Skip to main content
Боздид ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои мухталифи ҷомеаи башарӣ дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, аз як тараф, як роҳи асосии муаррифӣ кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ дар араси байналмилалӣ ва татбиқ кардани дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва техникии мамолики пешрафта дар Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, барои баррасӣ ва ҳаллу фасл кардани масъалаҳои хусусияти байналмилалидошта, ки ба густариши муколамаи фарҳангҳо мусоидат менамояд, нақши муассир бозида метавонад.

Иштироки навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз зумраи сафарҳои расмии Ҷаноби Олӣ ба ин кишвар аст, ки барои таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, мустааҳкам кардани риштаи дӯстӣ, вусъат бахшидани муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ду давлат вижагии худро дорад.

Махсусан, барои рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод аз самтҳои асосии ҳамкории тарафайн маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар заминаи ҳамкориҳо баргузор кардани анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба он мусоидат менамояд, ки байни ду кишвар нақшаи дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ таҳия карда шавад. Дар асоси он сарват ва бозёфтҳои табии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи иқтисодӣ, таъмини мардуми он ба маҳсулоти ниёзи аввал ба Арабистон интиқол дода шаванд. Инчунин, дастовардҳои навини технологӣ, маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои Арабистони Саудӣ ба бозори Тоҷикистон ворид шуда, барои баровардани эҳтиёҷоти мардум мусоидат намоянд.

Дар баробари ин, имконият фароҳам оварда мешавад, ки байни сармоядорони ин ду давлат барои коркард ва ба маҳсулоти тайёр табдил додани сарватҳои табии минтақаҳои Тоҷикистон корхонаҳои муштарак таъсис дода шаванд. Ҷиҳати бо мутахассисони ватанӣ таъмин кардани корхонаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва Арабистони Саудӣ шартномаҳои тарафайн баста шаванд. То дар муассисаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои ба ин корхонаҳо ниёздошта, гарданд.

Ба вижа дар айни замон, ки Тоҷикистон барномаи саноатикунонии босуръати кишварро пеша кардааст, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин энергетика ва кишоварзӣ бартарияти зиёд дорад. Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ мушкилоти ҷойдоштаро марҳила ба марҳила дар кишвар бартараф месозад.

Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе барои густариши робитаҳои судбахш мусоидат карда, мушкилоти мусофирон, сайёҳонро бартраф сохт. Ташкили хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ метавонад барои рушди сайёҳи дар ҳудуди ду кишвар нақши бориз гузорад.

Дар маҷмуъ ин гуна сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои араб дар ҳошияи сиёсати дурнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тақвияти муносибатҳои тарафайн дар чаҳорчӯбаи пайвандҳои фарҳангӣ аҳамияти бузург доранд. Худи Пешвои миллат дар ин бора дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 таъкид карда буданд, ки имрӯзҳо Тоҷикистон бо кишварҳои зиёди араб ва мусулмонӣ муносибатҳои самарабахши дуҷониба ва бисёрҷониба дорад, ки онҳо «қисман бар решаҳои умумии таърихӣ-фарҳангӣ ва динӣ асос меёбанд. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла дар мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва чолишҳои муосир дар ҳоли рушд қарор дорад». Боздиди расмии Президенти кишвар ба Арабистони Саудӣ дар таҳкими ин гуна муносибатҳои судманд барои таъмини амният ва устувории сулҳзу салоҳ, амалӣ гаштани барномаҳои иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, ҳамкории созанда ва ҳамкории босамари байни кишварҳо нақши босазо хоҳад гузошт.

Назариев Р.З. – роҳбари Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;

Самиев Б.Ҷ. – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ.