Skip to main content

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари итиҳҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардум ва фарҳангии мост.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои беназири миллати тоҷик мебошад, ки рамзи давлати мустақил, нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва шуҳрат мебошад. Парчамҳои халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон рамзҳои арзишманди фарҳанг ва роҳи таърихии онро ифода мекунанд. Ҳазорсолаҳо гузаштагони ифтихори миллати тоҷик Ватан ва миллат, озодӣ, забон, фарҳанг ва сарзамини аҷдодии хешро зери Парчами ваҳдат ҳамбастагӣ ҳимоя мекарданд. Эҳтироми Парчами давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои гузашта ҳозира ва оянда мебошанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардидааст. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр “Рӯзи Парчами давлатӣ” эълон гардида, ҳамасола ин рӯзи муборак бо шӯкуҳу тантана ҷашн мегардад. Арзишҳои миллӣ махсусан Парчами давлатӣ нишонаи давлатдорӣ ва соҳибистиқлол будани миллати тоҷик мебошад. Миллати тоҷик аз қадимулайём дорои Парчами давлатӣ, таърихи куҳан ва тамаддуну фарҳанги нотакрор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони давлатӣ баромад намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳон бори дигар собит намуданд, ки миллати тоҷик дорои арзишҳои миллӣ, аз қабили нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ ва суруди миллии хешро доро мебошанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳон халқи тоҷикро ҳамчун миллати мутамаддин ва дорои таъриху фарҳанги кӯҳанбунёд шинохта эътироф менамоянд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекнунанд, ки Парчами давлатӣ аввалин рамзи давлати мустақили Тоҷикистон буда, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар дарки ҳуввияти миллӣ, эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, муттаҳидшавӣ ва муттаҳидшавии ҳамаи сокинони мамлакат нақши калидӣ дорад. Маҳз дар зери сояи он қадамҳои аввалин ба хотири таъмини сулҳ ва оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи парчами давлатӣ бо як шукуҳу хоса ва бо тантана таҷлил мегардад. Ҳар як фарди тоҷик хурду бузург арзишҳои миллии хешро самимона арҷгузорӣ менамоянд. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, нишонаи соҳибистиқлолии миллати тоҷик, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёд мебошад. Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша арзишҳои миллии хешро арҷгузорӣ намуда, мавриди ҳифз қарор медиҳанд. Ҳамзамон баҳри нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва мероси ниёгони хеш пайваста талошҳои худро равона месозанд.

Қобили зикр аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткуҷаест, ки аз рахи рангаи уфуқӣ иборат мебошад. Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ аст. Дар Парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият мебошад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам овезон мебошад, ки дарозии он 165 метро ташкил медиҳад.

Тавассути парчам натанҳо кишварро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, инчунин Парчам нишонаи пирӯзӣ ва омили ифтихори давлату миллат буда, дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ Парчами давлатӣ барафарохта мешавад. Эътибори Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки имруз ҷавонони баору шуҷои Ватан бо ҳисси ватандӯстӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ дар хориҷи кишвар муҳориба намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст меорад, ки Парчами давлатӣ ба ифтихори пирӯзии варзишгарони муваффақ боло бардошта мешавад, ки ин ҳам нишонаи давлатдорӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатӣ беназиртарин муқаддасоти давлат ба шумор рафта, ҳамчун нишонаи устуворӣ ва побарҷоии миллату давлат мебошад. Боиси ифтихор аст, ки имсол 32-солагии Рӯзи Парчам бо тантана таҷлил мегардад.

Ибрагимова Мадина - лаборанти калони Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон