Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки санаи 15-уми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуъи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори дипломатияи об» натиҷагирӣ мегардад.
Дар озмун муаллифони китоб, монография, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, барномаҳои телевезионӣ ва радиоӣ, ки масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳоро инъикос менамоянд иштирок карда метавонанд.
Шартҳои озмун:
- дар маводи пешниҳодгардида бояд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардида бошад;
- натиҷаи татбиқи ташаббусҳо нишон дода шуда бошад.
- ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва пиряхҳо инъикос ёфта бошанд;
- маводҳои чопӣ бояд дар рӯзнома ва ё маҷалаҳо нашр шуда бошанд;
- маводҳои видеоӣ ё барномаҳои телевезионӣ бояд тариқи шабакаҳои давлатӣ пахш гардида бошанд;
- маводу мақолаҳое, ки ба дигар озмунҳо пешниҳод шудаанд баррасӣ карда намешаванд;
Барои иштирок дар озмун муалиф бояд бо ариза унвонии комиссияи тадорукотии озмун муроҷиат намуда, шакли пурраи маводҳоро замима менамояд.
Номинатсияҳои озмун:
- беҳтарин таҳқиқоти илмӣ;
- беҳтарин мақолаи илмӣ-омавӣ;
- беҳтарин барномаи телевезионӣ/радиоӣ.
Тамоми маводҳои пешниҳодшуда дар саҳифҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши пиряхҳо нашр карда мешаванд.
Ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида мешаванд.
Ҷоизаи озмун:
- барои ҷои якум - 1 500 сомонӣ;
- барои ҷои дуюм - 1 000 сомонӣ;
- барои ҷои сеюм - 500 сомонӣ;
Суроға барои ирсоли маводҳо cryosphere2018@gmail.com