Skip to main content
Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

123Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Таърих гувоҳ аст, ки 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти ҶТ, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас мебошад.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳмият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣхотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.

Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро тамано дорам.

Убайдулло М.О. - ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиб