Конститутсияи нав зиддияти байни қонунҳои қабулшударо аз байн бурда, намегузорад, ки ҳуқуқҳову озодиҳои шаҳрвандон халалдор гарданд, зеро мавҷудияти худи Конститутсия ба ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон нерӯи бузурги ҳуқуқӣ дода, шаъну шараф, нангу номус, ихтиёру озодӣ ва иродаи инсонро пуштибонӣ мекунад.
Конститутсияи нав ҷомеаи имрӯзаи кишварро дар паҳнову фазои ягонаи ҷуғрофӣ муттаҳид сохта, онро бо номи давлати тоҷикон дар ҷомеаи башарӣ муаррифӣ сохт.
Конститутсияи нав ҳамчун тазмингари ҳаёту зиндагӣ ва мавҷудияти Тоҷикистони соҳибихтиёр хидмат намуда, ба давлат ҳамчун институти мустақил барои дастгирии якпорчагии марзу бум ва урфу анъаноти пешини ҷомеа ва арзишҳои волои миллӣ хидмат мекунад.
Дар муддати си соли мавҷудияти хеш Конститутсияи нав тавонист соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, аз он ҷумла соҳаҳои нави онро бо назардошти таҳаввулоту тағйирот дар иқтисодиёт, рушди иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг ба вуҷуд орад. Воқеан дар ҳар кишваре, ки дар он Конститутсия вуҷуд дорад, бо сароҳат метавон дар ҳусуси ҳуқуқбунёд будани он давлат, ки қонунҳои дигар ва санадҳои зерқонунӣ, ки мавқеи конститутсияро мушаххас месозад, ҳарф зад. Он қонунҳое, ки дар асоси Конститутсия зуҳур мекунанд дар навбати худ асоси муносиботи ҳуқуқиро дар байни шаҳрвандон ва давлат дар симои сохторҳои он, ҳамчунин муносиботи байни худ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар самтҳои мухталифи фаъолияти инсонӣ муайян месозанд. Ба ибораи дигар таҳаввулоте, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба вуҷуд меоянд, дар ин ё он шакл дар низоми қонунгузории конститутсионӣ инъикос меёбанд.
Бо назардошти ин аввалин тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи нав ба таърихи 26 сентябри соли 1999 ворид шуданд, ки онҳо дар иртибот ба Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом гирифтанд. Дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ ба 29 моддаи он тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Райъпурсии дуввум оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи нав ба таърихи 22 июни соли 2003 сурат гирифта, ба дебочаи он тағйироти таҳрирӣ ва ба 54 моддаҳои он дохил карда шуданд.
Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи умумибашарӣ давраҳои мухталифи ташаккул ва инкишофи конститутсионии худро пушти сар намуда, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ба пешравиҳои бузурге дар самти демократикунонии ҷомеа дастёб гаштааст. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонии таърихи навини мавҷудияти хеш марҳила ба марҳила ҳадафҳои асосии давлатдории тоҷиконро, ки аз Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд, амалӣ сохта, ба хотири таъмини баробарии стратегии тамоми қишрҳои ҷомеа дар назди қонун, дар хамгашти пурпечутоби ҷомеаи муосир тавонист ягонагии ҷомеаро нигоҳ дорад ва барои фардо қадамҳои устувор бардорад. Конститутсияи нав тавонист миллатро сарҷамъ созад.
Бесабаб нест, ки дар байни ҷашнҳои нави даврони Истиқлол “Рӯзи Конститутсия” ҳамчун рӯзи барои миллат муқаддас таҷлил мегардад, ки ин аз боварӣ ва садоқати мардум нисбат ба давлат ва муқаддасоти он дарак медиҳад.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд Конститутсияи хешро гиромӣ дорад, онро омӯзад ва фарзандони хешро низ омӯзонад, зеро ҳамин қонун буд, ки миллатро аз партгоҳҳои нобудиву ҳалокат бираҳонид ва офтоби Истиқлолро бар сараш партавфишон сохт. Дилҳои умедрафтаи ҳар як марди вафодори Ватанро гарм карда, парчами ҷаҳонгиру хиради номовари миллатро бар тоқи Созмони Милали Муттаҳид нурафшон кард. Озодиро, ки шифодиҳандаи дилҳои мардони вафодори Ватан аст, ба ҳар хонадон ворид намуд.
ШАМОЛОВ А.А.,ШАМОЛОВА, С.А - Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ