Skip to main content

Имрӯз, 15 октябр мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Шуъбаи рушди бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалии корпоратсияи Синергия Маркин Владимир Владимирович ва Абдуллаев Шариф асосгузор ва директори генералии Bonoor Group баргузор гардид.

Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.

Дар мулоқоти имрӯза ба масъалаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳони рақамӣ, зеҳни сунъӣ на танҳо абзори ёрирасон, балки унсури муҳими қабули қарор ва таҳлили додаҳо маҳсуб меёбад, ки барои идоракунии самараноки захираҳо зарурият пайдо намудааст.

Бо назардошти аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ бо корпоратсияи «Синергия» иброз доштанд ва ба мувофиқа расиданд. Бояд гуфт, ки корпоратсияи "Синергия" — яке аз калонтарин сохторҳои илмӣ-таълимӣ мебошад, ки имрӯз имкониятҳои навро дар соҳаи таҳсил ва фанноварӣ ба кишварҳои гуногун фароҳам меорад.

Ҳамкориҳо метавонанд дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва БРИКС, ба роҳ монда ва густариш ёбанд. Зимни мулоқот, ба масъалаи рақамикунонӣ — аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ, табдили хизматрасониҳо ба шакли электронию рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ — таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.