Skip to main content

Давлат ҳимоякунандаи манфатҳои миллӣ, идоракунандаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмингари амнияту субот дар ҳар як кишвар аст. Пас, агар давлат ҳамаи ҳуқуқ ва имкониятҳои худро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ, таъмини ҳаёти арзанда равона кунад, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон харкатери иҷтимоӣ касб мекунад. Аз мазмуни мафҳуми «иҷтимоӣ» ибораҳои «сиёсати иҷтимоӣ», «алоқаҳои иҷтимоӣ», «давлати иҷтимоӣ» ва ғайра ташаккул меёбанд. Бинобар ин, аз фаҳмиши илмӣ давлати иҷтимоӣ - тартиби ташкили ҳамкориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, баробарии тарафҳоро тавсиф менамояд.

Умуман, имрӯз дар илмҳои иҷтимоӣ се модели тавсифи давлати иҷтимоӣ маъмул гаштааст. Якум, молели либералӣ, ки асоси онро принсипи индивидуалӣ ташкил медиҳад, ки ҳар як аъзои ҷомеа барои тақдири худ ва оилааш ҷавобгар мебошад. Дуюм, модели корпоративӣ, ки муассиса ва ё ташкилот оид ба вазъи моддӣ ва сарнавишти коргарони худ ҷавобгариро ба уҳда дорад. Сеюм, модели бештар эътирофшуда ин ба уҳдаи давлат вогузор гаштани таъмини ҳаматарафаи аъзои ҷомеа мебошад.

Дар шароити кунунӣ дар низоми идоракунии мактаби таҳаммулгароии Пешвои миллат модели сеюми тавзеҳдода мавриди татбиқ қарор дорад. Далели ин гуфтаро моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодонаро, ки бевосита аз принсипҳои асосии давлати иҷтимоӣ мебошанд, таъмин мекунад, исбот менамояд.

Табиист, ки дар ҳар як ҷомеае, ки тибқи риояи принсипҳои демократия бунёд мегардад тарзи ягонаи ҳаллу баррасии масъалаҳои марбут ба низоми идоракунии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, сиёсати низоми идоракунии ҷомеа бояд дар асоси ба эътибор гирифтани манфиати тамоми қишрҳои аҳолӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ташаккул ёбад. Дар ин сурат зарурати ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ҷиҳати рушди ҳаёти сиёсии ҷомеа пеш меояд. Чунки донишҳои соҳавӣ, маҳорату малакаи корбарии онҳо барои таҳия ва мукаммал гардидани қонунҳо, таҳия намудани барномаҳои амалии ниҳодҳои давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар рушди низоми идоракунӣ нақши муҳим мебозанд, аз аҳамият холӣ намебошанд.

Дар баробари ин, барои устувории Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, эҳё, густариш ва муаррифии арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба сифати роҳбар таъйин намудани занони фаъол ва сарвар дар мақомоти гуногуни идоракунии ҷомеа нақши хосса гузошт. Инчунин, дастгирӣ ва ҷалб кардани ҷавонон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, азбар кардани воситаҳои навини технологӣ аз ҳадафҳои дигар маҳсуб меёбанд. Дар ин замина ғамхориҳои зиёд ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ - ятимон, пирону барҷомондагон карда, дар бунёди мактабҳо, шифохонаҳо, бунёди неругоҳҳо, роҳҳо ва таъмири онҳо саҳм гузошт, ки бешак, ба рушди низоми иҷтимоии ҷомеа муҳим мебошанд.

Аз оғози фаъолияти мактаби идоракунии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳизбҳои сиёсӣ мақоми хосаро ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ бозиданд. Аммо дар тафовут аз ҳизбҳои сиёсӣ кӯшиши ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро надоштанд. Мақсади асосии онҳо муаррифии фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ, рушди устувори соҳаҳои ҳаётбахши ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб мерафт.

Масъалаҳои асосии барномаҳои ҳаракатҳои оммавию сиёсиро масоили марбут ба фарҳанг ва забон ташкил медоданд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ пайравони онҳо кушиш мекарданд, ки ба кишварҳои ҳамзабони худ ҳамбастагӣ пайдо карда, забони миллиро мақоми давлатӣ диҳанд. Ниҳоят, 22 июли соли 1989 онҳо ба мақсади худ расида, ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Воқеан, ин рӯйдод ҳамчун санаи таърихӣ, ки рӯшанӣ аз забони расмию давлатдорӣ гаштани забони тоҷикӣ медиҳад, нақши меҳварии худро дар рушди фарҳанг ва ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистони муосир гузошт. Аммо як нуктаро набояд фаромӯш кард, ки барои дар амал татбиқ кардан ва ба забони расмию давлатдорӣ табдил додани забони тоҷикӣ корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Зеро бо ибтикор ва ташаббуси мондагорашон баъдан 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ба имзо расонида шуд, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар кишвар ҳамасола ҳамчун «Рӯзи забон» таҷлил карда мешавад.

Ба назари мо, дастоварди арзишманду мондагоре, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди мактаби давлатдавлатдории миллӣ ба он муваффақ гашта, Тоҷикистонро аз нобудӣ наҷот бахшид - тарҳрезӣ кардани модели сулҳофарӣ, ба сулҳ даъват кардани мухолифин, тавассути музокира ҳал кардани низоъҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ худро ҳамчун кафили сулҳу амнияти кишвар эълон намудан, мебошад. Маҳз, дар натиҷаи ҷаҳду талош ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон Созишмномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, модели сулҳофарии ӯ ҳамчун мактаби омӯзанда дар тамоми ҷаҳон дастгирии худро пайдо кард.

Фарҳанги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон «дар миёни мардум ва дар паҳнои ҷаҳон ба масобаи низоми матину қавианосирӣ ва комилиёри сиёсӣ шинохта шуд, ки боризтарин далели он ба сулҳу салоҳ расидани тоҷикон, ба ҳам омадани ҷамъи парешон ва обҳои порагашта буд, ки дар авроқи таърихи ҷаҳони муосир ба ҳукми падидаи нодири сиёсӣ арзёбӣ гардид. Ва ин издиҳоми ҷамъияти тоҷикон, ки акнун хатари нобудиро паси сар гузошта ва амнияти хешро дар иқтидор ва дар сидқу сафои Сарвари худ дарёфта буданд, бар пояи ҳадафи олии Президент ва барномаи амали эшон устувор буд. Дар шуури ҷомеа бар мабнои ҳадаф ва марому мақсади Президент мафкураи ваҳдатсиришти миллӣ ба вуҷуд омад ва ормонҳои миллии мардум дар шахсият ва сиёсати Эмомалӣ Раҳмон мисдоқи воқеии худро пайдо намуд». (Салимӣ Н. Ганҷҳои ихлосу муҳаббат (Андар фазилат ва корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон - пешвои ормонии миллати тоҷик). Эмомалӣ Раҳмон «Дин ва ҷомеа», маҷмуи суханрониҳо, очерку мақолаҳо, табрикномаҳо. – Душанбе: «Шарқи озод», 2013.- С.395.)

Ниҳоят, дар таърихи давлатдории миллӣ Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи баргузидаи сиёсӣ, эҳёкунандаи миллати тоҷик, бунёдгузори давлати муосири тоҷикон, наҷотбахши тамомияти арзӣ, таъминкунандаи амнияту суботи ҷомеа, муаррификунандаи забон, арзиш, муқаддасот, мардонагӣ, футуват ва фазилати шоистаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст. Инчунин, дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мондагор мебошад ва ин марҳилаи таърихии давлатдориро месазад давраи «Маданияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ё худ «Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон» унвон дод.

Агар ба таври мушаххас арзёбӣ намоем хусусиятҳои муҳими сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ибтикороти зерин ташкил медиҳанд:

- фароҳам овардани фазои амну солим барои рушди фаъолияти созанда;

- ҷонибдорӣ аз принсипҳои демократии идоракунии давлат бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ;

- муҳайё кардани фазои гуногунандешагӣ, озодии виҷдон ва матбуот;

- тақвияти таҳаммулпазирӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо;

- муҳайё кардани шароит барои фаъолияти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифротгароӣ ва тундагароидошта;

- нигаҳдории принсипи дунявияти давлат;

- ба роҳ мондани равобити гуногунвекторӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз;

- пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;

- рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;

- давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

- ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо;

- танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он;

- танзими расму оин, кам намудани хароҷотҳои зиёдатӣ ва бо ин роҳ ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ;

- самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшавӣ ба ҷомеаи технологӣ;

- ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он;

- танзими равандҳои муҳоҷират, ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани шаҳрвандон.

- ҳимояи ҳаёт, тандурустӣ, ташкили фароғати мусоиди шаҳрвандон бо нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ - этникӣ (табдили Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои демократии тараққикардаи озод, соҳибихтиёр ва ҷолиби сайёҳӣ) ва ғайра.

Назаров С. Котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ