Skip to main content

Имрӯз (15.11.2024) дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавии ҳизбии пойтахт бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарони кумита ва марказҳои ҳизбӣ ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки чандест бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур байни кумита ва ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ озмуни ноҳиявии “Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ” эълон гардида буд. Имрӯз дар арафаи таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озмуни мазкур ҷамъбаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми ҳизб дар ҷомеа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷойи аввал сарфароз гардонида шуд.

Воқеан ҳам бо ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассирро мебозад.