Ҳамасола 16- ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президент ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Вобастаи ба ин санаҳои муҳим имрӯз (08.11.2024) бо ташббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара бахшида ба 16- ноябр Рӯзи Президент ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ назариявӣ доир гардид.
Зимни баромади хеш маърузачиён зикр доштанд, ки сарнавишт дар як замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷоти ӯро пайдо намояд. Ин шахс Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.
Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.