Имрӯз (19.11.2024) бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар байни олимони ҷавон суҳбату вохурии муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ Миралӣ бо олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки дар замони муосир хавфу хатарҳои ташкилоту созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Имрӯзҳо яке аз самтҳои нигаронкунанда ин гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди ин амалҳои номатлуб чораҳои мушаххас миёни ҷавонону наврасон андешида истодаанд.
Ҳамин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои Истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардиданд. Яке аз ин санадҳои муҳим ин Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шуда, мебошад, ки тибқи он мунтазам корҳои ташвиқотиву идеалогӣ дар байни ҷавонону наврасон ба роҳ монда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала мунтазам равона месозанд. Ҳамзамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.