Ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ имрӯз дар рақобати шадид дар фазои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ қарор дорад. Бо афзиши аҳолии ҷаҳон суръати истеъмоли молҳои гуногун ва сарватҳои табиӣ низ зиед шуда истодааст. “Равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки бо тағйироти инқилобии технологияҳо алоқаманд мебошанд, бо афзоиши босуръати истеъмоли энергия, баробаршавии сатҳи истеъмоли захираҳои энергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешрафта иртиботи қавӣ доранд. Мувофиқи он масоили қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни инсоният ба неруи энергетикӣ тезутунд мегардад.
Соҳаи энергетика имрӯз сарчашмаи бунёди тамаддуни муосири инсоният ё худ “тамаддуни энергетикӣ” буда, ба масир ва суръати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, амнияти халқу давлатҳо, инчунин м ба муносибатҳои байналхалқӣ таъсир мерасонад. Таъминот бо озуқаворӣ, бо сару либос, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дар онҳо муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ, интиқоли молу маҳсулот ва сафарҳои одамон, алоқа ва мубодилаи ахбор-ҳамаи ин соҳаҳои фаъолияти инсон ниёз ба энергия ё худ неруи барқиро дорад”[1].
Аз ин рӯ, рақобати абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ низ дар манотиқи гуногуни олам баҳри дастрасӣ пайдо кардан ба манбаҳои ашёи хом ва дигар сарватҳои табии давлатҳои хурду миёна афзоиш меёбад. Ин амали кишварҳои абарқудрат таҳдид ба истиқлоли давлатҳои дар ҳолати рушд қарор дошта мебошад.Аз ин рӯ, ҳар як кишвари соҳибистиқлол кӯшиш мекунад ,бо ҳар восита Истиқлоли худро ҳифз намояд. Дар ин қарина яке оз омили асосии ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва рақобатпазир боқӣ мондани дилхоҳ кишвар ин расидан ба истиқлоли технологӣ маҳсуб меебад.
Тибқи хулосаи коршиносон- истиқлоли технологӣ ин қобилияти кишвар барои мустақилона таҳия, истеҳсол ва назорат кардани технологияҳо ва инфрасохтори асосӣ баҳри таъмини истиқлоли иқтисодӣ ва амнияти миллӣ мебошад.Тоҷикистон ҳам дар самти расидан ба истиқлоли технологӣ пай дар пай ба пеш ҳаракат дорад,ки мо инро дар мисоли бунёди НБО и Роғун мушоҳида менамоем.
НБО-и Роғун асосан бо такя ба неруи зеҳнии муҳандисони тоҷик ва дар раванди рушди тафаккури техникӣ дар ҷомеаи тоҷик бунёд ёфта истодааст. Дар давоми даҳсолаи сипаригашта бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон қишри зиёиёни тафаккури техникӣ дошт тарбия ёфтанд, ки ин омил дар оянда ба миллати мо имконияти бузургро дар самти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро медиҳад. Дар солҳои минбаъда танҳо он кишварҳое рушд хоҳанд ёфт, ки инкишофи ташаккули тафаккури техникӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус медиҳанд.
Дар кишварҳои пешрафтаи дунё дар соли охир таҳия ва татбиқи технологияҳои нав ба омили асосии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум табдил ёфтааст. Истифодаи технологияҳои нав баҳри баланд бардоштани самаранокии равандҳои мавҷуда дар иқтисоди миллӣ шароити хуб фароҳам меоварад. Дар ояндаи наздик омили асосии муайянкунандаи раќобатпазирии иќтисодиёти миллии дилхоҳ кишвари олам пеш аз ҳама истеҳсоли мањсулоти технологї дар заминаи технологияи ватанї мебошад.
Афзалиятҳои технологӣ барои кишвари рушдёбандаи дунё дар марҳилаи ҳозира ба таъмини назорати миллӣ аз болои такрористеҳсоли технологияҳои муҳим иборат буда, дар ду намуди лоиҳаҳои технологӣ ифода шудаанд.
Навъи якуми лоиҳаҳо ин бузурглоиҳаҳо мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои муҳимтарини истеҳсоли саноатии имрӯзаро вобаста ба эҷоди маҳсулоти баландтехнологӣ таъмин мекунанд. Ба инҳо технологияҳои саноатӣ дар соҳаи микроэлектроника, авиатсияи бесарнишин, намудҳои алоҳидаи химия, дорусозӣ, биоинженерия, биотехнология ва ғайра дохил мешаванд.
Навъи дуюми лоиҳаҳо- лоиҳаҳои технологӣ мебошанд, ки на танҳо дар айни замон пешрафт мебошанд, балки минбаъд низ самти низомҳои истеҳсолиро дар солҳои наздик муайян мекунанд. Мисоли классикии он рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодии кишвар баъди соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз роҳи ҳалли худро ёфтааст. Яке аз масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ин гузариш ба «иқтисоди сабз» мебошад ва он бо воситаи афзоиши истеҳсоли неруи сабз имконпазир хоҳад гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи сабз имконоти бузург дошта, пайваста кӯшиш менамояд, ки барои рушди соҳаи истеҳсоли энергияи сабз ҳарчи бештар тахнологияи муосирро ворид созад. Тоҷикистон бо рушди иқтисоди сабз ба рақамикунонии босуръати иқтисод хоҳад расид, ва минбаъд бо татбиқи технологияи зеҳнӣ сунъӣ рақобатпазирии кишвари моро таъмин хоҳад кард.
Ҳадафи асосии рушди иқтисоди сабз ин тағйир додани низоми саноатикунонӣ, дуруст истифода намудани сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосир ва инноватсионӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад. Бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар иншоотҳо «Неругоҳи барқии обии Роғун» таъсис дода шуда, 15 апрели соли 2008 оинномаи он тасдиқ гардид. Бо бунёди ин иншооти бузурги аср, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикро таҳким бахшид. Неругоҳи барқи обии Роғун бузургтарин иншооти энергетикӣ буда, аз шаш агрегати пуриқтидор иборат мебошад, ки ҳар кадом агрегат 600 МВт иқтидор дорад.Иқтидори лоиҳавии шаш агрегат бошад 3600 МВт, яъне зиёда аз 17 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад.
16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, аввалин агрегати «Неругоҳи барқии обии Роғун» ба истифода дода шуд. Ин агрегат интиқоли нерӯи барқро ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ-ро таъмин менамояд. Дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ, яъне 9 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми «Неругоҳи барқии обии Роғун»-ро ба истифода доданд, ки ин ба таҳкими Истиқлоли энергетикӣ замина гузошт. Бунёди ин иншооти бузурги аср бо руйдоди таърихӣ баробар мебошад, зеро ки аз ҷиҳати бузургӣ ин иншооти сарзамини мо дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад. То имрӯз барои бунёди «Неругоҳи барқии обии Роғун» аз буҷаи давлат зиёда аз 4 миллиард доллар ҷудо гашта, барои сохтмон харҷ гардидааст. Дар «НБО - Роғун» зиёда аз 17 ҳазормутахассисони баландихтисос кору фаъолият доранд, ки зиёда аз 90% мутахассисон аз дохили кишвар мебошанд. Барои сохтмони неругоҳ зиёда аз 3 ҳазор техникаҳои пуриқтидор шабонарузӣ хизмат мекунад.Дар ин сохмони бузурги аср 800 нафар бонувони гурдофариди тоҷик низ саҳми худро гузошта истодаанд.
Қобили қайд аст, ки маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вамутахассисону муҳандисони қаҳрамону ватандӯст буд, ки дар кутоҳтарин муддат давлати соҳибистиқлоли мо сазовори чунин иншооти бузурги аср гаридид.Иқтидори истеҳсоли барқ аз 928 МВт то давраи соҳибистиқлолӣ то ба соли 2023 зиёда аз 6 ҳазор МВт расонида шуд, ки ин нишондиҳанда қариб ҳафт баробар зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ,бояд тазаккур дод, ки дар идомаи сохтмони НБО-и “Роғун” саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст. Зеро ба кор андохтани агрегати якум ва дуюми ин иншооти стратегӣ маҳз ба иродаи қавии сиёсии ин абармард иртибот дошта, андешаҳои пурарзиши Сарвари тоҷикон оид ба аҳамияти НБО-и “Роғун” дар рушди устувори Тоҷикистон дар ҷомеаи тоҷик афзалияти пурарзишро ба худ касб карданд.
Ҳайдарзода Р.Ҷ., Нематова П - Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Ҳайдарзода Р.Ҷ. НБО «Роғун» — унсури калидии таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ \\https: amit.tj/tj/nbo-rogun-unsuri-kalidii-tamini-suboti-geopolitiki-va-amniyat-dar-osiyoi-markazi