Skip to main content

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон парчамдорӣ чун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза маънидод гардидааст. Рисолати парчамдорӣ дар дарозои таърихи башар пуршараф буда, миллатҳое соҳиби парчам мешаванд, ки тавонистаанд дар ҳамаи печу тоби таърих аз ҳувият ва ягонагии худ дифоъ намуда, онро дар парчами худ ифода намоянд.

Дар ин раванд Парчами миллии мо таърихи бою ғании чандинҳазорсоларо дар худ бо рамзи шери паррони ниёгони ориёӣ ва тоҷи заррини Исмоили Сомонӣ таҷассум намуда, моро бо қавмҳои ориёӣ, ки яке аз аввалин қавмҳои олам буда ойини парчамдориро ҷорӣ кардаанд, пайванд медиҳад. Илова бар ин, Парчам моро бо аввалин давлати комили миллӣ, ки тавонист рушду нумуи фарҳангӣ, илмӣ, иҷтисодии кишварро таъмин намуда пойдевори миллати тоҷикро гузорад, тавъам месозад. Пас, Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзӯю ормонҳои таърихии миллату давлат аст.

Мусаллам аст, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1- таърихии Шурои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистонро таъсис дода минбаъд ин санаро ҳамчун Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд.

Дар ин рӯзи пурифтихор аҳолии кишвар худро бори дигар ҳамдилу ҳамнабзи он рузҳои таърихӣ дониста садоқати худро ба ин муқаддасоти олӣ ифода менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам бою ғанӣ гардонидани ҳисси ватандориву ифизори миллӣ 30 юи августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе –пойтахти кишвар Парчами давлатии Тоҷикистонро бо тамоми шукуҳу ҷалоли нотакрораш, бо баландии 165 метр парафшон намуданд, ки дар китоби рекордҳои Гинес шомил гардид.

Парчам инчунин рамзи дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисод мебошад. Таҷлили рӯзи парчам мардумро илҳом мебахшад, ки аз кишвари худ ифтихор кунанд ва барои шукуфоии он саъй кунанд.

Ҳамин тариқ, Рӯзи парчами Тоҷикистон на танҳо тантана, балки як лаҳзаи муҳим барои дарки ҳувият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Имрӯз мо, тоҷикон бо парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши хуро содиқонаву аҳлона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносози давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад. Парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишиву сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифти тоҷик мебошад.

Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналхалқии универсалию минтақавӣ ифодагари эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи онҳо мебошад.

Дар робита ба масъалаи омӯзиши парчаму парчамдорӣ ташкилоту мақоми ваколатдор ва комиссияҳои давлатии бонуфуз дар тамоми кишварҳои олам фаъолият мекунанд. Ба омӯзиши ойини парчаму парчамдорӣ илми махсус ва ёрирасони таърихшиносӣ - вексиллология машғул мебошад. Вожаи «Вексиллология» мансуб ба забони лотинӣ буда, маънои Байрақро ифода менамояд. Яке аз созмонҳои бонуфузи дорои собиқаи куҳан Маркази омӯзиши парчамҳо мебошад, ки он дар шаҳри Винчестери штати Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чойгир шудааст, ки то имрӯз корҳои назаррас анҷом дода, теъдоди зиёди парчамҳои нодири давлатҳои сайёраро ҷамъоварӣ намудааст.

Дар ин раванд тайи солҳои охир нақши муассисаҳои тадқиқотӣ ба хотири муайян намудани таърихи пайдоиши ойини парчамдории кишварҳои сайёра зиёд ба назар мерасад ва дар ин самт садҳо мақолаву очеркҳои таърихӣ, рисолаҳои илмӣ, лавҳаҳои телевизионӣ, конференсияю семинарҳои дохиливу байналмилалӣ таҳия ва баргузор мегарданд. Ҳамзамон санъати тарроҳии Парчамҳо чӣ дар сатҳи касбӣ ва чӣ дар сатҳи ғайрикасбӣ рушд намудааст, ки саҳми созмони вексиллологӣ ва аъзои он дар ин самт назаррас мебошад. Байроку парчами таърихии миллати точикон низ мавриди тадкик карор гирифтааст, ки он боиси ифтихори мо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки эҷоди заминаҳои ҳуқуқии омода ва истифодаи Парчам ва Нишони давлатӣ як навъ зуҳуроти эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ буда, ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи за- рурӣ зоҳир намояд. Чунин муносибатро нисбат ба парчами давлатҳои дигар низ риоя намудан аз фазилатҳои ойини парчамдорӣ ба шумор мера вад. Зеро арҷгузорӣ ба парчамҳои давлатӣ нишонаи эҳтирому дӯстии байни миллатҳои сайёра маҳсуб меёбад.

Боиси тазаккур аст, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллӣ тарбия намудани хар як фарди точикистонӣ, махсусан чавонон ва насли наврас гашта, барои дарки баланди ҳувияти миллӣ нақши беназир дошта бошад. Аз ин рӯ, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад.

Ҳамин тарик, мазмун ва муҳтавои парчами давлатии мо дарбаргирандаи хусусиятҳои хоси миллӣ, ифодагари устувории давлат, нишо- наи ҷоннисории фарзандони содиқи Ватан барои озодӣ ва намунаи заҳмати созандаву ободкорӣ ба хотири ободии кишвар мебошад. Муносибати самимона ба парчам ва дӯст доштани он таҷассумгари бедории аҳли ҷомеа мебошад. Яъне ҳар як фарди Ватанро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои парчами миллиро амиқан дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд.

Юсуфӣ Фарзона - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон